Мусоҳибаи мо дар мавзӯи Ҷашни Меҳргон бо Дилшод Раҳимӣ - фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик, номзади илми филология, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ
Дилшод Раҳимӣ - роҳбари гурӯҳи Мероси фарҳанги ғайримоддии назди ПИТФИ. Зери роҳбарии ӯ Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ тартиб дода шуда, се маротиба бо такмилу таҷдид ба табъ расидааст. Инчунин, ӯ роҳбари гурӯҳи корӣ ва муаллифи асосии номинатсияҳои «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «(2018), «Оши палав ва контексти фарҳангию иҷтимоии он дар Тоҷикистон» (2016) ва узви гурӯҳҳои кории байналмилалии номинатсияи «Наврӯз» мебошад, ки расман дар Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабт шудаанд.
-Ҷашни Меҳргон қабл аз шоҳигарии Фаридун низ вуҷуд дошт? Дар кадом маъхазҳои таърихӣ оид ба ин ҷашн маълумот вар мехӯрад?
- Ҷашни Меҳргон таърихи қадима дошта, аз замони ориёиҳо то ба мо мерос мондааст. Вожаи «Меҳргон» аз решаи меҳр буда, номи яке аз эзадон ё худоёни қадимии ориёист. Тахмин меравад, ки Меҳргон 4–5 ҳазор сол пеш ҳамчун ҷашн ташаккул ёфта, моҳияти ин ҷашни табиӣ шукрона кардан ба хотири неъматҳои худовандаст. Рамзи Меҳр нури офтоб ва рӯшноӣ, ҳатто осмон аст. Баъдтар дар давраи Сосониён Меҳрро ба маънои офтоб ҳам гуфтаанд. Аммо аслан чунин набуд, мутобиқи асотири бостонӣ эзади офтоб Хвара ном дошт ва эзади мустақил буд.
Меҳрпарастӣ аз қадимтарин динҳои башарӣ маҳсуб меёбад, ки дар замони зуҳури он динҳои зардуштӣ, масеҳиву буддоияву яҳудия ба вуҷуд наомада буданд. Ҳамчун дини мукаммал меҳрпарастӣ дар Осиёи Марказӣ дар байни ниёгони мо Ориёиҳо, Суғдиён, Бохтариҳо, Хоразмиён ба вуҷуд омадааст. Меҳр - нигаҳбони аҳду паймон ва адолати иҷтимоӣ дар рӯи замин буд.
Мутобиқи асари паҳлавии «Бундаҳишн» дар рӯзи Меҳргон Аҳурамаздо аввалин ҷуфти одамро офаридааст. Дар Авесто номи ҷашни Меҳргон айнан вонамехӯрад, аммо аз ҷашнҳои тирамоҳӣ ёдоварӣ мешавад. Дар устураҳо гуфта мешавад, ки Меҳр савори аспи заррин ва гардунаи заррин Хуршедро бар осмон мекашад. Дар фарҳанги имрӯзаи тоҷикон боқимондаҳои меҳрпарастӣ зиёд мондаанд. Аз ҳамон оини меҳрпарастӣ ҷашнҳои Меҳргону Сада, чиллашуморӣ, қурбонӣ кардан ва баъзе маросиму боварҳо боқӣ мондаанд.
Ин ҷашн дар тирамоҳ таҷлил мегардад, ки он чанд сабаб дорад. Масалан, ранги худи оини меҳр ранги зард, сурху заррин аст ва дар айёми тирамоҳ ҳама баргу гулу буттаҳо зарду сурху норанҷӣ мешаванд. Дар ин фасл аксари маҳсулоти полизию меваҳо пухта мерасанд. Дар тирамоҳ чун айёми гирдоварии ҳосилот фаро мерасид, аз Меҳр, ки Худои баракатбахш буд, мардум баракату фаровонӣ талаб мекарданд. Ҳамин тариқ, оммаи мардум ҳамчун нишонаи шукргузорӣ барои неъматҳои худодода Меҳргонро ҷашн мегирифтанд ва хурсандиҳо мекарданд.
Аз нигоҳи табиӣ ва нуҷумӣ эътидол ё баробаршавии шабу рӯз агар дар Наврӯз 20–21 март бошад, баробаршавии тирамоҳӣ ба 21 сентябр рост меояд. Аммо мувофиқи тақвимҳои баъдӣ Меҳргон ба 8 октябр кӯчидааст. Чун тақвимҳои қадимӣ мукаммал набуданд, рӯзҳо тағйир ёфта, пасу пеш мешуданд. Баъзан Наврӯзро ҳам дар моҳи апрелу май қайд мекарданд.
- Дар бисёр сарчашмаҳои мансуб ба асри X-X1 Фаридунро асосгузори ҷашни Меҳргон медонанд.
- Дуруст аст, ки дар адабиёти ҳамосавӣ, махсусан дар «Шоҳнома» пайдоиши ин ҷашнро Фирдавсӣ ба Фаридун нисбат медиҳад. Рӯзе, ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб мекунад ва бо мардум базм меорояд, ин рӯзро Меҳргон меноманд. Бисёр сарчашмаҳо дар асрҳои X-XI таълиф шуданд, ба ақидаҳои ҳамдигар пайравӣ кардаанду Фаридунро асосгузори ҷашни Меҳргон донистанд. Фаридун намояндаи некӣ, рӯшноиву нур аст ва Заҳҳок намояндаи зулмоту золимӣ аст. Яъне, ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ сурат мегирад ва ҷашни Меҳргон оғоз меёбад.
