Мусоҳибаи вижа бо муовини раиси ноҳияи Қубодиён Тоҷиннисо Шарифова
- Шумо муддати 20 сол аст дар вазифаҳои муҳими роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоед, оид ба фарҳанги зиндагӣ, маданияту расму оинҳо, урфу афкори сокинони ноҳияи Қубодиён чӣ гуфтанӣ доред?
- Дар ноҳияи Қубодиён дар қатори тоҷику ӯзбекзабонҳо теъдоди камшумори русу туркман, қавмҳои гуногуни туркнажод ва мардуме сукунат доранд, ки шаҷараи аҷдодии худро ба арабҳо рабт медиҳанд. Тӯли ҳамзистию омезиши фарҳангу маданият ва расму оинҳои сокинони гуногунмиллат наслҳои имрӯзаи он дар рӯҳияи меҳандӯстию иттиҳоду ҳамдилӣ зисту зиндагонӣ дошта, бо ҳам риштаҳои хешутабориро тобидаанд.
- Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» чандин қарору барномаҳои муҳими давлатӣ рӯи кор омадааст. Сатҳу сифати иҷроиши онҳоро дар ноҳия чӣ гуна арзёбӣ мекунанд?
- Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз соли 1999 дар ҳаёту фаъолияти ҷамъиятии бонувони мамлакат марҳилаи ниҳоят муҳиму таърихӣ оғоз гардид. Хусусан, баъди иштироку суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҳамоиши занони мамлакат, ки дар он ҳаллу фасли муҳимтарин масоили иҷтимоӣ ва ҷойгоҳи минбаъдаи занон баррасӣ ёфта буд, ба интихобу пешбарии бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда заминаи воқеӣ гузошта шуд. Аллакай дар ҳамон давра роҳбарии баъзе сохторҳои кишоварзӣ, молия ва бонкдорӣ, маорифу тандурустӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва дигар вазифаҳои роҳбарии соҳаҳои калидии ноҳияи Қубодиёнро занон ба уҳда доштанд.
Баъдан, квотаи президентӣ чун меҳвари амаликунандаи барномаҳои давлатӣ дар ин самт барои даҳсолаҳои оянда нақши муассир мегузошт. Имрӯз бархӯрдорон аз квотаҳои президентӣ аз ҳисоби духтарони лаёқатманди ноҳия дар вазифаҳои муовинони раисони ҷамоатҳои деҳот, раиси бахши занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва дигар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд. Аз баракати ин имтиёзҳо барои ҷавонон имрӯз дар ноҳияи мо норасоии кадрҳо ба хусус, омӯзгорони фанҳои дақиқ, ҳалли худро ёфт.
Дар мавриди ҳузури бонувон дар вазифаҳои мақомоти қудратии ноҳия, ки бозгӯи натиҷаҳои барномаҳои давлатии самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа арзёбӣ мегардад, метавон аз сардори бахши кор бо ноболиғони ШВКД ва чанд тан хизматчиёни дигар мақомоти қудратии ноҳия мисол овард, ки бонувонанд. Ҳамзамон, айни замон чанд тан духтарони мо факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда истодаанд ва қисми дигар барои дарёфти таҳсилоти дуюми олӣ дар риштаи ҳуқуқу равоншиносӣ таҳсил доранд. Аммо, хуб мешуд, ки духтарон ба ихтисоси сиёсатшиносӣ низ руҷӯъ намоянд.
- Тавсияи Шумо ба ҷавондухтарони лаёқатманде, ки дар арсаҳои роҳбарӣ гомҳои нахустин мегузоранд.
- Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ дастёбию дарёфти ҷойгоҳи шоиста дар фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ бонувонро мебояд, ки вобаста ба шавқу донишу маҳорати хеш касби ояндаи худро интихоб намоянд. Чаро ки бо мурури рушду тараққиёти ҷамъият дар бозори меҳнат кадрҳои донишманду истеъдодҳои беҳтарин роҳ меёбанду бас. Саводу маҳорати баланд, ҳисси масъулиятшиносӣ, серталабӣ дар иҷрои вазифаҳо аз муҳимтарин талаботи роҳбарону корфармоён ба ҳисоб хоҳад рафт. Ҷавононро мебояд вақтро дурусту самаранок истифода бурда, мутолиаи адабиёту матбуоти даврӣ ва омӯзиши илму забонҳои тақозои замонро ба вақти дигар нагузоранд. Воқеан, шоҳбайти зерин беҳтарин панду ҳам насиҳатест барои ҳидояти ҷавонон ба кору пайкори созанда:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
- Назари Шумо дар мавриди омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирӣ аз он?
- Дар шароити кунунӣ бидуни касби ихтисос наметавон дар ягон ҷодаи рӯзгор муваффақ шуд, ҳатто дар хонадорӣ. Мутаассифона, баъзе падару модарон ҷавононро бесаводу нобархӯрда аз таҷрибаи рӯзгордорӣ ба ҳаёти мустақилона водор менамоянд. Дар радифи дарси маърифати оиладорӣ мебояд, ки зодмандон ба тарбияи фарзандон ва омодагии онҳо ба ҳаёти оилавӣ аҳамияти бештар диҳанд. Имрӯз бесаводии ҷавонон натанҳо боиси хонавайронӣ, балки дар таъмини алименту маскуншавии модару тифлони бесарпаноҳ мушкилиҳо эҷод карда истодааст. Ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳоро масъулони сохторҳои марбута пешгирӣ карда метавонанд, ки худ дониши баланду таҷрибаи кофии рӯзгордорӣ дошта бошанд.
Хушбахтона, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳазорон сокинони кишвар, аз ҷумла садҳо занони ҳунарманди ноҳияи Қубодиён ҷойҳои корӣ фароҳам овард. Бо дарёфти шуғлҳои музднок бонувон ҷойгоҳи шоистаи худро дар оила ва ҷомеа ба даст меоваранд, ки ин дар таҷрибаи рӯзмарра собит шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд дар баробари корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насими Раҳим» ва дигар коргоҳҳои ҳунармандии ноҳия, инчунин, соҳибкорони Қубодиёни бостонӣ ба таъсиси саноати ресандагию дӯзандагӣ иқдом мегирифтанд, то дар баробари коркарди пахтаи маҳаллӣ баҳри занону духтарони хонашин ҷойҳои нави корӣ муҳайё гарданд.
Ҷ. Усмон,
ноҳияи Қубодиён