Ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ баҳс атрофи чигунагии нақши роҳбари мактаб ҷӯш мехӯрд. Баъзеҳо ба ақидаи педагоги машҳур В. А. Сухомлинский мувофиқ меомаданд, ки гуфта буд: «Агар хоҳед, ки роҳбари хуби мактаб бошед, қабл аз ҳама, омӯзгори хуб будан зарур аст». Иддае, баръакс, мегуфтанд, ки бидуни ин пеша ҳам метавон роҳбариро пеш бурд, агар шахс аз усулҳои идоракунӣ ва роҳбарӣ воқиф бошад. Роҳбари имрӯзаи мактаб бояд чӣ гуна бошад? Посухи ин суолро аз Субҳия Назарова, директори МТМУ № 38 шаҳри Душанбе, пурсон шудем.
- Сарвари мактаб дар шароити кунунӣ бояд роҳбар, роҳнамо ва маъмури хуб бошад. Барои ба ҳадаф расидан қарорҳои қатъӣ бароварда тавонад. Зеро натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҳар мактаб, пеш аз ҳама, аз роҳбари он алоқаманд аст. Таҷрибаи омӯзгорӣ доштани директори мактаб ҳатмист. Эшон бояд моҳияти раванди таълимро дарк намояд. Дар ин ҳолат ӯ аз нозукӣ ва хусусиятҳои пешаи омӯзгорӣ воқиф мегардад.
- Ба шумораи зиёди одамон роҳбарӣ кардан кори саҳл нест. Ба андешаи Шумо, корро аз чӣ бояд шурӯъ кард?
- Бояд зикр намоям, ки дар мактаби мо 1643 хонанда (аз онҳо 864 духтар) ва 130 омӯзгор (120 зан) ҳаст. Барои самаранок ба роҳ мондани фаъолият бо чунин аудиторияи бузург роҳбари мактаб нахуст бояд ҳайати хуби кориро гирд орад. Дар ҳайати худ нафарони кордону корозмуда ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаро муттаҳид созад, ки онҳо аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш баромада, бо ҳайати корӣ фаъолияти муштаракро ба роҳ монда тавонанд. Баъдан, ҳамкорӣ ва муносибату муоширати байни хонандагон, падару модарон, омӯзгорон ва сохторҳои марбута бояд дуруст ва самаранок ба роҳ монда шаванд.
Педагоги машҳур В. Г. Белинский гуфтааст: «Олот ва воситаи асосии тарбия бояд муҳаббат бошад». Ҳама ба меҳру муҳаббат ниёз дорад, алалхусус кӯдакону наврасон. Омӯзгорон низ аз он набояд орӣ бошанд. Зеро онҳо бо гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ кор бурда, бо ҳар гуна хислатҳо дучор меоянд ва афсурдаҳол низ мегарданд. Дар ин ҳолат маҳз лутфу меҳрубонӣ ва дастгирии роҳбар метавонад онҳоро ба фаъолияти пурмаҳсул таҳрик диҳад. Эҳтироми тарафҳо низ бояд дар назар бошад. «Эҳтиромро на талаб, балки сазовор мебояд буд», - гуфтаанд, ки саҳеҳ аст.
- Дар як вақт бо чунин ҳайат роҳбарӣ кардан ва ҳам ба ҷанбаи илмиву методии таҳсил таваҷҷуҳ намудан чӣ гуна даст медиҳад?
- Агар роҳбари мактаб дар атрофи худ як гурӯҳи мутахассисони соҳибтаҷрибаро, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа ба хубӣ мебароянд, ҷамъ оварда, самтҳои фаъолияти онҳоро муайян намояд ва имконият диҳад, ки онҳо низ дар баробари ӯ дар пешбурди кор фаъол бошанд, он гоҳ ба ҳадаф ноил гаштан мумкин аст. Хислатҳои шахсӣ низ дар фаъолияти роҳбарӣ метавонанд таъсиргузор бошанд. Суботкорӣ, ботамкинӣ, некхоҳӣ, пурбардоштӣ ва боварӣ ба худ дар фаъолияти роҳбарӣ муҳиманд.
