Бо бостоншиноси фаронсавӣ Фредерик Бруне - бонуи болобаланд бо мӯйҳои кӯтоҳ ҳангоме вохӯрдем, ки бозёфтҳоро қисматбандӣ мекард. Забондон ва собиқаи кориаш беш аз 40 сол, доктори илм ва сардори экспедитсияи маркази пажӯҳишии бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса дар Саразм.
- Чанд сол аст ба ҳафриёт машғул ҳастед ва аз натиҷаи пажӯҳиш дар Саразм чӣ бардоште доред?
- Экспедитсия 35 сол аст, ки дар Саразм ковишҳо анҷом медиҳад. Деҳест бо иншооти ҷамъиятӣ, кӯчаҳо, рустоҳои ҳунармандӣ ва маъбад. Натиҷаи ҳафриёт дилхоҳ аст. Маводи Саразм саҳифаҳои тозае дар шинохти рӯзгори инсони қадимтарин кушод. Дар Осиёи Миёна 21 сол аст, ки пажӯҳиш мебарем ва дар Тоҷикистон 20 сол. Дар ҳафриёти Саразм аз соли 2011 ширкат меварзам.
- Андешаи Шумо оид ба Саразм ҳамчун осори куҳан?
- Саразм ғайримуқаррарӣ ва ёдгории нодир аст. Ягона ёдгориест дар Осиёи Марказӣ, ки ҳаводис ва падидаҳои хосу воқеоти аздурпайдо - даврони қадимтаринро барои мо муаррифӣ дорад. Ягона осорест, ки аз шаҳристон намояндагӣ мекунад. Ман намунаи ороишот, ашё, маводи филизӣ, ба вижа нақшҳои сафолро омӯхта, бо намунаи маданияти Намозгоҳ II-V (маданияти шарқии Туркманистон) қиёс кардам, ки хеле ҷолибанд.
- Афзалияташ боз дар чӣ зоҳир мешавад? Дар тарзи бунёд, сохт, санъати меъморӣ…?
- Бале, дар тарзи бунёд ва санъати меъморӣ, дар маҷмӯъ, дар маданияти моддӣ. Саразм аз ҷумлаи минтақаҳоест бо намунаҳои гуногуни маданият: даштӣ ва водиҳо дар иртибот буд, аз Сибир то уқёнуси Ҳинд. Ҳамчунин, метавон саразмиёнро аввалин барзгарон номид. Онҳо оташро барои пухтупаз истифода мекарданд ва гандуму ҷави ёбоиро мекоштанд. Мо ин ҷо мебинем, ки ҳунармандӣ ривоҷ дошт ва осори бадастомада аз тилло, ақиқ, фирӯза, лоҷвард, мис ва гаҷ иборатанд. Эҷоди ҳунармандон барои қонеъ гардондани талаботи худ ва берун аз минтақа нигаронда мешуд. Захираҳои табиӣ дар гирду пеши Саразм фаровон буданд. Ин захираҳоро ба берун аз минтақа мебароварданд. Мубодилаи молҳо ба воситаи Саразм мегузашт, ки афзалияташро намоиш медиҳад. Ин ишора бад - он аст, ки ба сони «Роҳи бузурги абрешим», роҳи дигари тиҷоратӣ амал мекард, ки як нуктаи мушаххас Саразм буд.
- Шояд ин «Роҳи доҷвард» бошад?
- Намедонам ва наметавонам исрор кард, вале яке аз нахустин роҳҳои тиҷоратӣ буд. Монанди «Роҳи абрешим» паҳновар ва пурвусъат набуд, вале вуҷуд дошт. Дар ин маврид маводи бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Яъне, бозёфтҳо вижагиҳо доранд ва хоси танҳо Саразм набуда, аз маҳаллоти дигар оварда шудаанд. Ин ҳама аз муомилоти тиҷоратӣ ва бастагиҳои иқтисодӣ гувоҳанд.
- Бино ба маълумот, гӯре ёфт шуд, ки онро ба «Маликаи Саразм» нисбат медиҳанд. Метавон яқин кард, ки чунин аст ва, агар посух мусбат аст, чӣ маводи арзишманде барои бостоншиносон дод?
- Бале, гӯри «Маликаи Саразм» маводи зарурӣ дод, ки боз ҳам аз иртиботи он даврон шаҳодат медиҳад. Осори дарёфтшуда шабеҳи маданияти Афанасевӣ - маданияти сибирӣ (ҷануби Сибир) мебошад. Яъне, маданияти соҳилҳои дарёӣ буд. Аз рӯи сохт ва тарзи дафн мутааллиқ ба давраи энеолити миёна аст. Ва ҳам осоре пайдо шуд, ки хоси Саразм аст. Мисли муҳраҳои тиллоӣ, фирӯза, ақиқ, лоҷвард, ойинаи биринҷӣ ва оҳаксанг. Ин нишонаи алоқа ва муносибатҳои маданӣ мебошад. Ва бояд гуфт, ки Саразм дар чорсӯи равобит қарор дошт ва ҳама гуна муомилот ба воситаи Саразм анҷом меёфт.
- Дар бораи эътиқоди сокинони Саразм чӣ метавон гуфт - оё ба оини меҳрпарастӣ иртибот дорад ва ё ғайри он - оини пешини барои минтақа номаълум?
- Бале, ба маздопарастӣ ва оини меҳр куҷое алоқамандиро метавон мушоҳида кард. Вале, инҳо аслан фарзия ҳастанд. Мо асноди дақиқ - хаттӣ ва бевосита рӯшангари ин оинҳоро надорем. Аммо, аминам, ки ковишҳо ба ин саволҳо низ посух медиҳанд.
- Яқин аст, ки Саразм ҷомеаи бидуни хат буд ва ба хату матн такя кардан бефоида аст. Лекин, дарёфти тасвири ҷузъҳои барзагов ва меҳроби оташро чӣ тавр метавон шарҳ дод?
- Он чи баршумурдед, ташреҳи ҷиддӣ ва бозёфти ба онҳо алоқамандро тақозо дорад. Тасвири шох ва устухонҳои барзагов шояд ба урф ва парастиши ин ҷонвар алоқаманд аст. Ҳафриёти оянда, албатта, ин масъаларо рӯшан хоҳад кард. Фарзияҳо низ вуҷуд доранд, ки ба парастиши оташ ё офтоб алоқаманданд.
- Осори бесобиқа асрори ҳаводиси даврони куҳанро мекушоянд ва ҷойи Саразмро дар раддаи ёдгориҳои шигарф муқаррар мекунанд.
- Саразм ёдгории нодир аст. Аз ин рӯ, ЮНЕСКО онро ҳамчун осори арзишманди инсоният пазируфт. Ёдгориест, ки вусъати муносибати фарҳангӣ ва тиҷоратии Осиёи Марказиро намоён мекунад. Мавқеи минтақаро дар олами куҳан нишон медиҳад. Тасаввур намоед, ки аз Сибир ин ҷо меоянд, аз Байнаннаҳрайн, Шарқи Наздик ва ҳиндуҳо ба мубодила машғул мешаванд. Ин асноди ғалатӣ ва хеле ҷиддист.
- Оё шабеҳи Саразм осори дигар дар минтақаҳои зикршуда пайдо шуданд? Умумияти ёдгориҳо ба чӣ далолат мекунанд?
- Шаҳристон ё деҳе бо аломатҳои ба Саразм хос то ҳол пайдо нашудааст. Вале, умумиятҳо вомехӯранд, ки аз алоқаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ сарчашма мегиранд. Шаҳристонҳои шарқу ғарб аз Саразм огоҳӣ доштанд - аз Сибир то уқёнуси Ҳинд ва то Шарқи Наздик. Маводи коркарднашуда аз Саразм берун бароварда мешуд, ки ба дороӣ ва захираҳои фаровони табиии Зарафшон вобаста буд. Аминам, ки намунаҳои истеҳсоли Саразмро, албатта, дар ҷойҳои дигар пайдо мекунем. Зеро мардумаш ҳунарманд буданд.
- Оё дар боби иқлим ва муҳити зисти он даврон маълумот дорем? Бозёфтҳо чӣ мегӯянд?
- Иқлимаш ба рӯзҳои мо монанд буд. Шояд намнокии бештар дошт. Дар ҳар сурат саразмиён низоми корезиро хуб истифода менамуданд. Дақиқтараш - онҳо барои обёрии зироат ҷӯю каналҳо меканданд. Ин низ амали ғайримуқаррарӣ ва барои он даврон нодир буд. Сохти корезҳо хеле мураккабанд, ки ҳуш ва донишу малакаро талаб мекард. Ва ҳосили фаровон мегирифтанд. Ва ҳам аз Зарафшони пуршӯр баровардани об осон набуд.
- Оё Шумо ба андешаи забоншиносон мувофиқ ҳастед, ки Саразм ҳамон «Сари замин» аст?
- Ман мегӯям, ки Саразм оғози тамаддун аст, вале аз маънидоди забонӣ худдорӣ мекунам. Агар ин истилоҳ ба гузаштаи шумо наздик бошад, худатон беҳтар медонед.
- Ба гумони илм сабаби аз сафҳаи таърих рафтани Саразм ё тарки ин манзил ба кадом омилҳо бастагӣ дорад?
- Албатта, ғуруби Саразмро ба ҳар омил метавон вобаста кард. Шояд номусоидии боду ҳаво бошад, вале ин дақиқ нест. Ковишҳои оянда, фикр мекунам, ба мо дар ин маврид посух хоҳанд дод. Аз сабаби он ки Саразм дашти паҳновар буд, қабати болои он аз омадурафти одамон ва чорпо зиёни ҷиддӣ дидааст. Мо дар муайян намудани қабати мадании сатҳи болоӣ душворӣ мекашем.
- Саразмиён дар баробари барзгарӣ шуғли дигаре низ доштанд?
-Маводи бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки доираи машғулияташон фарох буд. Ба ҳама кор машғул мешуданд. Ба коркарди сафол, сайқал додани санг, коркарди филизот ва тайёр кардани афзори ҷангӣ. Хосса коркарди сангҳои гаронбаҳо. Маҳсули меҳнаташон барои рӯзгор, ороиш, зиннат ва ҳам барои фурӯш нигаронда мешуд. Гумон меравад, ки оғози ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ аз Саразм аст. Бештари маснуоти сафолӣ дастианд. Чархи кулолӣ камтар истифода мешуд, вале ҳунарашон олӣ буд. Яъне, таҷрибаи комил доштанду технологияи он баланд буд, ки имрӯзиён бояд омӯзанд. Чунин ҳунари олиро фаромӯш кардаем.
- Боз як бори дигар аз равобити Саразм бо тамаддунҳои дигар. Оё маводе дорем, ки ба ин далолат кунанд?
- Бале, ман ҳозир метавонам маснуоти сафолиро, ки дар ҳудуди имрӯзаи Туркманистон, Покистон, Эрон тайёр шудаанд, нишон бидиҳам. Ба вижа, муҳре, ки аз маданияти Байнаннаҳрайн намояндагӣ мекунад ва гӯшмоҳии сайқалхӯрда аз уқёнуси Ҳинд…
Ҷонибек АСРОРИЁН,
Панҷакент - Саразм