Ҳам оила обод кардам…
Суҳбати «Бонувони Тоҷикистон» бо сардори шуъбаи САҲШ - и шаҳри Кӯлоб
Мумина Иброҳимзода
- Дар нимсолаи аввали соли 2020 дар минтақаи Кӯлоб чӣ қадар омори никоҳ ба қайд гирифта шуду чӣ қадар ҳукми талоқ содир шуд?
- Дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб 873 омори никоҳ ба қайд гирифта шуду 91 адад бекоршавии ақди никоҳ ба вуқӯъ пайваст. Хушбахтона, омори никоҳ дар соли 2020 зиёд ва талоқ кам шудааст. Соли гузашта воқеан омори талоқ ташвишовар буд. Ҳар ҳодисаи талоқу хонавайронӣ ба сарсониву саргардонии кӯдакони бегуноҳ меорад, ки дарднок аст.
- Воқеан, афзудани омори талоқ дар ҷомеа ҳамагонро ба ташвиш овардааст, сабаби зиёд шудани онро дар чӣ мебинед?
- Сабабҳо зиёданд. Интихоби номувофиқ, дахолати нафарони сеюм, омода набудани ҷавонон, набудани таҳаммулпазирӣ…
Вақте барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат мешавад, аввал бо зану мард, падару модарони ҳарду ҷониб суҳбат мекунем, сабаб мепурсем. Ҷониби арӯс тарафи домод ва ҷониби дигар арӯсро гунаҳкор меҳисобанд. Ҷавонон бе сабру тоқатанд, фикр мекунанд оиладорӣ ҳамин як рӯз ба бар кардани либоси арӯсист. Духтарон шавҳаре бо хонаи алоҳида, мошини гаронарзиш, кори нағз, пули зиёд мехоҳанд. Ҳастанд ҷавонписароне, ки аз рӯзи аввал, ба қавле зарбамонро гузаронем гуфта, ҳамсарро таҳти фишору зӯроварӣ қарор медиҳанд. Аксар ҷавонон мехоҳанд то қадри имкон духтари ба синну сол ҷавонтарро ба занӣ гиранд, аммо боре намеандешанд, ки ҳар чӣ қадаре синну сол хурд бошад, ақл ҳам ба ҳамин мизон кӯчак аст. Хушдоманҳо ақли арӯси 18-соларо бо ақли 60 - солаи худ баробар мекунанд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки духтарони ҷудо шуда, ба хонаи волидон баргашта, ба зиндагии оилавии акаву додарашон халал ворид месозанд. Ҳатто бо одитарин баҳона, ки арӯс чизу чораи кам овардааст, оилаҳо вайрон мешаванд.
- Ба ҳайси масъули бевосита барои пойдории оилаҳо чӣ корҳоро ба сомон мерасонед?
- Аз рӯзҳои аввал ба назди мардуми одӣ, нафарони солдидаву таҷрибадор рафтам. Ҳолатҳоро дидам, мушоҳида кардам, омӯхтам, аз калонсолон пурсидам, ки чӣ бояд кард. Ба хулосае омадем, ки пеш аз ба қайд гирифтани ақди никоҳ ҷавонон бо равоншинос, ҳуқуқшинос, нафарони обрӯманди ҷомеа аз ҳисоби шӯрои занон дар маҳалҳо суҳбат ороянд.
Духтару писаронро ҳанӯз аз овони наврасӣ дар макотиби миёна бояд ба оиладорӣ омода намоем. Дар дарсҳои маърифати оиладорӣ навбат ба навбат ходимони дин, шахсиятҳои шинохта, равоншиносон, табибон, ҳуқуқшиносон, пирони рӯзгордида бо наврасон суҳбату мулоқотҳо доир намоянд. Дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳо ҳам ин усул ба таври густардатар идома ёбад.
- Аз фаъолияти имрӯзаи худ қаноатмандед?
- Лаҳзаҳои хурсандии мардумро дар вақти бастани ақди никоҳ ё шодии волидонро дар замони гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак мебинаму шод мешавам. Вақте падару модари ҷавон бо шавқ номи мувофиқу зебое барои фарзанд мекобанду мо боз як шаҳрвандро ба қайди давлатӣ мегирем, аз фаъолияти кориам ризо мегардам. Ҳолатҳое ҳам ҷой доштанд, ки шаҳрвандон берун аз феҳрасти номгузорӣ ба тифл ном гузоштанӣ мешуданд. Мутахассисони мо бо шарҳу тафсири номҳои зебои тоҷикӣ онҳоро муътақид месохтанд, ки номи кӯдакашонро дар доираи қонун зебову шево интихоб кунанд. Чанд ном бо тавсияи мо ба феҳрасти номгузорӣ ворид шуд, ки яке аз онҳо исми зебои Рӯёст.
