Падарам интихоби пешаи омӯзгориро ба духтарон мувофиқтар меҳисобиданд, аз он хотир, ки бонувон ба тарбияи фарзандон ва корҳои хонаводагӣ нисбат ба мардон ба вақти бештаре эҳтиёҷ доранд.
Соли 1973 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурдам. Дар донишгоҳ ширкат дар маҳфилҳои илмии донишҷӯён писандам омад, ба корҳои пажӯҳишӣ рағбатам афзуд. Ба ҳадде ки бо хатми он барои идомаи таҳсил дар аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС роҳхат гирифтам, вале бо сабаби мушкилоти оилавӣ натавонистам ба Маскав равам. Муддате дар омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ба ҳайси муаллимаи фанни педагогика ва психология фаъолият кардам.
Бо бунёди оила ҳамроҳи шавҳарам, ки он солҳо аспирант буд, ба Душанбе омадем. Дар хобгоҳ бо хоҳиши ҳамсояамон, хабарнигори «Вечерний Душанбе» Анатолий Любименко чанд матлабашро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардаму бо ташвиқи ӯ ба ҷустуҷӯи кор ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» рафтам.
Гоҳе эҳсос мекунам, ки ин шуғл дар хуни ман аст, вагарна як рӯзноманигори саргаштаи имтиҳони сахти зиндагии замони пурғавғои бозсозии горбачёвӣ, воқеаҳои февралии солҳои 90-ум ва даврони мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ наметавонист дар миёни обу оташ то лаҳзаи ахир ба касби хеш содиқ бимонад.
Воқеан, падарам ҳам то соли 1937 рӯзноманигор будаанд. Шаҳодатномаи рӯзноманигориашонро баъди вафоташон аз миёни ҳуҷҷатҳояшон пайдо кардам, ки он соли 1931, таҳти рақами 318 ба хабарнигори махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» Ато Расулов бо имзо ва муҳри муҳаррири масъули ин рӯзнома Дайламӣ ва мудири шуъбаи умумӣ Алихуш дода шудааст. Падарамро дар Панҷакент ва мо - фарзандон танҳо чун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мешинохтем.
- Аввалин матлабатонро дар кадом рӯзнома ба табъ расондед?
- Матлабҳоям бори аввал дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шуданд. Он замон теъдоди нашрияҳо ангуштшумор буданд, чопи матлабу кор дар матбуот на ба ҳама муяссар мегашт. Аз ин хотир, бовар надоштам, ки дар идораи рӯзнома ҷои кор меёбам. Бо вуҷуди ин чанд матлаб навишта, ба кормандони вақти рӯзнома пешниҳод намудам. Мегуфтанд, ки матлабҳоям омодаи чопанд ва паиҳам супоришҳои нав медоданд. Аммо давоми як моҳ наздики даҳ матлаб пешниҳод кардаму ҳеҷ яке аз онҳо чоп нашуд. Супориши навбатиро иҷро намуда, қарор додам, ки бори охир ба идораи рӯзнома меравам ва дигар ҳеҷ гоҳ қадаме он ҷо нахоҳам гузошт. Дар даромадгоҳ гуфтанд, ки сармуҳаррир маро суроғ дорад. Ба қабули сармуҳаррир даромадам ва ғайричашмдошт он рӯз ба таври расмӣ ба ҳайси рӯзноманигор ба фаъолият пардохтам. Матолиби навиштаам ҳама чоп шуданд.
- Озодии сухан ва озодии матбуот. Яке аз дигаре чӣ фарқ дорад?
- Озодии сухан ва озодии матбуот ду мафҳумеанд, ки дар маҷмӯъ ба ҳам тавъаманд. Дар ҷумҳурии мо матбуот озод аст ва озодии сухан вуҷуд дорад. Сухан гуфтан ва ё навиштан перомуни ҳеҷ як масъалаву мавзӯе мавриди назорати мақомоте қарор надорад. Вале озодии сухан маънии инро надорад, ки ҳар фикре ба сар ва ҳар сухане ба забонамон ояд, бидуни андеша пешкаши умум гардонем. Тавре ҳанӯз Афлотун гуфта буд, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош. Суханеро, ки қонунҳои ҷорӣ ва этикаи журналистӣ иҷоза намедиҳад, касе ҳаққи густариш надорад.
- Сензура чист? Оё он дар матбуоти мо эҳсос мешавад?
- Сензура ин як сохтори назорати давлатӣ оид ба муҳтаво ва густариши иттилоот аст, ки паҳн шудани онҳоро давлат маҳдуд месозад ва ё умуман роҳ намедиҳад. Дар Тоҷикистон ин система бо номи Главлит (Сарраёсат оид ба корҳои табъу нашр ва адабиёт) солҳои 1922–1991, яъне то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Чопи адабиёту матбуот, матолиби радиову телевизион ва асарҳои рассомон низ зери назорат ва иҷозаи ин мақомот қарор доштанд.
Солҳои шӯравӣ мазмуну муҳтавои ҳар шумора баъди саҳифабандӣ ва иҷозаи сармуҳаррир ба чоп дар нашриёт зери таҳрири ҷиддии Главлит қарор мегирифт. Ҳини навбатдории саҳифаҳо шоҳид будам, ки бо супориши ин мақом матлабҳо на танҳо таҳрир мешуданд, баъзан аз саҳифа меафтиданд. Соли 1991 бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвари мо сензура барҳам хӯрд.
- Замоне дар вазифаҳои роҳбарӣ, ба ҳайси муовини яке аз нашрияҳои бонуфузи кишвар - «Ҷумҳурият» низ кор кардед, барои Шумо ҳамчун як бонуи эҷодкор кадом давраи фаъолият пурмаҳсул ва ба дил қарин маънидод мешавад?
- Шахсан барои ман аз ҳар кору вазифа ҳамон рисолати қаламкашӣ афзалтар аст. Вақте дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба симати муовини сармуҳаррир кор мекардам, эҳсос намудам, ки аз кори эҷодӣ то як андоза дур шудам. Эҷодиёт озодӣ ва оромиро тақозо мекунад ва вақт ҳам нақши муҳимро барои навиштани матлаби хубу хонданбоб мебозад. Давраи рӯзноманигориам, фикр мекунам, ки фаъолиятам нисбатан пурмаҳсултар буду ман аз он лаззат мебардоштам. Замони сари кор будан, роҳбар буданамро фаромӯш мекардам ва ҳамон рисолати журналистиамро анҷом медодам. Вале бо сабаби камии вақт наметавонистам маводи ба худам маъқул омода созам, яъне аз худ қаноатманд набудам. Роҳбар будан водор месозад, ки мавзӯъҳои гуногунро васеътар омӯзию нисбат ба рисолати худ сермасъулияту ҷиддӣ бошӣ. Ҷавобгарӣ ҳам зиёдтар аст. Ҳангоми роҳбар будан гуфта наметавонӣ, ки ин эҷоди ман аст, ин ҷо манфиати рӯзнома ба инобат гирифта мешавад. Агар рӯзноманигор барои як мақола ҷавобгӯ бошад, роҳбар барои тамоми матлаби рӯзнома ҷавоб мегӯяд.
- Дар рӯзи матбуот одатан аз бонуи ҷасур Бӯринисо Бердиева ёдовар мешаванд, ҷое мақолаи хубатонро дар хусуси ин шахсият хонда будам, лутфан чӣ хотираҳои бештаре аз ин бону доред?
- Бӯринисо Бердиева рӯзноманигори шуҷое буд, ки дар замони хеш ҳамтое надошт ва ба рисолати касбии худ то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ содиқ монд.
Бори охир ба ман мулоқоти устод Бӯринисо Бердиева ду моҳ пеш аз вафоташ, муяссар гашт. Он замон дар рӯзномаи «Садои мардум» кор мекардам. Бо ҳамкорам Маъсумаи Абдушакур дар ҳуҷраи корӣ машғули тановули ғизои чошт будем. Азбаски сатҳи зиндагӣ бисёр пойин буд, рӯйи хони моро ду-се пораи ноне, ки рӯзи истироҳат дар тафдони барқӣ пухта будам, оро медод ва мо ба лаби ноневу пиёлаи обе шукргузор будем. Дар ҳамин лаҳза Бӯринисо Бердиева вориди ҳуҷра шуда, аз мо ҳамкорамон Абдурофеъ Рабеъзодаи нависандаро пурсид. Бо қомати болову мавзун ва чолокӣ нисбат ба синну сол ба назар ҷавонтар менамуд. Чеҳраи гарму дилкаш ва нигоҳи ҷаззобу пурнур гувоҳе аз ботини софу беолоишаш буд. Устодро ба сари миз даъват намудам, аммо аз дастархони холӣ дар хиҷолат будам, зеро бори нахуст буд, ки бо ман сари хоне менишаст ва он ҳам холӣ. Он рӯз ба азизтарин меҳмоне, ки дар орзуи вохӯриаш будам, натавонистам, ки лоақал шириние пешкаш намоям. Ӯ аз андешаам пай бурда, пиёлаи чойро ба даст гирифту бо табассуми маҳине пораи нонро газида, нақл кард, ки ҳар рӯз ба миқдори як нон хамир шӯрида, онро дар дегча рӯи бухории газӣ мепазад ва муддати ду рӯз барояш кофист. Яъне, дар ин солҳо ӯ ҳам бо лаби ноне қаноат мекардааст.
- Ба ҷавонони навқалам ба ҳайси як журналисти корозмуда ва соҳибтаҷриба чӣ маслиҳати корӣ медиҳед?
- Барои журналисти касбӣ шудан бояд ҳушёру зирак буд ва ҳамеша аз пайи омӯзишу дониш андӯхтан шуд. Аз таҷрибаи журналистони маъруфу машҳури дунё бояд омӯхт. Ҳақиқатпарастию ҳақҷӯӣ хислати хосси журналист аст. Воқеъбинона инъикос намудани ҳаводис рисолати касбии ӯст. Дар Рӯзи матбуот ба ҳамқаламон доштани ин хислату эҳтироми ин рисолатро таманно дорам!
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО