Мусоҳиба бо корманди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Сафаргул Муъминова
- Сафаргул Ҷӯрахоновна, дар рӯзи ҷашни касбӣ чӣ хотираҳое аз фаъолияти бисёрсола пеши назаратон рӯшан мешаванд?
- Шодиву нишот ҳамҷоя бо мушкилу такодавҳое, ки марбут ба кор доштам, пеши назар меоянд. Агар Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 - сола шуда бошад, фаъолияти ин ҷониб дар ин ниҳод марзи 26 солро убур мекунад. Қӯшунҳои сарҳадӣ замоне дар заминаи бригадаи таъйиноти махсуси сарҳадии КДАМ ҶТ таъсис ёфт, ки банда ба ҳайси афсар адои хидмат менамудам.
Овони таҳсил дар курси 5-и факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чанд тан аз кормандони Кумитаи амният барои вохӯрӣ назди ҷавонон омаданд. Ҳини саволу ҷавоб пурсидам, ки оё дар кумитаи мазкур бонувон ҳам фаъолият доранд? Чун як духтари бисёр нозуку хурдҷусса будам, ҳама бо ҳайрат ба ман нигаристанд. Он замон шояд ҳеҷ кас бовар надошт, ки ман, як духтари деҳотӣ, воқеан, орзуи корро дар соҳаи низомӣ дошта бошам.
Баъди шаш моҳи хатми донишгоҳ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудам. Хизматро дар бригадаи таъйиноти махсуси сарҳадӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси коргузори шуъбаи кадрҳо оғоз намудам.
Гарчанде солҳои аввали соҳибистиқлолӣ марзи моро сарҳадбонони Федератсияи Россия ҳифз мекарданд, зина ба зина бо омода намудани мутахассисони худӣ масъулияти ҳифзу нигаҳбонии сарҳадро ба зиммаи худ гирифтем. Соли 2005 сарҳади давлатӣ пурра ба ихтиёри Қӯшунхои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
- Падару модар барои фаъолияти Шумо дар ниҳоди низомӣ, он ҳам дар солҳои вазнин, зид набаромаданд?
- Волидонам одамони зиёӣ ва равшанфикр буданд. Мо, 9 фарзанд дар оила, ҳама бо ҷиддияту серталабиашон соҳиби маълумоти олӣ гардидем. Қиблагоҳ баъди каме андеша ба интихобам розигӣ доданду гуфтанд: «Кор дар ниҳоди қудратӣ, дар байни мардон саҳлу осон нест, боз худат медонӣ!». Ман қавл додам, ки бо сари баланд кор мекунам.
Баъди таъсиси пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ дар шаҳри Душанбе сардори шуъбачаи кадрҳо ва сафороӣ таъйин шудам. Воқеан, он солҳо намедонистем, ки пас аз як соат чӣ мешавад? Субҳ аз хона баромада, бегоҳ бармегардем ё на? Солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто маош намегирифтем. Намедонам, тарбия буд ё ҳисси ватандӯстӣ, ки тарсро эҳсос намекардам. Гарчанде он айём афсари олимақоме набудам, бо камоли масъулият ба кор мерафтаму мехостам ҳисси хурду резае ҳам, ки бошад, дар барқарорсозии сулҳу оромии Тоҷикистон гузорам.
- Рушди воқеии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кадом солҳо метавон рақам зад?
- Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҷои холӣ таъсис ёфт. Коршиносони касбӣ, малакаи кориву яроқу аслиҳаи зарурӣ надоштем. Аз соли 2000 -ум бо баробари омода шудани мутахассисони баландихтисос ва муътадил гаштани вазъи сиёсию рӯ ба рушд овардани иқтисод, сохтор рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар асоси созишномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Россия, Украина, Қазоқистон мутахассисони хуб омода гаштанд. Қӯшунҳои сарҳадӣ пурра бо афсарони касбӣ таъмин шуданд. Дар зимн сафи бонувони таҳсилдидаи донишгоҳҳои сарҳадӣ афзуд.
- Биёед, дар ин рӯз аз корнамоиву ҷонфидоиҳои родмардони Ватан, ки дигар бо мо нестанд, ёдовар шавем…
- Зиёданд афсароне, ки ба хотири сулҳу суботи кишвар, осоиши мардум на аз ҷавонӣ андешиданду на аз зиндагӣ, ватандороне, ки барои ҳифзи Меҳан сина сипар намуданд. Барои ҳар як ҳодисаи нохуш, задухӯрдҳои марзӣ, агар боз он талафоти ҷонӣ ба дунбол дошта бошад, ҷигархун мешавам. Вақте дар як ҳодисаи бархӯрд бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ 21 афсар – ҳамкоронам дар Сичароғ ҳалок гаштанд, сахт андуҳгин шудам. Ҳама ҷавонони навхат, ки шояд нафари аз ҳама калонтар 38 - 40 сол дошт. Чеҳраҳояшон то ба имрӯз пеши рӯям. Фирӯз ном ҷавони шӯхтабъу дидадарое, ки ҳатто оиладор набуд, он рӯз кушта шуд. Солҳои баъдиҷангӣ неруҳое, ки оромиву осоиштагии Ватанро намехостанд, фарзандони шуҷоашро ба қавле шикор мекарданд. Он солҳо чӣ қадар кормандони мақомот кушта шуданд… Нияташон, ки нопок буд, ба мақсад нарасиданд.
