Аз ин суҳбат соле гузашт. Дар соли дувуми таҳсил фотиҳааш карданду дар соли се шодишарики ҷашни арӯсиаш будем. Пас аз чанде ба дарс омад. Ҳамеша механдиду шӯхӣ мекард. Касе намедонист, ки ин табассумҳо дар лабонаш чандсоата «иҷора» будаанд. Каме баъдтар фаҳмидам, ки дар вуҷудаш ба қавле ғам меҷӯшид…
Аз шавҳар ҷудо шуд. Овардани сабаб ин ҷо зарурат надорад. Ин зарбаи тақдирро бо ханда пазируфт ва таҳаммул кард.
Шабе навишт: «Ҳафизуллоҳ, падарам гузашт». Ростӣ, чӣ гуфтану чӣ кор карданамро надонистам, ҳатто ҷавоби мувофиқе барояш наёфтам.
Имрӯз тасодуфан дидам ва аз чашмони маҳзунаш хондам. Барои суҳбат ба яке аз толорҳои Китобхонаи миллӣ даъваташ кардам. Розӣ шуд.
Катибаи аввал
Пушаймонӣ
Ҳар коре, ки ба андеша анҷом мешавад, пушаймонӣ намеорад!
-Маҳина, ёд дорӣ аввалин суҳбати вайбериамонро?
-Агар гӯям, ки ёд дорам, ҳатман мепурсӣ, ки «чӣ навишта будам?». Аммо аз он суҳбат чизе дар хотирам нест.
-Гуфта будамат, модоме ҳама чиро дорӣ, мушкиле нест, пас чаро худатро дар азоб мемонӣ?
- Ана дидӣ, ки зиндагӣ чӣ гуна одамонро дар як мижа задан аз ҳама чизу дороӣ маҳрум тавонад кард? Хуб шуд, ки касбе омӯхтам. Ман аслан ба умеди касеву хасе наметавонам бошам. Намехоҳам умрам зери сояи касе гузарад.
-Чӣ қувваест, ки туро нигоҳ медорад?
- Аллакай ман ба шикасту зарбаҳои пай дар пайи тақдир хӯ кардаам. Ба пиндори ман, манзури ту сабр аст, ки давои ҷумла дардҳост.
Катибаи дувум
Пайраҳаи зиндагӣ
Зиндагӣ намоишест, ки тамрине барои он вуҷуд надорад. Овоз бихон, ашк бирез, биханд ва бо саропои вуҷудат зиндагӣ кун. Қабл аз ин ки пардаҳо фуруд оянд ва намоиши ту бидуни ташвиқе ба поён бирасад.
Чарли Чаплин
-Барои як бонуи 20 - сола душвор нест дар баробари таҳсил боз оиладорӣ ва ту чӣ тавсия медиҳӣ ба духтарон?
-Ҳам душвор аст ва ҳам осон, яъне яктарафа нест ва ҷавоби дақиқ ҳам надорад. Агар гӯям осон аст, дурӯғ мешавад, зеро душвориҳо ҳам ҳастанд ва агар гӯям душвор аст, боз дурӯғ мешавад, зеро паҳлуҳои мусбати зиёд дорад.
- Лекин ман ҷавоб нагирифтам…
-Хубтараш духтарон то хатми донишгоҳ оиладор нашаванд, зеро хоҳу нохоҳ таъсири манфӣ мерасонад ба хондану машғулиятшон. Агар аҳамият дода бошӣ, ҳастанд падару модарҳое, ки фарзандонашонро то хатми макотиби олӣ дар ҷое кор кардан намегузоранд ва ҳама вазниниро ба уҳда гирифта мехоҳанд, ки ҳама ҳушу ёди фарзандашон ба хондан банд бошад ва ин мисолро ҳам метавон дар ин маврид истифода бурд, яъне вақти донишҷӯӣ зудгузар аст, беҳтару хубтар бувад, то ҷойи тавон хондан.
-Муҳити оиладорӣ кадом имконияти туро гирифт ва кадом имконияти навро ба ту дод?
-Бисёр имконияти ман баробари арӯс шуданам ба таври бадеҳӣ аз ман рафтанд. Масалан, ман дигар иҷозати дар 2–3 ҳафта ба хонаамон рафтанро надоштам, ҳатто бо телефон зиёд гап задан мумкин набуд. Китобхониам коҳиш хӯрд. Ба касбам ба таври амалӣ машғул шуда наметавонистам ва боз як қатор маҳдудияти дигар.
-Сабаби асосии шикастани оилаатро дар чӣ мебинӣ?
-Дар шикасти ҳусни тафоҳум. Дар фазои рӯҳафтодагӣ. Дар ҳалқаи нобаробарӣ. Дарвоқеъ, ман барои вайрон нашудани оила то бас гуфтан мубориза бурдам, аммо нашуд ва ман оиладоршавиамро хатое беш намедонам, ки моли нохудхостаи зиндагист.
-Боре фикру нияти бад омад ба сарат?
-Барои фикру нияти бад кардан, аввалан сабабе ё баҳонае лозим. Хушбахтона, ман он гуна баҳона надорам. Фикр мекунам, ки ин дунё кирои бадӣ надорад ва намехоҳам кудурате ҳаққи вуҷуд дошта бошад, зеро бигзор дар ин ду рӯзе, ки ҳастем, барои амалишавии орзуҳоямон талош кунем, чизеву касеро дӯст дорем ва умеди зиндагиро дови бақо бидиҳем.
Катибаи сеюм
Орзу, умед, ишқ
Умре худро нашинохтам. Ин шабеҳи он буд, ки орзуи ман аз паҳлуям гузашту нашинохтам, ки орзуи ман буд. Ман ва орзуҳои ман ношинос боқӣ монданд.
Хуршед Атовулло
-Ишқ дар суратҳои гуногун ба дили инсон меҳмон мешавад, ба дили Маҳина ба кадом сурат омадааст?
-Ҳоло ҳама дар бораи ишқ гап мезананд ва ин хуб аст, вале бисёриҳо ишқи ҳақиқиро надида, ба суроғи ишқ ё ишқҳои хасакӣ мебароянд. Ишқ ба сурати падарам, модарам ва бародаронам аз хурдӣ ба меҳмонии дили ман омада буд. Пасон ишқро боз дар касе дидам, ки ҳамеша хилъати сафедро тақозо мекунад ва бисёр мехостам духтур шавам, лекин аввал тақдиру дуюм интихоби ниҳоиям журналистика шуд.
-Яъне тасодуфан ба ин пеша омадӣ?
-Бале.
-Ҳоло ба кадом натиҷа расидӣ?
- Журналистикаро ба қадри имкон фаҳмидам. Дарк кардам, ки ин касбест, ки бояд барои дигарон зиндагӣ карда, ғами худ не, ғами дигаронро бихӯрӣ.
-Табиист, ки пас аз амалӣ шудани орзуҳо боз орзуҳои нав тавлид мешаванд ва ҳамеша дар дили инсон як орзуи бузург маъво дорад. Орзуи бузурги Маҳина чист?
-Мехоҳам пас аз хатми бакалавр магистратураву доктор phd-ро ҳам хонам ва то дараҷаи профессорию академикӣ бирасам.
-Чаро маҳз ҳамин орзу?
-Зеро ин орзуи падарам буд. Падарам бояд ҳамин моҳи феврал рисолаи номзадиашонро ҳимоя мекарданд, аммо афсӯс, ки насиб набудааст.
Катибаи чаҳорум
Давоми роҳ
Давоми роҳро бояд тавре сохт, ки ба ҷуз ҳамворӣ дигар чизе надошта бошад.
-Охирин китоби хондаат кадом буд?
- Асарҳои Шекспир. Тавсия медиҳам, ту ҳам бихон.
-Охирон чизи навиштаат чӣ?
-Лавҳае буд, ки чанд рӯз пеш ба ту нишон дода будам, яъне дар бораи падарам.
-Охирон гиряи кардаат кай буд?
-Пеш аз ин ҷо омаданам.
-Охирон хандаат чӣ?
-Худи ҳозир (механдад).
-Қаҳваатро нӯш, мехезем…
Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ,
донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