- Муњтарам сафир, инак 4 сол аст дар Тољикистон фаъолияти дипломатї доред, кишвари моро чї гуна дарёфтед?
- Барои ман анљоми рисолати сафирї дар кишвари шумо бисёр писанд аст. Дар соњањои гуногун кор кардам, бо одамони зиёде аз ќишрњои гуногуни љомеа вохўрдаам, ки воќеан бароям љолиб буд. Ваќте бо анљоми муњлат зарурати тарки Тољикистон пеш меояд яќинан бисёр маҳзун мешавам.
- Каме дар хусуси робитањои дипломатии ду кишвар Тољикистону Фаронса суњбат мекардем, њоло муносибатњои ин ду давлат дар кадом сатњ ќарор доранд?
- Муносибатњои Фаронсаву Тољикистон бо сафари Љаноби Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Фаронса ва боздиди он кас бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар соли 2019 боз њам густариш ёфт. Дар суњбати тўлоние, ки президентони мо бо њам доир намуданд, масъалањои зиёде мавриди њаллу фасл ќарор гирифтанд ва ин гуфтушунид дурустии ќарори таќвияти муносибатњои Фаронса бо Тољикистонро собит намуд. Аз ин сафар ва ташрифи Эмомалї Рањмон ба Фаронса ифтихормандам, бисёр сафари муваффаќ буд.
- Барои наздик шудани ин ду давлат аз нигоњи сиёсї, иќтисодї ва фарњангї шахсан худи Шумо чун сафир чї иќдомотеро амалї намудед?
- Дар ин чањор сол лоињањои зиёдеро амалї намудем. Аввалан мо нахустин машварати солонаи сиёсиро байни давлатњоямон дар сатњи вазоратҳои корњои хориља созмон додем. Саъй кардем ваъдаи сохтмони манораи назоратиро дар фурудгоњи Душанбе анљом дињем. Њамкорињоро бо назардошти муштаракоти фарњангие, ки давлатњои моро муттањид месозад, густариш додем. Ба љалби диќќати бештари тољирон ба Тољикистон талош намудем.
Њоло сари масъалаи баргузории як намоишгоњи археологии вижа дар осорхонаи Гим дар Фаронса, ки бояд моњи октябри соли дигар гузаронида шавад, кўшиш ба харљ медињам.
Пеш аз њама ман барои он бо шумо будам, ки дар хусуси давлатам бигўям, дар хусуси њавасмандињоям бигўям ва шуморо аз наздик бишиносам. Рўи забондонї, хусусан омўзиши забони тољикї саъй кардам. Забони нобу зебое доред, ки бо омўхтанаш чизњои зиёдеро фањмидам. Барои зањмату сабр аз устоди забони тољикиам Азим Байзоев изњори сипос менамоям.
- Ветнам, Њиндустон, Хитой, Тољикистон: фаъолият дар кадоме аз ин давлатњо бароятон бештар писанд буд?
- Њар давлатеро, ки шарафи хизмат насибам гашт, дўст доштам. Аммо Тољикистон аввалин давлатест, ки ман ба њайси сафир фаъолият дорам, албатта, ин бароям њам имконият асту њам бартарият. Ин љо ман тавонистам сари мавзӯъњои гуногун кор кунам, роњу равиши кори худ ва гурўњамро мустаъќилонаву озод муайян намоям. Тољикистон давлати љаззоб аст ва ман ин љо хушбахт будам. Давлати шумо таърихе дорад, ки маро мутаассир мекунад ва њар коре, ки ман ин љо анљом додам, аз рўи шавќу завќ ва аз тањи дил буд.
- Тафовуту монандињои зиндагии як бонуи тољик ва як зани фаронсавиро дар чї дидед?
- Тафовут зиёд аст. Дар Фаронса имрўз ќариб аксари бонувон кор мекунанд ва онњо дар масъалањои иќтисодї, сиёсї ва иљтимої бо мардон дар як сатњ ќарор доранд. Ваќте ман ин љо бо хоњарону модарон кор мекунам, мебинам, ки мушкил, њолат ва тарси онњо ќариб, ки монанд аст.
