- Муҳтарам вазир, ҷиҳати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017–2022 дар сатҳи вазорат чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
- Маориф, ки самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон аст, дар масъалаи таносуби гендерӣ ба занон бештар имконият фароҳам овардааст. Пешвои муаззами миллат вобаста ба ин масъала сиёсати воқеан хирадмандона доранд, ки ба қабул гардидани чунин санади муҳим бунёд гузоштаанд. Айни ҳол, дар кишвар наздики 125 000 омӯзгор аст, ки 70 %-и онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Аксари директорони мактабҳо занон мебошанд. Аз ҳисоби занҳо ректорони макотиби олӣ низ ҳастанд ва ҳамаи муовинони ректорҳо оид ба масъалаҳои таълим ва тарбия, ҳамчунин, директорони коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, информатика, технологиву омӯзгории шаҳри Душанбе бонувонанд. Аксарияти мудирони шуъбаҳои маорифи кишварро низ аз ҳисоби занон интихоб кардаем.
- Тибқи Квотаи президентӣ духтароне, ки ба макотиби олӣ фиристода мешаванд, оё баъди итмоми таҳсил ба маҳали худ баргашта, пайи иҷрои фаъолияти касбӣ мегарданд?
- Нафароне, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил мешаванд, бояд пас аз хатм ба ҳамон деҳа, ноҳия ва ба ҳамон мактабе, ки ихтисосманди ин ё он соҳа намерасаду мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии он минтақа барои таъмин кардани эҳтиёҷоти ҳамон мактаб дархост фиристодаасту Ҳукумат онро тасдиқ ва маблағгузорӣ менамояд, он донишҷӯ пас аз таҳсил ҳатман ба маҳали хеш баргардад. Лек, ҳолатҳои истисноӣ низ ба чашм мерасанд, ки айёми таҳсил баъзе духтарон оиладор мешаванду ба хонаи шавҳар, ба минтақаи дигар мераванд. Ба хотири оне, ки оила муқаддас асту ҷавонон бояд созиш намоянд, дар ҷойи нав онҳоро бо кор таъмин карда, фаъолияташонро таҳти назорат қарор медиҳем. Ба ҷойи вай дигар омӯзгор мефиристем ва талаботи ҳамон мактабро қонеъ мегардонем.
- Дар доираи созишномаҳои байниҳукуматии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф ҳар сол ба шаҳрвандони мо барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олии мамолики ИДМ квотаҳо ҷудо карда мешаванд. Чӣ қадар духтарон тариқи ин квотаҳо таҳсили худро дар хориҷа идома медиҳанд?
- Соли равон 5 ҳазору 200 нафарро барои таҳсил ба ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ фиристодем. Умуман, онҳо дар 33 кишвари дунё, аксар дар Россия, Чин, Қазоқистон ва баъд дар Амрико, Олмон, Фаронса, Туркия ва ғайра ба тадрис машғуланд. Аз шумори умумии донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилкунанда тахминан 40 %-и онҳо занону духтарон мебошанд. Ихтисосҳое ҳастанд, ки дар онҳо аз 40 % зиёд бонувон таҳсил менамоянд, аз қабили соҳаҳои тиб, забономӯзӣ ва омӯзгорӣ ва ин мантиқан дуруст аст, чунки баъди иваз кардани зистгоҳи хеш ва ё оиладор шудан, хизмати чунин мутахассисон дар ҳар гӯшаву канори мамлакат зарур меояд.
- Мушкилоти дастрасии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба ҳамаи зинаҳои таҳсил то чӣ андоза ҳалли худро ёфтааст?
