Сайрам Баќозода:
«Муваффақият гузашт мехоҳад»
Мусоњибаи вижаи «Бонувони Тољикистон» бо муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Баќозода Сайрам Абдусаттор
- Рўзи матбуотро ба Шумо шодбош мегўем…
- Сипос, аввалан рўзи матбуотро, ки асосаш аз таърихи пайдоиши аввалин рўзномаи тољикї - «Бухорои шариф» (11 марти соли 1912) маншаъ мегирад, барои тамоми ќаламкашон, ки рисолаташон созандагист, муборакбод мегўям. Таманноям ин аст, ки дар чолишњои љањони муосир ва хавфи љањонишавї нуктаи охири андешаву суханамон аз пешрафти њамин сарзамин, њамин ватан, њамин модар, њамин забон бошад.
Њушёрии сиёсие, ки риояашро Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои муаззами миллат, Президенти љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон талќин мекунанд, чун мањаки аслии фаъолият ќарор бидињем.
Ифтихормандам, ки дар се шохаи васоити ахбори омма, матбуот, телевизион ва радио фаъолият бурдаам. Аз таљриба мегўям, ки кори телевизиону радио бештар фаврият талаб мекунад, матбуот зењният мехоњад.
Дар назди ташкилоти «Наљоти кўдакон» се сол масъулияти газетаи «Насли наврас» - ро бар зимма доштам. Теъдоди нашр калон буд. Он як рўзномаи тарбиявї барои кўдакони душвортарбия ва марказњое буд, ки бо эшон кор мебаранд. Чањор соли дигар дар Агентии миллии иттилоотии Тољикистон – «Ховар», ягона ољонсии расмии Љумњурии Тољикистон, ки бо таърихи фаъолияти 90 - сола, аз куњантарину ќавитарин марказњои хабарпањнкунии кишвар мањсуб меёбад, ба њайси муовини якуми директори агентї кор кардам.
Бо гузаштан ба вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, гарчанде самти корам каме таѓйир ёфта бошад њам, ба њайси журналист тамоми мавзўъњои муњими матбуотиро пайгирї менамоям. Ман аз ранљи рўи ќоѓаз овардани андеша ва зањмати журналистон хуб огоњам…
- Фаъолият ба њайси муовини раиси кумитаи телевизион ва радио чї махсусиятњо дорад?
- Фаъолияти имрўзаам аз кори ќаблї ба њайси муовини якуми директори АМИТ «Ховар» ба куллї фарќ мекунад. Дар «Ховар» бештар рўи маводу матн кор мекардем, њоло дар баробари матн боз бештар рўи навору фаврияти мавзўъ фаъолият дорам. Назорати фаъолияти телевизиону радиоњои давлативу хусусї, бар зиммаи мост. Кумита сохтори калонест. Дар баробари ин боз дар Кумита 5 ансамбли давлатї фаъолият менамояд, ки дар баргузории чорабинињои фарњангии Њукумати љумњурї масъулият доранд.
- Барои чї бо он њама зарфияту имкониятњое, ки доред, соњаи матбуотро интихоб накардед?
- Пас аз хатми аспирантура ба кори телевизион даъватам карданд. Аввалин барномаи телевизиониам дар бораи таќдири нависандаи бузурги таърихнигор, зиндаёд устод Сотим Улуѓзода буд. Бо њамин дигар ба кори телевизион одат кардам. Аз барномањои адабї-фарњангї оњиста-оњиста ба мавзўъњои сиёсї гузаштам.
- Журналистикаро ба гурўњи касбњои хатарноки дунё ворид намудаанд, фикр мекунед барои чї?
- Наполеон гуфтааст: «ќудрату иќтидори дањ журналист аз сад њазор лашкари ман зиёдтар аст. Тарси ман аз сад њазор лашкар на бар он он њаддест, ки аз 10 журналист бошад».
Касби моро барои он хатарнок мењисобанд, ки соњибкасбонаш, яъне журналистон дар фаъолият њамеша бо хатар рў ба рўянд. Дур намеравем, солњои љанги шањрвандї дар љумњурї чї ќадар журналистони соњибкасб ва фидої ќурбон шуданд. Журналист медонад, ки барои анљоми рисолат шояд бар ивази љон меравад, аммо аз роњаш пас намегардад. Мањз љуръати журналистон аст, ки мардуми љањон аз вазъи даргири мамолики љањон, бахусус, Шарќи наздик ва баъзе аз кишварњои ќитъаи Осиё мисли Афѓонистон огоњанд.
Љањони имрўз хавфу хатарњои зиёдеро пешорўи журналистон мегузорад. Дар љангњои иттилоотї сухан метавонад аз яроќи ядрої нерумандтар бошад. Дар баробари љангу низоъ, манфиатдорон њар гуна вирусу беморињои хатарнок пањн мекунанд ва танњо журналист аст, ки аз љон гузашта, барои инъикоси дурусти вазъ, худро байни обу оташ мезанад.
Хавфи дигар, барои журналистон ин тањлили мавзўъњои марбут ба терроризму экстремизм аст. Баъзан аз љасорату ќувваи њамкорони хориљї бисёр мутањайир мешавам. Нотарсона ба мавзўъњое даст мезананд, ки нињоят љиддї њастанд.
- Аз бонувони матбуотї ба андешаи шумо киро љомеа бештар эътироф кардааст?
- Дар саргањи матбуоти тољик аз њисоби бонувон муаллима Бўринисо Бердиева меистанд, ки љасорати он касро гоњо дар духтарони љавон мебинаму ифтихор мекунам. Мебинем, ки бонувони журналист барои дарёфти њаќиќат ва рушди афкор чї талошњое доранд.
Зиндагиномаи Бўринисо Бердиева барои бонувони журналист ва роњбар намунаи олии касбист. Хизматњои ин бонуи љасур дар рушди матбуоти тољик, дар замоне, ки монеањои сиёсї зиёд буданд ва арзишњои милливу фарњангї нодида гирифта мешуданд, аз фарш то арш аст.
- Тахмин мезананд, ки бо пешрафти илму техника, матбуот дар шакле, ки њаст, шояд аз байн биравад…
– Ман њамеша тарафдори љараёни пешрафту њамќадами замон будан, њастам. Воќеан, асри ХХI замони техникаву технологияњои пешрафта, шабакањои иљтимої ва сомонањои зиёди электрониву ѓайраву њоказост. Аммо, сарфи назар аз бисёр њам дастрас будани китобу љаридањои электронї, бароям мутолиаи матни рўи ќоѓаз таъсири дигаре дорад. Фикр намекунам, ки рўзе шаваду хонанда даст аз матбуоти чопї бардорад ва пурра ба матбуоти электронї бипайвандад.
- Биёед як лањза аз њамкасбоне, ки бо мо нестанд, ёдовар шавем…
- Њамеша аз кору амали неки шодравон Акбари Саттор, собиќ раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон, яке аз соњибрасонањои номдори давр ёд мекунам. Акбаралї, инсони дилсўз бо диду назари љадид буданд, ки дар ташаккули журналистикаи навини тољик сањми назаррас доранд. Ёди устоди шинохта Сайф Рањимзоди Афардї гиромї бод. Олим, муњаќќиќ, нависанда ва донишманди фозил, ки барои равнаќи соња, бахусус телевизион ва радио корњои зиёдеро анљом додаанд. Аз љасорату иќтидори касбии шодравон Бахтиёр Сафаров ва Темур Султон дар телевизион ёд мекунам. Воќеан, мардум ба онњо чун журналистони асил эњтиром ќоил буданд. Бахтиёр барномаи «Татќиќоти журналистї» дошту пушти як мактуби шикоятї то куљоњое намерафт. Љойи њамкори дигари мо Шарифи Мисайзод дар радио то кунун холист. Ин гуна ёдњо ва номњои љовидона зиёданд…
- Шояд мухлисон интизори навиштањои шумоанд, менависед ё серкорї имкон намедињад?
- Чанд рўзи пеш телефонї барои њафтаномаи «Адабиёт ва санъат» як суњбати орифона бо шоира Фарзона дар хусуси љашни Наврўз анљом додам, ки бо матлаи бисёр муваффаќи «Гули зардолу мерезад» оѓоз ёфт. Умед дорам, ки маќтаъ низ чунин зебо бошад.