Аммо мутобиқи шарҳҳои тақвимӣ, рӯзи Меҳр агар дар моҳи Меҳр ояд, онро бо номи Меҳргон таҷлил мекарданд. Яъне, дар тақвимҳои қадимаи эронӣ 30 рӯз 30 ном дошт. Ҳафташумории мо, рӯзҳои душанбею сешанбе ва ғайра набуданд, ин ҳафташуморӣ аз арабҳо ба мо омадааст. Дар тақвими эронӣ рӯзи шонздаҳуми моҳи Меҳр Меҳррӯз ном дошт. Вақте ки рӯзи Меҳр дар моҳи Меҳр ояд – Меҳргон, рӯзи Тир дар моҳи Тир – Тиргон, рӯзи Баҳман дар моҳи Баҳман – Баҳмангон мешуд.
Ҷашнҳои бостонии тоҷикон Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва ғайра то замони ҳамлаи муғул фаъол буданд ва баъд аз аҳди муғул каме тира гаштанд. Аммо дар байни мардум ҷашн гирифта мешуданд ва ҳатто баъзеяшон номҳои худро дигар кардаанд. Ҷашни Меҳргон дар байни тоҷикон дар охирҳои асри X1X ва ибтидои XX на бо номи Меҳргон, балки ҳамчун сайрҳои тирамоҳӣ баргузор мешуд. Дар «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ он бо номи «Сайри Дарвешобод» ёдоварӣ мешавад, ки дар моҳи октябр бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешудааст.
- Расму оинҳои ҷашнгирии Меҳргон чӣ хусусиятҳои ҷолиберо дороанд?
- Роҷеъ ба таҷлили ҷашни Меҳргон дар даврони шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва сулолаҳои подшоҳони баъдӣ дар баъзе сарчашмаҳо тасвирҳо ва ишороте ҷолиб мазкуранд. Аз он ҷумла, Берунӣ навиштааст, ки шоҳони Сосонӣ дар ин рӯз тоҷеро, ки сурати офтоб дар ӯ буд, ба сар мениҳоданд. Дар тоҷ офтоб савори гардунаи худ тасвир шуда буд. Ҳамчунин, мардум ба шугуну боварҳои зиёде муътақид буданд. Назар ба маълумоти Берунӣ: «Ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор хӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд».
Муаррихи юнонӣ – Ктезиус дар асари таърихии худ навиштааст, ки подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд, бо аҳли дарбор ва бузургон боданӯшию хурсандӣ мекарданд ва ҳатто мерақсиданд. Ардашери Бобакон ва Анӯшервон дар ин рӯз ба мардум ҷомаҳои нав мебахшиданд
Дар ин ҷашн дастархони хосаи меҳргонӣ меоростанд, ки рӯи он ашёи рамзӣ ва анвои меваҳои сурху зардранг, аз қабили лимӯ, себ, ангур, муруд, гандум, оина, тарозу, гули нилуфар (рамзи эзади Меҳр буд), шакар мегузоштанд. Ҳар яке рамзи худро дошт: тарозу рамзи баробарӣ ва адолат мебошад. Тахмин кардан мумкин аст, ки эътидол ё баробаршавии шабу рӯз низ дар назар дошта мешавад. Оина рамзи рӯшноӣ, осмон, ҳақиқатро дошт…
- Аз замони ҳукумати шӯравӣ то замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои миллии мо чӣ роҳеро тай намуданд?
- Ҳукумати шӯравӣ идеологияи худро дошт, мехост идҳои шӯравӣ идҳои умумихалқӣ шаванд. Ҷашни Сада қариб аз байн рафта, онро танҳо дар кӯҳистон ҷашн мегирифтанд. Зеро ҷойи онро идҳои дигар гирифта буданд. Масалан, дар моҳи октябр рӯзи Конститутсияи Шӯравӣ ва 7 ноябр рӯзи Инқилоби Октябрро қайд мекарданд. Ҳамин тавр, як навъ хурсандиҳои мардум, ки дар тирамоҳ буд, ба ҳамин рӯзҳо мувофиқ меомад. Чун ҷашни Меҳргон дар ниҳоди мардум боқӣ монда буд, ба ивази он иди Ҳосилотро созмон доданд, ки пас аз корҳои ғундоварии ҳосилоти деҳқонӣ ва боғдорӣ дар тирамоҳ бо суруду мусиқӣ ва дастархонороӣ таҷлил мешуд.
Солҳои 1970–80 зиёиёни тоҷик ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд ва аз тариқи матбуоту адабиёт ва таҳқиқоти илмӣ мардум дар бораи Меҳргон ва дигар ҷашнҳои бостонӣ бештар маълумот пайдо намуданд.
Баъди соҳибистиқлолӣ озодии комил насиби мардуми тоҷик гардид ва давраи эҳёву рушди арзишҳои фарҳангии миллӣ фаро расид. Дар эҳёи ҷашну суннатҳои миллӣ саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинем, ки барои эҳёи дубораи фарҳанги асили миллат талошҳои зиёде ба харҷ додаанд. Меҳргон ва Сада ба қатори ҷашнҳои давлатӣ шомил шуданд ва имрӯз сокинони мамлакат ин идҳоро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд.
Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои номинатсионӣ ва пешниҳоди унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои сабт дар рӯйхатҳои ЮНЕСКО гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Мо аллакай ҷашни Меҳргонро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони эронӣ омода намуда, ба дафтари ЮНЕСКО фиристодем. Умед дорем, ки соли оянда ҷашни Меҳргон ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО расман сабт мегардад. Ҷашни Наврӯз, «Чакан», «Оши палав»-ро ҷаҳонӣ кардем, кунун навбат ба Меҳргон расидааст.
Умеда Қаландарова