- Ин гуна омӯзиш таҳсилоти фарогир ном гирифтааст. Кӯдакони дар низоми таҳсилоти фарогир қарордошта ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд. Ихтисосҳои логопедия, сурдопедагогика (педагогика барои нобинову ношунавоён), тифлопедагогика (таълими нобиноён) ва олигофренопедагогика (омӯзиши шахсони ноқисулақл) мавҷуданд, ки тибқи онҳо барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия гардидаанду чунин кӯдакон мутааллиқ ба гурӯҳи худ дар мактабҳои махсус таълим мегиранд. Нахустин бор мо дар замони соҳибистиқлолӣ дар 2 ҷилд китоби «Забони имову ишораҳо»-ро таҳия намудем. Барои бачагони нобино барномаҳои махсуси компютерӣ таҳияву пешниҳод кардаем. Дар натиҷаи бо килкҳои махсус рӯи коғази ғафс зер карда навиштан, аз самти муқобил қолаби он пайдо мешавад, ки тариқи ламс кардан хондани он имконпазир мегардад, ё ин ки ҳангоми тугмаҳои компютерро пахш кардан он садо бароварда, ҳарфҳоро номбар мекунад, то кӯдак онро шунида, ба дурустии навишти худ эътимод ҳосил намояд. Ғайр аз ин, дар ин самт чопхонаҳоро ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор додаем. Ягон кӯдак аз таҳсил берун намемонад, ҳатто мо таҳсилоти хонаводагӣ дорем - кӯдаконе, ки имконияти ба мактаб омаданро надоранд, дар хона ба тадрис фаро гирифта мешаванд. Кӯдакони дар аробачаҳо нишаста низ ба мактаб меоянд ва ҳамаи мактабҳое, ки дар замони истиқлолият сохта ба истифода дода шудаанд, дорои пантус мебошанд, ки бо аробачаҳо ба мактаб ворид гардидани чунин бачагонро осон менамояд.
- Имрӯзҳо мо наметавонем соҳаи маорифро бе истифодаи технологияҳои навин тасаввур намоем. То кадом андоза мактабҳои ҷумҳурӣ аз василаҳои фановарии мавриди назар таъминанд?
- Се маротиба барномаи компютеркунонии мактабҳо қабул ва иҷро гардид. Дар ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ синфхонаҳои компютерӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъминанд. Дар ВМКБ ба 6–7 кӯдак 1 компютер ва дар миқёси ҷумҳурӣ ба 12 хонанда 1 компютер рост меояд, яъне синфҳо бо навбат ба тадрис фаро гирифта мешаванд. Ҳатто дар баъзе минтақаҳо ба 8–10 нафар 1 компютер рост меояд ва ин меъёр ҳисобида мешавад. Мушкилот танҳо дар куҳнашавии компютерҳо ва иваз кардани онҳост. Дар ин росто, ҳазорҳо тахтаҳои электронӣ дар мактабҳо васл шудаанд, ки омӯзгорон тариқи онҳо слайд ва рӯнамоиҳо мегузаронанд.
- Рушди соҳаи маорифро дар оянда чӣ гуна дидан мехоҳед?
- Нахуст бояд тазаккур дод, ки Пешвои муаззами миллатамон борҳо гуфтаанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи маориф ва илм бахши калидиву афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Буҷети соли 2019-и Вазорати маориф ва илм, ки дар Маҷлиси намояндагон қабул гардид, нисбат ба буҷети имсола 13,9 % зиёд аст, яъне 20 %-и буҷети давлат ба соҳаи маориф ихтисос дода мешавад. 2750 мактаб дар замони истиқлолият замонавӣ ва бо дарназардошти ҳамаи шароит сохта, ба истифода дода шуд. Мехоҳам, ки дар оянда ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ ба мисли ин мактабҳо бо беҳтарин шароит мавриди истифода қарор гиранду дурдасттарин муассисаҳои таълимӣ аз ошхона, толорҳои варзиш ва фарҳангӣ бархӯрдор бошанд. Ҳар синфхонаи мактаб бо воситаҳои муосир, хусусан бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин бошаду ҳар омӯзгор аз воситаҳои электронӣ, аз ҷумла интернет, васеъ истифода бурда, аз сарчашмаҳои иловагӣ баҳравар ояд ва дар доираи китобҳои дарсӣ маҳдуд нагардад. Хоҳони онам, ки хонандагони аз синфи 5 боло тариқи планшет ба китобҳо дастрасӣ намоянду ҳама рӯзномаҳои мактабӣ электронӣ шуда, робитаи байни волидайн бо мактаб қавӣ гардад, то падару модарон дар хона нишаста, рафти машғулиятро тариқи воситаҳои электронӣ назорат намоянду аз ҷараёни тадриси фарзандони хеш бохабар бошанд. Зиёд мехостам, ки масъулияти волидайн нисбат ба фарзандон бештар бошад. Барои соҳибтаҳсил гардидани фарзандон маблағро дареғ надоранд. Волидайне, ки дар таҳсили фарзанд маблағро сарфа мекунад, аз ин амал баракат нахоҳад дид. Мехоҳам, ки падарону модарон ҳамроҳ бо фарзандон китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, зеро мо миллати китобхон ва фарҳангсолор ҳастем. Барои дастрасӣ доштан ба чунин китобҳо мо 4 миллион адабиёти бадеиро аз чоп баровардаем, ки то кунун ба китобхонаҳои мактабҳо интиқол меёбанд.
