«Ба бузургии
инсон қоил шудам»
Ин суҳбат замоне сурат гирифт, ки Хайринисо Маҳмадова - муовини сартабиби беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе баъди се моҳи фаъолият бо рухсат шудани охирин бемори гирифтори СOVID-19 тавонист, ки ба зистгоҳи хеш баргардаду аз нашъаи дидори пайвандон баҳраманд шавад.
- Моҳҳое, ки дар беморхона будед, шеваи кори Шумо аз чӣ оғоз шуд ва барои қабули беморон чӣ корҳоеро сомон додед?
- Шурӯъ аз моҳҳои феврал – март, қабл аз ҳама, бо шаҳрвандоне, ки аз хориӌи кишвар ба Ватан баргаштанду ба муддати 14 рӯз дар беморхона ба карантин фаро гирифта шуданд, сарукор гирифтем. Дар ин муддат ба дигар минтақаҳои карантинӣ низ духтурони ботаӌрибаи беморхона сафарбар шуданд.
Барои омӯзиши табиати коронавируси нав дар қиёс ба дигар кишварҳо фурсати бештар доштем. Моҳи декабри соли 2019, вақте ки аввалин бор дар шаҳри Ухани Чин коронавируси нав ошкор шуд, ситоди ӌумҳуриявӣ алайҳи мубориза ба коронавирус созмон ёфт ва мо ҳамарӯза дар ӌамъомадҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ чунин нишондодҳоро таҳлил менамудем: шумораи беморон ва шифоёфтагон, барангезандаи беморӣ, роҳҳои гузариш, усулҳои табобат, ӌараёни беморӣ дар гурӯҳҳои синнусолӣ, оризаҳои он ва ғайра.
Нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, табибонро ба 6 шуъбаи беморхона тақсим намудем. Минтақаи хавфнок ва бехатар муайян карда шуд – аз кадом қисм даромадан ва чӣ гуна баромадани табибон. Дар ӌойҳои махсус либосҳои муҳофизатиро аз тан берун кашида, дар зарфҳои махсус ӌой дода, дарҳол безарар мекардем.
- Бо ворид гардидани аввалин беморон нақшаҳои тарҳрезишуда то чӣ андоза эътимодбахш буданд?
- Қабули беморон, ки аз моҳи апрел шурӯъ шуд, ба фаъолияти табибон сарбории ӌиддӣ овард. Табибон дар ду - се баст чунин фаъолият мекарданд: дар шуъбаҳо 12 соат, дар шуъбаи эҳё 8 ва дар шуъбаи қабул 24 соат. Баъди анӌоми як баст табибон аз минтақаи хавфнок ба минтақаи тоза гузашта, либос иваз карда, шустушӯ анӌом медоданд. Як шуъба, толори калон ва чанд адад ҳуӌраҳои ёрирасон барои истироҳати табибон омода буданд.
Ман, ки дар шуъбаи қабул фаъолият доштам, 24 соат кор ва 24 соат истироҳат мекардам. Ба ин тариқ, табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони беморхона аз наздикону пайвандон дур се моҳро сипарӣ намуданд. Бо респираторҳо нафаскашии духтурон мушкил буду даруни либосҳои ҳавоногузар баданро саропо арақ зер мекард. Аз хавфи сироят наёфтан 8 -12 соат бо чунин либос заҳмат бурдан тоқатфарсост.
Тӯли 30 соли фаъолияти хеш дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ домана, гулузиндонак, фалаӌ, вабо ва ғайраро дида будам. Аммо бо чунин беморие, ки дараӌаи сироятнокияш ниҳоят баланд аст, бори аввал вохӯрдам. Барои табибон фаъолият ниҳоят гарон уфтод, зеро чанд узви як оиларо дар ҳолати вазнини гирифторӣ ба коронавируси нав оварданд. Ҳатто аз дигар беморхонаҳо маризонро дар ҳолати вазнин ба ин беморхона меоварданд. Дар таӌрибаи мо ин аввалин ҳодиса аст.
- Дар мавриди норасоии либос ва лавозимоти муҳофизатӣ барои табибон ва кормандони беморхонаҳо сару садоҳо зиёд буд. Шумо дар чӣ ҳол будед?
- Доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва дигар лавозимотро дар беморхона захира карда будем. Аз оғози кор бо гирифторони COVID-19 аз чизе танқисӣ надоштем ва то кунун захираи зарурӣ дорем. Ҳукумати ӌумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иӌтимоии аҳолӣ ва ҳамчунин соҳибкорони хайрхоҳ ба ӌуз маводи муҳофизатӣ моро бо озуқаворӣ, кумакпулӣ ва ғизои гарм таъмин намуданд. Табибон се маротиба хӯроки гарм ва сабзавоту меваӌоти тару тоза истеъмол мекунанд.
- Аз хавфи сироятшавӣ кормандон ва табибон наҳаросиданд?
- Баръакс, ба ӌасорату далерии табибон, ҳамшираҳои шафқат ва тозанигорон қоил шудам ва бузургии инсонро дар ин овон дарёфтам. Гӯё ҳеӌ воқеае нашудаасту кори муқаррарии хешро бояд анӌом диҳанд. Дар шуъбаи эҳё дидам, ки кормандон душвортарин корҳоро анӌом медоданд. Лабу даҳони беморонро пок мекарданд, обу дору медоданд, тахтапушти онҳоро масҳ менамуданд, хуллас лаҳзае қарор надоштанд. Заҳмати чунин нафаронро набояд нодида гирифт. Чашмони имдодталаб ва барои ҳар як зарраи нафас талош варзидани беморон хӯру хобро аз чашми табибон рабуд. Ӌон ба каф дар корзор бо душмани ноаён мубориза бурдан бас гарон аст. Қисме аз кормандон аз сироят эмин набуданд ва, хушбахтона, сиҳат ёфтанд. Аксарият кормандон, аз ӌумла ман аз ин беморӣ сироят наёфтем. Дар беморхона дар умум 153 зан алайҳи мубориза бо COVID-19 саҳм гузоштанд.
- Дар ВАО ва шабакаҳои иӌтимоӣ аз норасоии дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ дар беморхонаҳо зиёд гуфта шуд…
- Фаҳмидам, ба ғайр аз оне, ки дар шуъбаҳои наӌот чунин дастгоҳҳо мавӌуданд, боз тариқи хатҳои махсуси кислородгузаронӣ дигар шуъбаҳо низ бо кислород таъминанд. Қаблан дар рафти семинарҳо аз истифодаи дурусти ин дастгоҳҳо ва дигар ҳолатҳои оӌилӣ профессорон моро омӯзонда буданд. Ҳар як корманди масъул ва табиб бо худ алоқаи сайёр (ратсия) дошт, ки маълумот асосан аз шуъбаи қабул дарёфт мешуд. Аз ин шуъба оид ба вазъи бемор ба сардухтур Хуршед Ҳасанзода ва дигар мутахассисон иттилоъ расонда мешуд, то як сонияро ҳам аз даст надода, чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Ба ин тариқ, тамоми духтурон аз вазъи ҳар бемор бохабар ва дар ҳолати оӌилӣ медонистанд, ки чӣ кор бояд кард. Ғайр аз ин, дар шуъбаи қабул асбобе мавӌуд аст, ки бо он миқдори норасоии кислородро дар хун муайян менамоянд, ки меъёри он аз 94 % зиёд бояд бошад. Аз ин нишондод поён аз норасоии нафас дарак медиҳад, ки фавран бо сардухтур тамос гирифта, тавсияҳои фаврӣ мегирифтем.
- Аз рӯи мушоҳидаҳоятон киҳо бештар ба коронавирус гирифтор шуданд ва дар ин миён кӯдакон, занони ҳомила буданд?
- Ба гурӯҳи хавф калонсолон ва нафароне, ки бемориҳои музмини шуш, дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд ва вазни барзиёд доранд, шомиланд. Бо мурури солҳо дар организми шахси калонсол аксаран бемориҳои ҳамрадиф ӌамъ гардида, музмин (куҳна) мегарданд, вале ҳастанд пиронсолоне, ки солиму бардаманд ва аз коронавирус зуд сиҳат меёбанд. Кӯдакону наврасон назар ба калонсолон ин бемориро сабук мегузаронанд, вале ин беморӣ дар ҳар кас ба таври инфиродӣ ӌараён меёбад. Ӌавонтарин беморони мо ҳамагӣ 18 – 19 - сола буданд. Чанд зани ҳомила низ ба қайд гирифта шуд, ки баъди рухсат шудан таваллуд карданд ва ҳоло ягон нуқс ва тағйирот дар ин тифлакон мушоҳида нашудааст. Сатҳи фавти беморон низ дар беморхона паст буд.
- Беморонро бо кадом доруҳо табобат мекардед?
- Бештар бо хлорохин ва арбидол. Ҳангоми илтиҳоби шушҳо аз антибиотикҳо ва барои тунук кардани хун коагулянтҳоро васеъ истифода намудем. Бо сардухтур, профессорон, ассистентҳои кафедраҳо ва дигар мутахассисон оид ба ҳолати ҳар бемор машварат мегузарондем ва тавсияҳо мегирифтем.
- Бо вуӌуди таъкиду тавсияи табибону мутахассисон қисмате ҳоло ҳам дар ӌойҳои серодам гаштугузор мекунанд ва ба маъракаҳои хеш нафарони зиёдро таклиф менамоянд.
- Мегӯянд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст. Андешаи солим мебояд, то солим монем. Вақте мебинем, ки бемор дар талвосаи ӌон асту табиб пайи сарфи охирин неру, магар мушкил аст, ки ниқоб пӯшанд, қоидаҳои санитарию гигиениро ба ӌо оранд…
Дар маъракае ҳузури як бемор басанда аст, ки ба аҳли ӌамъомад сироят расонад ва ҳар яки онҳо дар навбати худ боз садҳо нафари дигарро. Ин аст омили аз нав хуруӌ кардани ин беморӣ, ки онро набояд нодида гирифт. СOVID-19 бемории шакли нав аст ва он пурра омӯхта нашудааст. Дар шуши нафароне, ки ин бемориро вазнин гузаронданд, метавонад тағйироти фиброзӣ ба вуӌуд ояд ва эҳтимол то охири умр боқӣ монад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки ба ӌуз саломатии хеш нисбати сиҳатии дигарон низ ғамхор бошанд.
Ситора АШӮРОВА