Ватан сарвожаи зиндагист
(Суҳбат бо шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулноз Тоҳириён)
Шоира Гулноз аз ҷумлаи он суханваронест, ки ба Ватан ва ҷашни Истиқлолияту Рӯзи Ваҳдати миллӣ робитае махсус дорад, чун солҳо ба ҳайси котиби масъули шуъбаи вилояти Суғдии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар суҳбати шоираи тозанигор, барандаи ҷоизаҳои адабии вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастии Хуҷандӣ Гулноз Тоҳириён қарор гирифтем. Номи Гулноз барои хонандагону ихлосмандони шеъру сухани воло ва аҳли адаби чӣ дохил ва чӣ хориҷи кишвар дерест, ки ошност. Ҳар кас, ки ӯро мешиносад, аз фарҳанги баланду назокати гуфтору рафтори хосааш ҳарф мезанад. Инак, суҳбати мо бо шоираи вологуҳар пешкаш мегардад.
- Бамаврид аст, андешаҳои Шуморо перомуни масоили шеъру шоирӣ бифаҳмем.
- Борҳо ба саволи «Шеър чист?» посух гуфта будем: шеър меоди Ақлу Илҳому Эҳсос аст. Шеър нахустин шабеҳи зиндагист. Шеър дунёи савум аст. Аммо ҳоло гуфтанием, ки шеър ҳақиқати алоҳида аст: шоир таҳаммул мекунад, мепечад, фурӯ меравад дар худ ва аз дунёи дигаре сар мезанад, ки он дунёи савум шеър аст ва он дунё бо тафовут аз дунёи ростини мо, дунёи воқеии мо пур аз имкон аст. Имодӣ фармуда:
Куҷо шуд он зи қабои дарида дӯхта чатр,
Кунун бибояд чатраш дариду дӯхт қабо.
Яъне ба мисли имконоте, ки дар ин байти мазкур мебинем, ҳама корро шоир ба таври хостаи худ ба сомон мерасонад…
- Дар хотир доред, ки шеъри нахустинатонро кай гуфта будед?
- Шеъри нахустинам дар соҳили баҳри Сиёҳ эҷод шудааст, ки он вақт 14 сол доштам. Фурсати дарки илҳом ва расидан ба шеъргунае зиндагии маро ба ду қисм тақсим кард: то шеър ва бо шеър…
- Биёед маҷрои суҳбатро ба дигар тараф гардонем. Шумо дар яке аз мақолаҳоятон Ватанро «ҷуғрофиёи тақдиршуда» гуфтаед. Маншаи ин хулосаи Шумо дар чист? Ва ё ин фақат аз эҳсоси ватандӯстист ё ҷанбаи таърихиву иҷтимоӣ дорад?
- Ватан ҷуғрофиёи тақдиршуда аст, муқарраран мегӯем инро ва ин хулосаи бархостае аз ҳамон эҳсоси нодир аст. Дар мавриди мансубияти инсон ба як сарзамин ҳанӯз инсони номавҷуд, оне ки шояд дар ормонҳои ду нафар аст, сарзамини тақдиршуда дорад, бо унвони Ватан.
Ватан сарвожаи феҳрасти фарҳангии зиндагии мост, бо неруи ҷонбахш, бо арзиши ҷовидона.
- Акнун бигӯед, ки муносибати Шумо, бовариатон ба ин сарзамин чӣ гуна аст?
- Ватани мо образи содиқи худ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки шарти нахустини ватандорӣ ва сарчашмаи бовару тасмимҳои ҷомеа аст. Аҳли таълими кишвар дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ба андозае дар рушди маънавии насли нав тасмимҳои муфид гирифтаанд, ки он ҳам дар эҳсоси инсондӯстӣ ва ифтихор аз Ватан хулоса мегардад. Ва ҳоло руҷӯъ мекунем ба бахши дигари суолатон:
Ту рушанойии афкори сулҳпаймоӣ,
Ба зеҳну дидаи пӯшида низ пайдоӣ.
Туӣ тасаллии Парвардигори оламҳо,
Ба рӯи саҳнаи дунё намоди фардоӣ.
Мисоли сулҳ ба пироҳани кабутариӣ,
Ба рағми ҷанг самандарбисоту яктоӣ.
Фурудгоҳи ба чатри наҷоти шамси зарин,
Шукуҳи нуқтаи парвозҳои зебоӣ.
Ба зери нури ту чизе намешавад пинҳон,
Ватан, ту оинаи орзуву руъёӣ.
Ту хатти суръати фаввораҳои рангу садо,
Ту инфиҷори ҳама мушаки таманноӣ.
Ба рӯи Роғун агар пилтаи чароғи маҳ аст,
Ту зодгоҳи ҳама нурҳои дунёӣ.
Ватан барои ту коре накардаам, афсӯс,
- Чун дар бораи соҳибистиқлолӣ гуфтем, мафҳуми «Истиқлолият» аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст?
- Истиқлолият завқи бедории озодии инсон аст. Ҳарчанд «озодӣ» унвони марҳалаи нави таърихии мост. Озодӣ, яъне қадаме фаротар аз ҷомеа гузоштан, дарки дурусти рӯҳияи ҷомеа ва масоили он, аз рӯи сидқу имону виҷдон муносибат кардан бо мардум ва эҳтиёткорона кӯшиши бомаврид намудан барои осудагиву амнияти ҷомеа аст…
- Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ - ду неъмати бузург ва нодири мо дар арсаи имрӯзанд…
- Воқеан, чи мақоме дар зиндагонии маънавии миллати мо ваҳдат ва истиқлоли миллӣ гузоштанд: шинохти Истиқлолият ва Ваҳдат, ки мафҳумҳои хуҷаставу мубораканд, танҳо аз роҳи расидан ба марзҳои сиёсии он имконпазир наметавонад бошад, яъне камоли он дар паҳлуҳои дигари зиндагии ҷомеаи кунунӣ муайян мешавад. Маърифат ва дарки дурусти ҳақиқати ҳамин амр буд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ҳадафи бузурги созандагиро барои Тоҷикистон таъйин намуданд, ки, зимнан, ҳама – истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар пояҳои муҳим ва рукнҳои асили таҳкими истиқлолияти миллӣ маҳсуб мешаванд.
Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» моро ба сарҳади яке аз ҳамин ҷодаҳои мақсадбаранда ва пайвандгари истиқлоли миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ расонд. Сохтмони нақбу роҳҳо, ки ҷодаи қадимии абрешимро аз марзи Исфара то Хуҷанду Зарафшону Душанбеву Хатлону Бадахшон дигарбора эҳё намуд, моро ба ваҳдати воқеии ҷуғрофиёӣ расонд. Ба таъбири дигар, Пешвои миллат ҳамчун бунёдгари ваҳдат моро на танҳо аз диди сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ ба самти ваҳдати миллӣ мебаранд, балки дар партави ин паёмҳои фардосоз Тоҷикистон - сарзамини тақдиршудаи мо ҳам дар заминаи таъмини истиқлолияти коммуникатсионӣ камол ёфт.
Эҳёи қитъаҳои Роҳи бузурги Абрешим, баробари исботи меросбари ин унсури тамаддуни ҷаҳонӣ будани Тоҷикистону тоҷикон, имкон дод, ки ҷаҳон дубора рӯ ба кишвари мо оварад ва аз Саразми 5500 - сола ба унвони нишона ва мероси бузурги тамаддуни олам дар партави иқдомот дар самти эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шарҳ диҳад. Бале, ҷаҳониён чи ба унвони коршиносону донишварону муаррихон ва чи ба ҳукми сайёҳон ба Тоҷикистон омаданд, то мероси маънавии ин миллати тамаддунсозро бинанду бишносанд, аз вуҷуди пораҳои куҳану нодири тамаддуни ориёӣ…
- Аз рӯзгор ва волидон мегуфтед?
- Дар деҳаи хурдтарини ноҳияи Мастчоҳ - Хайробод ба дунё омадаам. Бобоям Муҳаммадтоҳир ва модаркалонам Хиёлмоҳ бо насаби Боқиевҳо ва падарам Муҳаммадзоҳиру модарам Хайринисо ҳастанд. Бобоям ( Худо раҳмат кунад), дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ раиси ҷамоат ва шахсияти шинохта буданд. Дар Дилварзин низ кори хубе доштаанд. Бо раҳматии бибиям ва барои мардум ба ҳайси шахсиятҳои хирадманду адолатпарвар маслиҳатдеҳ буда, мақоми хуб ва зиндагии зебое доштаанд. Падару бобои модаркалонамро бо ҷурми доро будан «босмачӣ» гуфта, нобуд кардаанд. Солҳои 50 -уми асри гузашта мисли кулли сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин кӯч баставу дар ободонии он саҳм доранд.
Падарам ронанда буданд. Модарам, аз рӯи зарурати дар деҳа набудани омӯзгорон, аввал 15 сол омӯзгорӣ кардаву сипас, ба донишкада дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Ҳоло ҳар ду дар синни нафақа ва саробони хонаводаанд.
Суҳбатнигор
Абдуҷалили АМОН