04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АҲОЛӢ ВА МАСОИЛИ ОБУ ЭКОЛОГИЯ

 

- Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» расман оғоз гардид. Гузашта аз ин, 20–22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони кишварҳои зиёд аз қитъаҳои гуногуни олам дар назар аст.

Дар ин конфронс ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти норасоии об, беҳдоштӣ, самаранокии экосистема, партовобҳо ва зарурати таъмини идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ, табиӣ ва дарёҳо, хатарҳои марбут ба об, инчунин, ба ҳамбастагии ҳадафҳои гуногуни рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир карда хоҳад шуд.

Кумита ва зерсохторҳои он барои дар сатҳи зарурӣ гузаштани конфронс ва дар маҷмӯъ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», тибқи нақша-чорабиниҳои пешакӣ таҳиянамуда корҳои зиёдро анҷом хоҳад дод. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо мутахассисони шуъбаву раёсатҳои ноҳиявию вилоятии ҳифзи муҳити зист аз тариқи телевизион, радио ва матбуот ҷиҳати тарғибу ташвиқу ташреҳи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баромад ва мусоҳибаҳо доир хоҳанд кард.

Бахшида ба мавзӯи мазкур дар кумита бо иштироки мутахассисону олимони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин конфронси умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки масъалаҳои дар он баррасишуда дар шакли маҷмӯа ба табъ расиданд.

- Дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии сокинон чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?

- Бо дарназардошти тадриҷан афзун гардидани шумораи аҳолӣ ва рушди истеҳсолот таъсири омилҳои антропогенӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист меафзояд. Дар ин маврид зарурати баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ пеш меояд.

Соли 1996 Ҳукумати мамлакат дар асоси талаботи Конфронси Рио-де-Жанейро (1992) «Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010» таҳия ва қабул намуд, ки дар он тамоми паҳлуҳои тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ инъикос ёфтаанд.

Баъди ба охир расидани муҳлати барномаи мазкур соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ба тасвиб расид. Зарурати баланд бардоштани маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор дар барномаҳои миллӣ ва як қатор асноди ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

Таҳлили иҷрои ин барнома нишон медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳ­силоти олии касбӣ омӯзиши фанҳои самти экологӣ ҷорӣ шудааст. Дар давоми татбиқи барнома дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, факултаҳо ва кафедраҳои нав оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист таъсис ёфтанд.

Афзалияти маърифати эко­логӣ бояд чунин маълумоте бошад, ки хонандагонро барои ҳалли масъалаҳои дар назди ҷомеа гузошташудаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва глобалӣ омода намояд. Чунин мавқеъ имкон медиҳад, ки дурии соҳаи маориф аз масъалаҳои экологии ҷаҳони муосир бартараф карда шавад. Айни замон дониш ва маҳорат бояд бо амал мустаҳкам карда шаванд, ки ин ба ташаккул­ёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ мусоидат мекунад. Танҳо таълим додани фанни «экология» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кофӣ нест. Барои дарки моҳияти маърифати экологии шаҳрвандони мамлакат на танҳо раванди таълим, балки экологикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон зарур аст, ки ин моҳияти маърифати экологии шаҳрвандонро ифода мекунад.

Кумита бо мақсади амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии аҳолӣ, дар доираи қонунҳои қабулгардидаи соҳавӣ ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 ҳамасола, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмунҳо дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба ҳифзи муҳити зистро аз рӯи номгӯи гуногун эълон менамояд. Чунин озмунҳо ҳам дар сатҳи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва ҳам дар сатҳи вилоятӣ ташкил ва гузаронда шуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ сафарбар мегарданд. Имсол низ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» байни кормандони васоити ахбори омма ва миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмунҳо эълон гаштаанд. Инчунин, маҳфилҳои ҷумҳуриявии «Экожурналис­тон», «Табиатдӯстони ҷавон», «Экологҳои ҷавон» ва озмуни «Муаллим - экологи беҳтарин» ташкил ва гузаронда мешаванд.

Бо мақсади иштироки бевоситаи хонандагону донишҷӯён дар беҳдошти муҳити зист аксияҳои «Тозагии соҳил, «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ», роҳпаймоии боғҳо гузаронда шуда, дастаҳои муҳофизони табиат таъсис дода шуданд.

-Дар самти ба ҳадафҳои худ расидан кумита бо кадом созмону ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст?

- Ҳамкории кумитаи мо бо ташкилотҳо, созмонҳои байналмилалӣ, Котиботи Кон­венсияҳои СММ дар таъмини риояи меъёрҳои экологӣ ва баланд бардоштани сифати муҳити зист, васеъ намудани доираи имконот ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳои муҳими экологӣ ба роҳ монда мешавад.

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СИТЕС «Дар бораи хариду фурӯши намудҳои ёбоии олами набототу ҳайвоноте, ки зери хатари нестшавӣ қарор доранд» ва соли 2017 ба Конвенсияи Базел «Оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» шомил гашт. Айни замон Тоҷикистон аъзои 10 Конвенсия ва 4 Протоколи байналмилалии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва экология мебошад, ки дар назорати иҷрои онҳо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти зерсохтори он саҳми назаррас доранд. Ҳамкориҳои кумита бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Барномаи рушди СММ, ташкилоти байналхалқии ФАО, Фонди глобалии экологӣ, Барномаи ҳамкориҳои Олмон (GIZ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбе­кистон ва Туркманистон дар доираи Шӯрои байнидавлатии экологӣ (МЭС), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ боз ҳам таҳким ёфтанд.

Созишномаи нави ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба имзо расид ва лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия гардид.

Ҳамкориҳо бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии Швейтсария, ташкилоти байналмилалии идоракунии пеститсидҳо (Дания) ва ташкилоти бай­налхалқии «Меллио контакт Интернешнл»-и Швейтсария оид ба таъмини мураттабӣ ва кам намудани хавфи партовгоҳҳои заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш ва шаҳри Конибодом ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ натиҷаҳои хуб нишон доданд.

Далер САФАР

 

:.  Мусоҳиба 21.06.2018 11:08 1834

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz