Дар кохи фарҲанги «Суғдиён» - и шаҲри Хуљанд бо ширкати сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД - и вилояти Суғд дар мавзӯи «Ояндаро бо Ҳам месозем» мулоќот доир шуд. Нишаст бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҲои кор бо занон ва оилаи шаҲру ноҲияҲои вилоят, олимон, устодони соҲибтаљрибаи мактабҲои олӣ, миёнаи касбӣ, раисони шӯроҲои занону духтарони донишгоҲҲо ва шаҲру ноҲияҲо бо пурсишу посухҲои мушаххас баргузор гардид. Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хољазода Хуршедахон Усмон дар назди ҳозирин баромад намуда, дастовардҲои бонувони вилоятро дар интихоботи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олӣ ва маљлисҲои маҲаллӣ таъмини баробарҲуќуќии занон донист. Фурсате муносиб аз Хуршедахон Хољазода ба чанд суоли хеш посух гирифтем.
- Бигӯед, ки шумораи умумии бонувони роҲбар дар миќёси вилоят нисбат ба як соли пеш дар кадом поя ќарор дорад?
- Дар ин масъала Ҳам натиљаҲо назаррасанд. Шумораи занони роҲбар дар соли гузашта 7678 нафар ва алҲол ин шумора ба 9726 нафар расидааст. Яъне, тӯли як сол сафи бонувони роҲбар 2048 нафар афзудааст, ки натиљаи татбиќи тадриљии Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии наќши занон дар ЉумҲурии Тољикистон барои солҲои 2015 - 2020» ва Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрҲои роҲбарикунандаи ЉумҲурии Тољикистон аз Ҳисоби занону духтарони лаёќатманд барои солҲои 2017 - 2022» мебошад. Бояд гуфт, ки сафи занони роҲбар дар соҲаҲои маориф ва илм 7,2 дарсад, дар маќомоти Ҳифзи Ҳуќуќ 5,5 дарсад, сохтмон ва меъморӣ 3,3 дарсад, соҲаи коммуналӣ 11,1 дарсад, почта ва алоќа 2,3 баробар, соҲаи кишоварзӣ 1,6 баробар афзудааст.
Бонувони вилоят дар маќомоти Ҳифзи Ҳуќуќ Ҳам сарбаландона фаъолият доранд. Дар маќомоти судӣ 2 нафар ба Ҳайси раиси суд, 25 нафар ба Ҳайси судяи суди вилоят, шаҲр ва ноҲия, зиёда аз 100 нафар дар маќомоти корҲои дохилӣ, 98 нафар дар комиссариати Ҳарбӣ, 36 нафар дар раёсати андози вилоят рисолати хешро дар татбиќи ҲадафҲои созандаи давлат баљо меоранд. Дар Ҳудуди вилоят зиёда аз 70 дарсади мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси тиббӣ занон мебошанд. Аз 77 нафар олим - номзадҲои илми тиб 16 нафарашон бонувонанд. Аз 603 роҲбари муассисаҲои тиббии вилоят 159 нафар занон мебошанд.
- Ба таҲсили бонувон чӣ гуна таваљљуҲ зоҲир мегардад?
- АлҲол аз 40 Ҳазор нафар духтаре, ки дар муассисаҲои олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҲсил мекунад, 511 нафар тибќи Квотаи президентӣ машғули омӯзиш буда, 52 нафар гирандаи стипендияи Президент ва 61 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят мебошад.
Соли гузаштаи хониш 153 нафар донишљӯдухтар тибќи квота донишгоҲҲоро хатм карда, бо кор таъмин шуд. Умуман, таљрибаи бо квота дар донишгоҲҲо таҲсил кардани духтарон амали нодир буда, зуҲуроти амалии ғамхории Президенти ЉумҲурии Тољикистон муҲтарам Эмомалӣ РаҲмон барои ояндаи дурахшони онон мебошад.
Ќобили зикр аст, ки бонувони вилоят дар соҲаи илм Ҳам комёбиҲои назаррас доранд. ТанҲо дар давоми як соли охир шумораи номзадҲои илм аз Ҳисоби бонувон ба 336 нафар расид, ки аз соли гузашта 55 нафар зиёд аст. АлҲол дар вилоят 12 нафар бону - доктори илм ба пажӯҲиши масоили гуногуни илмӣ машғул мебошад. Хушбахтона, аксарияти онон бо раёсат Ҳамкории доимӣ доранд ва дар чорабиниҲои љамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.
- Барои бо кор таъмин кардани бонувон чӣ тадбирҲои мушаххас андешида мешаванд?
- ЉиҲати бо кор таъмин намудани занони бекор якљо бо раёсати Агентии давлатии меҲнат ва шуғли аҲолӣ дар вилоят тадбирҲо андешида мешаванд. Дар нуҲ моҲи соли равон ба раёсати Агентӣ дар вилоят 15164 нафар бону мурољиат кардааст, аз љумла 9460 нафар Ҳамчун корљӯ ба ќайд гирифта шуда, ба 46 нафар ёрдампулӣ муќаррар ва ба 4935 зан маќоми бекорӣ дода шуд. Ҳамчунин, 7273 нафар бону бо љойи кор таъмин гашт, 1866 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, 571 нафар ба корҲои љамъиятӣ љалб ва 519 нафар тибќи квотаҲо бо кор таъмин гардиданд.
Бо иќдом ва дастгириҲои Сарвари давлат ҲунарҲои мардумӣ дар вилоят эҲё гашта, дар ин раванд МИҲД - и Суғд барои бо љойи кор таъмин намудани занону духтарон марказҲои таълимию истеҲсолӣ созмон дод. АлҲол дар ќаламрави вилоят 282 маркази таълимию истеҲсолӣ амал мекунад, аз ин 88 адад маркази адрасу атласбофӣ, 194 адад маркази дигар намудҲои Ҳунармандӣ мебошанд. Дар марказҲои адрасу атласбофӣ 654 адад дастгоҲ насб шуда, 4065 нафар бонуи хонанишин дар онҲо Ҳунармандӣ меомӯзад. 21268 нафар бону дар хонаҲои худ фаъолияти Ҳунармандиро ба роҲ мондааст. Дар ин самт таъсиси грантҲои президентӣ ва грантҲои раиси вилоят баҲри фароҲам овардани љойҲои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҲибкории онҲо назаррас аст. Соли равон 18 нафар зани Ҳунарманд соҲиби грантҲои президентӣ гардид, ки назар ба солҲои пеш хеле зиёд аст. Ҳамин сол аз љониби раиси вилоят ба 60 нафар бону ба маблағи 420 Ҳазор сомонӣ грант дода мешавад.
Љӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд