Муаррифӣ: Ҳалима Хушқадамова зодаи Тоҷикистон, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми ҷомеашиносӣ, профессори Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО), Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (ИСАА МГУ), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кор бо ВАО-и Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия, аъзои созмони байналмилалии «Бонувони рӯзноманигор»…
– Аз овони донишҷӯӣ чӣ хотираҳое доред?
- Дар курси якум ману Гулсифат Шаҳидиро чун донишҷӯёни аълохон ва гирандаи идрорпулии ленинӣ ба назди раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фиристоданд, то ки эшонро ба мулоқот бо донишҷӯён даъват намоем. Устод моро хело самимиву хуш пазируфт. Эшон ҳайрон монданд, ки духтараки 16 - соларо волидонам аз Помири дурдаст (он вақтҳо ягона роҳи мошингард то 9 моҳ баста буд) ба хондан фиристодаанд. Насиҳатам карданд, ки ҳар дафъа, агар зиқ шавам, ба ҳафт ситораи осмон дида бидӯзам, то ҳафт бародарамро бубинам. Имрӯз ҳам, бахусус баъди аз мазраи поки Ватан дур афтиданам, қабл аз он ки қадаме дар зиндагӣ гузорам, симои устодро пеши назар меораму насиҳаташонро пос медорам.
Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам ва баъди чанде бо роҳхат ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») омадам. Идораи рӯзнома ҳақиқатан мактаби бузурге буд барои одамшиносиву рушди касбӣ. Таҷрибаи андӯхтаам дар ин коргоҳи номӣ сабаб шуду маро муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» таъйин карданд. Рӯзнома ба забони русӣ нашр мешуд. Қариб ҳамаи гузоришҳои нусхаи тоҷикиро ба забони русӣ низ мегардондем. Ҳамон вақт аз камбуди мутахассисон тарҷумонӣ ҳам кардам. Он айём хуб дарк кардам, ки бисёр вожаҳо маънои тоҷикиашонро ба забони русӣ, чуноне бояд, намедиҳанд. Аз ин хотир ба омӯзиши ҷиддии нозукиҳои ҳар ду забон даст задам...
Чанде сарвари бунгоҳи АМИТ «Ховар» дар Россия будам. Бо устод Сотим Улуғзода, ки солҳои 90 – уми асри ХХ дар Москва мезистанд, равуо доштам. Шиносоии наздик бо адиби маъруфи тоҷик ва аҳли байташон имкон дод, то бо хоҳиши эшон дар давраи фаъолияти Рамазон Мирзоев ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо устод Сотим Улуғзода дар арафаи ҷашни 50 - солагии Ғалаба биороем…
- Дар хусуси ҳаёту зиндагии бонувони муҳоҷир чӣ мегӯед?
- Ҳоло дар бойгониам як бахши бузургро таърихи зиндагониву қаҳрамониҳои бонувони муҳоҷир касб кардааст. Сабаби ҳиҷрати занон мухталиф аст. Як қисм ба хотири ёрӣ ба хонавода, баъзе аз ин бахш, ки донишу малака ва ихтисоси ба давр мувофиқ доранд, ҳамчун мутахассис шуғле меёбанд ва ин мулк ҷойи иқоматашон мегардад. Дигарон бо нияти барпо намудани оила ҳиҷрат мекунанд. Гурӯҳи дигар ҳамроҳи оила ба Россия меоянд. Ҳастанд нафароне, ки бо ниятҳои дигар ҳам рахти сафар мебанданд. Қисме аз занон ба ин ҷо омада, вақти ҳиҷраташонро дароз менамоянд, ба умеде, ки бахташон омад кунаду соҳиби ҷойи кори сердаромад бигарданд.
Солҳои охир сафи бонувоне, ки дар Россия як муддати кӯтоҳ кор карда, ба Ватан бармегарданд, зиёд шудааст. Ба омӯхтани ин раванд бояд лоиҳаҳои хос бахшида шаванд.
Ҳавои ватан дигар аст. Моҳи январи соли равон ба аёдати наздиконам рафтам ва бо бисёр бонувон дар дармонгоҳи шаҳри Хоруғ ҳамсуҳбат гаштам. Ҳамшираи шафқат, ки дар ҳуҷраи гузарондани сӯзандору ба маризон муносибати шоиста дошт, нақл кард, ки се сол дар Москва кор кардааст то духтарчаашро барои идомаи таҳсил ба Ҳиндустон бифиристад. Бо амалӣ шудани он ба Ватан омада, дар ҷойи кори аввалааш фаъолият дорад ва аз дастмузду ҳамкоронаш розист.
– Дар саҳифаи интернетиатон ҷавони рустаборе бо номи Даниил муҳаббаташро ба забону фарҳанги тоҷикон иброз доштааст, зиёданд чунин мисолҳо?
– Ба сарлавҳаҳои маводе, ки ин шогирд дар торнома ҷой додааст, диққат диҳед: Даниил Грицай: «Таджики - уникальный народ, я влюбился в таджикский язык».
Ба воситаи фарҳанг донишҷӯёни русзабонро бо забони ноби тоҷикӣ ошно месозам. Ин як самти нави забономӯзист. Олег ном шогирди дигарам, ҳамроҳи дӯсти тоҷикаш ба ноҳияи Фархори Тоҷикистон рафтааст. Аз он ҷо омадан замон чанд мусоҳиба дода, аз фарҳанги меҳмондорӣ, оиладории тоҷикон, ки дар хонадони акаи Нусрат ном шахс бо чашми сар дидааст, ба ваҷд омадааст. Зиёданд ин ҷо ҳаводорони фарҳангу забони мо.
Ҳоло бо 45 муаллифи гуногунмиллат китоби тадқиқотиеро омода кардем, ки дар он маводи ман дар бораи хӯрокҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла оши палов чоп шудааст.
- Фарзандон ҳам ҳамроҳи Шумо дар ҳиҷрат ба сар мебаранд?
– Бале. Модари се фарзанд - Манижа, Мадина ва Манучеҳр ҳастам. Духтари калонӣ иқтисодчӣ асту дар Душанбе фаъолият дорад, дувумӣ рӯзноманигор асту дар як ширкати русӣ мутахассиси соҳаи кор бо ҷомеа, писарам коршиноси соҳаи алоқа, дар ширкати «Мегафон»-и Россия аст. Панҷ набера дорам. Шавҳарам муҳандиси соҳаи алоқа мебошанд.
P.S.
Ҳалима Хушқадамова бонуест, ки имрӯз дар фазои фарҳангии ду кишвар - Тоҷикистону Россия шинохта аст. Вақти таҳияи мавод мужда расид, ки нашриёти «Юрайт»-и Москва «Таджикский язык» - китоби дарсии забони тоҷикиро барои мактабҳои олии русзабон ба табъ расондааст, ки яке аз муаллифонаш Ҳалима Хушқадамова мебошад.
Садбарг БОҚИЕВА,
Душанбе - Москва