- Ҳоло вазъи марзҳои давлатӣ ва нигоҳубини сарҳадро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Дар маҷмӯъ вазъ дар сарҳад ором аст. Аммо, аз вазъи нобасомони давлати ҳамсоя - Афғонистон огоҳии хуб дорем. Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат баъзан барои зарба задан ба имиҷи ҳукумати кишварашон ва бад кардани вазъ бо ҳамсоякишварҳо дар сарҳад ҷамъ мешаванд. Аз ин хотир, сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша таҳти назорати ҷиддист.
- Як қадам то генералӣ мондааст, то чӣ андоза доштани ин рутба бароятон муҳим аст?
- Ҳар як хизматчии ҳарбӣ орзуи расидан ба ин рутбаи олиро дорад, ман низ аз ин саф орӣ нестам. Шояд, рӯзе генерал шавам? (механдад). Ягон мушкилӣ иродаи маро шикаста натавонист, чизе садди роҳам нашуд. Расидани як духтари деҳотӣ ба рутбаи полковникӣ худаш аллакай қаҳрамонист.
- То ҷое огаҳӣ дорем, шавҳаратон низ корманди мақомоти қудратӣ буданд, зиндагии ду шахси низомӣ зери як бом мушкил набуд?
- Солҳои аввал бисёр сахт буд. Модарам ҷавон аз дунё рафтанду аз дастгириҳояшон бенасиб мондам. Дар тобеияти ҳам қарор доштани зану шавҳар дар ниҳоде, ки фаъолият дорем, имкон надорад. Шавҳарам дар як ҷониби марзу ман дар дигар ҷониб, яъне ӯ дар дигар минтақаи Тоҷикистон фаъолият мекарду ман дар дигар тараф. Фарзандони хурдсол ҳамеша бо ман буданд. Шояд ин вазниниҳо маро обутоб доданду сабру таҳаммул омӯхтанд. Баъзан меандешам, ки шояд ба фарзандон меҳри ман кофӣ набуд, натавонистам худро пурра ба онҳо бахшам. Аммо, сарфи назар аз серкорӣ ҳар қадамашон таҳти назорат аст. Субҳ ношто, баъд хӯроки чошти фарзандонро омода намуда, пас сари кор ҳозир мешавам. Бегоҳ, баъди хӯроки шом, бо ҳам суҳбат мекунем, аз рафти дарсҳояшон мепурсам. Пас аз хоби фарзандон, сарулибосашонро барои рӯзи дигар омода месозам.
Буданд рӯзҳое, ки чун навбатдор бо донишҷӯдухтарони курсҳои тахассусӣ дар кор мемондаму фарзандонам дар хона танҳо. Он шаб дили ман ду тақсим буд, қисме бо фарзандонам дар хона, дигар бо духтарони мардум, ки бо эътимод ба таҳсил фиристодаанд.
Шукр, ҳоло духтари калониам донишҷӯ, писарам хатмкунандаи коллеҷи технологӣ, духтари хурдиам муҳассили синфи 5. Фарзанди хурдӣ орзуи афсар буданро дорад.
- Аз роҳи интихобкардаи хеш пушаймон нестед?
- Ман ҳамон вақт касбамро интихоб кардам, ки Ватан ба фарзандони бо нангу ор ниёз дошт. Шояд, эҷодкор ё журналисти хубе мешудам. Дар ҷавонӣ шеър ҳам эҷод мекардам. Имрӯз, ки тақдир рисолатамро муайян кардааст, ягон зарра пушаймон нестам. Хизматҳои бисёрсолаам бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуд. Онро аз дасти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтам…
- Барои ҷавондухтароне, ки орзуи корманди сохторҳои қудратӣ буданро доранд, чӣ маслиҳат медиҳед?
- Бонуи тоҷик бояд, пеш аз ҳама, поктинату покдомон бошад. Агар зан пок аст, дар ҳама ҷо мавқеи худро меёбад. Хизмат дар мақоми низомӣ фақат ба бар кардани либоси ҳарбиву ҳавас нест. Аз мушкилиҳои корӣ наҳаросида ба пеш рафтанро тақозо дорад. Талабот барои корманди низомӣ сахт аст. Низомиёне, ки бо нишон додани гувоҳномаи корӣ ҳангомаҷӯӣ мекунанд, аз рӯи ҳавою ҳавас ба ин кор рафтаанд. Агар чунин касони хасакӣ солҳои аввали таъсисёбии давлат ба кор меомаданд, шояд соате ба кор тоб намеоварданд.
Корманди мақомот рӯзи ид, ҷашну маъракаҳои давлативу хонаводагӣ надорад. Барои бонувони низомӣ ороиши аз меъёр зиёди дасту рӯй, нохуну мӯйҳо иҷозат дода намешавад. Меҳмон дар фурудгоҳ аввал бо кӣ рӯ ба рӯ мешавад? Албатта, бо марзбон. Пас, ӯ симои давлат аст!
Гулноза БОБОМУРОДОВА