Мусоҳибаи ихтисосии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо муовини якуми раиси
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ
- Имсол аз қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол пур шуд. Ҷараёни амалишавии ин санадро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ин фармон зани тоҷикро, ки пас аз ҳаводиси солҳои 90-уми асри ХХ азияткашидаву дилшикаста гашта буд, дубора ба маснади баланд нишонд. Ва ин эҳтирому икром нисбат ба бонувон аз ташаббусҳо ва адолатгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Асос барои ин фармон камбуди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон буд. Ин ҳам аз таъсири нигоҳи ифротӣ, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нисбат ба занон пайдо гардид. Қолабҳои шахшудае дар ҷомеа роиҷ буданд, ки гӯё зан набояд кор кунад. Бархе ба муваффақияти бонувон дар сиёсат ё соҳаи хизмати давлативу роҳбарӣ шубҳа дошт. Ин ақидаҳои ғалат, воқеан боиси он гаштанд, ки теъдоди занон дар тамоми соҳаҳо коҳиш ёфт. Бонувон аз кор ва таҳсил дар донишгоҳҳо дур монданд. Соли 1993 - юм 47 фоизи муҳассилини макотиби олиро духтарон ташкил диҳанд, ин рақам соли 1997 ба 19 фоиз фаромад. Агар ин раванд чунин идома мекард, шумори таҳсилдидагон ва мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби бонувон коҳиш меёфт. Маҳз аз ин хотир фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» содир шуд, ки санади саривақтиву дастгирии беназире буд. Дар зимн таъсиси квотаҳои президентӣ барои духтарони лаёқатманди деҳот аз муассиртарин ва боровартарин чораандешии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» заминаи хуби қонунгузориро дар самти беҳбуди зиндагии бонувон фароҳам овард. Пас аз судури он як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии бағоят муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Маҳз баъди ба тасвибрасии фармони мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тағйиру илова ва имтиёзҳое, ки соли 2017 барои бонувон дар соҳаи хизмати давлатӣ муқаррар гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020», «Консепсияи рушди оила», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022 ва даҳҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рӯи кор омаданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» аввалин санаде буд, ки дар он масъалаи табъйизу хушунат, мафҳуми гендер, баробариву нобаробарии гендерӣ мушаххас шарҳ ёфт. Имрӯз ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мувофиқ карда шудаанд.
- Дар доираи ин фармон чӣ корҳо анҷом ёфтанду чӣ корҳоро мебояд ба сомон расонд?
- Дар натиҷаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» теъдоди бонувон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунанда, соҳаи тандурустиву маориф ва фарҳангу иқтисод зиёд шуд.
Бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» Раҳмон Озода Эмомалӣ як ҳайати корӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату кумитаҳо таъсис дода шуд, ки рӯи такмилу таҷдиди қонунҳои мавҷуда дар самти ҳифзи ҳуқуқи бонувон бояд кор барад. Имрӯз баъзе қонунҳои кишвар ба тағйиру иловаҳо ниёз доранд. Қонунро ба замона, зиндагии мардум, пешрафту рушди кишвар мутобиқ кардан лозим меояд.
Тибқи барномаи давлатии «Рушди миёнамуҳлати Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон бояд то 25 фоиз ва теъдоди кадрҳо дар хизмати давлатӣ то 35 фоиз расонда шавад. Алҳол теъдоди занон дар хизмати давлатӣ 25 ва вазифаҳои роҳбарикунанда 19 фоизро ташкил медиҳад. Барои расидан ба ҳадаф - Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022 бояд ҷиддӣ мавриди амал қарор бигирад.
- Зуҳури кадом чеҳраҳои тобноки сиёсатро аз ҳисоби бонувон маҳз аз таъсири амалишавии ин фармон меҳисобед?
- Хушоянд аст, ки имрӯз аз ҳисоби бонувон вакилони мардумӣ, вазиру раисони зиёде дорем. Ба шарофати ин фармон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо яке аз муовин ҳатман аз ҳисоби занон таъйин карда мешавад.
Чеҳраҳои шинохтаву шахсиятҳои арсаи сиёсат Хайринисо Юсуфӣ, Озода Раҳмон, Сумангул Тағойзода, Саида Ғайрат, Идигул Қосимзода, Гулнора Ҳасанзода, Гавҳар Шарофзода, Шаҳноза Нодирӣ, Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, Ҷамила Лангарӣ, Мавсума Муинӣ, Ҷамила Саидова, Гулрӯ Ҷабборзода, Фароғат Азизӣ, Зевар Давлатзода ва бонувони зиёдеро ин ҷо зикр намудан мумкин аст, ки маҳз баъди ба тасвибрасии фармони мазкур ҷило карданд.
- Чӣ чора созем, то сафи занони роҳбар рӯ ба афзоиш биёрад. Барои дарёфту муаррифии кадрҳои ҷавон чӣ бояд кард?
- Нахуст, андешаи онро, ки зан наметавонад сиёсатмадору роҳбар бошад, пурра аз байн бубарем. Барои ин саҳми ВАО бисёр калон аст. Аз ҳаёту фаъолияти бонувони муваффақ зиёд нависанд, барномаҳои радиоиву телевизионӣ омода созанд. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба касбҳои ғайрианъанавӣ мароқ зоҳир менамоянд. Масалан, соҳаи энергетикаву нақлиёт, ки ҳатто аллакай дар ин самт занон роҳбарӣ ҳам мекунанд. Директори институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ имрӯз зан - Гулчеҳра Қоҳирова аст. Имрӯз ҷирмҳои осмониро ба номи се олими тоҷик – Гулчеҳра Қоҳирова, Галина Чернова ва Светлана Герасименко гузоштаанд. Бонувони тоҷик соҳиби диплому ҷоизаҳои байналмилалӣ мегарданд, аз минбарҳои баланди дунё ҳарф мезананд.
Баъдан, барои сабз шудани як кадр ва муаррифӣ шуданаш дар сатҳи болотар дастгирии роҳбарони баландмақом муҳим аст. Як таҷрибаи кумитаро кӯшидем дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ созем. Ин дар заминаи Шӯрои донишҷӯдухтарон ташкили мактаби духтарони сарвар аст, ки хуб роҳандозӣ шуда, хушбахтона, натиҷаҳои дилхоҳ ҳам дода истодаанд. Соле ду маротиба курсҳои омӯзишии «Менеҷменти давлатӣ» ва «Зан - сарвар» - ро дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ низ ташкил мекунем…
- Кумита салоҳияти пешниҳод ба вазифаҳои роҳбариро дорад?
- Бале, ҳамасола кумита аз ҳисоби кадрҳои омодаи МИҲД дар маҳалҳо ва кормандони вазорату кумитаҳо рӯйхати захираҳои кадриро омода ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода, мудири шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадова, муовини раиси шаҳри Конибодом Замира Ашӯрматзода, муовини раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода ва нафарони зиёд, аз ҷумла банда низ маҳз аз ин рӯйхат ба мақом пешниҳод шудаем.
- Чӣ мушкиле аз ҳаёти занон имрӯз боиси нигаронист?
- Хушунат ва зиёд шудани омори талоқ.
Дар паси ҳар зани муваффақ оила меистад. Агар дастгирии оила набошад, зан ба ҷое намерасад. Сабаби камии теъдоди бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз як тараф бархӯрди муҳит бошад, аз тарафи дигар, аз сустии худи бонувон, ҳам ҳаст. Ин аз надоштани эътимод ба қобилияти шахсист, ки дар натиҷаи фишорҳо боварӣ гум мешавад. Дар оилае, ки хушунату зӯроварӣ ҷой дорад, зан барои фаъол будану баланд бардоштани касбият таваҷҷуҳ намекунад.
Ҳар сол теъдоди муайяни падару модарон сабаби аз таҳсил дур мондани духтарон мегарданд. Назорати қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро дар самти таҳсили духтарон пурзӯр кардан даркор аст. Дар Кодекси оила омадааст, ки бо қарори суд дар баъзе мавридҳо синну соли никоҳӣ як сол паст карда мешавад. Аммо сабаб дар Кодекс мушаххас нашудааст. Масалан, камбизоатиро асос меоранду духтарро як сол пеш аз муҳлати муқарраршуда ба шавҳар медиҳанд. Магар ба арӯсе, ки чун хӯрандаи зиёдатӣ ба шавҳар доданд, мисли ғулом рафтор нахоҳанд кард?
Барои кам шудани теъдоди талоқ, шартномаи никоҳ бояд ҳатмӣ бошад. Дигар ин ки ташаббускори талоқро ҷарима кардан лозим аст.
- Хати сурх барои як зани мансабдор, ки убураш иҷозат нест, чист?
- Иффат! Хоҳ нохоҳ нигоҳи ҷомеа ҳамеша ба ҷониби зани роҳбар дӯхта шудааст. Ҳаёти шахсӣ, оила, рафтору кирдораш муттасил мавриди таваҷҷуҳ аст.
- Шумо аз соҳаи маориф ба сиёсат пайвастаед. Аз ин тағйирот пушаймон нагаштаед?
- Омӯзгорӣ ишқи ман буд ва ҳаст. Бо ворид шудан ба кори дигар онро ҳам дӯст доштам. Хушбахтона, омӯзгор зиёд, аммо мутахассиси соҳаи гендер кам аст. Эҳсос намудам, ки дар ин ҷо ба бонувон имкони зиёдтар ёрӣ расонданро дорам.
Гулноза БОБОМУРОДОВА