Сарнавишти Сари Хосору Балҷувон ва рӯзгори мардони ғаюру қавииродааш дар даврони баъдӣ низ ҷолиб буд. Ҳанӯз дар замони тоинқилоб, айёме ки аморати Бухоро салтанат дошт, ин макон қароргоҳи ҳокимони давр ва мирони маҳаллӣ ҳисоб мешуд. Қалъаи Мир, ки ҳоло он аз нав таҷдид шудааст, собиткунандаи гуфтаҳои болост.
Рушду пешравиҳои чашмраси ин диёр маҳз ба замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Дар тӯли бештар аз 20 сол ноҳия хеле пеш рафт, рушд кард ва нашъунамо ёфт. Имрӯз ноҳияи Балҷувон ба яке аз ноҳияҳои ободу зеботарини кӯҳистони Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ноҳияро яке аз заҳои фаъол ва пешқадам Маърифат Зоирзода сарварӣ менамояд.
Суҳбати мо бо ин зани дар роҳбарӣ муваффақ, дар муносибат самимӣ ва дар муошират одию заминӣ айёме иттифоқ афтод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоза ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дода буданд, биноан аз муҳтавои ин сафар пурсон шудем:
- Ҳар дафъа қадами мубораки Ҷаноби Олӣ ба ин диёр файзу баракат меорад. Дар ҳар сафар бо қудумашон навгонӣ ва пешравие дар ҳаёти мардуми ноҳия ба вуҷуд меояд, ки он ба зиндагию рӯзгори мо такони ҷиддие бахшида, моро ба ояндаи беҳтару босаодат дилгармтар месозад.
Ин сафар ҳам мардум Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифтанд. Суҳбату мулоқотҳои озод байни сокинон ва Президенти кишвар доир гаштанд, ки ин дидорбиниву баҳамоӣ ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур оварданд.
Бо иштироки Сарвари давлат дар ҳудуди ноҳия якчанд муассисаю иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бинои нави таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии рақами 2 Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, 2 бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ҷавон, бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия, ки аз 3 ошёна иборат буда, тибқи талаботи замони муосир бунёд ёфтааст ва иншооту сохтмонҳои муҳими дигар.
Ҷаноби Олӣ дар ин сафар дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ва оғози сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон - Сари Хосор шинос шуданд. Барои сохтмони ин роҳ 53,1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Сохтмони роҳ барои мардуми ноҳия хеле муҳиму ҳаётӣ арзёбӣ мегардад. Бо сохта шудани он 6 ҳазор аҳолии 11 деҳаи кӯҳистон аз мушкилоти вобаста ба роҳ раҳо мешавад, ки ин барои пешрафти иқтисодии оилаҳо ва дар зимн буҷети ноҳия мусоидат хоҳад кард. Мардум, бо сабаби набудани роҳ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафари худ ба сохтмони як иншооти хеле муҳим, роҳи автомобилгарди Кангурт - Балҷувон - Ховалинг санги асос гузоштанд. Ин роҳ низ аз ҷумлаи иқдомҳои хеле шоистаи Сарвари давлат аст, ки бо сохта шуданаш дар баробари мардуми Балҷувон, сокинони ноҳияҳои Ховалингу Темурмалик низ аз мушкилоти бероҳӣ раҳо мешаванд.
- Аз ин сафар чӣ бардоштҳое маҳз барои худ ҳосил намудед?
- Чун раиси ноҳия аз иқдомоти ҷиддиву ғамхоронаи Роҳбари давлат, ки барои пешрафти ин гӯшаи диёр гирифта мешуданд, ҳам эҳсоси ифтихор доштаму ҳам як навъ дар хиҷолат мондам, ки оё ба ин ҳама боварию дастгирии эшон ҷавоби сазоворе дода метавониста бошам? Супоришҳои Пешвои миллат масъулияти маро пеши халқ бештар кард ва пешорӯям вазифаҳои бузургтаре гузошта шуданд. Аз сидқ заҳмат мекашам, то сарбаланд бошам.
- Оё барои як зан роҳбарии ноҳияи кӯҳистонии бисёрқазия мушкил эҷод намекунад?
