– Шумо то ин дам чун рӯзноманигор ва адабиётшинос шинохта шуда будед, чӣ сабаб гашт, ки якбора равоншиносиро пеша намудед?
– Аслан омӯзиши илми равоншиносӣ дар тарбияи фарзандон бароям лозим омад. Дар тарбия танҳо будам, на хусуру хушдоман ва на хоҳаршӯ доштам. Эҳсос кардам, ки дар наздашон масъулияти бештаре дорам. Барои донистани он ки фарзандонам чӣ гуна инсонанд, бароям донишҳои психологӣ лозим омад. Он ҳангом дар Тоҷикистон психология ҳамчун илм ҷорӣ нашуда буд. Ҷустуҷӯ карда китобҳоеро, ки дар онҳо дар хусуси ситораи инсон, яъне дар зери кадом бурҷ таваллуд шудану чӣ гуна хислат доштани шахс таҳлил мешуданд. Мехостам бо фарзандонам мувофиқи ситораашон муносибати дуруст намоям. Ҳар қадаре онҳо калон мешуданд, баҳсу мунозира, ҷанҷол байнашон зиёдтар ба миён меомад. Боре ҳангоми сафар дар як суҳбати хоса бо Нӯшин Ёварӣ – корманди ташкилоти байналхалқии ЮНИФЕМ, ки ҳамроҳаш семинарҳои гендерӣ мегузарондем, аз ӯ суол кардам, ки чаро фарзандонам байни ҳам ихтилоф доранд? Нӯшин гуфт, ки Шумо муҳаббатро дар оила баробар тақсим накардаед. Азбаски адолатро риоя карда наметавонед, онҳо бо якдигар ҷанг мекунанд, чунки Шуморо ҷанг карда наметавонанд.
Баъд аз ин, бо равоншиносон оиди масъалаҳои психологӣ зиёд суҳбат мекардам, фарзандонамро низ барои кумаки психологӣ назди равоншиносон, аз ҷумла, равоншинос Юлия Гендер мебурдам. Аслан ҳеҷ чиз, аз ҷумла донишҳои гендерӣ бе доштани дониши психологӣ ба даст намеоянд. Ҳаминро фаҳмидам, ки психология дониши асосӣ дар ҳама соҳаҳост. Дар тамоми бахшҳои зиндагӣ дар ҷаҳон донишҳои психологӣ истифода мешаванд. Дар сиёсат, дар тиҷорат, дар бунёд кардани муносибатҳои байни шахсиятҳо, бунёди муҳити солим дар ҷойи кор, ҳатто дар муносибати ҳамсоягарӣ. Дар хусуси оила гӯем, он ҷо саропо психология аст. Мушкилоти оилавие, ки имрӯз дар Тоҷикистон сар задааст, бастагӣ ба саволҳои беҷавоби психологӣ доранд.
– Шумо дар хусуси донишҳои гендерӣ сухан гуфтед, замоне, ки аввалин падидаҳои ҳаракати «феминистӣ» аз худ хабар доданду мардум аз онҳо хуб огоҳӣ надоштанд, Шумо чун яке аз аввалинҳо ба омӯзиши ин ҷараён майл нишон додед ва имрӯз чун мутахассиси соҳа шинохта шудед, чанд сухан оид ба баробарии мардону занон дар Тоҷикистон мегуфтед…
– Аслан калимаи «феминизм» мардумро каме метарсонад, зеро ҷанбаҳои озодихоҳӣ дорад. Ин ҳаракат аввал дар Ғарб оғоз шуд. Дар он ҷо вақте занон дарк карданд, ки имкони ҳуқуқҳояшонро дар оила, дар ҷомеа истифода кардан надоранд, ба эътироз оғоз карданд. Ин охири асри XIX ва авали асри XX буд. Бояд қайд кард, ки донишҳои гендериро дар ҳамон шакле, ки ҳастанд, яъне бе омӯзиши арзишҳои миллӣ ва мутобиқсозӣ ба онҳо роҳандозӣ кардан нашояд. Мо кӯшидем, то мафҳуми гендерро бо арзишҳои миллӣ пайванд созем.