- Бешак, баҳри кору муносибат бо хонандагони мушкилтарбия ёрии равоншиноси ҳирфаӣ зарур меояд. Равоншиноси хуб будан барои роҳбари мактаб муҳим аст ё?
- Бале. Роҳбари мактаб бояд равоншинос бошаду таълиму тарбияи чунин хонандагонро танҳо бар дӯши омӯзгорон вогузор насозад. Вақте ки кӯдак аз роҳбари аввали мактаб ғамхорӣ ва дастгирӣ мебинад, ӯ дарк менамояд, ки нисбат ба мушкилоти ӯ касе бетараф нест ва роҳбару роҳнамои боэътимод пайдо намудааст. Ҳар инсон, пеш аз ҳама, шахсият аст, яктост ва мисли ӯ дигар касе нест. Дар ин самт, барои боз ҳам самаранок ба роҳ мондани кор бо чунин хонандагон, дар мактаб равоншиноси касбӣ дар ҳуҷраи алоҳида фаъолият менамояд.
- Дар самти истифодаи технологияҳои навин ва василаҳои фановарии мавриди назар роҳбари мактаб чиро бояд дар мадди назар дошта бошад?
- Аз афзалият ва имкониятҳои таҳсилот, бахусус аз технологияҳои навини таълим бархӯрдор будани роҳбар шарт ва муҳим аст. Дар ин маврид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, гуфтаанд: «Дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд». Барои тарбия намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ, пеш аз ҳама, барои онҳо муҳайё намудани шароити мусоид ва муосири таълимӣ зарур мебошад.
- Ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, ки мушкилоти дастрасӣ ба таҳсилро доранд, таваҷҷуҳи роҳбари мактаб бояд чӣ гуна сурат бигирад?
- Чунин кӯдакон аз таҳсил дур намондаанд – таҳсилоти хонаводагӣ дорем, ки кӯдакони маъюб дар хона ба тадрис фаро гирифта мешаванд. Алҳол, ба ду кӯдаки дорои имконияташ маҳдуд дар синфҳои 1 ва 3 ду омӯзгор вобаста шудааст, ки ба хонаҳои онҳо рафта, дарс медиҳад. Ин натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат аст, ки соли 2011 Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аввалин маротиба истилоҳи «таҳсилоти фарогир» ворид карда шуд.
- Падару модарон мехоҳанд, ки фарзандони онҳо дар мактабе ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ки интизориҳои онҳоро бароварда тавонад. Нақши роҳбари мактаб дар ин ҷо чӣ гуна аст?
- Боварии волидони хонандагонро сазовор будан яке аз ҷанбаҳои мушкили кор аст. Роҳбари ботаҷриба бояд ҳини муошират бо кӯдакон ва падару модарони онҳо, бо омӯзгорон ва дигар нафарон инсонгаро бошад. Роҳбари мактаб равоншиноси асосии мактаб аст ва интихоби дурусти кадрҳо ва нигоҳ доштани фазои солим дар мактаб дар салоҳияти ӯст. Бо одамон муомилаи дуруст ва муросо карда тавонистан, яке аз шартҳои муҳими роҳбарият аст, ки онро метавон калиди муваффақият номид.
- Роҳбарӣ барои зан магар мушкил нест?
- Занро, агарчи ҷинси латиф мегӯянд, дар матонату устуворӣ ва сабру таҳаммул аз мардҳо дида неруманд аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувонро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа ном бурда, мавқеи онҳоро дар сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоянд ва барои фаъолияти густурдаи бонувон имкониятҳои васеъро фароҳам овардаанд. Моро мебояд, ки аз сидқ заҳмат ба бор бурда, сазовори боварии ин абармарди миллат бошем.
Ситора Ашӯрова