Посухи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба саволҳои хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»
- Ба солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 28 сол пур шуд. Ҳамчун раиси вилоят Шумо чиро муҳимтарин дастоварди ин давра меҳисобед?
- Барқарор шудани сулҳу суботи комилро дар мамлакат дастоварди муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ мешуморам. Иҷрои се ҳадафи миллӣ – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмин гардидани амнияти озуқаворӣ аз бузургтарин таҳаввулоти ин давра ҳастанд, ки дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Кулли олам кишвари азизи моро шинохт ва Тоҷикистон маркази ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Симои мардум ва намуди шаҳру деҳот куллан тағйир ёфту мардуми сарбаланду меҳнатқаринаш дар Ватани пешрафта, озодаву обод 28-умин солрӯзи Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн мегирад.
- Аз мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилоят дар шаҳри Хоруғ як сол сипарӣ шуд. Шумо таъсири ин гуфтугӯи ошкороро ба таҳкими волоияти қонун, риояи тартиботу низом дар вилоят чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
-Дар оғози давлатдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз синну соли ҷавони худ чун сиёсатмадори муосири дунё сулҳи тоҷиконро тавре тарҳрезӣ намуданд, ки то ин дам ба ягон сиёсатмадори дигар даст надода буд. Баргардондани садҳо ҳазор гурезагон ба Ватан, иҷозати вуруди мухолифини мусаллаҳ ба кишвар, нотарс ба қисматҳои осебпазири дунё ва Тоҷикистон сафар кардан, бо кулли табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла бо силоҳбадастон мулоқот намудан, афв намудани иштирокчиёни воқеаҳои ҳарбӣ - сиёсӣ, ба ҳам овардани мардуми мамлакат, чорабиниҳои зиёди сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, бо назари баробар рушд додани ҳамаи қисматҳои мамлакат, ташаббусҳо аз минбари башар ӯро маҳбуби халқ ва шахсияти таърихиву ҷаҳонӣ гардонд.
Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон дар шаҳри Хоруғ нуқтаи гардиш дар ҳаёти сокинони вилоят гардид. Худихтиёрӣ супурдани шумораи зиёди силоҳ, ҳозир шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷинояти содирнамуда, аз байн рафтани мошинҳои сиёҳшишаи беиҷозатнома, кам шудани қонуншиканиҳо, ҳодисаҳои рӯирост поймол намудани қонун натиҷаҳои ин мулоқот буд ва имрӯз ҷомеаи қонунсолор таҳким меёбад.
Мардуми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар фазои амну осуда ба зиндагии созанда машғуланд ва дилпур ба оянда менигаранд.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҳама гуна ихтилофи назар, мазҳаб, ақоид, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ болотару дахлнопазиранд ва бовар дорам, ки мардуми шарафманди вилоят дар таҳкими ин арзишҳо саъю кӯшишашонро дареғ намедоранд.
- Назари Шумо ба нақши бонувон дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ?
- Занон, модарон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа, бахусус дар Бадахшон мебошанд. Чӣ дар чорабиниҳои сиёсӣ ва чӣ чорабиниҳои фарҳангӣ хеле фаъоланд. Бонувон дар таҳкими волоияти қонун, ваҳдати миллӣ ва дигар дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда доранд. Ҳассостарин ва мушкилтарин ҳодисаҳои гузашта дар вилоят собит сохтанд, ки онҳо ватандӯсти ҳақиқӣ, ҷасуру нотарс, соҳиби иродаи матин буда, саводу маърифати баланд доранд.
- Сохтмонҳои бузург симои шаҳр ва ноҳияҳои Бадахшонро ба куллӣ дигаргун сохтанд. Кадом тарҳҳои нави ободонӣ ва бунёдкорӣ вақтҳои наздик оғоз мегарданд?
- Агар ба симои маркази ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ нигаред, дигаргуниҳои азимро мебинед. Роҳҳои таъмиршуда, кӯчаҳои чароғон, гулгаштҳо, меҳмонхонаҳо, мактабҳои замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар ободиҳо ба ҳусну зебоии диёр шаҳомати хосса зам кардаанд. Вале ин ободиҳо ҳанӯз каманд ва барои сазовор иҷро гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат корҳои зиёд ҳанӯз дар пешанд. Ҷодаи роҳсозӣ, таъмири биноҳои идораву муассисаҳо, ташкили ҷойҳо барои истироҳат ва фароғат таваҷҷуҳи бештар мехоҳанд.
Ободӣ ва зебоии шаҳри Душанбе барои мо намунаи ибрат аст ва ҳарчанд имкониятҳои молиявии мо хеле маҳдуданд, талош меварзем, ки аз хурдтарин имкон барои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят самаранок истифода барем.
- Саноати кӯҳӣ омили муҳимтарини рушди иқтисодии вилоят аст. Лутфан бигӯед, ки дар марҳилаи аввал кадом тарҳро марбут ба саноат амалӣ намудан имкон дорад?
- Моҳи сентябри соли гузашта дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб аввалин муассисаи калони саноатӣ - корхонаи ғанигардонии маъдани нуқра ба фаъолият оғоз намуд. Маҳсулоти корхона асосан ба содирот нигаронда шуда, дар назар аст, ки оянда дар он коркарди ниҳоии нуқра ва дигар маъдану сангҳои қиматбаҳо ба роҳ монда шавад. Таъсиси чунин корхонаро оғози саноатикунонӣ мешуморем ва бовар дорам, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ин раванд дар оянда вусъат меёбад. Саноати кӯҳкорӣ ягона роҳи аз буҳрони иқтисодӣ баровардани вилоят аст. Мутаассифона, сиёсати имрӯзаи инвеститсионӣ ва рушди саноати кӯҳӣ ба талаботи гузоштаи Роҳбари давлат ҳанӯз ҷавобгӯ нест ва дар ин самт кори зиёд мебояд кард.
- «Ҷаҳонгардие, ки айни ҳол ширкатҳои сайёҳӣ дар Бадахшон роҳандозӣ менамоянд, бештар ба «автогон» - мусобиқаи автомобилронӣ шабоҳат дорад», - изҳори нигаронӣ намудед дар нишасти матбуотӣ. Барои ҷалби бештари сайёҳон ба минтақа чӣ корҳоро бояд ба сомон расонд?
- Бале, дар як суҳбат мутахассисони риштаи сайёҳии хориҷӣ изҳор доштанд, ҷаҳонгардие, ки айни ҳол ширкатҳои сайёҳӣ дар Бадахшон амалӣ карда истодаанд, бештар ба «автогон» монанд аст. Ба ин нуқтаи назари онҳо қоилем. Сайёҳонро дар Душанбе ба мошинҳо савор мекунанду онҳо шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо шаст то Мурғоб тай мезананд ва танҳо дар роҳи ҳаракат каме таваққуф мекунанд. Вале то даме, ки сайёҳ дар маҳал якчанд рӯз нагузаронаду дар ягон хона ё меҳмонсаро зиндагӣ накунад, бо урфу одат ва фарҳанги мардум ошно нашавад, аз иншооти фарҳангӣ ва таърихӣ бо пардохти маблағ дидан накунад ва маҳсули ҳунарҳои нафисаро барои армуғон харид накунад, ин гуна сайёҳ ба иқтисоди маҳал суде намеорад.
Албатта, ин ҷо айби сайёҳ нест, балки камбуди кори мост, ки ҳанӯз ин намуди хизматрасониҳоро омода ва пешкаш карда наметавонем. Таърихи маҳали худ, бахусус ёдгориҳои таърихиро кам медонем ва маводи хуби чопӣ дар ин бора низ кам ба назар мерасанд.
Дар баробари намоиши зебоиҳои табиати асрорангез аз имкониятҳои муаррифӣ намудани фарҳанг ва санъати ғаниамон самаранок истифода намебарем. Ҳол он ки маҳз ба шарофати фарҳанги бостонӣ, ки сайёҳони зиёд чун пораи ҳамешагии хотироти наҷиб бо худ мебаранд, сафи дӯстдорони кишварамон дар нуқоти олам бештар мешавад.