Мусоњибаи дигаре бо шоири тозагў Лаълљубаи Мирзоњасан барои рўзномаи «Љањони Паём» дар дасти чоп аст. Чизњои аљибе зимни он шунидам, ки шояд барои хонандагон њам љолиб бошад. Дар Наврўз аз равзанаи хонањои бадахшї тариќи анъанаи гулгардонї њар кас њар чизе хост аз соњибхона талаб мекардааст. Ошиќон бошанд, пайт поида мањз дар ин рўз аз волидайни арўс дасти духтарашонро мехостаанд. Чун дар ин рўз калимаи «не» - ро ба забон овардан иљозат нест, кор ба хости дилдодањо поён меёфтааст (табассум мекунад).
- Аз журналистони хориљ тарзи навишт ё усули барномасозии кадоме бароятон бештар писанд аст?
- Дар такя ба барномањои Аркадий Мамонтов журналисти шинохта ва муваффаќи телевизиони Россия барномаи «Сарнавишт» - и банда рўи кор омад. Барномањои Оксана Пушкина, Светлана Сорокинаро меписандам.
Тарзи навишти журналистони ољонсии ИТАР-ТАСС, КАЗИНФОРМ, БЕЛТА бароям писанд аст. Журналистони рус дар њар мавзўъ бањс мекунанд, аммо нуктаи охири бањсашон њамеша аз манфиатњои давлаташон аст.
- Ду чизи њатмї барои журналист кадом аст?
- Дониш ва љасорат. Агар журналист ин њардуро дошта бошад, њатман муваффаќ мешавад.
Рисолати журналист бисёр муќаддас аст. Имрўз, ки бо хости таќдир бори ана њамин рисолати муќаддасро мекашем, бисёр мехоњам ќаламамон созанда бошад, на сўзанда.
Баъзан мавзўъњои ноогоњонаву њангомаљўёнаро дар шабакањои иљтимої, ки ба њамкасбони мову шумо тааллуќ доранд, мебинаму мутаассиф мешавам. Гўё мавзўеро фавран мегўянд ё менависанд, аммо дар такя ба фарзияву андешањои њавої.
- Имкони мутолиаи ин њама китобњоеро, ки рўи мизи кориатон мебинем, доред?
- Дар лањзањои танаффус њатман ваќт меёбаму њамаи ин китобњоро вараќ мезанам. Айни замон «Маснавии маънавї»-и Мавлоно Љалолиддини Балхї, шеърњои Бозор Собирро такроран мехонам. Умуман, адабиёти классикро меписандам. Панду андарзи онњо дар кадом асре, ки гуфта нашуда бошанд, гўё барои имрўзанд.
- Масъулияти корї ва оилаву фарзандонро чї гуна метавонад як бону њамљоя муваффаќ анљом бидињад?
- Падарам хело зуд, дар синни 30 - солагї дунёро падруд гуфтанд. Модар бо он ки њам падар буданду њам модар ва њам табиб чањор фарзанди хешро арзанда ба воя расонданд. Хонишу омўзиши мо дар мадди аввал буд. Барои ташаккули ман муњити хонаводагї, дења ва солњои тањсил дар аспирантураи Академияи илмњо сањми калон гузошт. Камоли њамнишиниву ифтихори шогирдии устодон Муњаммадљон Шакурї, Хуршеда Отахонова, Соњиб Табаров, Додихудо Саймиддинов, Абдухолиќ Набавиро дорам. Њама инсонњои бузург, вале хоксор. Бо талќину дастгирињояшон рисолаи номзадї њимоя кардам, дотсент њастам, њоло рисолаи докторї омода мекунам.
Њар муваффаќият гузашт мехоњад. Гузашти зиндагии ман ин аст, ки ба њадди даркор бо кўдаконам нестам. Вале дар масъалаи мактабу саводомўзиашон сахтгирам. Фарзандонам шикоят мекунанд, ки мисли аксар модарон наметавонам онњоро ба тамошову тафрењ бибарам (табассум мекунад). Аммо онњо ба њар њолат одат карданд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА