Соли ҷорӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2009 ба тасвиб расид, 10 сол пур мешавад. Бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод. Ба ин муносибат, ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Марбут ба ин, бо доктори илм, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, мудири шуъбаи луғатнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Сайфиддин Назарзода суҳбате оростем.
- Устод, мегуфтед, ки арзишмандтарин корҳои анҷомдодаи олимони соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ кадомҳоянд?
- Нахуст мебояд тазаккур дод, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардид. Арзишмандтарин иқдоме, ки дар замони соҳибистиқлолӣ анҷом дода шуд, ин пеш аз ҳама, мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикист. Яъне, нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқии он муҳайё гардида, забони тоҷикӣ дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон шуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дувум, давлат муваззаф шуд, ки барои ҳифзи забон корбарӣ намояд. Савум ин ки забони тоҷикӣ аз доираи забони расмӣ берун шуду забони байналмилалӣ гардид. Яъне, дар истифода миёни дигар кишварҳо мақоми расмӣ гирифт. Муҳимтар аз ҳама, дар Тоҷикистон ба забони муоширати байни мардум табдил ёфт. Агар мо аз соли 2000 то соли 2010-ро марҳилаи ба забони давлатӣ табдил ёфтани забони тоҷикӣ номем, саҳв наменамоем. Дар ин давра тамоми ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ баргаштанд. То соли 2000-ум коргузории расмӣ бештар бо забони русӣ роҳандозӣ мегардид, вале то соли 2010 ин марҳила анҷом ёфт. Давраи дуюм, ки баъд аз солҳои 2010 шуруъ гардид, ин давраи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Аз ҷониби донишмандони тоҷик китобҳои хеле зиёде ба забони давлатӣ ба табъ расид, аз ҷумла, «Грамматикаи забони тоҷикӣ»-и Мукаррама Қосимова, асарҳои устод Додихудо Саймиддинов ва Маҷид Ҳомидов оид ба забони тоҷикӣ аҳамияти бузург доранд.
- Институти забон ва адабиёт барои тозагии забон чӣ корҳоро амалӣ менамояд, олимони забоншинос аз ҳисоби ҷавонон зиёданд?
- Олимону донишмандони ин ришта дар институт пеш аз ҳама, ба вазъи фарҳангҳо таваҷҷуҳ намуданд ва дар ин давра фарҳангҳои зиёд рӯи чоп омаданд, аз қабили фарҳангҳои дузабонаву сезабона, фарҳангҳои тафсирӣ ва ғайра. Дар аҳди шӯравӣ ҳамагӣ ду фарҳанги тафсирӣ вуҷуд дошт. Яке «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки соли 1969 дар ду ҷилд чоп гардид ва дигаре «Луғати нимтафсилии устод Айнӣ», ки ба муносибати 100-солагии устод таълиф шуда буд. Фарҳангҳои дузабонаи тоҷикӣ ба русӣ ва ҳоло русӣ ба тоҷикӣ ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ нашр гардиданд. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ дар ду ҷилд низ аз он шумор мебошанд. Алҳол дар институт таҳияи ҷилдҳои дигари «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» идома дорад. Тайи ду - се соли оянда ният дорем, ки 3 – 4 фарҳангнома дастраси хонандагон гардад.
Ғайр аз ин, дар институт дигар корҳои назаррас низ ҷараён дорад. Аз ҷумла, барои таҳияи «Пайкараи забони тоҷикӣ» барномаи махсус роҳандозӣ шуда, фикру ақидаи олимони соҳа бобати он ҷамъоварӣ мегардад. Он хеле мураккаб буда, тамоми калимаҳову ибораҳои забони тоҷикӣ на танҳо вобаста ба вожагон, балки марбут ба истифода дар қолабҳои ҳиссаҳои нутқ ҷамъоварӣ хоҳанд шуд. Яъне, осори як нависанда пурра дар барнома ҷой гирифта, гурӯҳбандӣ мегардад. Масалан, исм дар як гурӯҳ, сифат дар гурӯҳи дигар ва ғ. Танҳо фурсати зиёд мебояд. Ҳини таҳияи фарҳангу дастурҳо ва дигар осор роҷеъ ба забони тоҷикӣ метавон аз он истифода кард. Дар самти таҳияи дастури забони тоҷикӣ ва ё ки «Грамматикаи забони тоҷикӣ» низ корҳо идома доранд.
Агарчи дар риштаи забоншиносӣ олимони ҷавон хеле каманд, вале қисми зиёди кормандони Институтро ҷавонон ташкил медиҳанд.
- Баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ВАО духӯранависӣ ба чашм мерасад. Бо такя ба чӣ аснод дар имлои забони тоҷикӣ тағйиротҳо ворид мегарданд?
- Он масъалаҳое, ки имрӯз мавриди баҳс қарор гирифтаанд, дар имлоҳои пешин ҳам вуҷуд доштанд. Масъалаи тарзи дурусти корбарии садонокҳо солҳои қабл низ вуҷуд дошт ва имрӯз ҳам дар ин бобат баҳсҳо ҷой доранд. Яъне, то кунун садонокҳои забони тоҷикӣ мавқеи устувори худро пайдо накардаанд. Дар марҳилаи аввалу дувуми таърихи забони модарии мо, яъне, давраи қадим ва миёна, масъалаи асосӣ дар овозҳои забони тоҷикӣ, дарозӣ ва кӯтоҳии онҳо буд. Яъне, аз лиҳози дарозӣ ва кӯтоҳии садонокҳо маънои вожаҳо муайян мегардид. Вақте ки дар давраи миёнаи рушди забон он ба низоми таҳлилӣ гузашт, масъалаи дарозӣ ва кӯтоҳӣ ба устувориву ноустуворӣ оғоз гардид. То кунун ин марҳила давом дорад. Аввалин бор дар замони Истиқлолият дар институт «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз нав таҳия гардид. Масъалаҳои баҳсбарангези қоидаҳои имло мувофиқи меъёрҳои таърихии забон таҳия шуда, то андозае роҳи ҳалли хешро ёфтанд. Бояд гуфт, ки имло ҳампойи забон аст. Вақте забон тағйир ёфт, имло низ тағйир меёбад, яъне он ҳеҷ вақт устувор намемонад.
- Воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар тоза нигоҳ доштани асолати забон чӣ нақш доранд?
- Пас аз пайдо шудани расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон рушди забони тоҷикӣ дар ҳамин расонаҳои гурӯҳӣ инъикос меёфтанд. Вақте ки матбуоту публитсистика пайдо шуд, забони тоҷикӣ имконияти васеъи рушд пайдо намуд. Он замон дар матбуот баҳсҳои илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятӣ рӯи саҳифаҳо меомаданд. Матбуот майдони муборизаи синфиву иҷтимоӣ шуд. Замоне, ки матбуот майдони мубориза мешавад, албатта, мубориза ба воситаи забон сурат мегираду забон имконияти рушд пайдо менамояд. Бинобар ин, расонаҳои гурӯҳӣ дар рушди забони тоҷикӣ аҳамияти хеле бузург доранд. Имрӯз низ, ҳар чизе ки дар забон пайдо мегардад, пеш аз ҳама, дар забони расонаҳои гурӯҳӣ сайқал меёбад. Як нуқтаи муҳим он аст, ки расонаҳои гурӯҳӣ муайян менамоянд, ки кадом вожаҳо ба забон шомил мегарданду кадоме аз онҳо на. Масалан, агар як вожаи зебое пешниҳод гардад, аммо агар он дар расонаҳои гурӯҳӣ (ВАО) мавриди истифода қарор нагирад, ба калимаи архаистиву куҳнашуда табдил меёбад. Аммо, калимае, ки касе аз он умеди мақбул гаштанро надошт, баъзан дар забони матбуот он меъёр мегардад. Ҳамин тариқ, паҳн шуда, мавриди истифода қарор мегирад ва баъд ба забони мардум раҳ меёбад.
- Баъзан дар навиштаҳои шиору овезаҳо ва ё рекламаҳои марказҳои хизматрасонӣ ғалатҳои дурушти имлоӣ ва услубӣ ба чашм мерасанд, ки боиси нигаронӣ мебошанд…
- Аввалан, бояд ба инобат гирифт, ки доираи истифодабарандагони он дар кадом мавқеи иҷтимоӣ қарор доранд. Дар байни авом забони тоҷикии меъёрӣ оё истифода мешавад ё на? Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ин ғалатҳое, ки хоҳ ба забони тоҷикӣ ва хоҳ ба забони ғайр сабт ёфтаанд, муаллифони он бештар рӯ ба аврупоигароӣ доранду бештар бо забонҳои хориҷӣ суҳбат менамоянд. Барои аз байн бурдани чунин мушкилот мебояд муҳити фарҳангиро фароҳам овард. То вақте ки забони тоҷикиро дар фазои иттилоотӣ ҷорӣ накунем, то оне, ки дар расонаҳои гуруҳии интернетӣ забони мо мавқеъи асосӣ пайдо насозад, ин кор бо душворӣ даст хоҳад дод. Баъдан, пас аз аҳди Шӯравӣ, ки сиёсати русигароӣ густариш ёфта буд, алҳол мо аз он ба тафаккури миллӣ баргаштан дорем.
- Оид ба вазъи таҳияи фарҳангномаҳои дузабона – забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ чӣ назар доред? Аз рӯи мушоҳидаҳо дар онҳо хатоҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.
- Албатта, ин мушкилот ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Вале теъдоди чунин фарҳангномаҳои дузабона рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Солҳои қабл ба ҷуз фарҳангҳои забони англисӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-англисӣ ва қисман франсузӣ-тоҷикӣ дигар намуди фарҳангҳо дида намешуд. Ҳоло фарҳангномаҳое интишор мегарданд, ки ҳаҷман хеле васеъ мебошанд. Дар ҳама кор, албатта, саҳв низ ҷой мегирад, аммо на ба он тарзе, ки мардумро роҳгум намоянд. То рӯи чопро дидан, фарҳангномаҳо ҳатман аз назари олимон ва мунаққидон мегузаранд.
Бунафша РАҲМОНОВА