Мусоҳибаи махсуси «Бонувони Тоҷикистон» бо ховаршинос
Зафар МИРЗОЁН
- Устоди гиромӣ, кадом арзишҳое буданд, ки чакан боиси эътирофи ЮНЕСКО гардид?
- Чакан яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар он рамз, фалсафа ва мазмуну мундариҷаи вижа ҷой доранд. Тоҷикон дар дарозои ҳазорсолаҳо ҳамчун дарёфтаи арзишманди гузаштагони худ чаканро то имрӯз нигоҳ дошта омадаанд, ки чунин падида дар миёни мардумони ҷаҳон хеле кам вар мехӯрад. Мебояд гуфт, ки ҳадафи қаламзан ё қаламкаши бостон, яъне тарроҳи нигораи чакан дар офариниши нигораҳо бознамоёндан, ё копикории нақши гули лола, садбарг, сияҳгӯш ва ё ягон гули зиндае набудааст. Ҳамин аст, ки косагулҳои чакан ягон гули мушаххасро ба ёд намеоваранд. Дар ин нақшҳо рамзҳову андешаҳои баланд нуҳуфтаанд ва дар онҳо як пайвастагии эҳсос ва андешаҳои бостонии миллатамон барои шинохти ҳастӣ бозтоб мегардад. Нақшҳо фалсафа, рамз ва мазмуну мундариҷае доранд, ки аз замони боварҳои хуршедпарастӣ ба ёдгор мондаанд.
- Ҷилва додани ин нақшҳо ба чӣ хотир аст?
- Ба вуҷуд овардани зебоӣ. Нигораҳои чакан ҳамчун бозтоби андешаҳои бостонии миллатамон, нақши натуралӣ, ё худ копикунии одии гулҳо набуда, характери онтологӣ -ташбеҳӣ доранд. Ҳамон гуна, ки зебоишиносон гуногунрангии консепсияи назариявии зебоиро ба чор парадигма (ҷадвали шаклҳои калимаҳо) бо ҷузъиёташ шарҳ додаанд, ки парадигмаи аввали онҳо ба арзёбии нақшҳои чакан наздик аст. Дар фаҳмиши гузаштагони дури мо зебоӣ ин нақш ё таҷассуми Худованд дар ашёҳои мушаххас мебошад. Дар замони бостон, ба ҳангоми офариниши нигораҳо, ранг дар баробари шаклсозӣ, дорои рамзу намодҳо будааст. Рангҳои сурху зард рамзи Хуршед, оташ, шукӯҳу қудрат, ранги бунафш (сабз) рамзи сулҳу оштиву оромишу навшавандагӣ, боззоии зиндагӣ ва ранги сафед рамзи покдоманиву бегуноҳӣ ва нуру рӯшноӣ будааст.
Зиндагии гузаштаҳои дуродури мо ва як идда қавмҳои дигари ориёӣ саросар ба Хуршед (Офтоб) пайвастагӣ дошт. Онҳо ҳама пиндору боварҳояшонро ба гардиши солонаи Офтоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ пайваста медиданд. Ҳатто дар замони Ардашери Бобакон (220/24–224/39) парастиши Офтоб (Меҳр) дини расмии давлат будааст.
Ҷашни Сада низ ба ниёиши Офтоб вобаста аст, ки аз аввали моҳ (аз шаби таваллуди Хуршед – шаби Ялдо, ки шаби дарозтарини сол буда, дар соати 12–и шаб Хуршед таваллуд мешавад), чиҳил рӯз фосила дорад. Ҳамчунон ҷашни дигари бостонии мардуми мо–Меҳргон низ ба баробарии тирамоҳии Офтоб ишора мекунад.
- Яъне, дар чакан Офтоб мавқеи асосӣ дорад?
- Бале, ҳар ҷо ки косагули офтобӣ нақш шуда бошад, ба некиву покӣ далолат мекунад. Рӯйи кулоҳ (тоқии чакан), ки бештар бо рангҳои сурху зарду бунафш (сабз) косагулҳо чакандӯзӣ шудаанд, ба маънии фарр, яъне фарри эзадӣ ва, ҳамчунон, пиндори нек ишора дорад. Ҳамин тавр, косагулҳои ҳафтранги болои домон бар иффату покдомании занон таъкид мекунад ва гулҳои ситорагуни аз домон то рӯйи шикам густурда низ ишора ба покии занон аст, ки партави Хуршед нигаҳбони насли озодагон мебошад.
Нигораҳои чакан на танҳо дар рӯйи порчаи матоъ, балки дар ҳунарҳои нонпазӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ низ ба чашм мехӯранд. Нону кулчаҳо, ки ба шакли гирду рӯяшон нақшин пухта мешаванд, нигораҳои чаканро ба ёд меоранд. Танӯри нонпазии тоҷикон чун Офтоб гирду гарму сӯзон аст. Ҳатто бар рӯйи рафидаи нонпазӣ низ нигораҳои чаканро метавон дид. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин маврид чунин фармуда:
Бару бар нигорид Ҷамшедро,
Парастанда мар моҳу хуршедро.
Мардуми Кӯлоб дӯшизаи зеборо офтобпешонӣ гӯянд, яъне бо пешонии васеъ ва чеҳраи офтобӣ ва дар мӯйҳо (кокулони) дӯшизагон аз нуқра ситораҳои бешумор (чилситора) мечаспонанд. Қуфли гиребон (зиреҳи гиребон) ба сурати Офтоб таҳия гашта, гиребони бонувонро мебандад.