Хушбахтона, дар доираи лоиҳаи барномаи ислоҳот ва рушди соҳа, мақомоти САҲШ - и шаҳри Кӯлоб аз таъмири асосӣ баромад. Мутахассисон бо техникаҳои муосири корӣ, компютерҳои замонавӣ таъмин гардиданд. Ҳуҷраҳои махсуси қабули шаҳрвандон созмон ёфт ва кор мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 корафтодагонро қабул мекунем.
Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки дар анҷоми кор ғамгину рӯҳафтода мешавем, ин замони навиштани шаҳодатномаи фавт ё талоқ аст.
- Мушкили дигари соҳа сари вақт нагирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак аз ҷониби волидон арзёбӣ мешуд, ҳоло вазъ дар ин самт чӣ гуна аст?
- Солҳои пеш воқеан ин мушкил дар фаъолияти кормандони САҲШ ҷой дошт. Ҳоло хушбахтона, ҷавонон эҳсоси бештари масъулият доранд. Кӯдак, ки таваллуд шуд, зуд муроҷиат мекунанд, то барояш шаҳодатнома бигиранд. Тасмимоти ҷиддӣ ҳам барои бартараф кардани ин масъала гирифта шудааст. Пас аз қабули шаҳрвандон то нисфирӯзӣ, нимаи дуюми рӯз ҳамроҳи кормандон ба ҷамоату деҳаҳои дурдаст меравем. Бо раисони маҳаллаҳо аввал теъдоди кӯдакони бешаҳодатномаро муайян, ҳуҷҷатҳои заруриро омода ва дар худи ҷойҳо шаҳодатномаи кӯдаконро навишта ба волидон месупорем.
- Истиқлолият ба бонувон чӣ дод?
- Бо қудуми истиқлолият мақоми бонувон дар сатҳи даркорӣ боло рафту арҷгузорӣ шуд. Мавзӯи эҳтирому озодии зан, роҳ кушодан ба вазифаҳои роҳбариву калидӣ таҳти таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Имрӯз бонувон баробари мардон дар пешрафти тамоми самтҳои давлатдорӣ ҳиссагузоранд. Онҳо ба мансабҳои калидии сатҳи баланд роҳ ёфтанд.
- Барои бонуи роҳбар доштани кадом хусусиятҳо муҳим аст?
- Ҷиддияту меҳрубонӣ. Коргар ҳам мисли фарзанд бояд бошад. Чӣ тавре гоҳе фарзандро сарзаниш ва пас меҳрубонӣ мекунӣ, ҳамин тавр.
- Сарвари давлат зимни суханрониҳои хеш борҳо аз норасоии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон таъкид кардаанд. Барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ба андешаатон чӣ бояд кард?
- Дар сафарҳои корӣ зиёд мушоҳида мекунем, ки бонувони фаъол дар деҳаҳо мондаанд. Ягон барнома ва лоиҳае зарур аст, ки онҳоро ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ҷалб созад. Ин занҳо воқеан метавонанд дар маҳалҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.
Дар интихоби бонувони роҳбар мутаассифона, мушкили дигар ҳам ҷой дорад. Вақте зан зина ба зина омодашуда ба вазифа пешниҳод мешаванд, шавҳар ё узве аз оила зид мебароянд. Табиист, ки зан дар интихоб оиларо авло медонад.
Барои тайёр кардани кадри хуб аз давраи мактабӣ бояд талош варзид. Озмуну маҳфилу суҳбату баҳсҳо дар мавзӯъҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ бояд мунтазам ташкил шавад, то аз овони наврасиву ҷавонӣ фард чун кадр пухта бирасад. Ҳамин таъсиси квотаҳои президентӣ ва таҳсили духтаракон дар макотиби олӣ иқдоми саривақтиву манфиатнок буду ҳаст.
- Шумо тасаввур мекардед, ки рӯзе ба ҳайси роҳбар баргузида ҳоҳед шуд?
