Дар доираи сафари корӣ ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву омодагӣ ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба вилояти Суғд ногаҳонӣ аз шароити хизматрасониву имкониятҳои таваллудхонаи вилоятӣ дидан намуда, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки вақте мутахассис дар ҷойи худ қарор мегирад, нодида гирифтани муваффақиятҳои соҳа ғайриимкон аст.
Солона, ба қавли табибон, ин ҷо аз 5 то 6 ҳазор зан бистарӣ мегардад. Дар 6 моҳи соли 2019 дар таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд 2712 кӯдак ба дунё омадааст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таваллудхона аз таъмири асосӣ бароварда шуда, аз ҷониби Бонки рушди Саудӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат, аз ҷумла таҷҳизоти МРТ, мамограф, асбоби махсуси таъмини нафаси сунъӣ барои модару кӯдак муҷаҳҳаз гардид.
- Мо беморони вазнинро аз тамоми ҳудуди вилоят қабул менамоем. Занҳо бо нишонаҳои бемории дил, диабети қанд, норасоии гурда, ки аз ин ҳисоб фишорашон баланд аст, камхунии вазнин ба мо муроҷиат мекунанд. Дар шуъбаи амрози занона қатъи назар аз ҳолат, ҳомиладор будан ё набудан табобати бемор шурӯъ мешавад.
Дар 6 моҳи соли 2019 дар таваллудхона фавти модар умуман ба қайд гирифта нашудааст, фавти неонаталии кӯдакон ҳаст, аммо он ҳам тамоюли пастшавӣ дорад. Сабаби аслии фавти навзодон, норасид ё бо нишонаҳои нуқсу бемориҳои вазнин таваллуд шудан аст, - мегӯяд сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ, номзади илми тиб Шоира Бузурукова.
Аз табиб дар хусуси безурётӣ ва сабабу омилҳои он пурсон мешавам. Воқеан, солҳои охир шикоятҳо сари ин масъала зиёд ба мушоҳида мерасанд.
- Имрӯз мушкили кӯдакдор нашуданро аввал дар зан меҷӯянд, дар сурате, ки иллат дар худи мардон ҳам буда метавонад. Бемориҳои сироятӣ, ҳатто сармохӯрдагӣ, ки ба табобаташ камтар аҳамият медиҳем, ба безурётии ҳам зан ва ҳам мард оварданаш мумкин аст. То давраи ба балоғат расидан, писарбачаҳо се давраи ташаккулёбиро аз сар мегузаронанд. Нуқсонҳои вобаста ба узви мардонаи писарон дар айёми кӯдакиву наврасӣ бояд сари вақт муайян ва табобат гарданд. Бемории ҷоғар дар наврасон, сарфи назар аз ҷинсият бояд сари вақт ва дуруст муолиҷа гардад. Модарон бояд нисбат ба саломатии фарзандон, хосса духтаракон бетаваҷҷуҳ набошанд. Донанд, ки ҳайзбинии духтарон мунтазам ва маромнок сурат мегирад ё баръакс? Дар сурати дуруст ҷараён нагирифтани давраи ҳайзбинӣ бояд ҳатман ба табиб - эндокринолог муроҷиат намоянд. Духтарон аз дарди шикам ё чизи дигар шикоят доранд, аммо занҳои мо «айбу шарм» гӯён онҳоро назди мутахассис намебаранд, ки ин иштибоҳ аст.
- ЭКО ё ҳамли сунъӣ, назари шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?
- Барои оилаҳое, ки солҳои зиёд аз бефарзандӣ ранҷ мекашанд, албатта, воситаи хубест. Дар таҷрибаи корӣ кӯдакони зиёдеро дидам, ки тариқи ЭКО - ҳамли сунъӣ ба дунё омадаанд. Онҳо аз кӯдакони дигар ҳеҷ фарқе надоранд.
- Солҳои охир шикоятҳои марбут ба ғайриқонунӣ ситондани пул аз беморон зиёд ба гӯш мерасад. Воқеан, таваллуд ройгон аст ё пулакӣ?
- Ситондани маблағ ва муомилаи дағал бо беморон ё наздикони онҳо дар таваллудхона қатъиян манъ аст. Хизматрасонӣ ройгон аст, ба истиснои баъзе аз доруву дармоне, ки худи наздикони бемор бояд дастрас созанд. Ёрии фаврӣ комилан ройгон анҷом дода мешавад. Мо онро аз ҳисоби суратҳисоби махсус амалӣ менамоем.
Дар сурати зарурат ва интиқоли беморони вазнин аз минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бригадаи сайёр амал мекунад, ки дар ҳайати он акушер - гинеколог, табиби эҳё, ташхисгар шомиланд. Ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дар 6 моҳ 28 маротиба ба дурдасттарин нуқтаҳои аҳолинишини кӯҳистон сафарбар шудаанд. Ҳамаи ин хизматрасониҳо ройгон амалӣ мегарданд.
- Тариқи буриши қайсарӣ гирифтани кӯдак гӯё ба ҳукми мӯд даромадааст. Аксар аз он истифода бурдан мехоҳанд, оё ин роҳи осони тавваллуд аст?
- Не. Барои модар ва ҳам табиб таваллуди табиӣ осону бехавфтар аст. Буриши қайсарӣ оқибатҳои вазнин дорад. Аммо мардуми мо дар бисёр маврид иштибоҳан талаб мекунанд, ки тариқи амалиёт кӯдак аз батни модар берун оварда шавад. Бемориҳое ҳастанд, ки, воқеан, гузарондани ҷарроҳиро талаб доранд, масалан фишорбаландӣ, камхунии вазнин, бемориҳое, ки раванди таваллуд онҳоро ангезиш медиҳад, аз қабили бемории қалб, хирашавии чашм ва амсоли ин. Дар ин маврид консилиуми табибон хулосабарорӣ мекунад. Дар 6 моҳи соли равон 548 ҷарроҳии буриши қайсариро анҷом додем.
- Ҳолати даст кашидан аз навзод ҳам мушоҳида мешавад?
- Мутаассифона, дар таваллудхонаи мо дар 6 моҳ 3 ҳолати даст кашидан аз кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Чанде пеш оилае аз кӯдаки бо нишонаҳои бемории дауна таваллудшуда, даст кашид. 2 кӯдаки дигарро модарон бо сабаби надоштани оилаи солим дар таваллудхона гузошта рафтанд. Навзодонро аллакай ба хонаи кӯдакон гузарондем.
- Дар сурати бо ягон беморӣ таваллуд шудани кӯдак, шароити анҷом додани ҷарроҳии оҷилӣ ҳам ҳаст?
- Дар 6 моҳ бо ёрии табибони беморхонаи шаҳри Хуҷанд 3 амалиёти фаврии чураи сутунмуҳраро дар навзодон анҷом додем. Инҳо ҳолатҳое буданд, ки гузарондани амалиёт ногузир буд. Ҷарроҳӣ дар се ҳолат ҳам хуб анҷом ёфт. Мутаассифона, пас аз интиқол ба хона як кӯдак фавтид. Ин ҷо ҳам консилиум гузаронда мешавад, ҷамъи табибон муайян мекунанд, ки кӯдак дар ин синну сол тавони бардошти амалиётро дорад ё хайр?
Дар 6 моҳи соли 2019 бо сабаби зарурат амалиёти хатнаи 117 навзод дар худи таваллудхона сурат гирифтааст.
- Шоира Камоловна, аз шарту шароити таваллудхона дидан кардем, бешак сатҳи хизматрасонӣ ва шароити беморон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, аммо шояд озодтар дар хусуси камбудиҳо ҳам суҳбат кунем?
- Дар масъалаи корӣ, воқеан, мушкиле надорем. Чанде пеш як мушкили асосии мо бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бартараф карда шуд. Чун пас аз таваллуд ё ҷарроҳӣ беморро дар гармои шадид ё ҳавои сарду боронӣ, шаб ё рӯз аз рӯи ҳавлии муассиса ва пеши чашми мардум аз як бино ба дигараш мегузарондем, аз ин хотир бароямон як гузаргоҳи интиқолӣ лозим буд. Чунин гузаргоҳ бо харҷи 444000 сомонӣ сохта шуд.
Дар муқоиса бо дигар беморхонаву ташхисгоҳҳо МРТ ва ташхиси мамографӣ ин ҷо арзиши гарон надорад. Бар замми ин омодаем барои шахсони ниёзманду камбизоат чунин ташхисро ройгон анҷом бидиҳем. Дар ҳар шуъба 2 - тоӣ ҳуҷраҳои махсусгардонидашуда, яъне люкс амал мекунад, ки ройгон мавриди истифодаи беморон қарор мегиранд. Ҳол он ки шароити ҳуҷраҳои маъмулӣ низ аз чунин ҳуҷраҳо чандон фарқе надорад. Дар оянда шумори чунин ҳуҷраҳоро зиёд карданием. Бо ёрии шахсони хайрхоҳ ният дорем барои наздикони беморон, ки аксар аз деҳаву навоҳии дурдаст меоянд ва дар ҳолати зарурӣ шабро дар қабулгоҳ ё ҳавои кушод рӯз мекунанд, меҳмонхона созем.
Ҳоло тасмим дорем мутахассисони ҷавонро барои гузарондани ҷарроҳии эндоскопӣ омода намоем. Бо 3 сӯрохи хурд амалиёти ҷарроҳӣ мегузараду бемор зуд ба по мехезад. Нақшаи асосӣ ва аз ҳама муҳими мо ташкили як маркази перенаталист.
- Арзу шикоятҳо ҳам аз ҷониби мардум ворид мегарданд?
- Намегӯям, ки «не!». Шикоят ҳаст. Оризаҳо ҳам ба назар мерасанд. Дар 6 моҳ 278 нафар муроҷиат кард, ки 38- тоаш нисбат ба рафтору кирдори ношоистаи кормандони тиб буд. Шикоятҳои коррупсионӣ ҳам буданд. Ҳар нафаре, ки нисбати бемор бадрафторӣ раво дидааст, нисбаташ чораандешӣ мешавад.
Субҳ аз соати 7.30 корро аввал аз шуъбаи эҳё шурӯъ менамоям. Беморони вазнинро дида, ба қабулгоҳ меравам. Аз вазъи мардум пурсон мешавам, ки чӣ арзу шикоят доранд? Баъдан, аз ҳуҷраҳои таваллуд дидан мекунам. Аз он ҷо ба ошхона. Талабот нисбат ба хӯрок ҷиддист. Чун беморон аз минтақаҳои дурдастанд, ду маротиба, субҳ ва нисфирӯзӣ барояшон хӯроки ройгон медиҳем. Бо сабаби гармии зиёд ҳоло хӯрокҳои шириро манъ кардаем, аммо бо баробари мусоид шудани боду ҳаво дубора субҳонаи ширӣ барқарор мешавад. Бо сабаби гаронӣ хӯрокҳоямон гӯшт надоранд, аммо дасти зан гул аст. Ошпазбонуи мо бо меҳр аз маҳсулотҳои ивазкунандаи гӯшт беҳтарин таомҳоро омода месозад. Имсол аз боғи муассиса 160 кг олуболу, 170 кг зардолу ва хуч барои гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ҷамъоварӣ кардем. Барои беморон се намуд обмева дар гӯшаҳои гиёҳдармонӣ муҳайёст. Бо назардошти гармии ҳаво барои пайвандону наздикони беморон низ гӯшаҳои махсус ва ройгони нӯшокиҳои мевагиро ба роҳ мондем.
- Мебинем, ки ҳама гулкорист. Бо ин қадар масруфият гулпарвар ҳам ҳастед?
- Меҳри гулпарвариро аз модар омӯхтаам. Модарам гулҳои зеборо парвариш мекарданд ва чӣ тавре мебинед, ман ҳам онҳоро ҷамъ меорам. Агар аҳамият дода бошед, шавқи дигар ҳам дорам. Ҳайкалчаҳои хурду бузурги филҳоро ҷамъоварӣ мекунам. Филро дӯст медорам. Бо он иқтидору ҳайбате, ки дорад, чӣ қадар ҳайвони беозору меҳрубон аст.
Дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. Аз сулолаи омӯзгорони номӣ. Қиблагоҳам солҳои зиёд дар соҳаи мактабу маориф фаъолияти пурсамар доштанд. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, солҳои 1994 - 1996 интернатураро дар беморхонаи вилоятии кӯдаконаи Суғд гузаштам. Пажӯҳишам дар илм марбути бемориҳои норасоии нафаси кӯдакон аст ва ифтихормандам, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад ва барои паст кардани омори фавти кӯдакони навзод мусоидат мекунад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳам ҳастам. Дар доираи ин ваколат мекӯшам аз рӯи виҷдон фаъолият намоям. Шукр, соҳиби 2 духтару 3 набера ҳастам. Чун шаҳрванд дар орзуи сулҳу суботи кишварам. Таманно дорам дар ҳар хонавода садои хандаи нишотангези тифлон танинандоз бошад.
Дар муқоиса бо замони модаршавии мо, шароити ҷавонони имрӯза фарқ аз замин то осмон дорад. Барои расидан ба ин рӯз Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар заҳмат кашидаанд, ки ба қадри он бояд бирасем.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе - Хуҷанд