Бону Фарзона Шарифова, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ рӯ ба ман оварду гуфт: “Дидӣ бародар, занҳои мо бисёр дар тасмимгириашон саросема ҳастанд ва ояндаашонро фикр намекунанд”.
-Дар бобати фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба хонандагони маълумот медодед?
-Ман дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарор ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии марбута фаъолият менамоям. Аслан кори мо бештар дар робита бо оилаҳо сурат мегирад. Имрӯз дар оилаҳо нофаҳмиҳо зиёданд, ки ба ноустуворӣ оварда мерасонанд. Ҳатто масъалаҳои ночиз боиси сар задани тазоди хонаводагӣ мегардад. Вазифаи мо муайян намудани иллати асосии сар задани хушунату нофаҳмиҳои хонаводагӣ ва рафъи он мебошад.
-Дар шароити имрӯза ба пошхӯрии оилаҳо ғолибан ҷавононро гунаҳкор мекунанд. Ба фикри Шумо ин дуруст аст?
- Бо итминони комил наметавонам гуфт, ки ҷавонон бегуноҳанд. Вале аз мушоҳидаю таҷриба бармеояд, ки дар бештар маврид волидон ба оилаҳои ҷавон таъсир расонида, онҳоро ба ҷудошавӣ ва издивоҷи дубора талқин мекунанд. Боз дигар сабабҳо ҳастанд, ки оилаҳои ҷавононро ноустувор мегардонанд. Вақте, ки оилаҳои ҷавон барои ҷудошавӣ муроҷиат мекунанд, мо масъаларо баррасӣ мекунем ва ҷавононро дар алоҳидагӣ мепурсем, ки якдигарро дӯст медоред, онҳо мегӯянд, ки “ҳа” ва илова мекунанд, ки “ҳеҷ кас намехоҳад оилааш вайрон шавад”. Дар ин сурат мо пай мебарем, ки барои ҷудоии онҳо дигарҳо таъсир мерасонанд. Дар ин ҳолат мо мекӯшем зану шавҳарро сари созиш хонем. Вале таъсири волидайн, хешу пайвандони бузургсолтари хонавода як ваҷҳи барангезандаи ин мушкили иҷтимоист.
- Бештар занҳо бо кадом масъалаҳо ба Шумо муроҷиат мекунанд?
- Бо ҷанҷоли оилавӣ ва ё надоштани ҷои кор. Дар ноҳия бо ташаббуси раиси ноҳия ва шуъбаи шуғли аҳолӣ дар Литсейи касбии техникӣ ва муассисаҳои таълимии деҳаҳо омӯзиши касбҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Барои касбомӯзон дар баробари таҳсил маблағи муайян дода мешавад. Ин ҷо занҳое, ки бо касби дӯзандагӣ машғуланд, метавонад боз маблағи иловагие ба даст оваранд. Дар бештари маврид ба занҳо тавсия медеҳем, ки касбҳои гуногунро аз худ намуда, барои пешбурди зиндагиашон худ маблағ ба даст оваранд.
PS: Паси дари бону Фарзона Шарифова корафтодае аз самимияту меҳрубонӣ, малоҳату дилсӯзии ӯ ҳарф зада аз ҷумла қайд кард: “Аз гоҳи ошноӣ бо ин бону интизори онем, ки кай дар оилаи мо тифл ба дунё ояду ба ӯ номи Фарзонаро гузорем, ки мисли ин зан паричеҳра, моҳрӯ ва хушсухану хушрафтор бошад”.
Алии Мирзо