Мусоҳиба бо Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ.
- Устод, чоряк аср аст, ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олами мутамаддин танинандоз аст ва ҳамчун рукни муқаддасоти миллат пазируфта шудааст. Нахуст шуморо ба солгарди Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем. Мехостам дар пайдоиши суруди миллӣ суҳбат биороем. Оё нақшаи навиштани Суруди миллиро қаблан матраҳ карда будед?
- Ташаккур. Не, дар бораи навиштани он андеша надоштам. Истиқлоли мо соли 1991 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Дар ин овон зарурати тағйири рамзҳои давлатӣ ба миён омад. Ҳанӯз 12 ноябри соли 1992 оид ба беҳтарин матни Суруди миллӣ ва оҳанги он, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ озмун эълон шуда буд. Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд тарҳи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро пазируфт. Аммо мо ҳанӯз Суруди миллӣ надоштем.
Пас, гурӯҳи корӣ оид ба қабули матнҳо доир ба ин масъала бо роҳбарии муовини аввали раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев таъсис дода шуд. Дар яке аз ҷаласаҳо бо нақд сухан гуфтанд, ки аз истиқлол чор сол гузаштаву то ҳанӯз Суруди миллӣ надорем. Гилаҳошон ҷо дошт. Дар ҳақиқат комиссия оид ба суруди миллӣ амал мекард, вале бе натиҷа. То ба он овон матну оҳанги дилхоҳ ба даст намеомад.
- Гилаҳои Абдулмаҷид Достиев корро тезонд ё омилҳои дигар низ буданд?
- Албатта, андеша ва таҳрикҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосӣ буданд ва ҷараёни тезтаки падидаҳои сиёсӣ низ комиссияро ба ҷумбиш овард. Бештар матнҳо ва оҳангҳои пешниҳодшуда ба шартҳои озмун мувофиқ набуданд. Дар ҳамин ҷо оҳангсози муътабари тоҷик, шодравон Дамир Дӯстмуҳаммадов арз намуданд, ки то кунун аз оҳанги Сулаймон Юдаков беҳтараш ба даст наомад. Бештари оҳангҳо ифодагари рӯҳи Истиқлолияти давлатӣ нестанд. Аз ин рӯ, кор дермон шуда истодааст. Ин гуфтаҳои оҳангсозро бар гӯш ҳалқа кардам ва дар заминаи ҳамин оҳанг суруд навиштанро ҳатмӣ шумурдам.
- Ҳаминро яқин карданӣ будам, ки дар ҳавои оҳанги Сулаймон Юдаков навиштани матн идеяи Шумо буд ё каси дигар?
- Росташ ҳамин, ки Дамир Дӯстмуҳаммадов дар бораи бартарии оҳанги Сулаймон Юдаков изҳори назар карданд, худро омода намудам. Пеш ҳам аз одамони расмӣ шунида будам, ки яке аз шартҳои озмун нигоҳ доштани ҳамин оҳанг ҳаст. Агар инчунин шарт намебуд, шояд ҳазор кас матн пешниҳод мекард. Ишораи бастакор Дамир Дӯстмуҳаммадов дар сар хона омада, «Энсиклопедияи советии тоҷик» -ро кушода «Гимн»-ро ёфтам. Матн аз устод Лоҳутӣ буд. Матн бо мусиқӣ мечаспид, зеро Лоҳутӣ худ бастакор буданд.
Ба оҳанг шеър навиштам, ба қолаб даровардам. Аз ҳама чизи боварибахш бароям: «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озодӣ ман!», намуд. Ҳамин нақарот маро бовар мекунонд, ки сурудам қабул мешавад.
- Бо боварӣ ва хотирҷамъу осуда матнро ба комиссия пешниҳод намудед?
- Аз куҷо? Бисер андеша кардам, ки навиштаро пеши кӣ барам? Зеро ҳама бастакорони номӣ ва шоирони шинохта дар озмун иштирок доштанд. Мақсадам ин буд касеро бипазирам, ки сурудамро бо оҳанги Сулаймон Юдаков муқоиса кунад, дар нота бигирад ва навозад. То бурду бохташро дақиқ намоем.
Пас аз фикри зиёд бастакори хушсалиқа Лола – духтари нависандаи маъруф Пӯлод Толис, ки дар ҳамсоягиямон мезист, ёдам омад. Наздашон рафта дархостам то кори маро бинанд. Ба матни суруд ошно шуданд ва бо оҳанг навохтанд.
- Ҳамааш дуруст, вале «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» дар оҳанг намеғунҷад, онро дигар кунед, - хулоса бурданд Лола.
- Ҳама умедам ба ҳамин мисраъ, агар онро дигар кунам, сурудам аҳамияташро гум мекунад, қабул намешавад, - бо шӯхӣ гуфтам ва афзудам, - Лолаҷон, оё имкон ҳаст, ки ба оҳанги Сулаймон Юдаков як ҳиҷо изофа намоем?
Бастакор розӣ шуда, ба оҳанг як ҳиҷо изофа намуданд ва пас навиштаамро бо оҳанг ба комиссияи пӯшидаи Шӯрои Олӣ бо номи «Ношинос» партофтам.
- Ҳарчанд мувофиқи шартҳои низомнома мебоист ному насаби ширкатдорон номаълум мемонд. Чаро Ношинос?
- Намедонам, шояд дар ёдам ҳамин ном омад. Ва дар сафи шоирон Муъмин Қаноат, Абдуқодир Маниёзов, Лоиқ, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Камол ман ҳам дар курсии доварон менишастам.
- Муҳокима чӣ навъ сурат гирифт? Он лаҳзаи ҳассос авзоятон, ҳине, ки атрофи суруди Шумо сухан мерафт…
- Матн ба ҳама хуш омад. Муқобилон набуданд. Пеш аз ҳама, баҳои Лоиқ Шералӣ ба ёдам мезанад, ки матну оҳангро пазируфт. Мавсуф марди беғараз буданду аз ҳасаду бахилӣ орӣ. Дар овоздиҳӣ холи аз ҳама зиёдро матни ман бо оҳанги Сулаймон Юдаков гирифт.
Дар ибтидо мисраъ чунин буд: «Зи рафтагони бенишони мо нишонаӣ». Ба ҳамин мисраъ эрод гирифтанд, ки магар дуруст аст? Оё гузаштагони мо бенишон буданд ва ғайра. Манзурам давлати Сомониён буд, ки пас аз он давлат надоштем. Баҳс тӯлонӣ шуд. Ҳар кас гардунаи худро ҳар сӯ мекашид. Мувофиқи машварат матни 14 суруди баргузида барои нашр ба матбуот пешниҳод шуд.
- Хавфи фош шудани худатон ба миён наомад? Ё аллакай дарк карда буданд?
- Намедонистанд. Матн аз Ношинос буд ва овоздиҳӣ пинҳонӣ сурат гирифт. Ҳолати ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд омад. Абдулмаҷид Достиев дар ҳолати номуайянӣ монду пурсид, ки чӣ кор кунем? Авзо мураккаб мешуд. Ҳамин асно кариб буд, ки худамро бой диҳам, вале ҳушамро ба сар гирифта ба Достиев муроҷиат кардам, ки ҳамин ҷо шоирони зиёд нишастаанд, метавонанд як мисраъро дигар кунанд. Пешниҳод пазируфта шуд. Худам мисраъро тағйир додам: «Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ». Ба ҳама хуш омад. Ҳамин шуду то 5 -уми сентябр натиҷагирӣ мавқуф гузошта шуд. Дар ин рӯз, дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 6 суруд садо додааст ва аз он миён се сурудро хуш кардаанд.
Мутаассифона, дар он ҷаласа ширкат надоштам.
- Қабл аз он, ки бо Шумо суҳбат биороем, бо матни пурраи суханронии муовини аввали Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Достиев «Оид ба ҷамъбасти озмуни матну оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар иҷлосияи ХХ даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шудам. Оё Шумо аз ҷараёни он огоҳ будед?
- Падидаи тозае буд, ки Суруди миллӣ аз тариқи раъйдиҳии намояндагони мардум сурат гирифт. Ман аз рафти ҷаласа аз тариқи рӯзномаи «Садои мардум» шинос шудам. Бино ба арзи Абдулмаҷид. Достиев ба озмун 103 матни суруд ворид шуда, аз он миён 14 суруди мақбул зери рақамҳои шартӣ барои муҳокимаи умум пешниҳод ва 6 матну оҳангҳои Суруди миллӣ зери рақамҳои 1- 6 дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 5 сентябри соли 1994 садо доданд.
Аз ҳайати доварон устодон Лоиқ ва Меҳмон Бахтӣ тақозо карданд, раъйдиҳӣ пинҳонӣ сурат бигирад. Узви комиссияи ҳисоб Иброҳим Усмонов ва Усмон Назиров (равонаш шод бод) буданд. Дар овоздиҳӣ суруди якум 56 холро сазовор мешавад. Вакилони мардумӣ дар иҷрои дастаи ҳамсароён суруди таҳти рақами 1- ро дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ шунида, ба сифати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мепазиранд. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирон лифофаро таҳти рақами 1 боз намуда, эълон мекунанд: «Муаллифи матн Гулназар!».
Бори нахуст он рӯз иҷлосияи ХХ даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садои Суруди миллӣ корашро анҷом медиҳад.
- Чаро Шумо дар ин ҷаласа ширкат надоштед ва хушхабарро аз кӣ шунидед?
- Ман он вақт вакили мардумӣ набудам. Ва аз он ҷаласа хабар ҳам надоштаму аз ғалаба низ. Аз назди чойхонаи «Роҳат» мегузаштам, ки як дӯстам маро ба оғӯш кашида ба пирӯзӣ табрик гуфт. Пурсидам, аз куҷо хабар ёфтааст, гуфт, ки аз радио шунидам.
- Пас аз ин ғолибият, муносибати адибоне, ки дар озмун ширкат доштанд, бо Шумо чӣ гуна буд?
- Муносибати онҳо тағйир наёфт. Қисме мегуфтанд, ки шеър навиштанат дигар шарт нест. Ҳамин суруд ба туву ҳафт пушти авлодат кифоя аст. Вале дар матбуот баҳсҳои пурғараз пайдо шуданд. Ба ному оҳанги Сулаймон Юдаков часпиданд. Онҳо намеандешиданд, ки оҳангсози забардаст барои мардуми мо хидмати арзандае намудааст ва оҳангаш солҳо Тоҷикистонро дар ақсои олам муаррифӣ мекард. На танҳо мо, балки бештари ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқ оҳангҳои қаблиро пазируфта буданд. Дар қиёс бо матнҳои дигар кишварҳо суруди мо бисёр шоирона аст.
- Эҳсоси Шумо ҳамчун муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон? Вале тифлону хонандагон ва баъзан калонсолон Шуморо бо номи «Диёри арҷманд…» мешиносанд. Андешаи Шумо дар ин бора?
- Ба итминони комил мегӯям, ки Суруди миллӣ моли мардуми Тоҷикистон аст. Дигар фикр намекунам, ки он ба ман тааллуқ дорад. Бисёриҳо мепурсанд, ки ҳангоми садо додани Суруди миллӣ чӣ ҳиссиёте Шуморо фаро мегирад? Мегӯям, ки ҳамчун фарзанди Тоҷикистон ифтихор мекунам, мисли дигарон аз ҷоям мехезам, мехонам, ки муаррифгари мамлакати ман аст.
Аз суҳбат бо бачаҳо шод мешавем. Воқеан, ҳар куҷо бубинанд, мегӯянд «Диёри арҷ…». Аз покии қалби онҳо, аз гуфтори ширинашон лаззат мебарам.
Рӯзе набераам давида омаду мужда гирифт, ки суруде аз ёд кардааст. Хоҳиш намудам, ки бихонад. Амр кард, ки бархезам. Пурсидам чаро? Гуфт, ҳама онро хеста мехонанд. Ва Суруди миллиро хонд.
Пурсидам, онро кӣ навиштааст? Гуфт: «Гулназар Келдӣ!».
Пурсидам: «Ман кӣ?». Гуфт: «Шумо бобоям!».
Ҷонибек Асрориён,
фарҳангшинос