Зимнан бояд таъкид намоем, ки нигораҳои чакан хосси мардуми танҳо вилояти Хатлон нест. Косагулҳои чакан (ба сурати Офтоб) дар бардеворӣ ё худ сӯзаниҳои мардуми Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷ, Вахиёву Рашт, дар нақшҳои лаби остину домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ бо шеваву оҳанги дигаре бозтоб шудаанд.
Бо жарфнигарӣ ба муҳтавои нигораҳои чакан ва умуман офаридаҳои гузаштагон метавон ба натиҷае расид, ки онҳоро набояд содаву омиёна ва ғайриилмӣ дид, зеро дар он офаридаҳо андешаҳои амиқи фалсафии як миллати таърихи 6–7–ҳазорсола дошта, бозтоб мегардад.
- Чаро дар замони шӯравӣ ба ин арзиши бузурги фарҳангӣ баҳои сазовор надоданд?
-Дар он замон ба масъалаҳои фарҳангии миллатҳои маҳаллӣ сатҳӣ менигаристанд. Аз ҷумла, ба нақшҳои чакан баҳои илмӣ надода, онро танҳо таровиши гулҳо мепиндоштанд. Барои таъйиди дар дурӣ қарор доштани пажӯҳишгарони гоҳшиносии (этнографҳои) мактаби аврупоӣ аз андешаҳои фалсафии бостонии қавмҳои эронинажод, метавон намунаеро ёдовар шуд. Соли 2004 дар Душанбе китоби дуҷилдаи профессор Гузел Майтдинова унвонии «История таджикского костюма» (генезис костюма таджиков: древность и ранее средневековье), яъне таърихи либоси тоҷикӣ аз қадим то асри миёна ва либоси асримиёнагиву анъанавии тоҷикон интишор гардид. Дар ин пажӯҳиши пурҳаҷм, фарогири 530 саҳифаи чопӣ, агар аксҳое аз либоси чакани мардуми Рашту Дарвоз тарсим шуда бошанд ҳам, чизеро аз муҳтавои асили он оварда натавонистаанд. Гузашта аз ин, муаллиф дар асари пурҳаҷми худ дар косагулҳои чакани тоҷикӣ пайвастагие ба замонҳои хуршедпарастиро надидааст.
- Пас, бо боварии том метавон иброз дошт, ки ин рӯйдод сирф дастоварди замони истиқлолият аст?
- Бале, арҷгузорӣ ба ин офариниши ҳунарӣ аз замони Истиқлолияти давлатӣ оғоз ёфтааст. Афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ин давлатмарди фарҳанговар борҳо аз минбарҳои баланд манфиатҳои миллию фарҳангии тоҷиконро дифоъ намуда, ба арсаи ҷаҳонӣ баровардаанд. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имкон пайдо кардем, то ҷаҳониёнро ба як силсила офаридаҳои пурарзиши миллии худ, ки моҳияти умумиинсонӣ доранд, ошно созем.
- Сухане чанд мавриди маънии вожаи чакан мегуфтед?
- Шарҳи ин вожа дар бисёре аз фарҳангномаҳо дида мешаванд. Аз ҷумла, дар «Бурҳони қотеъ» чунин омадааст: «навъе аз кашида ва заркашдӯзӣ ва бахиядӯзӣ бошад ва ҷомаву қабоеро, ки чунин дӯхта бошанд, «чакиндӯзӣ» гӯянд…». Дар «Ғиёс–ул–луғот» ин вожа ба шакли «чикин» оварда шудааст.
Ин ҷо масъалае ба миён меояд, ки «чакан», «чикин», «чакин» ба кадом вожа иртибот дошта, аз чӣ маънӣ баргирифта шудааст? Чун чакандӯзӣ ҳунар аст ва ҳунар дар навбати худ офариниши бадеист, гумон ба яқин аст, ки ин вожа ба мафҳуми «чома», «чакома», дар паҳлавӣ «чакомак», яъне суруд пайвастагие дорад. Ин гумонро метавонад вожаи дигари форсӣ «чамона» тасдиқ кунад. Зеро маънии «чамона» «нимкадуи мунаққаш, ба сурати пиёлаи шаробхӯрӣ бошад» («Ғиёс–ул–луғот»).
Дар гурӯҳи забонҳои славянӣ, аз ҷумла русӣ, украинӣ, чехӣ, беларусӣ, булғорӣ вожаи «чеканка» мавҷуд аст, ки маъниаш нақшнигориҳо рӯи чӯб, мис ва дигар филизот мебошад.
Дар луғати этимологии забони русӣ (М. Фасмер, «Этимологический словарь русского языка», М, 1987) вожаи «чекан»–и русиву украиниро баргирифта, аз калимаи «чакуш» донистаанд. Ин вожашиноси доно бар он аст, ки сайри таърихии вожаи «чакуш» чунин сурат гирифтаст, ки он нахуст аз забони форсӣ (асолатан форсӣ–авастоӣ) ба туркӣ гузашта, дубора дар шакли дигаре ба забони форсӣ баргаштааст.
Нигораҳои чакан ва офаридаҳои гузаштагони моро набояд содаву омиёна ва ғайриилмӣ пиндошт. Дар ин офаридаҳо андешаҳои амиқи фалсафии як миллати таърихи 6–7–ҳазорсола дошта, бозтоб мегардад ва моро мебояд ҳангоми шарҳи он ба фалсафа ва дарунмояи ин шоҳкориҳо эътибор диҳем, бидонем ва биомӯзему фаромӯш насозем.
Суҳбаторо
Алихон ЗАРИФӢ