- Бо оне, ки хислатҳои роҳбарӣ ҳанӯз аз кӯдакӣ дар ман эҳсос мешуд, боре наандешидаам, ки роҳбар бошам. Ҳамин, ки 2 - 3 ҳамсол гирд меомадем, зимоми суханро зуд ба даст мегирифтам. Дар оила ҳам шояд аз оне ки фарзанду набераи калонӣ будам, корҳои ташкилотчигиро ба ман бовар мекарданд. Кӯдаконро супориш медодам: ту ин корро мекуниву ту ин амалро ба сомон мерасонӣ.
7 - уми декабри соли 1981 дар оилаи коргар таваллуд шудаам. Падар Бозоралӣ Иброҳимов (ёдашон ба хайр) санъаткор буданд. Модарам Сафармо Маҳкамова дӯзанда. Дар оила 3 фарзанд ба воя расидем. Хонаи мо меҳмонхонаеро мемонд. Касе аз аҳли зиё ба шахри Кӯлоб меомад, ҳатман меҳмони мо мешуд. Устодони соҳибном Зафар Нозим, Тоҷиддин Муҳиддинов, Одина Ҳошим, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Баҳодур Неъматов, Ҷамшед Исмоилов, Рустам Абдураҳимов, Мавлавӣ Сомеъ Одиназода, Гулрухсор Сафиева, Лутфулло Давлатов ва дигарон меҳмони ҳамешагии мо буданд. Бузургони ҳунар меомаданду дар хонаи мо маҳфили шеър ва базму тараб доир мегашт. Қиблагоҳ бо шеър ҳарф мезаданд. Ҳоло ҳам вақте бо баҳонаи чорабиние ба қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ворид мешавам, давраи кӯдакиҳоям ба хотир меояд ва ёди падар гулугирам мекунад. Ҳама ҷо ҳамроҳашон будаму шоҳиди тамоми ҳаводиси фарҳангии он замон.
Падар, ки аҳли санъат буданд, маро ба мактаби мусиқӣ бурданд, ҳатто мактаби рассомиро гузаштам, нозукиҳои санъати таббохиро дар омӯзишгоҳ аз худ кардам, аммо орзуи ман тамоман дигар буд. Мехостам ҳуқуқшинос бошам.
Пас аз гирифтани шаҳодатномаи хатм аввал донишҷӯи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ шудам, пасон донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҳоло донишамро дар самти ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил медиҳам.
Фаъолияти меҳнатиамро соли 2007 ба ҳайси ҳуқуқшинос, аз корхонаи фаръии давлатии обу корези шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) оғоз намудам. Соли 2012 ба раёсати адлияи вилояти Хатлон гузаштам. Ҳамин тавр роҳбарият маро соли 2015 ба вазифаи сардори САҲШ - и шаҳри Кӯлоб пешниҳод карданд.
- Зиндагии бонуи коргар аз зиндагии як зани хонашин бо чӣ ҷузъиётҳо фарқ мекунад?
- Бонуи коргар дар баробари масъулият пеши оила, дар ҷомеа ҳам рисолате дорад. Вақте ин ду масъулиятро тарзе анҷом медиҳӣ, ки касе натавонад эрод бигирад, ин пирӯзист. Дар баробари корҳои давлатӣ кӯшидам хизмати хусуру хушдоманро ба ҷо оварда, дуои некашонро бигирам. Саҳми онҳо дар тарбияи фарзандони мо бузург аст.
- Дар як вақт роҳбари муваффақ, ҳамсари хуб ва модари арзанда будан мушкил нест?
- Не! Агар зан ҳоҳад, аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд. Шарт ин аст, ки масъулияти зиндагиву корро равшан дарк карда, вақтро дуруст тақсим карда тавонад. Зане дар анҷоми вазифаҳои ҷамъиятиву роҳбарӣ ва сиёсӣ муваффақ мешавад, ки аз хона дилпур аст.
Соли 1999 замоне, ки ҳанӯз дар курси якум мехондам, маро ба шавҳар доданд. Ба қавле, ҳам оилаи якеро обод кардаму ҳам чун донишҷӯи фаъол аз дарсҳо қафо намемондам. Тақдир қисмати маро бо инсони хуб пайваст. Дар пешрафти фаъолияти ҳамарӯзӣ шавҳарам низ ҳиссаи муайян гузошт. Шукр, соҳиби 4 фарзандем…
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе - Кӯлоб - Душанбе