- 26 сол омӯзгори донишгоҳ, номзади илми иқтисод. Аз соҳаи таълиму тарбия ба сиёсат, чунин гаштро тасаввур мекардед?
- Бо таҷрибаи хеле зиёди омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯзе ба назди раиси вилоят (он замон Абдураҳмон Қодирӣ) даъват шудам. Зимни суҳбат раис пурсиданд, ки медонед барои чӣ даъват шудед? Гуфтам: «Не!». Ҷониби Назира Ғаффорӣ, муовинашон (ҳоло дар нафақа) табассум намуда, шуморо ба вазифаи муовинии раиси шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карданием, гуфтанд. Дасту по хӯрдаму гуфтам: «Ман омӯзгори одиям, корам бо сиёсат рабте надорад, шояд натавонам». Қодирӣ ҷиддӣ таъкид карданд: «Ин қадар сол бо сари баланд фаъолият бурдед, дар маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳам метавонед!».
Соле ба ҳайси муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдаму ба вазифаи дигар, раиси шаҳри Бӯстон таъйин карданд…
- Фаъолият дар кадом зинаи сиёсӣ осонтар буд?
- Мантиқан, ба сифати муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардан сабуктар буд, зеро дар як соњаи мушаххас кор мебурдам. Ҳоло тамоми самтҳоро бояд баробар таҳти назар дошта бошам.
- Мушкил нест роҳбарии шаҳр ё ноҳия барои як бону?
- Агар набзи ноҳияву шаҳри мавриди назарро хуб донед, огоҳ бошед, ки мардум чӣ мехоҳанд, чӣ мушкил доранд, ба тадриҷ чунон вориди кор мешавед, ки нофаҳмида мемонед.
Дастгирии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ҳамеша эҳсос мекунам. Бо иқдоми раис дар маркази шаҳри Бӯстон майдони зебои Парчами давлатиро бунёд намудем, парчам бо њашамат қомат афрохт.
Ҳар субҳи барвақт корро нахуст аз гаштугузори кӯчаҳои шаҳр оғоз мекунам. Аз зиндагии мардум, тозаву озодагӣ, вазъи партовгоҳҳо, корҳои ободонӣ бохабар шуда, пас ба идора меоям. Баъди боду борон ҳатман ҳар гӯшаи шаҳрро мегардам, то бо чашми худ бинам, ки хисороте ба хоҷагии халқ нарасида бошад. Ҳар кӯчаву хиёбоне, ки сафолакпӯш мешавад, рафта сифати масолеҳи сохтмонӣ, дарахтони атроф, гулшинониву ҷараёни корро шахсан назорат мекунам.
- Яъне аз илм канор рафтед?
- Рисолаи номзадии банда марбут ба соҳаи хизматрасонӣ буд ва сарфарозам, ки пажӯҳишам имрӯз дар соҳа мавриди амал қарор гирифтааст. Роҳи илмро кӯтоҳ нахоҳам кард, яъне онро идома хоҳам дод.
Чун рисолати имрӯзаам масъулият талаб дорад, ҳоло пурра банди корҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсиам. Бо ҷиддияти том ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ҳам сари мавзўи арзанда истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ ибрози андеша намуда, дар назди мо супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Пешорӯи 30 – солагии Истиқлолият тасмим дорем намуди зоҳирии шаҳри Бӯстон ба бўстони воқеӣ табдил ёбад. То соли 2021 ният дорем, 167 иншоотро бо сифати баланд ба истифода диҳем. Аллакай 60 фоизи нақша ба анҷом расид. Бо баробари содир шудани Амри Президенти Тоҷикистон вобаста ба ин ҷашни миллӣ бо ҳамроҳии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмадсаид Шоҳиён, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ сардори Гурўҳи ҳукуматӣ дар шаҳри Бӯстонанд, бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуда, зуд корро шурӯъ кардем.
- Воқеан, соҳибкорон дар пешрафту ободонии шаҳр чӣ саҳм доранд?
- Мо дастгирии арзандаи соҳибкорон ва шахсони саховатмандро дар ҷараёни корҳои сохтмону ободонӣ хуб эҳсос кардем. Чанде пеш соҳибкор Шодимурод Саидов корхонаи истеҳсолиеро бо номи «Суғд политекс» дар шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор дод, ки барои сокинон ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб муҳайё гардид. Ин соҳибкор дар шафати корхона як боғчаи таъмирталабро ҷавобгӯ ба шароити муосир, бо сифати олӣ барои 200 кӯдак таъмир намуд. Исроилхӯҷа Самандаров, соҳибкори ҷавон, корхонаи истеҳсолии «Анҳор»-ро мавриди истифода қарор дод, ки дар кушодашавиаш Ҷаноби Олӣ ширкат доштанд. «Анҳор» ягона ва аввалин корхонае дар ҷумҳурист, ки бо супориши Президенти кишвар дар баробари таъмини сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон, содироти ордро ба Афғонистон ба роҳ мондааст. Соҳибкор мунтазам ба мактаб - интернати кӯдакони ятими вилоят, ки дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ҷойгир аст ва њам ба 1400 нафар сокини ниёзманди шаҳр пайваста ёрии моддї мерасонад. Роҳбари корхонаи коркарди санг – «Элигант» соҳибкор Абдулаҳад
Муъминов ба истиқболи 30 – солагии Истиқ