–Захираҳои обии Тоҷикистон дар кадом ҳаҷм аст ва он дар Осиёи Марказӣ чӣ нақш дорад?
–Дар ҳудуди Тоҷикистон қисмати азими захираҳои обии тамоми минтақа ҷойгиранд. Аз ҳаҷми умумии миқдори захираҳои обии минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон 64 км3- и онҳо ташаккул меёбанд. Захираҳои обии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби обшавии яху барф ва боришот шакл мегиранд. Ҳамагӣ дар пиряхҳо ва барфпораҳои Тоҷикистон қариб 550 км3 об мавҷуд аст. Қисми асосии онҳо дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Ғунд, Муқсу дар қисматҳои баландкӯҳ ҷойгир мебошанд. Пиряхҳо ва майдонҳои фирнӣ (барфҳои куҳна) қариб 6 % майдони мамлакатро ишғол мекунанд. Дар 1300 кӯл зиёда аз 44 км3 захираҳои об мавҷуд мебошанд, ки 20 км3-и онро оби ширин ва 24 км3- ро обҳои шӯр ташкил медиҳанд. Масоҳати умумии онҳо 705 км2-ро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ 9 обанбор истифода мегардад, ки ҳаҷми оби дар обанбори хурдтарин захирашаванда 0,028км3-ро ташкил дода, дар обанбори калонтарини ҷумҳурӣ то 10,5 км3 оби ширини қобили истифода захира мешавад. Калонтарини онҳо обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон ва Норак дар қисми марказии ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд. Ин обанборҳо барои истеҳсоли энергияи барқи обӣ, ирригатсия, моҳидорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ истифода мешаванд. Дар Тоҷикистон чашмаҳои обҳои табобатӣ, термалӣ ва маъданӣ хело маъмуланд, ки миқдорашон аз 200 зиёд буда, обашон сулфидӣ, оҳандор, йодӣ, бромӣ, радонӣ, кремнийдор ва ғайра мебошанд. Чунин чашмаҳо, дар мавзеъҳои Хоҷа Оби Гарм, Оби Гарм, Алмосӣ, Шоҳамбарӣ, Ҳавотоғ ҷойгиранд. Дар ВМКБ низ чашмаҳо зиёданд, ки маъмултаринашон Гармчашма, Бахмир,Элис ва ғайра мебошанд. Дар ҷануби ҷумҳурӣ чашмаҳое вомехӯранд, ки обашон то 400г/л намак дорад.
– Гармшавии иқлими дунё чӣ оқибатҳое ба бор меоварад?
–Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим ба яке аз масъалаи муҳими рӯз барои тамоми ҷаҳониён мубаддал гаштааст. Ба ғайр аз равандҳои табиии тағйирёбии иқлим имрӯз ба он масоили вобаста ба фаъолиятҳои инсон, яъне масъалаҳои антропогенӣ илова гаштаанд, ки ин худ суръати тағйирёбии иқлимро метезонад. Тағйирёбии иқлим ин фақат баландшавии ҳарорат нест. Ба он инчунин баландшавии сатҳи оби уқёнуси ҷаҳонӣ, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳои метеорологӣ низ таъсири назаррас мерасонанд. Инчунин омилҳое, ба мисли зуд-зуд тағйирёбии боду ҳаво, зиёд шудани хатари офатҳои табиӣ, ки боиси зиёд шудани касалиҳои сироятӣ мегарданд, мисол шуда метавонанд.
Тибқи маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаҳои метеорологӣ ба даст омада, дар сад соли охир ҳарорати ҳаво то 0,750С боло рафта, феълан ин раванд дар ҳоли афзоиш мебошад. Барои мисол, 11 соли охир дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ солҳои гармтарине буданд, ки дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ солҳои пешин боре ҳам мушоҳида нагашта буд. Чунин тағйирот боис мегардад, ки тавозуни экологӣ вайрон гашта, бисёре аз намудҳои биологӣ, бинобар сабаби мутобиқат накарданашон ба чунин тағйирёбии босуръати иқлим, аз байн бираванд. Олимон аз гурӯҳи байниҳукуматии ташхиси тағйирёбии иқлим иброз медоранд, ки давоми ду даҳсолаи наздик ҳарорати ҳаво боз то 0,40 С афзоиш ёфта, то охири аср ин нишондиҳанда мумкин аст аз 1,80 С т? 4,6о 4,60 С баланд шавад.