- Аз нигоҳи Шумо зан чӣ касест ва кору пайкори модарони тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Аз бузурге пурсидаанд: «Дар зиндагӣ мард асос аст ё зан?» Гуфт: «Аввал зану охир зану он гаҳ зану мард». Зиёд мехоҳам, ки бонувони мо хурофотзадаву хурофотпараст набошанд ва худшиносии миллиро доро бошанду ҳар духтари Тоҷикистон ба гирифтани таҳсилоти олӣ мушарраф гардад, зеро аз зани босавод насли донишманд мерӯяд. Ҳуқуқҳояшро ба хубӣ донаду дар оила ба хушунат роҳ надиҳад. Модарони мо дар тӯли таърих забони моро, нангу номуси миллати моро бо аллаҳои хеш, бо шири сафеди хеш тӯли 5–6 ҳазор сол наҷот дода омадаанду дар равону ҷавҳари фарзандон ҷой додаанд. Эҳтироми зан-модар дар оини мо ҷойгоҳи махсус дорад ва хоҳони онам, ки зани тоҷик ҳамеша бо марди хонадони хеш меҳрубон бошаду баҳри пойдориву устувории оила талош варзад. Шахсан ман бо ҳамсарам, ки худ омӯзгор аст, дар мушкилтарин давраҳои зиндагӣ бо ҳам будему бинои зиндагии муштараки худро ҳамроҳ оростем.
- Дар фарҷоми суҳбат мегуфтед, ки аз соли 2018, ки дар остонаи анҷомёбист, Шумо чӣ бардоштҳое доред?
- Соли 2018 аз се ҷиҳат барои аҳли маориф хотирмон буд. Аввал ин ки, бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» шурӯъ шуд, ки мақому манзалат ва эътибори давлати моро ҳамчун миллати фарҳангсолор дар миқёси ҷаҳон боло бурд. Дуюм ҳодисаи аҷибе, ки мо даҳсолаҳо интизораш будем, бо ибтикори Сарвари давлатамон ва Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ҳамаи мушкилиҳое, ки байни ду давлат вуҷуд доштанд, пурра ҳаллу фасли худро ёфтанд. Ин ҳусни тафоҳум аст, ки садҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон барои таҳсил ба коллеҷу мактабҳои олии мо муроҷиат менамоянд. Сеюм рӯйдоди воқеан тақдирсоз ин ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки бо неруву заковати мутахассисони ватанӣ, бо панҷаҳои таҳамтанонаи ҷавонмардони тоҷик ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат гардон шуду қалбҳо саршор аз хурсандиву нишот гардид. Ин ҳодисаи таърихии воқеан нодир кишвари моро натанҳо ба истиқлолияти энергетикӣ расонд, балки ба рушди соҳаи саноат такони ҷиддӣ низ хоҳад бахшид. Ва дар ниҳоят, оне ки соли 2018 ва солҳои минбаъда дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат соҳаи маориф ва илм соҳаи калидиву афзалиятнок боқӣ мондааст, зиёд ифтихор мекунам ва меболам. Ҷаноби Олӣ шахси дурандеш ҳастанд ва хуб медонанд, ки давлатҳои пешрафта маҳз аз афзалият додан ба соҳаи маориф тавонистаанд, то ба ин зинаҳои баланди тараққиёт бирасанд. Подоши неки ин заҳматҳоро баъди даҳсолаҳо наслҳои ояндаи мо хоҳанд дид, агар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо камоли майл илму дониш андӯхта, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба нафъи кишвари азизамон хидмат намоянд.
Шоҳона СУЛАЙМОН