Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ниҳодест, ки маҳз пас аз ба даст омадани ваҳдат дар кишвар, 14 июли соли 1997 бо ташаббуси Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. «Бонувони Тоҷикистон» дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошорух Асрорӣ суҳбате орост, ки пешкаши хонанда мегардад.
- Устод, ҷашни Ваҳдати миллиро бароятон муборак мегӯям! Баъдан мехостам, андешаҳои Шуморо дар бораи ин вожаи барои миллати тоҷик муқаддас - Ваҳдати миллӣ бифаҳмам…
- Воқеан, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият ду боле мебошанд, ки Тоҷикистони азизи моро барои ба дуриҳои дур парвоз намудан раҳнамун сохтаанд. Пас аз дарёфти Истиқлолият, ки кишварамон дучори муқовиматҳои сиёсию низомӣ ва ба вуқӯъ пайвастани даргириҳо гардид, раванди ваҳдати миллӣ сабаби ба ҳам омадани мардум ва обод шудани мулк шуд. Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ мардуми гумроҳу хонабардӯш аз нав маҷрои зиндагиро ёфт ва имрӯз ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистон заҳмат мекашад. Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор гирифта, кишварҳои ҷангзада усулҳои ба сулҳу оштӣ расиданро аз ин таҷриба меомӯзанд.
- Чӣ мушкилӣ то расидан ба ваҳдат пешорӯи миллат буд ва бонувон дар пойдории ин ваҳдат чӣ саҳме доштанд?
- Рехтани хуни ноҳақ ва ёфтани роҳи пешгирии ин хунрезиҳо мушкили асосӣ буд. Он замон силоҳбадастон соҳибони давр буданду ҳукмронӣ мекарданд. Сохторҳои давлатӣ қариб, ки аз фаъолият монда буданд. Мардум сарриштаи кору зинданиро гум карда будан. Хуллас, кишвар дар вартаи вазнину даргириҳо қарор дошт. Ҷомеаи парешону гумроҳи ба касеву чизе эътимоднадоштаро ба сулҳу оштӣ даъват кардан кори саҳлу осоне набуд. Он замон мақоле буд, ки «хунро бо хун мешӯянд». Хушбахтона, бо василаи сулҳу мусолиҳа дар кишвари мо пеши роҳи низоъҳою хунрезӣ гирифта шуд ва ниҳоят бо имзо шудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» миллати тоҷик ба ваҳдат расид.
Мардуми сулҳхоҳи кишвар, бахусус бонувон дар пойдор гаштани сулҳ дар он солҳои фаромӯшнашаванда басо саҳмашон назаррас буд. Роҳпаймоии занону модарони мотамдор ба муқобили мухолифони ҳукумати вақт нақши муҳим дошт. Чаро ки аз қадим миллати тоҷик ба қадру манзалати модар эҳтиром мегузошт ва сеҳру эътибори сухани модар ҳеҷ гоҳ беасар набуд.
- Он замон чӣ вазифаро ба дӯш доштед ва оё метавонед хотиротеро аз он давр ҳангоми адои рисолати роҳбариатон ба ёд оваред?
- Он солҳои мудҳиш роҳбарии радиои Тоҷикистонро ба уҳда доштам. Воқеан, дар ёд дорам, ки нақши радио бахусус, он давра дар расонидани иттилоот хеле бузург буд. Гӯшу ҳӯши аҳолӣ банди барномаҳои радиоӣ буд, чаро ки радио ягона василаи пайдо намудани иттилоот барои халқ маҳсуб меёфт. На ҳар кас имкони тамошои барномаҳои телевизиониро дошт ва дастрасии мардум ҳам бо сабаби баста шудани роҳҳо ба матбуоти вақт хеле мушкил буд. Аз ин имконот силоҳбадастон кӯшиши истифода мекарданд ва ҳар замон ба ҳар восита ба ин ниҳод роҳ ёфта, идеологияи худро ҷорӣ кардан мехостанд.
Барномаи вақт ҷолибу шуниданӣ таҳия мешуданд ва гумон мекунам, ки барномаи «Хоки Ватан» яке аз намунаи барномаҳои сершунавандатарини радиои давр буд. Ин барнома маҳбубияти хешро миёни мардум ба зудӣ пайдо кард. «Хоки Ватан» дар аввал мардумро гирди радио ҷамъ намуд, сипас наздикони онҳоро ба Ватан сарҷамъ кард. Тариқи барномаи мазкур онҳо аз ҳоли ҳамдигар бархурдор мешуданд, хуллас ҳамдигарро ба муттаҳидӣ даъват мекарданд. Махсусан, онҳое, ки ба Ватан баргашта буданд, дигаронро барои бозгашт ба Ватан аз минбари радио даъват мекарданд. Ва дар амалӣ шудани яке аз ҳадафҳои ҳукумати вақт, ки баргардонидани гурезаҳо ба Ватан буд, барномаи радиоии «Хоки Ватан» саҳми босазо гузоштааст.
- Давраҳое, ки чандон оромӣ дар кишвар ҳукмрон набуд, роҳбарии Комитети кор ҷавонони назди шӯрои вазирони Тоҷикистонро низ ба уҳда доштед…
- Бале, роҳбарии ман ба ин ниҳод солҳои 1993-1995 рост меомад. Дар ҳақиқат вазъи ноҷури кишвар ба ҳолати рӯҳии ҷавонон бетаъсир намонд ва сарҷамъ намудану кор бо онҳо ниҳоят мушкили дигари давр буд. Онҳо низ ошуфтаҳолу парешон ва омодаи амалӣ сохтани ҳама гуна корҳои номатлуб буданд. Аз қувваи эшон истифода бурдани мухолифин ҳам хеле осон буд ва аз он ки ҷавонон ақидаи мустаҳкам надоштанд, ин қишри осебпазири ҷомеаи даврро мухолифон ба тарафи худ мекашиданд. Комитети ҷавонони кишвар тасмим гирифт, то намояндагони худро, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дошт, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ сафарбар намояд. Ҳайатҳои хурди кумита бо ҷавонон вохӯриҳо гузаронда, дар бораи воқеаҳои таҳмилшудаи кишвар суҳбатҳо мекардем ва ҳидояташон менамудем, ки фирефтаи дасисабозону бадхоҳони ватану миллат нагарданд.
- Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, чӣ корҳоро ба сомон расониданиед?
- Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳи миллату Ватан, яъне иди Ваҳдати миллӣ ҷилди сеюми силсилакитоби «Ваҳдат, Давлат ва Президент» - ро аз дасти чоп гирифта, пешкаши хонандагон созад. Дар ин китоб мақолаҳои мухталифи олимону сиёсатмадорони тоҷик мараттаб гардидааст. Баъдан, бояд гуфт, ки мардумро ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ватандӯстдори ҳидоят намудан рисолати аслии мост, ки имрӯз намояндагони ин ниҳод дар тамоми минтақаҳои кишвар суҳбату ҳамоишҳо анҷом дода истодаанд.
- Ташакур барои суҳбат!
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО