Мусоҳиба бо Зебунниссо Қутбиддинова – ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ – Лоиқ Шералӣ бахшида дар остонаи зодрӯзи шоири маҳбуб.
“Ман Лоиқро ҳамчун шоири болаёқат дӯст медорам ва ӯро хеле эҳтиёт мекунам. Ҳамеша навовариҳояшро мушоҳида мекунам... Имрӯз дар назми тоҷик шоирони насли калонсол ба услуби анъанавӣ шеър намегӯянд... Ман шеърҳои ба тарзи маъмулӣ гуфтаи Лоиқро хонда хурсанд мешавам, сатрҳои ӯро замзама мекунам...”
Мирзо Турсунзода
20 – уми майи соли ҷорӣ ба зодрӯзи яке аз маъруфтарин шоирони садаи бисти тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – Лоиқ Шералӣ 78 сол пур шуд. Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ 19 сол пеш дунёро тарк карданд ва то имрӯз дар бораи устод садҳо китобу мақолаву хотираҳои аҷибе чоп шудааст. Аммо дар бораи шахсияти истисноии устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, яъне роҳи зиндагӣ, оиладорӣ ва дигар паҳлӯҳои ахлоқии зиндагии эшон тақрибан чизе нашр нашудааст. Аз ин рӯ, дар остонаи зодрӯзи шоири ширинсухан бо ҳамсари устод Лоиқ Шералӣ – Зебунниссо Қутбиддинова, ки 32 соли ҳаёташ дар паҳлӯи устод Лоиқ Шералӣ буд мусоҳибае оростем.
Аз ҳама зиёд кадом хислати устод Лоиқ Шералиро ёд мекунеду ба он пазмон шуда, ҳар замон пеши чашмонатон пайдо мегарданд?
Лоиқ одате доштанд, ки шабҳо дертар ба хона меомаданд. Он кас як шеър доранд, ки ҳоло суруд шудааст:
Шишта будам ними шаб, ки тақ – тақи дарвоза шуд,
Омаданҳои ту ёд омад, хуморам тоза шуд.
Албатта, ҳамин чизро ҳар вақт ёд мекунам. Бо мошин ҳамроҳ ба шаҳри Панҷакент сафар мекардем. Албатта, ин чизҳо ҳар лаҳза дар пеши назарам меояд. Ҳар вақте, ки аз ҳамин роҳ ба шаҳри Панҷакент меравам, тамоми роҳ хотираҳо аз нав зида мешаванд. Аз нав ёд мекунам. Умуман, тамоми корҳои Лоиқ аҷиб буданд. Бисёр як хотираҳои шавқовар ҳам ҳастанд, ки вақте ин хотираҳоро ёд мекунӣ, механдиву хурсанд мешавӣ. Хотираҳое ҳастанд, ки аввал механдӣ ва баъд гиря мекунӣ. Ҳамаи ин як хотираҳои бисёр аҷиб аст. Албатта ягон рӯзе нест, ки мо ӯро ёд накунем. Ҳамин ки, ҳамроҳ нишастем, бо сурудани шеъри ӯ ӯро ёд мекунем.
Аз фарзандон ва наберагони устод кӣ бештар ба устод шабоҳат дорад, аз рӯи хислат ва умуман?
Писари якумамон - Диловар. Нахустфарзанди мо ба падараш бениҳоят монанд аст, яъне сахт монанд. Ҳатто инро Асосгузори сулҳу Ваҳтати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вақте ки ҳайкали Лоиқро дар маркази шаҳри Панҷакент кушоданд, аз дасти ӯ дошта гуфтанд, ки ман бори аввал мебинам, ки фарзанд ба падари худ ин қадар монандӣ доштааст. Умуман фарзандҳоям қариб ҳамаашон шаклан монанданд. Набераам дар синфи 9 таҳсил мекунад, ба ӯ номи бобояшро ниҳодем. Оянда шояд, ки вай нусхаи бобояш шавад. Бисёр монанд аст, касе бинад мегӯяд, ки мисли Лоиқ аст. Ҳатто, вақте ки ӯ таваллуд шуд, ман дар назди дари таваллудхона истода будам, доя баромада бо забони русӣ гуфт, ки “Вот родился настоящий Лоик Шерали”. Ҳамин хел аз кӯдакӣ, аз вақти таваллудаш ба бобош бисёр шабоҳат дорад. Аз рӯи хислату рафтор ҳам ба бобош монанд. Мисли бобояш ҳозирҷавоб аст. Лоиқ бисёр марди шӯхтабиати ҳозирҷавоб буд. Фарзандон ҳар кадомашон як хислати муайяни падарашонро доранд.
“Модарнома” – и устод Лоиқ баёнгари он нукта аст, ки дар зиндагӣ модарашонро аз ҳама бештар дӯст медоштанд. Каме дар бораи муҳаббат ва пайвандиву муносибаташон бо модари азизашон ҳарф мезадед. Оё ягон пушаймоние низ дар ҳақи модар доштанд ё на?
Лоиқ дар ҳақиқатан модарашонро бениҳоят дӯст медоштанд. Он қадар меҳру муҳаббате, ки модар ба Лоиқ дошт, ин ҳама, албатта, акси худашро дар муносибати фарзанд ба модар ҳам ёфта буд. Ягона пушаймонияшон баъди гузаштани модар буд, ки мегуфтанд чаро ман зуд – зуд рафта, модарамро хабар гирифта натавонистам? Вақте мо мехостем, ки модар ҳамроҳи мо дар шаҳр бошанд, аммо модар инро намехостанд. Барои он ки занҳои кӯҳистон одатан дар шаҳр зиндагӣ карданашон бисёр душвор аст. Меомаданд ва ҳамагӣ аз 10 рӯз зиёд намеистоданд. Мегуфтанд, ки биё манро ҷавоб деҳ бачаам ба деҳоти худам рафтан мехоҳам. Шӯхӣ карда мегуфтанд, ки дугонаҳои деҳотиямро ёд кардам. Бисёр зани оқила, зани меҳнаткаш, зани ҳунарманд буданд, ки ягон лаҳза ором намегирифтанд. Вақте ки Лоиқ ягон чиз мегуфтанд, оча ин хел будааст, ин хел шудааст, модарашон механдиданду мегуфтанд, ки ҳамин туи доноро, кӣ таваллуд кард, ман охир. Бисёр муносибати аҷибе бо модар доштанд. Модар баъзан сахт Лоиқро ёд мекарданд. Хислати аҷиб доштанд. Вақте ки Лоиқ деҳот мерафтанд, як чӯби дарозро мегирифтанду мегуфтанд, ки ту фаромӯш накун, ҳоло ҳам фарзанди манӣ. Ту агар шоири номдор шуда бошӣ ҳам, барои ман ҳамон Лоиқ ҳастӣ. Ман ҳозир барои дер омаданат туро як “химчакорак” мекунам, баъд салому алейк мекунам. Баъдан Лоиқ шӯхӣ карда гирд - гирди ҳавлӣ медавиданд. Модар ҳам аз қафои Лоиқ ду - се бор медавиданду дар як ҷой нишаста механдиданд ва баъд Лоиқ омада, модарро оғӯш мекарданду мегуфтанд, ки ту хушомадгӯйи ман ҳеҷ вақт наметавонам, ки туро сахт ҷанг кунам. Ҳамин хел муносибатҳои бисёр аҷибе модару писар доштанд. Умуман ҳамин “Модарнома” - ро вақте мехонед, бахусус, вақте ки сурати дар пеши дарвоза гирифтаи Муҳиддин Олимпурро мебинед, катиба дар пушти сурати вопасини модарам, ки Олимпур акс бардоштааст, мехонеду баъд эҳсос мекунед, ки то чӣ ҳад модар ба фарзандаш ва фарзанд ба модараш меҳру муҳаббати зиёде доштаанд.
“Модарнома” – и устодро дар адабиёти муосир Шумо чӣ гуна баҳо медиҳед?
“Модарнома” - и Лоиқ ба ду қисмат ҷудо мешавад. Қисматест, ки ӯ танҳо барои модари худаш аламҳояшро гузашта гуфтааст, ё ки орзуҳояшро дар ҳақи модар гуфтааст, то вақте зинда буд, модари худро бо шеър тасвир кардааст. Қисмати дигари шеърҳои “Модарнома” ба Зан - Модар бахшида шудаанд. Ҳарду қисмат нотакрор аст. Лоиқ вақте модарро тасвир мекунанду каси дигаре мехонад, албатта фикр мекунад, ки дар бораи модари ӯ, дар бораи бибии ӯ ва дар бораи як зане, ки мешиносад, медонад, гуфтааст. Масалан, вақте худи ман баъзан шеърҳое, ки дар ҳақи модарашон гуфтаашонро мехонам, боз ҳамон аламҳо пеши назарам меоянд. “Модарнома” нотакрор аст. Шояд ягон вақти дигар шоире пайдо шавад, ки аз Лоиқ зиёдтар гӯяд, вале дар ҳақиқат Лоиқ як меҳру муҳаббате эҳтироми бениҳоят бузурге нисбати зан ва модар дошт. Вақте Лоиқ аз дунё гузаштанд, модари ман зинда буданд. Худоро шукр, ки модари худашон надиданд ин як мотами бисёр вазнин аст. Вале модари ман, ки 90 сола шуда аз олам гузаштанд, мегуфтанд, ки ман бояд ба 100 медаромадам, вале ман 10 соли умрамро бо ғами Лоиқ тамом кардам.
Аз дил ба дил раҳест, дар ин гунбади сипеҳр,
Аз рӯи кина кинаю аз рӯи меҳр меҳр.
Албатта, “Модарнома”, ки бо меҳру муҳаббат навишта шудааст, барои ҳамин дар дили мардум бо тамоми меҳру муҳаббат ҷой шудааст.
Шикастабандӣ касби падариашон аст. Ҳамчунин шеъре низ доранд, ки бо мисраи “Падарам шикастабанде буд” оғоз мешавад. Каме дар борааш қисса мекардед...
Авлодони мо аз он давраҳои кӯдакиам бо ҳам рафту омад доштанд, падарашон шикастабанди бисёр номӣ, аммо аз падарашон зиёдтар амаки Хӯҷаалӣ номдортар буданд. Хӯҷаалӣ, яъне амакашон дар тамоми водии Зарафшон (Панҷакент, Айнӣ, Қӯҳистони Мастчоҳ) яккаву ягона шикастабанде буданд, ки мардум ба суроғашон меомаданд. Падарашонро ман мешинохтам бисёр як марди қоматбаланди зебо буданд.
Назари Шумо дар бораи муносибати устод Лоиқ бо падарашон чӣ гуна буд, воқеан падару модари устод аз ҳам ҷудо мезистанд?
- Падари Лоиқ моҳи январи соли 1972 аз олам гузаштанд. Дар ҳақиқат падару модари Лоиқ аз ҳамдигар ҷудо буданд. Вале намедонам дар байни онҳо чӣ шудааст. Аҷибаш ин, ки на бо хости падар, балки бо хости модар ҷудо шудаанд. Модар талаб кардаанд, ки маро аз ҳамин мардак ҷудо кунед, ман дигар ҳамроҳи ин мард зиндагӣ кардан намехоҳам. Барои он ки дар ҳар кор бо ман ҷангу ҷангҷол мекунад. Ба ҳамин одам исбот мекунам, ки худ метавонам фарзандонамро бузург кунам, хононам, хонаву дар кунам. Ҳатто хонаву дараш барои ман лозим нест, ба ман замин ҷудо карда диҳанд, ман то тирамоҳ хонаи аз ин беҳтар месозам. Дар ҳақиқатан модарашон як зани мардсифате буданд, ба ҳамин қавлашон истоданд. Барои ҳамин хислат бобои Шералӣ хушдомани манро дӯст дошта, аз хонаи амакашон дуздида бурдаанд. Вақте падару модари хушдомани ман – бибии Заҳро вафот мекунанд, он касро амакашон гирифта калон мекунанд. Дар назди ҳавлии онҳо бозори мол будааст. Бобои Шералӣ, ки одами молдор буданд, молҳояшонро ба ин бозор мебиёранду ҳамсари ояндаашонро як назар мебинанду ошиқ мешаванд. Аслан авлодҳои хушдоманам аз маркази шаҳри Панҷакент ҳастанд. Мардумони босаводи маълумотдор. Дар вақташ падарашонро Қори Ҳаким мегуфтанд. Қори Ҳаким шахси бисёр босавод буданд, ҳамчун мутаваллӣ ба деҳаи Мазори Шариф ба мадрасаи Ҳоҷа Муҳаммад Башоро фиристода мешаванд. Чи тавре, ки медонем, охири асри 19 ва аввали асри 20 як вабои сахт меояд. Дар ҳамин вабо падарашон модарашон ва ду бародарашон аз олам мегузаранд ва худашон танҳо мемонанд.
- Устод Лоиқ дар нахустин рӯзи ба фурӯш баромадани китобашон дар мағозаҳо бо хонандагонашон мулоқот мекарданд ва соядаст ҳам мегузоштанд. Шумо чӣ эҳсосе аз чунин лаҳзаҳои хотирмон доштед?
- Мо ҳам албатта хурсанд мешудем ва даррав дегро мемондему ягон таоми бомазза, хусусан оши палов ме пухтем. Зеро ки Лоиқ танҳо намеомаданд. Ҳатман бо рафиқонаш меомаданд. Ҳамин хел як хурсанд мешуданд, ки китобро мегирифтанд дар дасташон чи хеле, ки як гули хушбӯеро бӯй мекунӣ ҳамин тавр китобро бӯй мекарданд ва мегуфтанд, ки хушбӯтарин бӯй аст. Китобҳояшонро харидорӣ карда меоварданду ба одамон тақдим мекарданд. Мо имрӯз дар бойгониашон баъзе китобҳояшонро ёфта наметавонем.
Дӯстони беҳтарини устод Лоиқ дар зиндагияшон киҳо буданд?
Устод Сорбон, Абдунабӣ Сатторзода дӯстони даврони кӯдакиашонанд. Дӯстонашон хеле зиёд буданд, як дӯсти дигар доштанд, ки ронандаи оддӣ буду Раҳим мегуфтанд. Ҳамсоя будем, агар ягон хӯроки камтар дурусттар бошад, мегуфтанд сабр кун, ман Раҳимро ҷеғ занам. Онҳо бо ҳамдигарашон як меҳру муҳаббати аҷиб ҳам доштанд. Шавҳари Ҳадиса Қурбонова - Маъруф бисёр дӯсти наздикашон буд. Маъруфҷон бисёр ошҳои бомазза мепухт ва ҳамин, ки ош пухт вай албатта як табақ гирифта, хонаи мо меовард ё ки таклиф мекард, ки хонаи мо биёед. Акбар Абдулло, Афзалшоҳ Шодиев, Муродбек Насриддиновро чун фарзанд эҳтиром мекарданд. Бо устод Ҷӯрабек Муродов, Маҳмудҷон Воҳидов рафиқи наздик буданд. Маҳмудҷон Воҳидов мегуфт, ки ҳамин шеъри “Ман намемирам, Ман нахоҳам мурд” - и туро агар ҷавон мурдӣ дар рӯзи мотамат чунон мехонам, ки тамоми мардум гиря кунанд. Вақте ки мурдаи Маҳмудҷон Воҳидовро оварданд бо овози худаш ҳамин шеърро монданд, дар ҳақиқат ҳама гиря мекарданд. Гумон карданд, ки ин шеърро Маҳмудҷон барои худаш навистааст.
Муаллима, Шумо тасаввур мекардед, ки ҳамсари чунин як шахсияти машҳур мегардед?
Дар ҷавонӣ албатта ин чизҳоро тасаввур кардан бисёр мушкил аст. Мо ба ҳукми модар, бо ихтиёр ва розигии модар хонадор шудем, маҷбурӣ ҳам нест, бо ишқу муҳаббат нест. Вақте ки Лоиқ хонадор шудан мехоҳанд, модар мегӯянд, ки касеро ман хуш мекунам ӯро мегирӣ. Лоиқ медонистанд, ки аз хоҳиши модар берун рафтан имкон надорад, розӣ мешаванду мегӯянд, ки киро гирифта медиҳед ба ман? Ман ҳеҷ вақт тасаввур намекардам, ки ҳамсари Лоиқ мешавам. Ӯро чун бародар дӯст медоштам. Бениҳоят дар оилаи мо шахси дӯстдошта буд. Аз давраҳое, ки дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент мехонданд ва ҳеҷ кас фикр намекард, ки дар оянда ин шахс як шоири бузург мешавад. Мо ба ҳукми ду модар хонадор шудаем ва Худоро шукр, ки зиндагии бисёр хубе ҳам доштем.
Лоиқро аз кӯдакӣ медонистам меҳру муҳаббати ман нисбат ба Лоиқ хело зиёд буд. Вақте ки ман фаҳмидам моро хонадор карданӣ ҳастанд, бисёр сахт норозӣ ҳам шудам. Рӯзҳои аввал аҷоиб буд. Ман бисёр қошу қавоқ андохтаю ба он кас умуман нигоҳ намекардам. Як вақт Лоиқ гуфт, ки биё ман туро ба тамошои кино барам. Гуфтам, ки киноравак нестам. Баъд аз хонадор шудан як рӯз гуфтам, ки як кинои ҳиндӣ будааст, намеравем? Лоиқ шӯхи карду гуфт, ки ту киноравак набудӣ ку. Лоиқ инсони самимиву хубе буд, ки дӯст надоштан имкон надошт.
Каме дар бораи зиндагии оддии хоксоронаи хонаводагиашон ҳарф занед...
Лоиқ дар муносибат бо ҳама як хел буданд ва марди оддӣ ҳам буданд. Дар ҳақиқатан як марди оддӣ буданд. Ӯро дар хона ҳеҷ кас намегуфт, ки вай як шоир аст. Вай вақте ки шеър эҷод карданӣ мешуд, кор карданӣ мешуд, китоб хонданӣ мешуд, ҳеҷ вақт масалан аз мо талаб намекард, ки ором бошем, овоз набарорем, ё умуман дар хона сиёсати сахт намекард. Ягон касро ҷанг намекард. Ягон касро гапи баланду паст намезад. Баъзан ягон вақт ки қаҳраш меомад ё асабонӣ мешуд, ягон гап намезад ва ором меистод. Як муддат худашро ба даст мегирифт. Баъд насиҳат мекард. Ҳеҷ вақт, масалан ҷангу ҷангҷол карда, дод зада, гапи пасту баланд заданашро мо нашунидем ва надидаем. Ҳатто ба фарзандонашон ҳам ҳамин гуна муносибат дошт.
Фарзандонро зиёд дӯст медоштанд. Бахусус писари калонияшонро, ки мегуфтанд, ин барои ман фарзанд нест, ин барои ман бародари хурдӣ аст.
- Ишқ дар эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ мавқеъи муҳим дошт ва ҳатто такрор ба такрор худро Лоиқи ошиқ номидаанд. Шумо инро чӣ гуна қабул мекардед?
Лоиқ пеш аз ҳама ошиқи зиндагӣ буд. Албатта, буданд шахсони алоҳида. Аҷибаш он аст, ки аксарияташонро медонистам, лекин Лоиқ дӯст намедошт, ки дар бораи онҳо ягон сухани баде гӯям, бинобар ин ман ҳам ҳеҷ чиз намегӯям. Як шеъраш ҳаст ку: “Парво накун азизи ман, ин дил барои туст”. Вақте баъзан дилгир мешудам, мегуфт, “гӯш кун занакҷон дар даруни дили ман танҳо ту ҳастӣ. Доим бидон, ки дили ман барои ту, ҳамин дили ман ҷойи ту. Боқимонда ҳама ҳавову ҳавас.”
Устод Лоиқ Шералӣ таомеро хоса дӯст медоштанд?
Таомҳои бад медидагиашон ҳам буд, масалан шӯрбо. Лоиқ бештар хӯрокҳои хамириро дӯст медошт. Масалан тупа, угро, манту, самбӯсаро. Оши паловро хеле зиёд дӯст медошт.
Устод тартибу низоми мушаххаси эҷод доштанд?
Лоиқ умуман реҷаи корӣ надоштанд. Баъзан аз кӯча саросемавор омада, ҳатто хӯрок нахӯрда, нишаста шеър менавиштанд. Лоиқ дигар кор надошт. Танҳо кори маҷаллаи “Садои Шарқ” буд, ки дар вақташ анҷом медод. Баъдтар ба кори Бунёди забон гузашт.
Мутолиаи шеърҳои солҳои охири устод баёнгари он нукта аст, ки аз он чӣ ба сари миллат омад, хеле дилшикаста шудаанд. Ин ҳолати рӯҳии устод дар хона ҳам эҳсос мешуд?
Рӯҳафтодагиашонро мо ҳис мекардем. Чеҳрааш бисёр содда ки буд ва аз чеҳраи ӯ ҳама вақт ҳис кардан мумкин буд, ки ҳоло хаста аст. Аз чизе сахт дилмонда шудааст. Вақте дар телевизион дар ахбор мегуфтанд, ки дар фалон деҳаҳо хӯрока намерасад, ё дар маҷаллаву рӯзномаҳо менавиштанд, ки мардум кунҷора ва алафҳои ҳархеларо хӯрда истодаанд ӯ гиря мекарданд. Китоби охирони ӯ “Фарёди бефарёдрас” нолаҳои Лоиқ, таваллою зориҳои Лоиқ ба ҳамон камондорон аст, ки камонашонро партоянд. Лоиқ тайёр буд, ки тамоми тирашонро ба бадани ӯ зананду аммо халқашро миллаташро озор надиҳанд.
Албатта, шахсияте чун устод Лоиқ Шералӣ орзуҳои зиёд доштанд...
Орзу дошт, ки 60-солагиашро дар доираи мардуми зиёде таҷлил намояд. Орзуи чопи “Куллиёт” – ашро дошт. Вале онро баъд аз сараш чоп кардем. Орзуҳояшро ба хок бурд...
Дар охирин лаҳзаҳои умр киҳо сари болини устод буданд?
Тамоми дӯстонашон дар беморхонаи “Қарияи боло” ҷамъ шуда буданд. Се рӯзи аввал каму беш сухан мегуфтанд. Вақте Афзалшоҳ Шодиев даромад, гап зад овозашро шинохтанд. Аллакай қариб намедиданд. Лекин аз овоз мешинохтанд. Табибони беморхонаи “Қарияи боло” бахусус табиб Соҳибназар Раҳмонов тамоми ҳамин нӯҳ рӯз умуман тарафи хонаашон нарафта болои сарашон буданд. Намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳам буданд.
Сухани охирини устод Лоиқ Шералӣ чӣ буд?
Лоиқ дасти маро сахт қапиду гуфт, ки ман сахти сахт беморам. Занак ин бемории ман бисёр вазнин аст. Ман гуфтам, ки не, Шумо аз ҷоятон мехезед ва ман Шуморо ботантана хона мебарам. Аз ҳамин беморхонаи “Қарияи боло”, ки пояндоз меандозам то дари хона. Як табассуми дарманде карду хомӯш шуд, бо ҳамин дигар ҳеҷ чиз нагуфт.
Дар хонаи Шумо ягон дафтари дастинависи устод Лоиқ Шералӣ ҳаст, ки то ҳол чоп нашуда бошад?
Чунин дафтар вуҷуд надорад. Баъзан дар ягон ҷо менишастанд ягон гап меомад менавистанд, ана ҳамин хел чизҳо ҳастанд, ки бояд ҷамъоварӣ шаванд. Шеърҳои парешон. Ҳар он чизе, ки дар дасти мо буду дар бойгонӣ ҳамаашро дар “Куллиёт” чоп кардем.
Мусоҳиб,
Шервони УМРИДДИН