–Вазъи таъминоти аҳолии дунё бо оби ошомиданӣ чӣ тавр арзёбӣ мегардад?
–Дар ҳақиқат масъалаи об ҳамчун захираи асосии табиат рӯз аз рӯз аз як тараф бинобар сабаби афзоиши аҳолӣ ва аз ҷониби дигар аз меъёр зиёд истифода намудани об ва ифлосшавии муҳити зист мураккаб шуда истода, ба беранг шудани зиндагии инсоният оварда мерасонад.
Ҳанӯз дар оғози асри XXI Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯзаҳояшон аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ дар қиёс бо нафт аҳамияти обро қиматтар ва баландтар арзёбӣ намуда буданд.
Тибқи назари коршиносони Институти захираҳои ҷаҳонӣ дар соли 2025 тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳои тамомшудаи захираҳои об зиндагӣ хоҳанд кард. Ҳатто яке аз сабабҳои асосии ҷанги Сурия ва рӯй овардани сокинони он ба муҳоҷиратро коршиносон дар норасоӣ ба оби тозаву ошомиданӣ арзёбӣ мекунанд. Вазъи имрӯзаи сайёра гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар даҳсолаи охир масъулони ҳар як кишвари дунёро лозим меояд, ки дар робита ба муносибат ба об, ҳамчун омили пешрафти иқтисод, ҳуқуқи инсон ва ҳамчун захираи дар ҳоли коҳиш қарордошта нақшаҳои стратегӣ таҳия намоянд.
–Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал „Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028“ аз чӣ аҳамият бархӯрдор мебошад?
–Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ дар бораи „Соли оби тоза“, соли 2003, „Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об“, соли 2013, „Даҳсолаи байналмилалии амал „Об барои ҳаёт, солҳои 2005–2015“ қабул гардиданд.
Боиси ифтихори мо - тоҷикистониён аст, ки пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси „Даҳсолаи байналмилалии амал „Об барои рушди устувор, 2018–2028“ бо дастгирии 177 кишвари аъзои СММ ва Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар санаи 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд. Тибқи арзёбиҳои коршиносони мустақил ва институтҳои СММ шумораи аҳолии сайёра рӯ ба афзоиш буда, он метавонад то соли 2050 зиёда аз 9 миллиардро ташкил диҳад, ки ин ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об мувоҷеҳанд. Илова ба ин, дар раванди гармшавии иқлим, кам шудани масоҳати ҷангалзорҳо, раванди биёбоншавӣ боиси афзудани офатҳои табиии вобаста ба об гардида, ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд. Ин масъала баҳри дар ояндаи наздик таъмин намудани бехатарии ҳаёту фаъолият ва беҳдошти аҳолӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунад. Бо дарки баланди муҳимияти масъалаи таъминоти об барои аҳолии кураи Замин дар рафти Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея доир гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал „Об барои рушди устувор, 2018–2028“-ро ба миён гузоштанд.
Пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҳалли масоили обӣ аз барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бар меоянд, ки мақсади асосии он таъмини зиндагии осудаи ҳар як шахс дар сайёраи Замин мебошад. Мазмуни асосии „рушди устувор“ ин рушди устувори биосфера ва таблиғи назарияи ҳамоҳангии муносибати инсон ва табиат, яъне истифодабарии захираҳои табиӣ бе расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист ё худ экология мебошад.
–Тоҷикистон барои сарфакорона истифода намудани захираҳои обии худ чӣ чораҳо меандешад?
–Ҳифзи захираҳои обӣ, пеш аз ҳама, ин сарфакорӣ дар истифодаи онҳо мебошад. Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо ва талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи захираҳои обӣ аз ҷониби кумитаи мо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия шудаанд. Масалан, аз ҷониби олимони Муассисаи давлатии „Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об“ -и кумита ҳуҷҷатҳои меъёрии „Қоидаҳои ҳифзи захираҳои обҳои рӯизаминӣ“ ва „Қоидаҳои ҳифзи захираҳои обҳои зеризаминӣ“ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори соҳавӣ таҳия гардиданд, ки дар онҳо намудҳои истифодабарӣ, чорабиниҳо барои ҳифз ва ҷавобгариҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои истифодабарии ғайриоқилонаи захираҳои об оварда шудаанд.
Инчунин дар кумита ҳамасола аксияи „Тозагии соҳил“ баргузор мешавад, ки дар доираи амали он дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз хизматчиёни давлатӣ то хонандагони мактабҳо иштирок менамоянд. Дар рафти аксия баробари тоза кардани соҳилҳо аз партовҳо, корҳои таблиғотӣ низ роҳандозӣ мешаванд, ки ҳар фарди дар ин аксияҳо ширкат намуда, минбаъд дар пешгирӣ намудани ифлоскунии соҳилҳо, алалхусус захираҳои обӣ фаъолона ширкат хоҳад варзид.
–Тоҷикистон дар иртибот ба ҳамкорӣ дар масоили об б?о ҳамсоякишварҳо чӣ барномае таҳия намудааст?
–Масъалаҳои идоракунии захираҳои оби минтақа дар айни замон бо як қатор санадҳои даврони шӯравӣ ва баъд аз шӯравӣ ба танзим дароварда мешаванд. Санадҳои нисбатан муҳим дар ин самт ин Созишномаи Алмаато дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии якҷояи истифода ва ҳифзи захираҳои об (соли 1992) ва декларатсияи Нуқус оид ба муаммои рушди устувори ҳавзаи баҳри Арал (соли 1995) мебошанд, ки дар онҳо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омодагии худро ҷиҳати эътироф намудани созишномаҳо, шартномаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ, муносибатҳои тарафайнро оид ба захираҳои баҳри Арал танзимкунандаи пеш имзошуда ва ҳоло амалкунандаро тасдиқ намуда, омодагиашонро оид ба иҷрои бевоситаи онҳо иброз доштанд. Ташаббусҳо дар соҳаи об, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ ёфтаанд.
Дар қатори дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ташаббусҳо ва тибқи салоҳияти худ барои таблиғу тарғиби ин Қатънома ва амалисозии ҳадафҳои он нақша - чорабиниҳо таҳия намуда, дар баробари масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба ҳифзу истифодаи оқилонаи об чораҳои зеринро низ дар мадди аввал мегузорад: ҳифз ва нигоҳдории захираҳои обӣ, андешидани чораҳо оид ба ҷамъоварӣ ва ҷойгиронии партовҳое, ки боиси ифлосшавии об мегарданд, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо дар талу теппаҳо ҷиҳати нигоҳдории қабати ҳосилхези замин ва аз ярчу сел нигоҳ доштани он, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ба ин васила аз бодлесшавӣ, эрозия, баландшавии обҳои зеризаминӣ нигоҳ доштани замин, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба истифода ва ҳифзи об.
Қобили зикр аст, ки барои ҳифзу беҳдошти муҳити зист на танҳо намояндагони сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист масъуланд, балки ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки нисбат ба табиат оқилона муносибат намояд ва барои чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани он саъю талош варзад. Зеро солимии ҷомеа ва сиҳатии мардум аз тозаву беолоиш будани муҳити зист вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, орзу мекунам, ки муҳити зисти мо ҳамеша тозаву озода ва табиати Ватани маҳбубамон боз ҳам мунаққашу дилработар гардад.
Мусоҳиб
Эмомалӣ Сайидамирзод