- Андешаатонро дар хусуси ному номгузорӣ ва исми модаратон донистан мехостам?
- Воқеан, ном рамзу розҳои худро дорад. Ба масал, ном хислату хӯ, маърифату ҷаҳонбинӣ, ахлоқу одоб ва ҳатто ҷаҳони ботини касро, ки дидану шинохтанаш осон нест, бозгӯ мекунад. Дар рустоҳои дурдасти кӯҳистон, ба фарзанд ду ном мемонданд; як ном барои ҳама ва номи дигар танҳо барои наздикон ва ин номро то даврони балоғати ӯ бо садои баланд ба забон намеоварданд. Ин расм бар пояи ин бовар устувор буд, ки агар ба навзод номи яке аз гузаштагонашро мемонданд, шояд рӯҳи ӯ аз ин кор норозӣ мешуд ва ба навзод хашм мегирифт ва ӯро нобуд мекард. Ё баръакс, хушнуд мегашту ӯро аз балоҳо ҳифз мекард. Чун тасмими ӯро наметавонистанд бидонанд, ба навзод номи дигр низ медоданд ва то даврони балоғат бо ин ном ёд мекарданд. Модарам Султоной ном дошт. Ман ӯро бо ҳамин ном шинохтам, бо ҳамин ном дӯст доштам ва бо ҳамин ном то имрӯз барояш мегирям…
- Чӣ хотироти носутурданӣ аз рӯзгоре, ки модар дар бар доштед, ҳамеша бо Шумост?
-Орифи бузург Иноятхон рисолае дорад «Тарбият» ном. Он ҷо аз лаҳзаҳои нахусти ба дунё омадани навзод то ба даврони навҷавонияш роҳу равиши тарбияти ӯ нишон дода шудааст. Иноятхон мегӯяд, фарзанд аз хуну гӯшти модар ба вуҷуд меояд, барои ҳамин, наздиктар аз модар барои навзод ва тарбияташ каси дигаре буда наметавонад; дар ҷои аввал модар, сипас падар ва баъд омӯзгор аст. Ривояте ҳаст, ки писаре модарро бар пушт гирифтаву ҳафт бор ба Макка бурдаву овард ва боре аз модар пурсид, ки аз ӯ розӣ аст ё не? Модар посух дод, ки ҳоло ҳақи якшаба сари гаҳвора хестанамро адо накардаӣ…
Дарёдмондаҳои зиёде аз рӯзгорони кӯдакию ҷавонию инзамонӣ ба модарам пайванд мегиранд, ки ҳамеша бо мананд ва дилам ба ёди он лаҳзаҳою саҳнаҳо ширин гум мезанад. Давроне, ки мактаби миёнаро тамом кардам ва хостам хонданро давом бидиҳам, падарам гуфт, даҳ сол хондӣ бас аст, рав чӯпонӣ кун. Дар хонадони мо сухани падар ба ҳукми қонун буд. Он замон тобистонҳо мо дар чарогоҳ ба сар мебурдем. Нимашаб дасте даруни ҷогаҳам шуд, дидам модарам буд ва як панҷрублиро зери кӯрпа карду гуфт: «Саҳар барвақттар хезу гурез, хонаи холет рав…». Ман дигар мижа таҳ накардам ва пеш аз он ки падарам ба намози бомдод бихезад, сӯи деҳа равона шудам. Агар он шаб модарам он панҷ рублро пинҳон ба ман намедоду ба гурехтан шерак намекард, шояд пайроҳаи тақдир сӯи дигарам мебурд. Бо он пул ман аз деҳа ба шаҳри Панҷакенту аз он ҷо ба Самарқанд омадам ва аз Самарқанд падари як ҳамсинфам маро ба Душанбе овард. Ин саҳнаҳоро муфассал дар китоби «Одамони наҷиб» овардаам. Аммо инак пушаймонам, ки боре аз модар напурсидам чаро он рӯз вай бар хилофи ҳарфи падар рафтор кард, вале дармеёбам хоста буд монанди ӯ дар нимароҳ намонам. Зеро замони мактабхонии модарам ба солҳои аз хати форсӣ ба лотинӣ гузаштани ҷумҳурии мо будааст ва пайдост, ки бад-ин сабаб ӯ чаласавод мондааст. Ёдам ҳаст, ки номашро ба хати лотинӣ менавишту ба мо нишон медод ва чун хати сириликро хонда наметавонист, маҳзуну ғамзада мешуд. Ширинтарин лаҳзаҳои зиндагиам дар канори модар ба вопасин солҳои зиндагии ӯ пайванд мегиранд. Дар ин даврон ӯ тобистонҳо дар ҳавлии падар танҳо ба сар мебурд ва ман ҳар сол бо беқарорӣ расидани мавсими рухсатиро интизор мешудам ва ба деҳа меомадам. Осмони шабонаи тобистон шукӯҳе дошту шодие ба дил меандохт, ки тасвираш ғайриимкон аст, танҳо ин, ки ҳузури модар ин шукӯҳу шодиро ширинтар мекард. Пагоҳон ҳангоми тулӯи офтоб бедор мешудам (ин лаҳза бисёр зебост дар деҳа) ва медидам модарам дар ҳота ё рӯи ҳавлӣ саргарми корест, ҳамон шодии шабона хонаи диламро пур мекард ва ногаҳ ман худро сахт хушбахт меёфтам.
-Аз кадбонугию меҳмондории модар чӣ бароятон писанд буд?
-Ғизое, ки модар мепазад, лазизтарин ғизост. Мазаи хӯрок танҳо баста ба ҳунари пазанда нест, бештар ба чи касе будану дар чи ҳолате будану бо чи ният ғизо пухтани ӯ пайванд мегирад. Подшоҳон ошпазҳои хос доштанд, хӯроки ҳар касро намехӯрданд. Ин кор ҳикмати худро дорад. Георгий Гурҷиев, як тан аз бузургмардони анҷоми садаи нуздаҳ ва оғози садаи бист, мегӯяд, агар ошпаз ҳангоми ҳаррӯз ба шумо ош пухтан «бимир, бимир!» гӯяд, шумо саранҷом мемиред, чораи дигар надоред. Ин ҳарфи беҳуда нест. Мо имрӯз парво намекунем: кӣ ба мо ғизо мепазад, аз чӣ гуна мавод мепазад, ҳангоми пухтупаз чӣ андеша дар сараш мечархад, чӣ касесту аз куҷо омадааст, барои ҳамин гирифтори бемориҳои бешуморем. Модарони мо пеш аз равғанро ба дег андохтан «бисмиллоҳ» мегӯянд. Ғизои модар муфидтарин ва ширинтарин ғизост, зеро бо меҳру муҳаббат пухта мешавад.
Модарам сахт меҳмондӯст буд ва ҳар чи дар бисот дошт, рӯи дастархон мегузошт. Барои меҳмон қанду қурсу мағзу мавизи баҷоӣ низ дошт. Косаи ҳамсоягиаш канда набуд, ба касе ғизо додан барояш чун оине муқаддас буд. Ман борҳо мушоҳида кардаам, ки ба хотири меҳмон намозашро қазо мекард ва ҳамеша пас аз ҳама ғизо мехӯрд, ҳатто дар назди фарзандонаш ин одатро намешикаст. Ва косааш ҳамеша нима буд. Дар рӯзгораш сарфаю саришта ҷойгоҳи вижа дошт. Мо имрӯз аз танзим дар рӯзгор бисёр мегӯем, қонун қабул кардем, вале нек бингарем, сарфаю саришта дар рӯзгори мардуми русто аз қадим побарҷо буд ва имрӯз низ чунин аст. Модарам ҳатто пӯсти картошкаю харбузаю тарбузро ҳеҷ гоҳ намепартофт, агар дар хона чорво набуд, ба ҳамсоя медод, ки гову гӯспандаш бихӯрад. Нон назди ӯ чизе муқаддас буд, агар пораи нонеро мабод зери по медид, бардошта борҳо ба чашм мемолид. Ин рафтори ӯ аз кӯдакӣ сари ман таъсири сахт дошт, то акнун муносибатам ба нон чунин аст.
-Ҳикояе доред ба номи «Гунҷишкҳои гурусна». Ин ҳикоя иртиботе ба модаратон дорад?
-Горкий мефармояд, ки барои тасвири як мӯзадӯз бо сад мӯзадӯз бояд вохӯрд. Каҳрамони асари бадеӣ наметавонад ҳама ба нафаре дар зиндагӣ монанд бошад. Аммо ягон пораи хислату хӯю рафтору гуфтори қаҳрамони қиссаву достон ба касе пайванд гирифтанаш мумкин аст. Дар ун ҳикоя як хислати хуби модарам, ки ба ман низ гузаштааст, тасвир мешавад. Ӯ гурбаҳо ва парандаҳоро сахт дӯст медошт. Даври хонаю остонааш ҳамеша ду-се гурба мегашт, хоҳарам мегуфт, ки яке аз он гурбаҳо пас аз маргаш моҳҳо назди остонаи хонааш меомад ва дурудароз нигаҳ ба дар бастаю менишаст то боре мурдаашро дар коҳдон пайдо кард. Барои парандаҳо нони тар медод…
-Мегӯянд писарҳо духтаронеро ҳамсар интихоб мекунанд, ки ба хислату хӯ монандие ба модаронашон дошта бошанд. Ин амр ҳақиқат дорад?
-Ба андешаи ман, ин ҷо чизҳои равоние ҳастанд ва низ чизҳое, ки аз фитрати кас бармехезанд. Бубинед, ки писарҳо ба модар наздику меҳрубонтар аз духтарҳо ба назар мерасанд ва, агар хато нашавад, Зигмунд Фрейд мегӯяд, ки ин падида рабт ба ҷинс дорад, ҳамон зарраҳои мусбату манфии барқ, ки ба сӯи якдигар кашида мешаванд. Ва, агар аз ин зовия ба масъала нигарем, мантиқист, ки писарҳо бештар майл ба духтароне мекунанд, ки шояд сифате ё хислату хӯе монанд ба модарашонро дошта бошанд.
-Беҳтар аст дар хокистартӯдаи модар монд, то дар зартӯдаи падар, мегӯяд халқ. Ин фармударо каме шарҳ бидиҳед.
-Дар оғози суҳбат аз Иноятхони ориф ёд кардаву гуфта будем, ки фарзанд аз хуну гӯшти модар ба вуҷуд меояд, аз ин рӯ, ба модар пайванди бештар дорад ва меҳри ӯ дар дилаш гармтар аз меҳри ҳар чизи дигар дар зиндагист. Балзак мегӯяд, дар зиндагӣ муҳаббате гармтар ва самимитар аз муҳаббати модар наметавонед биёбед. Ва шумо ҳарфҳои пинҳонатонро, дарди дилу сӯзи ҷонатонро, ки наметавонед пеши касе бубаред, танҳо ба модар бовар мекунед. Аз таҷрибаи худ мегӯям, ҳангоме ки падарам ин ҷаҳонро гузошт, ҳатман ғамзадаву андуҳгин шудам, бар маргаш гиристам, вале навмеду дилшикаста набудам, худро бекасу танҳо намедидам, зеро модарам дар канорам буд ва пиндор ҳама дунё бо ман буд, вале рӯзе, ки модарам бо ин ҷаҳон падруд кард, дарде дар хонаи дилам нишаст, ки ба ҳеҷ як аз дардҳои ҷонгудози дар зиндагӣ пушти сар кардаам намемонд ва ин дард ҳамеша бо ман аст. Беш аз шаш сол аз марги модарам гузашт, вале ман то имрӯз бар он марг мегирям. Ҳамин аст ба назарам маънии ин андарз.
-Ба фармудаи «Модар чӣ гуна, духтар намуна» ё «Модарро бину духтарро гир», чӣ назар доред? Аслан хислату хӯ, ҳунару истеъдод ва маърифати модар ба ҳама фарзандон яксон таъсир мекунад ё не? Аз байни хоҳаронатон кӣ бештар модарро ба ёдатон меорад?
-Ин ҷо масъалаи тарбият аст. Модар, агар бафарҳангу баимону баодоб бошад, духтар низ чунин мешавад, модари бафарҳанг наметавонад духтари бадахлоқ тарбият кунад. Ин фармуда аз ҳамин мегӯяд, яъне, агар мехоҳӣ зани бофарҳангу хушахлоқ дошта бошӣ, бубин, ки модараш ин сифатҳоро дорад ё на? Аммо таъсири модар ба ҳама фарзандон, албатта, яксон нест. Ҳар одам сифатҳои фитрие дорад, ки онро таълиму тарбия наметавонад дигар кунад. Аз хоҳаронам Рафоат ба модарам мемонад, ҳамон гуна ғамхору меҳрубон, меҳмондӯст, заҳматкаш ва кушодадасту кушодарӯ.
- Агар мешуд, ки вақтро пас гардонд, барои модар чӣ мекардед?
-Ҳангоме ки тобистонҳо деҳа, назди модар мерафтам, як дӯстам, ки модараш фавтида буд, мегуфт: «Вақте ки модаратро дидӣ, пояшро бибӯс, каме аз хоки пояш бигиру ба чашмонат мол.» Он дӯст имрӯз низ ҳамроҳам кор мекунад. Он вақт ин ҳарфи ӯ чандон ҷалбам намекард. Агар вақт бозпас мегашт, ҳамин корро мекардам.
- Барои суҳбат ҷаҳони сипос аз Шумо.
Суҳбаторо
Лутфия Қурбонова