- Чаро маҳз таэквандоро интихоб кардед?
- Дар мактаб писарбачаҳо ба ман баробар шуда наметавонистанд. Касе ранҷонад тамом, бо ӯ „ба ҷанг“ мебаромадам. Бо маслиҳати Икром Ғафуров, ки қаҳрамони ҷаҳон дар ин ришта асту дар ҳамсоягии мо мезист, падарам маро ба гурӯҳи таэквандочиён супурд. Устодони аввалинам дар ин ҷода падарам ва мураббии ғамхор Фурқат Ӯрунов мебошанд.
Дар тамоми мусобиқаҳое, ки ширкат меварзидем, падару модар бо мо буданд. Дар толор ҳузур доштани эшон моро масъул мекард, то тавонмандиамонро нишон дода, сарбаландашон созем. Дар мусобиқоти гуногуни ҷумҳурӣ ҳамеша мо, хоҳарон, дар вазни худ ҷойҳои аввалро мегирифтем. Лаҳзаҳои ғолибияту қадрдониро назди волидон наметавон бо сухан ифода намуд. Лаззати он ҳолатро бояд чашид.
Ба шарофати заҳмати пайваста, машқҳои ҳамвораи тоқатхора ва дастгирии устодону волидон ман ҳоло дорандаи унвони се карат чемпиони ҷаҳон байни калонсолон, 12 карат чемпиони Осиё ва барандаи мусобиқоти бесобиқа дар дохили ҷумҳурӣ ҳастам. Хоҳаронам низ дар варзиши касбӣ медурахшанд.
- То куҷо варзиш дар ташаккули шахсияти Шумо нақш дорад?
- Варзиш маро мисли пӯлод гудохту пухта кард. Эътимодам ба худ афзуд.
Аввалин маротиба соли 2008 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ширкат доштам. Аз шаҳоматаш тарсе дар вуҷудам рӯ зад. Худро ҷасур гирифтаму ба дил гуфтам: „Агар натиҷаи беҳтарин нишон надиҳам, пас заҳматҳоям барҳадар рафтаанд“. Дар он мусобиқа ду медали тилло ба даст оварда, ливои ватанро баланд афроштам. Баъди ин чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, боз ҷои аввалро гирифтам. Соли 2009 дар синни 15 - солагӣ дар чемпионати ҷаҳон байни калонсолон ҷои дуюмро ишғол кардам. Соли 2010 бошад, дар мусобиқоти қораи Осиё байни калонсолон дар шаҳри Алмаато шаш медали тилло ба даст овардам. Соли 2011 дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар шаҳри Минск аз ҷониби доварон иштибоҳе рух доду эълон карданд, ки гӯё ман дар даври якум мағлуб шудаам. Мураббиам Далер Тӯраев хатои доваронро муайян сохту исбот кард, ки ман ғолибам. Баъдан рақибони дуюму сеюмро бо рӯҳияи хубе аз таваҷҷуҳи устодам осон шикаст додам ва бори аввал унвони чемпиони ҷаҳонро дарёфтам.
Пеш аз мусобиқаи ҷаҳон байни калонсолон дар Корея вақти тамрин дастам сахт лат хӯрд. То мусобиқа як моҳ монда буд. Бидуни эътино ба дард машғули машқ будам. Модар сарзанишу накуҳишам мекард, ки ба ҳоли худ раҳм орам, аммо… Бо инояти Парвардигор ва ба шарофати заҳматҳои пайваста дар ватани таэквандо, ки қаҳрамонҳои ин риштаи варзиш ҳам аксар аз он ҷо муаррифӣ мешаванд, ғолиб омадам ва қаҳрамони ҷаҳон шудам. Устоди ман Далер Тӯраев низ дар ин мусобиқа бо касби ҷои аввал чемпиони ҷаҳон эълон гардид. Ин мусобиқа моро ба ҳам наздик сохт.
- Воқеан, волидон Далерро ба ҳукми як номзад ба духтарашон чӣ гуна қабул карданд?
- Аввалҳо бо Далер дар як ҷо тамрин мекардам. Баъд ӯ унвони мураббии варзишро касб намуд. Хоксор, самимӣ, нотарс аст. Меҳри ӯ дар дилам дил заду тадриҷан ба муҳаббат табдил ёфт, чаро ки Далерро чун як инсони комил шинохтам. Аз нигоҳи тарбия, фарҳанги оиладорӣ, муносибат, муошират хислати мо ба ҳам мувофиқ омад. Вай дар оила яккаписар буд, дар хонаводаи мо ҳама духтар. Модарам Далерро писар хонданд. Волидон тасмими моро хуш пазируфтанд.
Баъди чемпионати Осиё, ки дар Душанбе соли 2011 баргузор гардид, мо бо Далер издивоҷ кардем. Бо ҳамин миёни ману варзиш чаҳор сол фосила афтод. Масъулияти ҳамсариву модарӣ бароям дар ҷои аввал қарор гирифт. Барои шавҳари дӯстдоштаву тифлаки ширинам муддате аз варзиш канор рафтам.
Дар таҷриба бисёр дидаем, ки маъмулан собиқ варзишгарон ба фарбеҳӣ мувоҷеҳ мешаванд, вале баръакси ҳол вазни ман хеле коҳиш хӯрд. Бо маслиҳат ба варзиш баргаштам. Баъди як моҳ дар чемпионати ҷумҳуриявии Тоҷикистон иштирок карда, ҷои аввалро соҳиб шудам. Мирсаид Яҳёев, раиси федератсияи таэквондочиёни ҷумҳурӣ, пешниҳод кард, ки ба варзиши калон баргардаму дар чемпионатҳои байналмилалӣ ширкат варзам. То мусобиқаи ҷаҳонӣ ҳамагӣ 6 моҳ вақт буд. Одатан мухлисон ба варзишгар замоне таваҷҷуҳ мекунанд, ки парчами ватанро ҷое баланд мебардорад. Аммо кам касон дар хусуси мушкили то ин рӯз расидани қаҳрамонро медонанд. Ҳоло ба рӯзгори бигзашта менигараму боварам намеояд, ки кӯдаки хурд, корҳои хона, тамрини пайвастаро чӣ сон уҳда намудам!
Соли 2015 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Булғористон баргузор гашт, андешае диламро мефишурд, ки мабодо мағлуб шавам, чӣ хел ба Тоҷикистон бармегардам? Рӯи саҳна садои шавҳарам, ки мегуфт: „Сабина, офарин, зӯр, метавонӣ!“ ба гӯшам расиду бо қувваи фавқулодае рақибамро, ки чемпиони ҷаҳон буд, шикаст додам. Вақте Суруди миллии Тоҷикистон дар толор садо доду Парчами давлати Тоҷикистон парафшон шуд, аз чашмонам ашк рехт.
Беҳтарин туҳфа дар ин сол бароям таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чун беҳтарин варзишгари сол маро бо мукофот сарфароз гардониданд.
- Зиндагии ду варзишгар чӣ шебу фарозҳо дорад?
- Дар оила мо ҳар ду баробарем. Дӯстон шӯхӣ мекунанд, ки шумо ду чемпион сари қаҳр якдигарро намезанед? Хушбахтона мо ҳамаро бо мусолиҳа ҳал мекунем. Дар толори варзиш мешавад, ки барои тамрин ба „ҷанг“ бароем, аммо ин танҳо ба хотири сайқали маҳорат асту бас. Варзиш зиндагии муштараки моро рангинтар месозад. Аз кӯдакӣ орзуи дидани Амрикоро доштам. Шавҳарам на танҳо маро ба Амрико бурд, балки имконе фароҳам овард, ки мо он ҷо иқомат бикунем.
- Бори гарони тарбияи фарзанд асосан бар дӯши кист?
- Албатта, бар дӯши ман. Аммо таваҷҷуҳи Амир, писари мо, бештар ба падараш аст. Омаданашро интизор мешавад. Ҳамеша бо ӯ будан мехоҳад.
- Варзиш хуб аст, аммо рӯзеву соле тарки он мебояд гуфт. Ояндаи худро ба чӣ дастур фол дидаед?
- Дар баробари варзиш дар риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунам. Имсол бояд соҳиби дипломи таҳсилоти олӣ гардам. Ҳоло худро пурра дар варзиш мебинам. Баъдан, се шогирд дорам, ки дар ин амал низ Далер маро дастгирӣ мекунад. Нозукиҳои мураббигиро аз ӯ меомӯзам. Тасмимам ин аст, ки шурӯъ аз соли оянда бо ихтисоси худ, ҳуқуқшинос низ фаъолияти густурдае дошта бошам.
- Ташаккур, муваффақ бошед!
Гулноза БОБОМУРОДОВА