ҷашни Наврӯз
Бањор пайки сабзишу Наврўз љашни мењварии он аст, ки барои мардумони ориёинажод рамзи эњёи дунёи хуфта ва бедории табиат мебошад, ки онро пешонии сари сол низ мегўянд. Љашнест мардумитару ба дилу дидаи одамон наздик, ки хурду бузург хурраму шод суфраи наврўзї густурда, таомњои лазиз мепазанд, бозињои миллї доир менамоянд, таронаву ашўлахонї мекунанду арѓушт мераванд.
Суннатњои волои Наврўз, агарчи дар осори адибони пешин ва муосири тољику форс љойгоњи хос доранд, миёни мардум низ намунањои зиёди наќлу ривоят, суруду таронањо ва ѓайра дар васфи бањору Наврўз суруда шудаанд. Бобати ин масъала суњбате оростем бо Мањина Ниёзова – номзади илми филология, ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоњи Рўдакии АИ Љумњурии Тољикистон.
- Дар рўзгори мардум суннатњои наврўзї љойгоњи махсусе доранд. Онњо чї маъниву розњоро дар худ нуњуфтаанд?
- Аз даврони ќадим мардуми одї, бахусус дењќонон, дар љашни Наврўз њамдигарро бо фарорасии Соли нав табрик мегуфтанд ва русуми љолибро анљом медоданд. Ба ин тариќ, љањонбинї, орзуву ормон, даќиќназарї ва кўшишу ѓайрати хешро љињати рўзгори осудањолона ифода менамуданд.
Аз овони кўдакї аз ин ид хотироти нек бардоштаем. Ин љашни муттањидї ва дўстии байни мардум аст, ки њама дастаљамъона ба истиќболи он тайёрї медиданд. Ёд дорам, ки занон гандуми суманак мехобонданд ва рўзи Наврўз бо лањни ширин сурудхонон кафча мезаданд. Гурўњи бонувон чапотиву кулчаю нон мепухтанд, дигарон аз хонањо гандуму лўбиёву нахўд ва дигар донагињо оварда, ѓизоњои гуногуни љашнї мепухтанд.
Ин идвора дар хирманљойи дењи мо, Лучоби Болои ноњияи Варзоб доир мешуд. Зери дарахти садаи бузург, ки сояи ѓафс дошт, сањнаи рангњо ороста, занону духтаракон месуруданду мераќсиданд. Дар як гўша дар дегњои калон хўрок мељўшид, дар гўшаи дигар мардону бачањои дења бозињои миллї меоростанд. Кўдакон даста-даста дар талу теппањо њаёњу карда, гулњои бањорї мечиданд. Бачањои гўштигир аз туњфањои гирифта њавасманд шуда, гўштї тамрин мекарданд, то дар Наврўзи оянда низ ѓолиб оянд.
- Ин суннатњои љолиби мардумї то чанд муддат давом мекарданд?
- Асосан то ду рўз наврўзї идома меёфт. Дар рўзи аввал љашни асосї ва дар рўзи дувум бозии бузкашї баргузор мешуд. Аксарияти сокинони дења асп доштанд ва манзили 5 – 6 нафари њамдењагон ба ќўшхона табдил меёфт. Мењмононе, ки аз дењаву навоњии атроф љињати ширкат дар бузкашї ба дења меомаданд, шабона дар ин хонањо маъво меёфтанд. Соњибхонањо онњоро мењмондорї намуда, аспонро дар саисхонањо љой ва ѓизо медоданд. Бозї берун аз дења, дар њамворие барпо мешуд. Дар ин рўз писарону мардони дења гурўњ-гурўњ ба тамошои бузкашї мерафтанд. Бонувон сарљамъ ба дарзу гулпартої, таронаву ашўлахонї, ќиссаву латифагўї машѓул мешуданд.
- Дар арафаи љашни Наврўз баъзе њодисоти табиї ва амалњоеро мардум фоли нек ё бад мешумурданд…
- Миёни мардуми минтаќањои гуногуни кишвар пешгўї ва одатњое то кунун мављуданд, ки онњо ќобили тањќиќу баррасии махсус мебошанд. Ба гунаи мисол, дењќонон дар натиљаи мушоњидањои тўлонї мегуфтанд, ки дар чилла борон борад, зимистон бардавом ва сербарфу сард меояд:
Дар чилла чу об дидї,
Бањора ба хоб дидї.
Мардуми Бухоро, агар лаклакро, ки дар арафа ва рўзњои наврўзї аз дигар макон парида меомад, аз рў ба рў медиданд, фоли нек мегирифтанд. Лаклак ќосиди бањору Наврўз ва рамзи хубию хушнудї дониста мешуд. Дењќонон аз рўи њолати парвози турнањо омадани соли нави дењќониро пешгўї мекарданд. Аз парвози пасту мавзуни турнањо мардум фоли нек бардошта, солро соли серњосилї ва осудањолї мехонданд ва аз парвози баланди онњо акси њолро интизор мешуданд. Дар фасли бањор, агар борон намеборид, мардум ба тањлука афтода, маросими «Ашаглон» мегузаронданд, ки дар шимоли Тољикистон бо номи «Сусхотун» маъмул аст. Бањори сербориш, ки ба зироат ва корњои боѓдорї осеб мерасонд, мардум дегдонро тафсонда, оби боронро ба он мепошиданд, то пойи боронро сўзонанд. Кўдакон бо такудав суруд мехонданд:
Офтоб, офтоб, дари осмона кушо,
Бачаякон бозї кунанд, духтаракон шодї кунанд.
Аќидае роиљ буд, ки нафаре аз ањли хонавода дар рўзи Наврўз њозир набошад, дар давоми сол мусофиру овора хоњад шуд.
- Дар ќадим ба таъсири рангњо низ мардум эътиќод доштаанд. Чї гуна метавон инро тавзењ дод?
- Ашёи сиёњ рамзи неруњои бадї - ањриманї мањсуб меёфт ва баръакс, љињози сафед нишони софї, хубиву хушнудї ва Эзиди пок – Њурмузро ифода мекард. Аз ин рў, пўшидани пироњанњои тирагуну сиёњ мамнўъ буд. Мардум дар ин рўз либосњои сафеду рўшанро ба бар мекарданд ва дегњоро то гўшањояшон пур карда, бо масолењи сафед таом мепухтанд. Њамчунин, дар ин љашн њини вуруди аввалин мењмон ба хона соњибхона ба китфи рости мењмон сафедї мепошид. Ин маросим то кунун дар љашнњои арўсї ва дигар идворањо риоя мешавад.
- Бо назардошти расму оин ва анъанањои неки ниёгон дар оростани хони наврўзї бонувон чиро мебояд мадди назар гиранд?
- Хони наврўзї бояд дар љойи бењтарини манзил ва ё њуљраи зеботари њавлї густурда шавад ва дастархон сафед бошад. Бо назардошти имконоти хонавода нахуст нонњои барои ин љашн пухта - гирдача, ширмол, чапотї, кулчањои равѓанин ё нони ќатмолро мегузоранд. Сипас, тартиб додани «Њафтсин»-и маъмулї бо гузоштани сабзаи наврустаи гандум, ки рамзи баќои зиндагї ва абадияти оламу одам аст, санљид, сипанд, себ, сирко, сир ва сумоќ (зелол) сурат мегирад. Рўи хон гузоштани оина ва шамъњои ранга низ роиљ аст. Њамчунин, дар гулдон гузоштани гул, дар моњидон моњї, дар косањои чинї мост, шир, оби тоза, суманак, санбўсањои алафї, нахўдї ё гўштї низ мувофиќ аст. Ѓизои наврўзї, агар бо масолењи сафед тањия гардад, хосияти хуб дорад. Далда, кашк ва њалиса низ аз ѓизоњои дўстдоштании мардум дар Наврўз аст.
- Имрўз њам таомулњои љашни Наврўз мисли ќадим риоя мегарданд?
- Солњои нобасомони љанги тањмилии шањрвандї ва баъдтарак љашни Наврўз тамоюл ба таназзулшавї дошт. Хушбахтона, бо ибтикори Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон Наврўз ќабои нав ба бар кард, эътибори он бамаротиб афзуд ва мавќеи љањонї гирифт. Имрўзњо Наврўз љашни мањбубтарин ва марѓубтарини мардуми мост, ки бо таљлили он дилњо аз фарањ лабрез гашта, башорат аз зиндагии осоишта аст.
Омина ХОЉАЕВА