Шуғл ва муҳоҷират мавзӯи суҳбатест бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи
шаҳри Хоруғ Сабоҳати Донаёр
- Хушбахтона, муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни бонувони шаҳри Хоруғ рӯ ба коҳиш аст. Кадом омилҳо ба ин раванд мусоидат намуданд?
- Беҳтар шудани шароити бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон ба коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам байни мардон ва ҳам занон мусоидат кард. Ин тамоюли хушбинкунанда байни бонувон болотар ҳасту занон акнун камтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бахши хизматрасонӣ босуръат тараққӣ ёфта, дар шаҳр меҳмонхонаҳои нави замонавӣ, ошхонаҳои барҳаво, кошонаҳои ҳусн арзи ҳастӣ намудаанд ва бонувони зиёд корёб шуданд.
Теъдоде аз нуқтаҳои хизматрасонӣ бо маблағгузории бонувон таъсис ёфтанд. Агар пештар муҳоҷирон пули дарёфтаро асосан барои навсозии манзили истиқоматӣ ва хариди ашёҳои гаронбаҳо масраф менамуданд, акнун онҳо мекӯшанд то дар зодгоҳашон коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ё нуқтаҳои хизматрасонӣ созмон диҳанду бо ин васила рӯзгорашонро пеш баранд.
Алҳол дар шаҳри Хоруғ 42 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд. Бонувон аслан дар коргоҳҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва коркарди мева шуғл меварзанд.
Ҳамзамон, дар шаҳр яку ним ҳазор зани бекор ҳаст, ки 700 нафараш расман ба қайд гирифта шуда, мақоми бекорӣ дорад. Барои бо шуғли доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ин гурӯҳи бонувон аз ҷониби мақомот тадбирҳо амалӣ мешаванд.
Бо мусоидати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон занони бекор омӯзиш дида, барои аз ҳисоби маҳсулоти ҳунармандӣ, ба мисли ҷуроббофӣ, шерозабофӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва намадрезӣ даромад овардан ба буҷети хонаводагӣ ҳавасманд гардиданд.
- Дар хусуси паёмадҳои иҷтимоии муҳоҷирати бонувон чӣ назар доред?
- Муҳоҷират ҳамчун воситаи ҳалли мушкилоти иқтисодӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷанбаҳои мусбатро дорост, зеро он ба кишвар хазинаи зиёд ворид менамояд. Вале оқибатҳои манфӣ ва зиёновари он бештаранд, вақте неруҳои ҷавон ва қобили меҳнату мутахассисон ба кишварҳои дигар муҳоҷир мешаванд. Бахусуc, муҳоҷирати занон нигаронкунанда аст. Рисолати асосии зан тарбияи насли солим аст, вале дар бештари маврид заноне, ки ба муҳоҷират мераванд, фарзандонашонро дар тарбияи падару модар ва ё хусуру хушдоманашон мемонанд. Чунин бачаҳои «бобо» ва «бибӣ», ки солҳои зиёд аз тарбияи падару модари хеш дур мемонанду волидонашон бо фиристодани маблағ барои таъминоташон вазифаи худро иҷрокарда меҳисобанд, эҳтимолияти бештари ворид шудани онҳо ба сафи кӯдакони ба истилоҳ «душвортарбия» бештар мегардад. Таҷрибаҳои илмӣ ҳам собит сохтаанд, фарзандоне, ки дар канори волидон ба воя мерасанд, имконияти бештари рушди моддӣ ва маънавӣ дошта, ба таъсири омилҳои беруна бештар тобоваранд. Ба назарам, зан бояд ҳаддалимкон ба хона ва фарзандонаш пойбанд бошад ва бо ҳузури худ чун зан -модар ин муҳитро созандаву хушбахт гардонад. Занони зиёдеро медонам, ки шавҳаронашон дер боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, вале онҳо босабру ирода корҳои занона ва мардонаро иҷро ва ба тарбияи фарзандонашон машғуланд. Ба чунин бонувони матинирода садҳо бор офарин мегӯям.
Иддае аз занон аз пайи шавҳаронашон роҳ мегиранд ва фарзандонашонро ҳам бо худ мебаранд. Агарчи фарзандон дар муҳити фарҳангии нав ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд, волидон барои таълиму тарбия ва дониши хуб гирифтани онҳо талош меварзанд. Мисолҳои зиёде ҳастанд, ки фарзандони муҳоҷирон ғолиби озмунҳои фаннӣ ва ё варзишӣ мегарданд.
- Пӯшида нест, ки қисме аз муҳоҷирони муваффақ барои пайвандон, зодгоҳ амале хайр ва накукорӣ доранд?
- Онҳо аз масофаи дур бошад ҳам, дар ҳаёти иҷтимоии зодбуми хеш фаъоланд. Бо ибтикори чунин бонувон барои маркази бемориҳои дили вилоят дастгоҳи ташхиси ултрасадо харид шуд. Азбаски ин бону қаблан дар ин марказ фаъолият дошт, тасмим гирифт, ки дар ҳалли мушкилоти беморон ёрӣ расонад. Мадад ба оилаҳои камбизоат ва ширкат варзидан дар корҳои ободонӣ ба амали муқаррарии бисёре аз муҳоҷирони меҳнатии муваффақ табдил меёбад.
- Ба андешаи Шумо сабабҳои муҳоҷиршавӣ байни занон кадомҳоянд?
- Бархе аз занон бо сабабҳои иҷтимоӣ ба муҳоҷират мераванд, иддае аз бонкҳо қарздор мешаванд ва барои корёб шудану ҷуброни қарз маҷбур мегарданд, ки муҳоҷир шаванд. Афроде ҳам ҳастанд, ки шароити хуби зиндагӣ доранд, вале боз ҳам барои хубтару беҳтар зистан муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд.
- Имкониятҳои ноистифода барои ба шуғли бештар ҷалб намудани занон мавҷуданд?
- Бонувон аз сайёҳӣ ба манфиати буҷети хонаводагӣ хуб истифода мебаранд. Фаровардаҳои дастиашонро ба фурӯш мегузоранд. Вале, ба фикрам имкониятҳо ҳанӯз пурра истифода намешаванд. Масалан, то ба ҳол дар бештари ошхонаҳои шаҳр хӯрокҳои аврупоӣ ва ё халқҳои дигар ба мизоҷон пешкаш мешаванд. Аммо ошхонае, ки дар он таомҳои миллии ба мисли боҷ, алимов, оши бурида, ширравған, равғаншӯрбо, атолаи мевагӣ бипазанд, то ба ҳол вуҷуд надоранд. Ҳол он ки дӯстдорони таомҳои маҳаллӣ байни сайёҳон хело зиёданд.
Аз имкониятҳои таъсиси коргоҳҳои саноатӣ ҳам пурра истифода набурдаем. Коргоҳҳои консерв ва хушккунии мева каманд. Гаронии нархи истифодаи барқ дар соҳаи соҳибкорӣ яке аз сабабҳои рушд наёфтани соҳибкории истеҳсолӣ гардидааст.
- Нақши бонувонро дар бозори меҳнат чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ягон шуғлро бидуни ширкати бонувон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дастони офаранда ва муъҷизакори занон сар аз ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр то тавлидоти саноатӣ нақши бориз доранд. Бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг саҳми назаррас мегиранд. Дар баробари ин шумораи бонувон дар касбҳое, ки умдатан мардона талаққӣ мешуданд, меафзояд. Бахши муҳими тиҷорати шаҳр имрӯз дар дасти бонувон буда, занон соҳиби дучанд мағозаҳо ва супермаркетҳо ҳастанд. Агар гӯям, ки бори ҳаёти иҷтимоии Бадахшон умдатан бар шонаи занон аст, хато нахоҳад буд.
Сафи бонувоне, ки аз ҳисоби фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ даромад ба даст меоранд, рӯз ба рӯз афзудан дорад ва ин омили мусбат, бешубҳа, ба коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират дар байни бонувон боис мегардад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёд ва устувории оилаи солим тамоми имкониятҳои дастгирии моддӣ ва маънавиро равона сохтаанд. Бовар дорам, волидон бо таваҷҷуҳ ба ғамхориҳо рисолати тарбияи фарзанди солеҳ, бодониш, ҳунарманду ватанпарварро бо масъулияти баланд ба сомон мерасонанд.
М. Саид, ВМКБ