Ишора: Саодатбибӣ Сироҷзода Давлатхӯҷа. Соли 1970 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсилоти олии аввалро аз Донишгоҳи технологии шаҳри Бухоро бо ихтисоси муҳандис-технолог гирифтааст. Баъдан, барои дарёфти маълумоти ҳуқуқӣ таҳсилашро дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ давом додааст.
Оиладор ва соҳиби се писар: Эмомалӣ, Мирсаид, Шоҳсомон.
Суҳбате доштем бо Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба бунёди оила дар ҷомеаи кунунӣ ва нақши мақомоти мазкур дар барасмиятдарории муносибатҳои оиладорӣ.
– Муаллима, мехостам андешаи Шуморо ба ҳайси мутахассис бифаҳмам, ки амалиёти мақомоти САҲШ чӣ зарурате барои ҷомеа ва давлат дорад?
– Воқеан, дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ шаҳрвандон аз рӯзи таваллуд то вафот дар бахшҳои САҲШ ба қайд гирифта мешаванд. Мақомоти САҲШ ба хотири пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷиҳати ҳимояи оила ва соҳиб шудан ба молу мулки муштарак, муайян кардани ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ, дорои ҳуҷҷати таваллуд будан ва дигар ҳолатҳое, ки шаҳодат аз узви комилҳуқуқи ҷомеа буданро медиҳад, ба нафъи мардум амалиёташро ба роҳ мондааст.
Мақомоти САҲШ вазифадор аст, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар асоси қонунҳо амал кунад, зеро иштибоҳе дар батартибдарории ҳуҷҷатҳо метавонад зарари ҷиддие ба ҳаёти шахсии нафаре ё кӯдаке дошта бошад. Инчунин мақомоти САҲШ барои ба даст овардани омори дақиқ дар бораи аҳолӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки мақомоти САҲШ барои шаҳрвандон яке аз мақомоти дастрас мебошад, ҷиҳати амалӣ сохтани анъанаҳои ниёгон ва нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, ба мисоли бо садои ёр- ёру карнаю сурнай бастани ақди никоҳ ва бахусус солҳои ахир, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба либосҳои қадимаи аҷдодӣ зиёд шудаасту ҳангоми ҷашни арӯсӣ ин гуна либосҳоро бештар ба бар мекунанд.
–Аз аввали сол то ба имрӯз чӣ маълумоте дар бораи расмӣ гардонидани ақди никоҳ, бекор кардани он ва ба қайд гирифтани таваллудро ба даст доред?
– Дар ин давра 17 ҳазору 567 навхонадор никоҳи худро расмӣ намуд. 2 ҳазору 319 ақди никоҳ бекор гардид, ки аз ин 1455 адад бо қарори суд аз расмият бароварда шуд. Аксар ақдҳои никоҳи бекоргашта марбут ба оилаҳое ҳастанд, ки аллакай солҳои 2005–2006 аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд ва барои гирифтани қитъаи замин, сафарбар шудани писарон ба хизмати ҳарбӣ ва дастрасӣ доштани фарзандонашон аз имтиёзҳо барои донишҷӯён бо гузашти чанд сол акнун никоҳашонро расман бекор кардаанд. Ҳамчунин 57 ҳазору 807 кӯдак соҳиби шаҳодатномаи таваллуд гардид.
– Воқеан, масъалаи пошхӯрии оила дар ҷомеа мавриди нигаронӣ аст. Мушкилоти ин мавзӯъро Шумо бештар дар чӣ мебинед?
–Аксар амалиёти бекоркунии ақди никоҳ ба сабаби бемори рӯҳӣ будани зан ё мард, камбудиҳои рӯзгор ва паст будани вазъи иқтисодии оилаҳо, дар муҳоҷирати корӣ будани зан ё мард, маҳбасӣ шудани яке, майнӯшию нашъамандӣ, бефарзандӣ, дахолати волидайн сурат мегирад.
– Тайи як сол чӣ тағйироте дар кори САҲШ ба вуҷуд омад?
