- Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ, густариши фаъолияти ташкилотчигию ҷамъиятии корӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳалли мушкилоти демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ дар тӯли солҳои истиқлолият маҷмӯи тадбирҳои имконпазирро андешида, амалӣ мегардонанд, ки онҳо дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд.
Дар кишвари мо барои ҳимояи тандурустии модару кӯдак, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон, баланд бардоштани фаъолияти сиёсиву малакаи касбӣ, таъмини ҷойи корӣ бидуни ҷудоӣ аз оила ҳама гуна шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ва яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин сиёсат чун дар дигар бахшҳои хоҷагии халқи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
«Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад»,- таъкид менамоянд Пешвои миллат.
- Аслан, сиришти зан-модар аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарми ҷонбахш офарида шудааст. Андешаи Шумо дар ин бора.
- Рисолати аслии зан-модар дар тарбиятгарии ӯст, яъне инсони бофаҳму идрок ба ҷомеа инъом намудан. Маҳз зан-модар тарғибгари арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва фарҳанги волои хонаводагӣ мебошад. Бузургии зан низ, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, муҳофизи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Зан дар оилаи тоҷик аз қадимулайём нақши бориз дошт. Фурӯтаниву маърифатнокиаш ба зиндагии мард ва аҳли хонавода таровату покизагӣ мебахшад. Пешоҳангию соҳибмаърифатии вай имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои хонавода тарбияти хуб гиранд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам, ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар, дар ҷомеаи мо оила бунёд мекунанд.
- Нақши оила дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
- Назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки оила ва суннатҳои хонаводагӣ дар низоми арзишҳои сокинони кишвар мақоми аввалиндараҷа доранд. Дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, оила ҳамчун омили ҳифзкунандаи ахлоқу маънавиёт, расму оин, урфу анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон нақши муҳим мебозад. Дар тафаккури мардум оила чун воҳиди муҳимтарини ҷомеа, таъминкунандаи суботу амният таҷассум ёфтааст.
Имрӯз сокинони кишвар дар самти омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Онҳо хуб дарк намуданд, ки яке аз омилҳои асосии хушбахтӣ ва устувории оилаҳои ҷавон ин омода будани ҷавонписарону ҷавондухтарон ба оиладорӣ мебошад. Дар ин раванд, нақши муҳимро тарбияи хонаводагӣ мебозад. Маҳз волидон бо рафтору одоби худ дар хонавода намунаи ибрати ҷавонон дар эҷоди як хонаводаи қавӣ ва мустаҳкам мебошанд. Натиҷаи таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки аҳолии сарфи назар аз син, қавмият ва мансубияти иҷтимоӣ ризоияти волидонро ҳангоми издивоҷ муҳим ва зарурӣ мешуморанд ва тартиби бақайдгирии ақди никоҳро дар мақомоти САҲШ асоси қонунии оилаи оянда ва таҳкимдиҳандаи ҳуқуқ ва вазифаҳои навхонадорон медонанд.
Бо пешниҳоди Сарвари кишвар аз 1 июли соли 2016, баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон издивоҷ байни хешу табор мамнӯъ дониста шуда, муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки оила бунёд мекунанд, ҳатмӣ гардид ва ин пешниҳодро ҷомеаи кишвар гарм истиқбол намуд.
- Устувории оиларо Шумо дар чӣ мебинед?
- Устувории оила аз ҳусни тафоҳуми тарафайн, муҳаббати байни зану шавҳар, самимият ва эҳтирому эътимод вобаста аст. Суботи хонаводагӣ кафолати суботи саросарист.
- Имсол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон гардид. Дар ин самт чӣ тадбирҳо дар меҳвари амалишавианд?
- Ташаббусу дастгириҳо ва иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан сатҳи зиндагии занону духтарон, ҳунармандони мардумӣ таъсири мусбат расонад, аз дигар сӯ, дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси зебоипарастию ҳувияти баланди ватандорӣ мусоидат менамояд.
Пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбанд. Ҷомеаи мо дар партави ин иқдоми созанда дар самти шинохти фарҳанги миллӣ нахустин гомҳоро бармедорад. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқияту миллатҳои дунё муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии мардуми худро дар бахши анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем. Аз ин рӯ, баҳри эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.
Ҷудо гардидани маблағҳои гранти президентӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти соҳибкории бонувон, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят намудани ҷавонон шаҳодати гуфтаҳои болоянд.
Дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо мактаби ҳунармандон, сехҳо, коргоҳҳои марбута дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил ва таҳти раҳнамоии пешаварони боистеъдод ба фаъолият оғоз намудаанд.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, кумитаи рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чорабинии фарҳангии намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Гузаргоҳи ҳунармандон» ҷараён дорад.
Тасвир ё худ инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин, такмили маҳорат мусоидат менамояд. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод бувад.
- Барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани дараҷаи зиндагии мардум чӣ тадбирҳо бояд?
- Пеш аз ҳама, муҳим ва зарурист, то ёрии амалӣ дар рушди соҳибкории оилавӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ аз ҳисоби дӯкону коргоҳҳои косибӣ ва ҳунармандӣ пеш гирифта шавад. Мусоидат ва дастгирии косибон ва пешаварони ҷавон баҳри оғози кори ҳунармандию тиҷорат аз тадбирҳои муассир аст.
Дар ин росто зарур аст, ки ҳамкории байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷоннок гардад. Ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ ва муассисаҳои бонкиро зарур аст, ки баҳри таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва афзоиши даромаднокии оилаҳо дар ҳамбастагӣ корро тақвият бахшанд.
- Дар фарҷоми суҳбат мегуфтед, ки дар самти кор бо занон кадом ҳолатҳо боиси таассуф асту нигаронӣ?
- Мутаассифона, имрӯз бо чунин занону модароне дучор шудан мумкин аст, ки худро дар омӯзиши донишҳои дунявӣ аз ҷомеаи умумибашарӣ канор гирифта, суннатҳои миллиро ба кунҷи фаромӯшӣ андохтаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар тарзи либоспӯшӣ ба бегонапарастӣ гаравида, ба тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, ки бо чунин вазъи ногувор набояд муросо кард.
Амалӣ намудани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар аснод ҷиҳати ба камол расондани ворисони сазовори миллат, риояи суннатҳои аҷдодӣ, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани ҳама гуна тақлидкориҳои кӯр - кӯрона нақши муассир мебозанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, модарон вазифадоранд, ки дар риояи талаботи қонунҳои мазкур намунаи иборат бошанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо корҳои маърифатию тарғиботиро миёни аҳолӣ таҳким бахшанд, ба раисони маҳаллаҳо, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросимҳо ёрии амалӣ расонанд. Модаронро зарур аст, ки писарону духтарони худро дар истифодаи интернету телефонҳои мобилӣ таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд ва дилбастагиву шавқу завқи онҳоро ҳар чи бештар ба китобу китобхонӣ барангезанд. Зеро, мутолиаи навиштаҳои чопи электронӣ ва тамошои наворҳои интернет, ки аксаран бо фаҳшу фуҷур олудаанд, ахлоқи ҷавононро коста гардонда, оқибат боиси тира гаштани тафаккури онҳо ва пайвастан ба ҳама гуна ҳаракатҳои тундрав мешаванд.
«Бонувони Тоҷикистон»