Аввалин вожаномаи гендериро ташкилоти мо – «Маркази сиёсати гендерӣ» таҳия намуд. Давраҳои омӯзиширо барои бонувон ташкил кардем. Аввалин семинарҳоро ҳамроҳи бонуи закӣ Ҳуринисо Ализода мегузаронидем. Бе ҳамдастии ҳамкорҳо дар ин роҳ пеш рафтан хеле душвор аст, хоса дар ҳалли проблемаҳои гендерӣ. Бисёр масъалаи вазнину серпаҳлуест, ки мо бояд умқи таърихии хотираи мардумро варақ мезадему чизҳои беҳтарашро мебаровардем, аз баҳри нолозимааш мегузаштем. Ин раванди хеле мушкилро дар ҷомеа танҳо ду-се нафар анҷом додан наметавонист. Гурӯҳҳои махсус лозим буданд.
– Ҳоло, ки аз ташкилотатон ёдовар шудед, лутфан мегуфтед, ҳадаф аз ташкили «Маркази сиёсати гендерӣ» чӣ буд? Оё ба ҳадаф расидед?
– Аслан ҳадафҳое, ки мо мегузорем дар зиндагӣ ҳадафҳои хеле бузурганд, ки на ба ҳамаи онҳо мерасем, вале баъзе корҳоро анҷом додем.
Рисолати мо кумак кардан, мусоидат намудан ва татбиқи сиёсати гендерии кишвар буд. Бо камоли ифтихор метавон гуфт, Тоҷикистон яке аз кишварҳое ҳаст, ки дар асоси қонун дар масъалаи роҳандозии сиёсати дурусти гендерӣ хеле муваффақ аст. Қадами дигар ин татбиқ кардани ин қонунҳост. Ва «Маркази сиёсати гендерӣ» барои ҳамин таъсис ёфт. Маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон» бо мақсади амалӣ кардани сиёсати гендерии давлат рӯи кор омад. Имрӯз воқеан назари ҷомеа ба гендер, ба масъалаи таҳсилоти духтарон дигар шуд. Замоне, ки мо корро оғоз кардем, волидон ба духтарон иҷозати таҳсил намедоданд. Духтари хондагӣ обрӯй надошт, бо ӯ оиладор намешуданд. Ҳоло бошад, баръакс. Духтари таҳсилкарда эҳтироми бештар дорад. Шояд дар ин тағйирот мо низ каме саҳм дорем.
- Билохира, нагуфтед, ки чӣ гуна худатон равоншинос шудед…
– Вақте рисолаи номзадиамро навиштам, дарк кардам, ки майл ба равоншиносӣ дорам. Ҳангоми ҳимояам дар кафедра иқрор шуданд, ки беҳтарин синтези адабиётшиносиро дар вазъи психологӣ таҳлил кардаам.
Дар СҶ «Маркази сиёсати гендерӣ» ва маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон» мо гендер дар оиларо меомӯзондем, ки бе донистани дониши психологӣ ин корро анҷом додан имконнопазир буд. Мақсад гузоштам, ки психологияи роҳбариро барои худ омӯзам, зеро вақте байни роҳбар ва зердаст пайвандии равоние нест, мушкилоту нофаҳмиҳо сар мезанад.
Баъзе роҳбарони мо заминаи хуби дониши психологӣ надоранд, аз ин рӯ, бар ин назаранд, ки муваффақияти коргару зердасташон бар манфиати эшон нест. Рӯзе мерасад, ки психология чун бахши асосии таркибии рӯзгори ҳар як инсон дар Тоҷикистон қабул ва мавриди таваҷҷӯҳу омӯзиши махсус қарор мегирад, зеро ин талаботи вақт ногузир аст.
Фараҳноз Сафарова,
донишҷӯйи курси чоруми факултаи журналистикаи ДМТ