- Ҳама гуна роҳбарӣ мушкил аст. Гоҳо мушкилиҳоро чунин мебинам, ки гӯё охираш нопайдост. Вале, дар таҷриба дидаам, ки камбудиҳо ҳалшавандаанд, ба шарте ки бо онҳо бархӯрди дуруст намуд. Ҷаҳду талош мебояд, то мушкиле осон гардад.
Соли 1996, вақте ки ноҳия таъсис ёфт, на бинои маъмурии ҳокимияти маҳаллӣ дошт, на маориф, на тандурустӣ, на милитсия, на суд, на прокуратура. Хуллас, ягон сохтор бинои маъмурӣ надошт. Тӯли солҳои рафта ҳама сохторҳои ноҳиявӣ, созмону ташкилотҳо соҳиби биноҳои наву замонавӣ гардиданд. Ба ҳамааш расидем.
Имсол мо тавонистем, ба як зумра мутахассисони ҷавони арзанда ва болаёқат, хонаҳои истиқоматӣ тақдим намоем. Ин барои бисёриҳо мисли як хобу хаёле буд. Калиди хонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавиро худи Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонашон супурданд. Бовар дорам, ки ҷавонон барои ин диёр садоқатмандона хизмат менамоянд.
- Дар ноҳияи кӯҳистонӣ вазъи мактабу маориф дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Бояд гӯям, ки аз замони таъсисёбии ноҳия то ба имрӯз 27 бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуда, дар маҷмӯъ барои 3600 хонанда ҷойи нишаст муҳайё гардидааст.
Ҳоло дар ноҳия сохтмони чанд муассисаи дигари таълимӣ идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони бинои литсейи касбҳои техникӣ барои 240 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия, хобгоҳ барои 450 нафар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 дар деҳаи Дараи Боҳтур, азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар деҳаи Дебдор, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 9.
Ҳамчунин, дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017–2021 дар панҷ соли оянда бунёди 2 муассисаи нави таълимӣ ва 16 бинои иловагӣ барои зиёда аз 2800 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Ҳодисаҳои бо сабаби набудани мактаб, аз таълим дур мондани хонандагон дар ноҳияи Балҷувон мушоҳида намешавад.
- Сарвари давлат аз набудани омори пайвастшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ дар ноҳия изҳори ризоият намуданд. Чӣ гуна муяссар шуд, ки ҷавононро аз ин хатар эмин доред?
- Инро ман ба ақлу заковат, донишу хирад ва ҷавонмардию инсофи худи ҷавонон нисбат медиҳам. Ташаккур аз эшон, ки сиёҳро аз сафед ва сафедро аз сиёҳ фарқ кардаанд.
- Ноҳияи Балҷувон Маркази сайёҳӣ ва туризми байналмилалӣ эълон шуд. Барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин ҷо чӣ чораҳо андешида шуданду мешаванд?
- Мавзӯи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад. Зимни сафар аз мавзеъҳои таърихии ин диёр: Қалъаи Мир, Чорбоғ, Тӯпхона, Дектур, Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ ва манзараҳои нотакрори Дашти Ангора, Шикелдара, Шингидара, Гандара, Шибдара ва шаршараҳои Пуштибоғ, Камолӣ, рӯдҳои Сурхоб, Оби Мазор, Тира, Оби Султонвайсӣ, Калъанак, Булғурӣ, Оби Шулук, Касҳо, Ҳибил махсус ёдовар шуда, дар робита бо ин мавзеъҳо вазифаҳои мушаххасе пешамон гузоштанд.
Мувофиқи супориши Роҳбари давлат дар хатсайри Балҷувон то мавзеи Шаршараи деҳоти Сари Хосор аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ду соли оянда 20 иншооти нав, аз ҷумла 7 меҳмонхонаи замонавии дорои аз 20 то 50 ҷой, 4 муассисаи тиббӣ, 2 иншооти варзишӣ ва 7 иншооти таъйиноти гуногун, ба монанди неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Гумон дорам, баъди ба истифода додани ин ҳама иншооти муҳим, мо барои қабули ҳамаҷонибаи меҳмонон омода мешавем. Ҳоло то андозае барои қабули сайёҳон имкон дорем, вале мақсад ин аст, ки қабули меҳмононро дар сатҳи байналмилалӣ бо сифати аъло ба роҳ монем.
- Ташаккур барои суҳбат!
А. ҲАБИБУЛЛОПУР