– Бо ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи ҶТ дар фаъолияти САҲШ низ дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Бо талаби Қонуни ҶТ „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ муайян гардид, ки он дар иртибот бо аз миён бурдани никоҳи хешутаборӣ баррасӣ шудааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шудааст, ки ҳоло дар кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдаку навраси маъюби то 18 – сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешавад. Бештари онҳо маъюбони модарзод буда, аз никоҳи хешовандон, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.
Ё ин ки дар моддаи 15, қисми 1 Кодекси оила ба хотири нигоҳ доштани солимии оила ва насли сиҳатманд гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандагонро ба таври ройгон муқаррар кард, ки ин иқдом барои ҷомеа аз манфиат холӣ нест.
Ба хотири пешрафти кор дар раёсат бо дастгирии Барномаи ҳукуматии „Рушди мақомоти САҲШ“ бо таври электронӣ сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз бахшҳои дигари шаҳру ноҳияҳо ба мо ворид мешаванд, ки то ҷойе осонӣ дар самти ҳуҷҷатнигории фаъолияти САҲШ фароҳам омад.
– Оё ҷавонон аз дигар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ барои расмӣ намудани ақди никоҳашон ба раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия меоянд?
– Агар як нафар издивоҷшаванда сокини шаҳри Душанбе бошад, бо пешниҳоди маълумотномаи нафари дигар аз ҷои маскун метавонем дар ин ҷо ақди никоҳро анҷом диҳем. Асосан бастани ақди никоҳ, додани шаҳодатномаи таваллуд, вафот ва муқаррар кардани падарӣ дар бахшҳои САҲШ- ҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо амалӣ мешаванд ва бекор кардани никоҳ, фарзандхонӣ, иваз намудани ному насабро дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо ба қайд мегиранд.
– Тайи солҳои фаъолият кадом ақди никоҳи ба расмият даровардаатон бароятон хотирмон буд?
– Албатта, ба расмият даровардани ақди никоҳи оилаҳои камбизоату ниёзманд, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуданд, бароям фармӯшношуданианд. Хурсандию хотири болидаи навхонадорон аз дигар навхонадорони муқаррарӣ ба куллӣ фарқ дошт.
– Амалиёти дигари мақомоти САҲШ додани шаҳодатномаи таваллуд ба навзодон мебошад ва чанде пеш тағйироте ҳам дар боби номгузорӣ қабул гардида буд…
– Оре, ниёгони мо гузоштани номи некро ба фарзандон ҳам қарз ва ҳам фарзи волидон медонанд ва миёни мардум анъанаҳои хуби номгузорӣ низ роиҷ аст. Масалан, дар фасли баҳор ба фарзандон Наврӯз, Баҳор, Гулизор ва дигар номҳо мегузоштанд. Аз қадим гузаштагони мо ҳанӯз пеш аз ба дунё омадани фарзанд дар ҷустуҷӯи ном мешуданд, то беҳтарин номро ба тифли ояндаашон гузоранд.
Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ ин буд, ки дар номгузорӣ ва тартиби иваз намудани ному насаб ва номи падарӣ, тарзи барқароркунии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мушкилоти зиёде пеш омад. Моддаи 20-уми навтаҳриршудаи қонуни мазкур ҳар шахсро водор месозад, ки дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд бояд ному насаб, инчунин номи падарии ба асосҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ асоснок дошта бошад. Мувофиқи нишондоди қисми панҷуми моддаи мазкур ба кӯдак гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот, парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо мекунанд, манъ аст.
– Дар анҷом мехостам андешаи Шуморо дар боби оила ва муқаддасоти он бифаҳмам…
– Ҳамдигарфаҳмии зану шавҳар, тарбияи фарзандони хушодобу солеҳ, нигоҳ доштани нангу номуси оиладорӣ муқаддасоти оила мебошанд. Муқаддасоти оиларо нигоҳ бояд дошт…
– Ташаккур барои суҳбат!
Қутбияи Неъматулло