- Хабарнигорони маҳаллӣ ба саволҳояшон аз Шумо ҳамеша посухи муфассал мегиранд, вале барои ҷавоб гуфтан ба хабарҳои зид, нақиз ва аксаран иғвоангез марбут ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии вилоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бештари вақт худатон бари компютер мешинед.Чаро?
- Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ниҳоят паҳншуда ва таъсиргузор ҳастанд. Мардум тавассути интернет бисёр масоили доғи рӯзро мебардоранд. Вале, дар баробари ин, ашхоси алоҳида шабакаҳои иҷтимоиро барои паҳн намудани маълумоти нодуруст ва бардурӯғ ҳам истифода мебаранд. Мекӯшам, ки аз таҳаввулот ва рӯйдодҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос меёбанд, бохабар бошам.
Кордор шудан бо шабакаҳои иҷтимоӣ вақти зиёд мехоҳад ва боиси таассуф аст, ки наметавонам ҳама чизро назорат барам. Фарзандон ва ҳамкорон дар ин ҷода ёвари ман ҳастанд ва маро аз шикоятҳо ва танқидҳо марбут ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят огоҳ месозанд.
Дар сурати зарурат, барои ҷавоб гуфтан рӯ ба рӯи компютер мешинам. Зеро посух гирифтан аз даҳони шахси салоҳиятнок авлавият дораду ба он бештар бовар мекунанд ва ба афкори аудитория таъсири он зиёдтар аст ва хонандагон аз ҳақиқати ҳол огоҳӣ меёбанд.
- Шумо аз ҷумлаи камтарин роҳбарони вилоят ҳастед, ки дар маросимҳои расмӣ бидуни коғаз фасеҳу бурро ва озод бо забони давлатӣ ва, ҳамчунин забонҳои хориҷӣ сухан меронед.
- Аз коғаз ва матн истифода мебарам, вале баъзан вобаста ба мазмуни чорабинӣ барои кӯтоҳ кардани вақт ва барои ба таври сода ифода намудани фикри худ бе коғаз ҳам сухан меронам. Солҳои зиёд бештар ба забони англисӣ кор доштам ва ин ба сатҳи забондониам як андоза асар гузошт. Забондонӣ ба зиёд муошират кардан ва мутолиаи асарҳои бадеӣ вобаста аст…
- Солҳои зиёд дар мақоми роҳбарии ташкилотҳои байналмилалӣ ва акнун дар вазифаи раиси ВМКБ кор мекунед. Чӣ тафовут ва монандие дар иҷрои ин масъулиятҳо мебинед?
- Солҳои зиёд дар ташкилотҳои байналмиллалӣ кор кардам. Вазифаи асосии ташкилотҳои байналмилал ёрӣ расондан ва мусоидат намудан ба беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум аст. Барои тақдири мардум бошад, мақомот муваззаф аст ва аз ин рӯ, чун тақдири мардуми як вилоятро ба ман бовар карданд, масъулиятам дучанд афзуд.
Мақоми раиси вилоят барои ҳар инсон масъулияти ниҳоят вазнин аст. Шахс бояд қавиирода, навовар, сахткӯш ва сиёсатмадори бақувват бошад. Чунин мешуморам, ки аз лиҳози таҷриба ва табиати шахсӣ ба ин вазифаи ниҳоят муҳим ҳанӯз пурра омода нестам. Гӯё ман ба як донишгоҳи бузург дохил шудам ва худро чун донишҷӯе эҳсос мекунам, ки ҳамеша ташна ва омодаи омӯхтан аст.
- Дар солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» чӣ таманно доред?
- Ба бонувони бонангу номуси тоҷик изҳори сипос менамоям, барои заҳматҳояшон баҳри ободии Ватан, дастгирии сиёсати Пешвои миллат ва ба ҳама бахти нек, хонаи обод, саломатии бардавоми фарзандон ва наздиконашонро таманно дорам.
Мирзоҷалол ШОҲҶАМОЛ,
ВМКБ