- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муборак бод.
- Ташаккур. Ба Шумо ҳам муборак бошад ва месазад, ки ин рӯзи муборакро ба ҳамаи ҳамватанон табрик гуфт, зеро забон моро ба ҳайси як миллати мустақил ва дорои бузургтарин анъаноту арзишҳои миллӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
- Бо сипарӣ гардидани 8 сол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ натиҷаҳое ба даст омадаанд?
- Ман, пеш аз ҳама, аз он шукр мегӯям, ки Худованди мутаол ба мо Сарвари оқилеро чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат додааст, ки ҳама вақт дар фикри ин рукни давлатдорӣ – забон буданд ва ҳастанд. Маҳз бо кӯшишҳои эшон забонамон равнақ ёфта истодааст ва дар ҳамаи сатҳҳо инкишоф меёбад. Имрӯз бе муҳобот метавон гуфт, ки бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷро мешаванд, зеро дар бахши сиёсати хориҷию дохилӣ, сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ забони тоҷикӣ пурра истифода мешавад ва ҳамин омил сабаб шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳарвақта дида ба омӯзиши забон диққат дода истодаанд. Мо инро дар синфхонаи мактабӣ, аудиторияҳои донишгоҳҳо, дар садою симо пурра эҳсос мекунем ва мебинем, ки пиру барно зимни суҳбат бо забоне гап мезананд, ки он аз забони даҳ сол қабл фарқ мекунад ва нисбатан равону пухтатар шудааст, гарчанде ки баъзан ба таҳрир низ ниёз дошта бошанд. Ин кӯшиши пешқадами аҳолиамон ҷиҳати аз худ кардани забон мебошад ва кӯшиши беҳуда несту натиҷаҳои хуб дода истодааст.
Агар ба забони воситаҳои ахбори омма назар афканем, бешубҳа, дар онҳо низ беҳбудӣ дида мешавад. Маълум аст, ки савтиёти забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол аст, ки тағйир наёфтааст ва сохти грамматикии мустаҳкам дорем, вале бахше, ки ба таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа таҳти таъсир қарор мегирад, лексика мебошад. Забон бе калима вуҷуд дошта наметавонад ва таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ, бешубҳа, ба бахши луғати забон таъсир мерасонад. Дар давраи истиқлолият садҳо калимаю ибораҳои ба истилоҳ русию байналмилалӣ аз забонамон берун шуда, аз ин андоза чандин маротиба зиёдтар калимаю истилоҳоти нав ба забонамон ворид гардиданд, ки қисми зиёди онҳо дар матбуот истифода мешаванд. Дар маҷмӯъ истифодаи онҳо дуруст аст, аммо баъзе аз муаллифон воҳидҳои луғавии забонамонро надониста, истифода мекунанд, ки боиси нофаҳмии мардум мешавад. Ба унвони мисол яке аз муаллифони яке аз рӯзномаҳо калимаи «баланд»-ро дар ибораи «ришҳои баланду дароз» истифода карда, калимаи «баланд»-ро бо «дароз» чун муродиф овардааст, ки чандон дуруст нест. Ҳамчунин, дар тамоми воситаҳои ахбори омма калимаи «қаҳрамон»-ро ба ҷойи «чемпион» истифода мекунанд. Маълум аст, ки имрӯз дар ҷумҳуриамон шаш нафар Қаҳрамони Тоҷикистон дорем ва ин калимаро маҳз барои онҳо истифода кардан лозим аст. Дар варзиш истилоҳи байналмилалии «чемпион» мувофиқ аст.
Калимаҳое, ки тавассути ҷамъбандии шикастаи арабӣ ҷамъ баста шудаанд ва ё чандон маъмул нестанд, дар рӯзномаҳо вомехӯранд. Аз қабили маносик, амокин, сакарот, фатарот ва ғайра, ки истифодаи муродифоти маъмул ва ё тоҷикии онҳо ба мақсад мувофиқ аст. Калимаю ибораҳое истифода мешаванд, ки гунаи хуби тоҷикии хуб доранд. Масалан, аз байни муродифоти назарпурсӣ // раъйдиҳӣ, овоздиҳӣ, суҳбат кардан // гап задан // ҳарф задан // такаллум кардан // баёни андеша // ибдоли ҳуруф, талофӣ // товон // подош // мукофот, саррофӣ // ивази асъор, кок-бору // бузкашӣ, кох // муҷтамаъ // комплекс, ниҳод // ташкилот // созмон ва ғайраҳо, ки дар матбуот истифода мешаванд, гунаи ба мардум маъмулашро, ки барои соҳибқаламонамон осон аст, истифода кардан лозим меояд. Умед дорам, ки рӯзноманигорони муҳтарамамон барои равнақи забони тоҷикӣ тамоми ҳунарашонро сарф мекунанд.
- Дар масъалаи ҳимоя ва такомули забони тоҷикӣ берун аз Тоҷикистон чӣ корҳо анҷом шудаанд?
- Албатта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Ин масъала дар барномаҳо ва тадбирҳои марбут ба рушди забони тоҷикӣ акс ёфтааст ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ барои таҳия ва пешниҳоди консепсияи рушди забони тоҷикӣ масъул буда, раванди пиёда сохтани онро пайгирӣ менамояд.
- Дар мавриди тағйир додани номи идораву ташкилот ва деҳоту навоҳӣ чӣ назар доред?
- Идораву ташкилот вобаста ба хусусият ва аломатҳои фаъолияташон бояд номгузорӣ шаванд ва, агар номувофиқ бошанд, бояд мувофиқ карда шаванд. Аммо номи шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳаю навоҳӣ, кӯҳу талу теппа, кӯлу дарёҳо, гузарҳо бояд ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ва асолати таърихие, ки доштанд, мувофиқ кунонда шаванд. Мутаассифона, воқеаҳои таърихӣ дар давоми асрҳо садҳо топоним ва микротопонимҳоро иваз карда, ба забони тоҷикӣ хисороти азим ворид кардаанд. Вақти он расидааст, ки барои ислоҳи камбудиҳои содиршуда, бо истифода аз таъбири «ҳар коре мекунед, боандеша кунед» ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо иқдом намоем. Дар ин самт бо андеша кор кардан ҳифзи таърих, фарҳанг, анъана ва суннатамон буда, барои худшиносию худогоҳӣ ва нигаҳдошти асолати фарҳангӣ мусоидат мекунад.
- Дар мавриди ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо дар иртибот ба вожагузинӣ ва табодули истилоҳот чӣ иқдомҳо рӯйи даст доред?
- Бо таваҷҷуҳ ба ин ки забони тоҷикию дарӣ ва форсӣ се шохаи як забонанд, доду гирифти калимаҳо ногузир аст. Дар давраи истиқлолият, ки имкониятҳои фаровоне барои рушди забон додааст, аз забони дарию форсӣ калимаю ибораҳои зиёде ворид гардидаанд, ки дар сатҳҳои гуногун истифода мешаванд. Барои баёни истилоҳоти таърихӣ, забону адабиёт, фалсафаю дин, тиб, набототу ҳайвонот, истилоҳоти хешовандӣ, ҷирмҳои осмонӣ, кишоварзӣ, антропонимия, топонимика ва чанде дигар ҳар се забон истилоҳоти муштаракро истифода мекунанд ва фарқиятҳо кам аст, зеро дар тӯли таърих ин истилоҳотро бо ҳам медиданд, аммо баъд аз асрҳои понздаҳ-шонздаҳ дар натиҷаи ҳодисаю воқеаҳои маълуми таърихӣ оҳиста - оҳиста роҳи тараққиёти алоҳидаро ихтиёр карданд ва ин ба забонҳои мазкур бе таъсир намонд. Дар давраи салтанати шӯроҳо ҳам барои иваз кардани истилоҳот иқдомоти зиёде сурат гирифта буд ва дар давраҳои баъдӣ бо рушди техника, технология ва интернет садҳо истилоҳи техникӣ таркиби луғавии забони тоҷикиро такмил кардаанд. Маҳз барои иваз кардани истилоҳоти техникӣ аз забони форсӣ чандин калима гирифта шудааст ва имкон дорад, ки дар оянда ҳам гирифта шавад, зеро истилоҳоте, ки онҳо пешниҳод кардаанд ва сохтаанд, ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҳам мувофиқат мекунанд. Масалан, ба ҷойи «смс» калимаи «паёмак», ба ҷойи «компютер» вожаи «роёна» ва ғайраҳо гирифта шудаанд.
Месазад, ки баъзе аз калимаҳои байналмилалиро истифода кунем. Зарур будани истифодаи онҳоро ҳаёт нишон медиҳад. Масалан, беш аз 50 сол аст, ки вожаи «телефон»-ро истифода мекунем. Ин калима дар ҳаёти забони тоҷикӣ ворид гардида, ба қоидаҳои луғавию грамматикӣ ва савтии он мутобиқ шуда, чандин калимаю ибора ва таркибҳоро сохтааст. Масалан: телефонҳо, телефон доштан, телефон надоштан, телефонбозӣ кардан, ботелефон, бетелефон, телефони мобилӣ // телефони дастӣ // телефони ҳамроҳ, телефони хона, телефони корхона, телефони хидматӣ, телефони тамос, телефони умумӣ, телефони хусусӣ, алоқаи телефонӣ, пушти телефон будан, телефонро хомӯш кардан, хати телефон ва бо ин вожа садҳо калимаю ибораю ҷумла сохтан мумкин шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки калимаи телефон дар забони тоҷикӣ ҷояшро ёфта, ҳазм гардидааст. Бо ҳамин гуна хусусиятҳо дигар вожаҳо ҳам метавонанд забонзад шуда, маъмул гарданд.
- Дар иртибот ба таҳия ва чопи китобҳои мактабӣ оид ба омӯзиши забони давлатӣ чӣ барномаҳое пиёда мегарданд?
- Имрӯз пурра гуфтан мумкин аст, ки китобҳои дарсии ҳамаи фанҳо ба забони давлатӣ нашр мешаванд ва ин масъала яке аз бахшҳои асосии татбиқи Қонуни забони давлатӣ аст. Бешак, дар ҳаёт ҷорӣ гардидани забони давлатӣ бидуни нашри китобҳо ба ин забон ғайриимкон аст. Аммо масъалаи сифати китобҳо таҷдиди назар мехоҳад, ки инро мутасаддиён ҳам хуб медонанд ва ин аст, ки ҳамасола аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриамон озмунҳои навиштани китобҳои дарсӣ сурат гирифта, беҳтарин мутахассисон ба ин масъала машғуланд. Тавре ки мегӯянд «дунё яку якбора бунёд нашудааст» ва ин масъала ҳам оҳиста-оҳиста сатҳу сифати нав пайдо мекунад.
Китобҳое, ки нашр шудаанд, аз рӯйи он фарқ мекунанд, ки барои мактабҳои тоҷикӣ чоп шудаанд ва ё барои ғайритоҷикӣ. Мо бояд ба сифати китобҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем ва, махсусан, ба китобҳои мактабҳои таҳсилоташон ба забони ғайридавлатӣ таваҷҷуҳи хосса диҳем ва хонандагони он китобҳоро ҳам дар рӯҳияи дӯстдории Тоҷикистон, ки ватани онҳо ҳам ҳаст, ҷалб кунем. Бояд рӯйи ин масъала аз ҳарвақта дида бештар кор кунем.
Ҳоло муассисаҳои олии кишварамон аз рӯйи системаи кредитӣ таҳсил мекунанд. Асару мақола ва китобҳои дарсии бисёре чоп гардидаанд ва пешравиҳо дида мешаванд, аммо як масъала мавҷуд аст, ки мутахассисон бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошанд. Ин пешниҳоди усулҳои нави таълими системаи кредитӣ аст, ки дар ин самт методистон бояд ҳарчи зудтар иқдом намоянд.
-Дар робита ба пажӯҳиши забони тоҷикӣ тайи чанд соли ахир чӣ гуна корҳои илмӣ анҷом шудаанд?
-Корҳои илмию тадқиқотӣ дар давраи истиқлолият бо диди нав сурат гирифта истодаанд. Таҳқиқи осори адибони давраи классикӣ, замони шӯравӣ ва истиқлолият ҳам дар риштаи адабиётшиносӣ ва ҳам забоншиносӣ назари навро талаб мекунад ва дар ҳоли ҳозир мутахассисон рӯйи ин масоил бо лоиҳаҳои нави илмӣ кор карда истодаанд. Дар самти забон ба истилоҳоти соҳавӣ диққати асосӣ дода мешавад.
-Барои рушду такомули забони давлатӣ боз чӣ гуна корҳо бояд амалӣ шаванд?
-Дар сатҳи таҳсилот бояд ба дарсҳои забони тоҷикӣ ва барномаю китобҳо ва дастурҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Усули таълими забони тоҷикӣ дар системаи кредитии таҳсилот то имрӯз масъалаи мубрам боқӣ мемонад ва мутахассисони соҳаро зарур аст, ки ҳарчи зудтар рӯйи ин масъала фикр кунанд ва роҳу равиши дарси системаи кредитиро муайян намоянд, зеро методи таълим чизи бисёр зарур аст. Бидуни методикаи таълими пешқадам пеш рафтани раванди таълим босифат шуда наметавонад.
Умед дорем, ки дар фазои сулҳу субот ва зиндагии осоиштаю ваҳдату ягонагии комил, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гаштаанд, мушкилоти соҳаҳои гуногуни марбут ба забон ба осонӣ ҳал хоҳанд шуд.
Эмомалӣ Сайдамирзод