Мо - бонувон дар њама љо орзуњои ягона дорем. Орзуи бузургамон, ин кўдаконамон њастанд, ки талоши сохтани ояндаашонро њама баробар мекашем. Зани фаронсавї њам бо мушкили иваз намудани фањмишњо рў ба рўст. Иќрорем, ки имрўз њам дунё дар дасти мардон ќарор дорад.
- Дар Вазорати корњои хориља, Вазорати дифоъ ва дафтари кории сарвазири Фаронса низ фаъолият бурдаед, ваќти адои вазифа бо низому талаботе њам мувољењ шудаед, ки анљомаш барои як бону сахт бошад?
- Дар зиндагї барои нигоњ доштани маълумотнокии фарзандон ва карйера зиёд мубориза бурдаам. Баъзан, (замоне, ки занон аз имконоти камтаре бархӯрдор буданд) ишѓоли љое, ки барояш арзанда будам, бароям мушкил буд. Вале њељ гоњ аз мубориза даст накашидаам, гарчанде баъзе муњорибањо дардноку сахт буданд. Њолатњое њам мешуданд, ки мехостам њамаро рањо созам, аммо садое аз дохил маро њушёр месохт ва тањрик медод, ки ба роњам идома дињам. Имрўз ќалби ман «латмањо»-е дорад. Барои он ки ман аз меъёр зиёд кор кардаам ва шояд ба њарфи духтарони худ гўш надодаам. Онњо ба ман мегуфтанд: «не!»… Аммо ман намедонам…
- Борњо шоњиди бо забони форсии тољикї суњбат намудани Шумо будем, забонро дар Тољикистон омўхтед ё то давраи таъйин шудан ба симмати сафир аллакай онро балад будед?
- Ман се сол забони тољикиро њамроњи бењтарин муаллиме, ки зикраш дар боло рафт, омўхтам. Ин танаффус барои истироњат буд ва ман хело шодам, ки бо забони шумо њарф мезанам. Аз ин амал каме ифтихор њам дорам, зеро ин кори бузурге буд бароям, чунки дар омўзиши забонњои хориљї чандон мањорат надорам. Мехоњам пешрафти зиёдтаре дошта бошам, аммо мушкил аст њамљоя анљом додани рисолати сафирї ва омўзиши забони нав.
- Эњсос мекунем, ки чун як бону таваљљуњи бештаре рўи масъалањои фарњангї ва њунару њунармандї зоњир менамоед, ин алоќамандиро мешавад бо пайвандии ногусастанї доштан бо шањри орзуњо, пойтахти мўду зебоии љањонї - Париж рабт дод ё ин мењрро сарманшаи дигаре њам њаст?
- Аввалњо Парижро барои он дўст намедоштам, ки сард буд ва хеле дур аз бањр. Аз он айём хеле таѓйир ёфтаам… Париж шањри ман шуд ва ман онро хеле дўст медорам. Пинњон шуданро аз рўзњои борониву сард омўхтам.
Њамеша дар олами орзуњои худ рассом будам. Ба санъату эъљод зиёд майл доштам. Ба андешаи ман, бе фарњанг ва зебоие, ки рассомони мониќалам бароямон офаридаанд, дунёи мо њузнангезу бе завќ хоњад буд. Дунёи санъат моро тарбия карда, хислати дурбиниро бароямон меомўзад. Рассомон кумак мекунанд, маљбур месозанд, ки дар хусуси зўроварии муњити атроф фаромўш созем. Орзуро дар ќалбамон бедор месозанд. Дар ин давлат барои ман муњим буд, ки ба тољикон бигўям то чї њад давлаташон дорост ва мехостам дар пешрафту идомаи мероси истисної дар соњаи мусиќї, бостоншиносї ва њатто шеър њамроњашон бошам.
- Дар хусуси бонувони тољик чї мегўед?
- Дар Тољикистон бо бонувони боистеъдоди зиёде ошної пайдо кардам. Занони љасуру доно, њадафманду дўстдор, ки аз эшон чизњои зиёдеро омўхтам. Умед дорам, баъди баргаштам ба Фаронса њам бо ќисмате аз онњо алоќаро нигоњ дорам.
- Каме дар хусуси айёми кўдакињову аз хонавода ёд мекардед, мутаваллиди кадом аз шањрњои Фаронса њастед ва дар куљо, чї гуна бузург шудаед?
- Ман дар шањри зебои Фонтенбло дар масофаи 60 км дуртар аз Париж таваллуд шудаам. Он бо як ќалъаи зебои худ машњур аст. Баъдтар волидонам ба Алљазоир кўч бастанд. Замоне, ки он љо љанги шањрвандї мерафт. Соли 1965 мо ба љазираи Реюнон, департаменти фаронсавї, ки дар уќёнуси Њинд љойгир аст, кўчидем. Ман он њангом 10 сол доштам ва дар канори соњили бањру офтоб бузург шудам. Замоне ба Фаронса баргаштам, ки бояд донишљў мешудам.
- Наќши модар дар ташаккули шахсияти Шумо?
- Модарам итолиёвї, хеле зани зебое буд. Завќи зебої ва нотакрор буданро ў дар дилам љо кардааст. Хислатњои пурќуввативу муќобилият нишон доданро њам аз ў гирифтаам. Модар забони итолиёвиро ба ман омўзонд, забони бисёр зебо, аммо хеле мушкил. Ин бењтарин туњфаи модар дар зиндагиам аст.
- Дар мактубе ба духтаронатон мурољиат карда, аз афту бархост ва машаќќати расидан ба имрўз гуфта, дар хусуси «саќфи шишагї»-е њарф мезанед, ки пешорўи бонувон ќарор дорад, воќеан барои расидан ба вазифањои баланди давлативу байнидавлатї як бону чї мушкилу гузаштњоро паси сар мекардааст?
- Занон њамеша оиларо дар љои аввал мегузоранд ва аз ин хотир ба пеш њаракат намудан барояшон мушкилтар аст. Њамеша ба интихоби оила ё карйера, интихоби фарзандон ва шавњар, карйера ё шавњар рў ба рў мешаванд. Зан бояд чун мард дар мубориза бошаду боз њам зан бимонад, ки ин осон нест.
- Мешавад дар хусуси оилаву фарзандон њам чизе барои хонандагони мо бигўед? Масалан, духтарони шумо њоло чандсолаанд, бо чї кор машѓуланд?
- Ман ду духтари бузург дорам. Яке 38-сола, њуќуќшинос ва дигарї, ки дар самти таќвияти њамкорї мутахассис аст, 35 сол дорад. Њар ду дар соњаи фаъолият муваффақанд. Як духтарам оиладор аст, писари 4-солае дорад, њоло интизори мењмони нав - кўдаки дигар њастем, ки аз ин бенињоят шодам. Як писархонд дорам, ки 28 сол дорад, њунарманди театр аст.
- «Мактуб ба духтаронам» кай эљод шудааст ва метавон онро мењрномаи модаре унвон кард, ки ба хотири манфиатњои халќу давлаташ ранљи људоиву фироќ аз фарзандонро тањаммул мекунад?
- Ин мактубро як рўз пеш аз 8 марти соли 2018 навишта будам. Он замон хело пазмони духтаронам будам, мехостам бигўям, ки дўсташон медорам. Андешидам, ки мактуб ба тамоми занони њамсоли ман ва духтарони љавону модарон њам метавонад чун мењрномае эъто шавад, онро ба ќавле матбуотї кардам.
Дар зиндагї зиёд мубориза бурдаам. Баъзан мисли он бегањии моњи марти 2018 хаста мешавам, аммо аз осмон ќувваи нотакроре ба вуљудам ворид мешавад, ки зуд худро сабук эњсос мекунам ва мањз њамин ќувваро ба онњое додан мехоњам, ки дўсташон медорам.
Айни замон инсоният фољиаи вазнинеро паси сар мекунад, ки на њама тавони бардошташро дорад. Мо бояд барои барќарор мондани арзишњои демокративу башардўстї бо ин бадї мубориза барем. Кўшем, ки дунёи фардо бењтар аз имрўз бошад, одамон ба табиат эњтиром ќоил бошанд. Мардуми сайёра хуб медонанд, ки чї гуна бо табиат муносибати баде доштем. Итминон дорам, ки дунё пас аз Covid-19 мисли пешина нахоњад буд. Мо метавонем муносибати худро ба дунё таѓйир бидињем. Дар ин амр мо пеши фарзандону насли оянда ќарзу рисолати инсонї бар дўш дорем.
Гулноза БОБОМУРОДОВА