– Маърифати экологӣ чист? Шарҳе барои хонандагони маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“
–Маърифати экологӣ ин раванди муттасили омӯзиш, андӯхти таҷриба ва рушди шахсият мебошад, ки ба ташаккулёбии тамоюлҳои арзишнок, меъёрҳои рафтор ва гирифтани донишҳои махсус оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарӣ аз табиат равона гардидааст. Яъне доштани донишҳои экологӣ ба инсонҳо имкон медиҳад, ки нисбат ба муҳити зисти худ ғамхорӣ зоҳир намоянд. Зеро солимии ҷомеа аз муҳити зисти солим бармеояд.
Тайи ду даҳсолаи охир, бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ дар дунё ва рушди истеҳсолот ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, махсусан тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Чунки ин омил ба некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобастагӣ дорад.
– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди маърифати экологӣ чӣ барномаҳо таҳия намудааст?
–Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ки барои аз байн бурдани мушкилоти экологӣ омили муҳим мебошад, аз назари масъулини Ҳукумати мамлакат дур намондааст. Дар радифи конфронси Рио-де-Жанейро, ки соли 1992 баргузор гардида буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, таҳти №93 „Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010“-ро қабул намуд, ки дар он тамоми паҳлуҳои тарбия ва маърифати экологӣ инъикоси худро ёфтанд. Дар омодасозии ин барнома олимону мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Яке аз корҳои заминавӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ин буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фанҳои самти экологӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар раванди татбиқи барнома дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ факултаҳо ва кафедраҳои нав оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист таъсис ёфтанд. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассисон оид ба фанҳои экология, биология, кимиё ва дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ омӯзгорони ҷуғрофия, экология, кимиё, биология тайёр карда шуданд.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барнома оид ба бехатарии фаъолияти ҳаётӣ ва методикаи таҳияи меъёрҳои таъсир ба муҳити зист амал мекунад. Аз соли 2003 инҷониб дар донишгоҳи мазкур муҳандис- экологҳо аз рӯи ихтисоси „Муҳофизати муҳандисии муҳити зист“ тайёр карда мешаванд. Оид ба маърифати экологӣ барномаҳои таълимӣ мавҷуданд, ки ба тахассуси вобаста ба масъалаҳои экология ва ҳифзи табиат дар муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи касбӣ мутобиқанд. Дар мактабҳо бошад барномаи таълимии фанҳои экология, ботаника, зоология, биологияи умумӣ, генетика, ҷуғрофия ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, гуфтан мумкин аст, ки набудани ташхисгоҳҳои техникии муассисаҳои таълимӣ, усулҳои номукаммали таълим, набудани шабакаи иттилоотӣ ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ таъсис ёфтани маркази ахбори экологӣ дар соли 2008 дар сохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин марказ шароити мусоидеро барои пешбурди фаъолияти соҳавӣ дар самти иттилоот ва маърифати экологии аҳолӣ ба вуҷуд овард. Қобили зикр аст, ки соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ“ ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи иттилооти экологӣ“ қабул шуда, мавриди амал қарор гирифтанд. Дар асоси талаботи қонунҳои мазкур ҳамасола корҳои муайяне аз ҷониби кумита ва воҳидҳои сохтории он дар ҷойҳо амалӣ мегарданд.
Дастоварди дигаре, ки татбиқи босамари он меваҳои шаҳдрез ба бор меоранд, таҳия ва қабули „Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020“ мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, таҳти №178 ба тасвиб расид. Ҳангоми муаррифии ин барнома дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 марти соли 2015 сурат гирифта буд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки: „Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон мебошад“. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки барои татбиқи босамари ин барнома „тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, то ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд“.
–Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ шудани Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 чӣ корҳоро амалӣ мегардонад ва барои татбиқи ин барнома бо кадом вазорату идораҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорад?
–Кумита бо мақсади амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии аҳолӣ, ҳамасола байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмунҳо дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба ҳифзи муҳити зистро аз рӯи номинатсиҳои гуногун эълон менамояд. Чунин озмунҳо ҳам дар сатҳи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва ҳам дар сатҳи вилоятӣ ташкил ва гузаронда шуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ сафарбар мегарданд. Соли сипаришуда низ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони васоити ахбори омма дар мавзӯи „Истифодаи энергияҳои барқароршаванда-омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим“ ва ҳам миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери мавзӯи „Тағйирёбии иқлим дар кураи Замин“ чунин озмунҳо эълон гардида буданд. Инчунин, маҳфилҳои ҷумҳуриявии „Экожурналистон“, „Табиатдӯстони ҷавон“ ва „Экологҳои ҷавон“ ва озмуни „Муаллим- экологи беҳтарин“ ташкил ва гузаронда мешаванд. Баргузории чунин озмунҳои эҷодӣ миёни мактабиёну донишҷӯён, рӯзноманигорону адибон имсол низ дар назар аст.
Бо мақсади иштироки бевоситаи хонандагону донишҷӯён дар беҳдошти муҳити зист аксияҳои „Тозагии соҳил“, „Тозагии маҳал“, Тозагии роҳ“, роҳпаймоии боғҳо гузаронда шуда, дастаҳои муҳофизони табиат ташкил карда мешаванд.
Таълиму тарбияи экологӣ на танҳо байни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои миёнаи махсусу олӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ татбиқ карда мешаванд, балки дар ин самт воситаҳои ахбори омма низ нақши муҳим доранд. Қобили зикр аст, ки дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоиву телевизионӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ вобаста ба муҳити зист намоишу барнома ва мақолаҳо эҷод гардида, масъалаҳои гуногуни соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Барои иҷрошавии бандҳои барномаи мазкур кумита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, радиову телевизион, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
– Дар иҷро шудани барномаҳо ба Кумитаи ҳифзи мухити зист кадом ташкилотҳои хориҷӣ мусоидат мекунанд?
–Моҳи марти соли 2011 дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои баланд бардоштани дараҷаи маърифати экологии аҳолӣ ва ҳамчунин кормандони кумита нашрия бо номи „Наврӯзгоҳ“ ба фаъолият оғоз кард. Давоми як сол нашрияро ҳам бо матолиби ҷолиб ва ҳам аз лиҳози молиявӣ таъмин намуд.
Ҳамчунин барои иҷрошавии барнома саҳми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ грант мегиранд, низ назаррас аст. Нашрияҳои „Табиат“, „Эко-содружества“, ки ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мансубанд, дар маърифатбахшии табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии САҲА 7 адад марказҳои ОРХУС таъсис гардиданд, ки баҳри расондани иттилооти экологӣ ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ҳиссаи муносиби худро мегузоранд.
– Маърифати экологии сокинони пойтахтро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
–Аз ҷониби Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ғамхории доимӣ зоҳир мегардад. Масалан, тайи солҳои охир он корҳои ободониву созандагие, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти кишварамон ба мушоҳида мерасанд, ҳамагӣ аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Метавон гуфт, ки айни замон маърифати экологии сокинони пойтахт нисбат ба чанд соли пеш хеле баланд шудааст, аммо дар баъзе гӯшаҳои пойтахт, ки аз назари мардум пинҳонанд, ба таври бесарусомон партофта шудани партовҳои маишии аҳолӣ ба назар мерасад. Ҳамчунин баъзан ҳолатҳои буридани дарахтони тар, ки ба муҳити зист манфиатоваранд, аз ҷониби ашхоси ноогоҳ ба мушоҳида мерасад, ки ин аз бемасъулиятии баъзе сокинон дарак медиҳад.
Тавре аз мушоҳидаҳо ва аз суханони мутахассисони соҳибтаҷриба бармеояд, барои ба воя расидани як дарахт, ки ҳавои атрофро тоза мекарда бошад, на к?? ам аз 10 сол вақт лозим аст. Бинобар ин аз ҷониби кормандони кумита дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд.
– Тавсияи Шумо ҳамчун мутахассис ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ
- Ба қадри ҳар зарра хоку ҳар қатра оби диёр бояд расид ва баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани обу ҳаво ва маҳалли зист кӯшиш бояд кард.
Тозаю озода нигоҳ доштани макони зисти худ, гӯшаи ноободеро ба гулистон табдил додан ва ғамхорона муносибат кардан ба олами набототу ҳайвонот аз муҳимтарин аркони дӯстдорию эҳтиром гузоштан нисбат ба Ватан мебошад. Агар ин нишонаҳо дар одам эҳсос нагарданд, пас, гуфтан мумкин аст, ки имони ватандории ӯ заиф аст. Ба гуфти табиатшиноси рус Пришвин М. „Мо соҳиби табиати худ ҳастем ва он барои мо махзани офтобро мемонад, ки пур аз ганҷинаи ҳаёт аст. Ин ганҷинаи бебаҳоро ҳифз кардан кам аст, дари онро кушодан ва намоиш додан лозим аст. Ба моҳӣ - об, ба паранда - ҳаво, ба ҳайвоноти ваҳшӣ - бешазор ва кӯҳсор, ба одам - Ватан лозим. Пас, ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст“.
Мусоҳиб
Эмомалӣ Сайидамирзод