хатлон рушд мекунад
мусоҳибаи «Бонувони Тоҷикистон» бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода
- Қабл аз ҳама мехостем дар оғози суҳбат оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ - иқтисодии вилоят бифаҳмем.
- Хатлон аз калонтарин вилоятҳои кишвар ба ҳисоб рафта, дар ғанисозии бозорҳои дохилу хориҷи кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини соҳаи саноат бо маҳсулоти хоми пахта нақши калидӣ дорад. Бо дарназардошти ин ва дигар зарфиятҳои минтақавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ - иҷтимоии вилоят диққати аввалиндараҷа дода, барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди шаҳру ноҳияҳои он заминаи мустаҳкам гузошта мешавад.
Танҳо дар самти тараққиёти соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар ин замина то имрӯз зиёда аз 4 миллиард сомонӣ аз худ гаштааст. Дар умум, давоми даҳсолаи охир баҳри рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ҳудуди 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 дарсади ин маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ аст. Вилояти Хатлон, ки дар гузаштаи начандон дур аз минтақаҳои дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зарардида ба ҳисоб мерафт, имрӯз тавассути сиёсати ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як минтақаи пешрафтаи кишвар табдил ёфтаву дастовардҳои соҳаҳои гуногуни он нишонаи файзу баракати сулҳу субот дар кишвар мебошад.
- Вазъи маблағгузории самтҳои асосӣ ва таъмини вазъи иҷтимоии аҳолии вилоятро дар шароити пандемияи COVID - 19 чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Дар давраи пандемия ғамхорию дастгирии аҳолӣ ва кумакҳои гуногун ба сокинони вилоят аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи озуқаворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон таъмин гаштанд.
Қобили зикр аст, ки имсол дар ду шаҳри калони вилоят – Бохтар ва Кӯлоб ташхисгоҳҳои нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Ҳар яке аз ин ташхисгоҳҳо имкон доранд дар як шабонарӯз 150 - 200 таҳлил анҷом диҳад. Ташхисгоҳҳои мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID - 19 таъсис дода шуда, бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ якчанд вирусологи мо такмили ихтисос карданд. Хизматрасонии озмоишгоҳҳо комилан ройгон роҳандозӣ шуда, дар ҳудуди вилоят анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Инчунин соли равон бинои панҷошёнаи беморхонаи бемориҳои сироятии ноҳияи Данғара, ки имкони дар як вақт бистаринамоии то 200 беморро хоҳад дошт, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бунёди беморхонаҳои сироятӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Дар пайравӣ аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат дар давраи аввали мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор садҳо тонна маводи озуқаворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва музди маоши иловагӣ барои кормандони соҳаи тиб равона гардидааст. Дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, бақияи озоду даромади шаҳру навоҳӣ дар нимаи якуми соли ҷорӣ 13 миллиону 41 ҳазору 60 сомонӣ ҷудо гардид.
- Барои амалӣ гардидани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, дар вилоят чӣ корҳо ба сомон мерасанд?
- Баҳри ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла зина ба зина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсис ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст. Алҳол шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 604 адад мерасад. Танҳо дар 7 моҳи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 50 адад корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 516 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 62 иншооти дигар идома доранд. Дар ин давра, саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба маблағи 4 миллиарду 489 миллиону 809 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 254 миллиону 253,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 6 фоиз таъмин карданд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди 380 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, аз оғози соли 2018 то ин давра 220 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ёфтаанд.
Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоят соли ҷорӣ бунёди 112 адад коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси 1637 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯи он сол аз сол зиёд шуда, аз 81 номгӯй ба 92 номгӯй расонда шуд. Танҳо баистифодадиҳии ду корхонаи нави мурғи гӯштӣ дар нимсолаи якум замина фароҳам овард, ки истеҳсоли гӯшти мурғ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 1202 тонна ва ё дар сатҳи 75 фоиз биафзояд.
- Муҳтарам раис, ташаббусҳои Шумо дар самти мусоидат ба рушди ВАО - и вилояти Хатлон дар таърихи фаъолияти расонаҳо беназир аст. То куҷо ин иқдомҳо ба сатҳу сифати нашрияву шабакаҳои иттилоотӣ беҳбудӣ овардааст?
- Мутмаинам, ки ҷудо намудани 1 миллион сомонӣ, аз ин 750 ҳазор сомонӣ барои муҷаҳҳазгардонӣ ва беҳбуди фаъолияти телевизиони вилоятии «Хатлон» ва боқӣ маблағҳо баҳри дастгирии моддии намояндагони шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ дар вилоят нигаронда шуда буд, дар таъмини сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти иттилоот нақши муҳим хоҳад гузошт. Имрӯз дар фазои иттилоотии вилоят 4 шабакаи телевизионӣ рӯйи мавҷ баромада, 46 рӯзнома, 5 адад маҷалла, беш аз 50 сомонаи расмӣ пахшу нашр мегарданд. Ҳамасола барои тариқи моҳвора пахш гардидани барномаҳои телевизиони «Хатлон» аз буҷети вилоят 50 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо мегардад. Имрӯз барномаҳои ТВ - «Хатлон» - ро дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ва 33 кишвари ҷаҳон тамошо мекунанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик телевизиони вилоятӣ ба пахши шабонарӯзӣ гузарад.
Соли равон бо мақсади пешрафти фаъолияти нашрияву маҷаллаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва кафедраҳои рӯзноманигорӣ якададӣ компютер ва принтер ба маблағи 156 ҳазору 600 сомонӣ харидорӣ гардид. Инчунин, ба 34 нашрияву маҷаллаи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ якададӣ дастгоҳи аксбардорӣ дастрас карда мешавад. Дар ин давра сомонаи расмии мақомоти вилоят www.khatlon.tj азнавсозӣ шуд. Аз тарафи нашрияҳо ва идораву ташкилотҳои вилоятӣ боз 10 сомонаи расмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Мо тасмим гирифтем, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ нашрияҳои маҳаллие, ки соҳиби бинои корӣ нестанд, бо биноҳои корӣ таъмин намоем.
Ба хотири ҳавасмандии кормандони ВАО озмунҳои гуногун доир намуда, аҳли эҷод дар ҷашну маросимҳои гуногун бо туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз мегарданд. Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Эъҷози Истиқлол» эълон гардидааст, ки ғолибон бо маблағҳои аз 10 ҳазор то 2,5 ҳазор сомонӣ қадр карда мешаванд. Дар баробари таваҷҷуҳ ба рушди нашрияҳои вилоятӣ имсол бо ибтикори мо нашрияи вилоятии «Ваҳдатсаро» таъсис дода шуда, чанд тан рӯзноманигорон бо ҷойи корӣ фаро гирифта шуданд.
- Ба фикри Шумо иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан - модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард. Дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки аз дунявӣ будани кишвари мо дарак медиҳад, як қатор барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти бонувонро танзим менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки аз 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар аҳолии вилоят 49,6 фоизро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз аз ҳисоби онҳо 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 24 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 343 тан вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Аз 196 858 занони коргар, 9833 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд, ки нисбати ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 2 ҳазору 617 нафар зиёд мебошад. Аз 2570 хизматчии давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18,0 %) - ро занон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21,0 %) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд. Дар 155 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 нафар зан ба ҳайси раиси шаҳраку деҳот, 50 нафар муовинони раисони ҷамоатҳо ва 31 котибони ҷамоатҳои шаҳру деҳот заҳмат мекашанд.
Ҳузури бонувон дар соҳаҳои маориф 23 ҳазору 144 нафар, тандурустӣ 23 ҳазору 717 нафар, фарҳанг 761 нафар, соҳибкорзанон 17 ҳазору 541 нафар, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 7 ҳазору 475 нафар, сохтмон ва меъморӣ 466 нафар, саноат 2 ҳазору 633 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1 ҳазору 176 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи бонкӣ 38 нафарро ташкил медиҳад. Тайи солҳои 2016 - 2019 84 нафар бону соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардид, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ, нигаронда шуда, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
- Дар вилоят омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ин ҷашни фархунда дар қаламрави вилоят бунёду таъмири 7667 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз дар 4461 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф аз 603 муассисаи пешбинишуда, 249 - тои он ба истифода дода шуд. Аз 941 иншооти ҷашнии соҳаи тандурустӣ дар 489 адади он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Дар соҳаи фарҳанг бунёди 210 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 113 - тои он, аз ҷумла 43 китобхонаи оммавӣ, 19 қасри фарҳангӣ ва 16 боғи фарҳангию 35 гулгашт мавриди истифода қарор гиифтаанд. Аз 599 лоиҳаи бунёди толору майдончаҳои варзишӣ 265 адад ба истифода дода шудааст. Дар ин замина, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят бунёди 147 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз сохтмони 59 меҳмонхонаву дуконҳои ҳунармандӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ ба охир расида, мавриди баҳрабардории сайёҳон қарор дода шудаанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар