Суҳбати ихтисосии «Бонувони Тоҷикистон» бо раиси Раёсати БДАТ “Амонатбонк”
Икромӣ Сироҷиддин Салом
- Дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти блоки иқтисодӣ, хосса бонкҳо чанд нуктаи муҳимро таъкидан ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд, Шумо чун роҳбари яке аз бонкҳои қавии давлатӣ барои худ чӣ бардошт кардед?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳоеро таҳлил ва пешниҳод менамоянд, ки бар манфиати дилхоҳ соҳа ва давлат аст. Ин дафъа ҳам Сарвари давлат нисбат ба фаъолияти бонкҳо эродҳои ҷиддӣ доштанд, ки ислоҳашон талаби вақт аст. Мисле мехоҳанд, ки ҳаҷми қарздиҳӣ дар иқтисодиёт бештар шавад, махсусан дар самти саноатикунонии кишвар, ки дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, саноат рушд кунад.
Имрӯз воқеан замоне расид, ки ниёзҳои давлат аз ҳисоби таъминоти худӣ бароварда шавад. Ҳар қадаре асъор аз дохили кишвар берун барояд, ба қурби пули миллии мо таъсири манфӣ мерасонад, ки инро дар илми иқтисод ба истилоҳ девалватсия мегӯянд. Воридоти зиёди маҳсулот аз хориҷ ба таваррум низ бе таъсир намемонад.
Мушкили аслии бонкҳо имрӯз зиёд будани ҳаҷми қарзи бозгаштнашуда аст. Мутаассифона, дар Амонатбонк аз солҳои пеш ин мушкилро дорем. Маҳз бо ин сабаб соли 2019 дар ҳаҷми 193 миллион сомонӣ фонди талафоти имконпазир ташкил кардем. Агар ин мушкил намебуд, ин маблағ чун фоидаи софи бонк метавонист фаъолияти моро боз қавитар созад.
Таъкиди дигари Сарвари давлат баланд бардоштани маърифати иқтисодии мизоҷон буд. Мизоҷ пеш аз муомилаи қарзӣ бо дилхоҳ бонк бояд донад, ки онро ҳатман баргардондан лозим аст.
Масъалаи дигар, ин бо тамоми қувва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии кишвар аст. Муҳаммад Иқбол дар танқиди давлатҳои ғарбӣ, ки «устокорона» маводи аввалияро аз мардуми Шарқ бо нархи ночиз харид карда, пас аз коркард ба соҳибонаш бо нархи даҳчанд мефурӯшанд, мегӯд:
Қолӣ аз абрешими мо бофтанд,
Боз онро пеши мо андохтанд.
Яъне имрӯз ҳар чизеро, ки мо бо заҳмат аз замин мерӯёнем, бояд то мањсулоти ниҳоӣ дар кишвар коркард шавад. Агар пахта дар кишвар то давраи ниҳоӣ, яъне матову сарулибос ва ҳар чизи зарурӣ коркард шавад, нархи 1 килограмми он аз 1 доллар то 10 доллар боло меравад. Ё меваҳои шаҳдбори ватани моро ба тамъу лаззати нотакрор мебаранду ба худамон дар шакли нӯшобаву обҳои мевагӣ мефурӯшанд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд. Бо ташкили корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянду мардум бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин мегарданд.
- Таъкиди ҷиддӣ ин аст, ки ба корҳои бонкӣ бештар занон ва духтарони ҷавон ҷалб шаванд. Ин супориш то чӣ ҳад дар «Амонатбонк» мақсаднок амалӣ мегардад?
- Сарвари давлат хуб зикр намуданд, ки бонувон даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва тасарруфи маблағҳои давлатӣ намезананд. Зеро модар, пеш аз ҳама, фикри фарзандро мекунад, намехоҳад бо кори ношоистае паси панҷара равад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки воқеият чунин аст. Бонувон дасту дили пок доранд. Роҳбарияти Амонатбонк дар амалӣ намудани ин дастур ҳамаҷониба талош дорад. Ҳоло 42 фоизи кормандони бонкро бонувон ташкил медиҳанд. Дар оянда кӯшиш ба харҷ дода мешавад то ин рақамро, яъне 50 фоиз боло барем.
Маҳз дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа Амонатбонк аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ миёни 80 вазорату идора ва корхонаҳои давлатӣ соҳиби мақоми аввал ва дипломи дараҷаи 1 гардид.
Дар саросари ҷумҳурӣ 546 маркази хизматрасонӣ ва 75 филиал дорем. Аз 2774 нафар корманди бонк дар умум 1166 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Аз 284 корманде, ки соли 2019 ба кор ҷалб гардид, 61 фоиз духтаронанд.
Дар Бонк вазифаҳое ҳастанд, ки бонувон дар анҷомаш душворӣ мекашанд. Масалан, инкассатор (пулрасон), посбон ё корманди идораҳои таҳлилӣ, ки солҳои сол лозим аст муттасил соҳаро омӯзанд. Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки кадрҳоро аз ҳисоби духтарон омода мекунему баъдан онҳо барои солҳои зиёд ба рухсатии нигоҳубини тифл мераванд. Бар замми ин бар дӯши кормандони мо сиёсати иҷтимоии давлат вогузор шудааст. Пардохти нафақа ва ҷубронпулиҳо барои нафарони имконияташон маҳдуд баъзан бо усули хона ба хона сурат мегирад. Дар кишвари кӯҳистон, ки 72 фоизи мардум дар деҳот зиндагӣ мекунад, ин масъулият барои бонувон душвор аст.
- Пардохти хона ба хона гуфтед, яъне чӣ?
- Амонатбонк ягона бонки давлатиест, ки сармояаш пурра ба давлат тааллуқ дорад. Пардохти нафақа, ҷубронпулӣ, музди меҳнати кормандони буҷетӣ, ҷамъоварии андоз, ҳаққи хизмати коммуналӣ ҳама тариқи Амонатбонк сурат мегирад. Мо тавассути насби банкоматҳо, ки шуморашон дар кишвар ба 249 расидааст, як андоза кори худу муштариёнро сабук гардондем, аммо барои ҳамон 1 нафар ҳам, ки аз деҳаи дурдасте нафақа ё кумакпулиашро сари вақт нагирифт, муваззафем маблағашро бурда расонем. Ба шарте ки соҳибаш онро ҳамчун пасандоз дар корти худ ҷамъ карданӣ набошад. Дар ин сурат ҳам корманди Амонатбонк вазифадор аст, ки моҳе як маротиба дари муштарии хешро кӯбад ва бохабар созад, ки нафақааш тайёр аст.
- Баъзан шикоятҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки дар маҳалҳо омӯзгорону нафақахӯрон сари вақт пулҳои худро дарёфт карда наметавонанд…
- Амонатбонк ҳамеша дар хазинааш пули нақди зарурӣ дорад ва меъёри пардохтпазирии бонк аз меъёр 3 маротиба зиёд аст. Сабаби ин таъхир сари вақт маблаѓгузори намудан аз љониби маќомоти масъул мебошад. Вобаста ба ин мавзўъ ва саргардон нашудани мардум тасмим дорем, дар сурати ворид шудани маблағ ба ҳар муштарӣ смс-паёмакҳо бифристем.
- Агар Бонк маблағи нақд дошта бошад, пас бе маблағ мондани бонкоматҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Ин ҳолат бештар вақт бастагӣ ба алоқа дорад. Бонкомат он лаҳза маблағ дорад, аммо алоқа, ки нест, онро дастрас карда намешавад. Шояд дар ҷойҳои сераҳолӣ маблағ ҳам ба итмом расад, ҳамаи бонкоматҳо, ки тариқи онлайн таҳти назоратанд, ин мушкил зуд рафъ карда мешавад.
- Мутахассисон бар он иқроранд, ки бо сабаби буҳрони молӣ пардохтпазирии баъзе аз бонкҳо суст гардида, дар баргардондани пасандозҳои мардум таъхир ба миён омадааст. Ин ҳолат эътимоди муштариёнро нисбат ба бонкҳо коста намуд, барои ҷалби дубораи онҳо чӣ бояд кард?
- Бонк ин «Корхона ё ташкилоти молиявиест, ки ба ҷалби амонат ва ё додани қарз машғул аст». Амонате, ки мегирад, онро ҳатман бармегардонад ва қарзе, ки медиҳад, ин хавфу таваккали худаш. Вақте муштариву мизоҷи Бонк ба буҳрон дучор шуданд, ин ҳатман ба фаъолияти Бонк таъсири манфӣ мерасонад.
Мо дар хусуси маърифатнокии мизоҷон гуфтем. Дар давлатҳои пешрафта мизоҷон пеш аз ҳамкорӣ бо бонк аввал ҳисобот талаб мекунанд. Ба андешаи ман, яке аз сабабҳои аслӣ дар ҳолати баамаломада саривақт ҳисоботро аз бонк талаб накардани мардум ва аз надоштани иттилоъ буд.
Масалаи дигар, вақте дилхоҳ бонк фоизи пасандозро боло ва фоизи қарзро паст кард, ин ба норасоии пардохтпазирӣ оварда мерасонад.
Бар он кадхудо зор бояд гирист,
Ки дахлаш нуздаҳу харҷаш бист.
Байни 19 ва 20 ҳамагӣ 1 сомонист, вале вақте вақтро дар каҷхата мегузорем, ин маблағи калонро ташкил медиҳад.
- Амонатбонк кадом намуди қарзҳои имтиёзнокро ба аҳолӣ пешниҳод менамояд?
- Қарзҳои имтиёзнок дар Амонатбонк ба лоиҳаҳои давлатӣ рабт доранд. Ба омӯзгорони ҷавон, муҳоҷирони экологӣ, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва амсоли ин, ки 7-5 фоизи солона доранд. Вазорату идораҳои дахлдор рӯйхат, Вазорати молия маблаѓ пешниҳод менамоянд ва Амонатбонк маблағ медиҳад. Дар масъалаи дигар намуди қарзҳо дар бозор бо дигарон фоизҳои баробар дорем.
- Бонкдор бояд дорои чӣ гуна хусусиятҳо бошад?
- Нафаре аз писараш мепурсад: «Вақте бузург шудӣ, мехоҳӣ корманди бонк бошӣ?». «Не, падарҷон, мехоҳам пули худро ҳисоб кунам, на аз мардумро», - мегӯяд писар. Амонатдорӣ кори ҳар кас нест. Корманди бонк бояд дасту дили пок, садоқату виҷдон дошта бошад. Хуб дарк кунад, ки маблағҳо аз мардуманд. Ба амонат дар ҳам тибќи қонунҳои давлат, ҳам шариату одамгарӣ бояд хиёнат карда нашавад.
-Дар бинои нав корро аз чи шуруъ кардед?
-Чанде пеш бо дастгириҳои Сарвари давлат ба бинои ороставу пероста кӯчидем. Барои босифат гардондани кор идораи методология ва бозомӯзии дониши кормандонро таъсис додем. Дар синфхонаҳои барҳаво мутахассисонро ҷалб намудем, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва пешрафт бо кормандони мо кор баранд. Суҳбату баҳсҳои иқтисодӣ ташкил мекунем. Ҳақиқат зодаи баҳс аст. Вақте дар телевизион мебинам суҳбати ду иқтисодчӣ меравад, онро то охир тамошо мекунам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миллати бофарҳангу тамаддунофар будани мо ёдвар шуда, таъкид карданд, ки китобхон бошем. Дар амри амалӣ намудани ин дастур дар Амонатбонк китобхонаи нав таъсис дода, онро бо осори пурғановати адабиёти гузашта ва китобҳои муосири соҳаи иқтисоду бонкдорӣ мавриди истифодаи кормандон қарор додем. Ҳамчунин дар назди Амонатбонк осорхонаи махсус, ки таърихи 135 солаи онро инъикос менамояд, ташкил карда шуд.
Яке аз нуктаҳои хеле муҳими Паёми имсола эълон кардани 20 - солаи фанҳои дақиқ дар Тоҷикистон буд, ки бовар дорем бо шарофати ин иқдом аз ҳисоби наврасону ҷавонон коршиносони хуби соҳаи иқтисод, тиб, техникаву технологияи муосир барои бонкҳо низ ин иқдом саривақти буд, чунки кори бонкдори ба илмҳои дақиқ ниёз дорад.
- Ташаккур!
Гулноза БОБОМУРОДОВА