–Ман ва хоҳари дугоникам Наталя 19 июли соли 1975 дар шаҳри зебо ва дӯстдоштании Душанбе ба дунё омадаем. Хонаводаи мо аз ҷумлаи хонаводаҳои некбахту саодатёри ин шаҳр ба шумор мерафт. Мо дар иҳотаи гарми падару модар ва падаркалону модаркалон ба камол расидаем. Ману Наталя дар мактаби миёнаи рақами 48, ки дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ аст, таҳсил кардаем. Дар даврони кӯдакиямон таътили тобистонаро бисёр вақт дар урдугоҳи пешоҳангон, ки дар дараи Варзоб қарор дошт, сипарӣ намудаем. Дар фасли зимистон ба Тагоб мерафтем, то барфбозиву лижатозӣ намоем. Падарам Торопов Александр Сергеевич дар Душанбе ба дунё омада, дар оғӯши ҳамин шаҳр бузург шудааст. Вай таҳсилоти олӣ дошт ва дар маркази таъмири мошинҳо ба ҳайси муҳандис кор мекард. Модарам Торопова Тамара Юревна низ зодаи Душанбешаҳр буда, таҳсилоти олӣ дорад. Ӯ ба ҳайси устоди кафедраи таърихи Донишкадаи политехникӣ фаъолият кардааст. Аз овони тифлӣ орзу доштам, ки пизишк шавам. Мактаби миёнаро аъло хатм намуда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шудам. Онро соли 1998 хатм намудам. Аз устодонам- корманди кафедраи ҷарроҳии донишгоҳ Пӯлод Қодирович, кафедраи момодоягӣ Роҳат Тоҷиевна ва Мавлуда Сариевна, кафедраи анатомия Мулло Усмонович бекарона сипосгузорам. Ифтихорманд аз онам, ки аз академик Юсуф Исҳоқӣ сабақ омӯхтаам.
– Баъди хатми донишгоҳ сарнавишт шуморо ба кишвари афсонахези Ҳиндустон овард…
–Бале, сарнавишт будааст, ки соли 1998 ба шаҳри Деҳлӣ кӯч бастем. Вале барои ба ин ҷо омаданам чанд омилу сабабҳои айнию зеҳнӣ низ таъсиргузор буданд. Соли 1995 мо падарамонро аз даст додем. Ин, албатта, бароямон талафоти бузург буд. Модарам, кулфату мусибати ба сараш омадаро таҳаммул карда натавонист ва ба Русия кӯч баст. Аз соли 1998 бад-ин сӯ ман дар шаҳри Деҳлӣ ба ҳайси пизишки момодоя кор мекунам. Ҳамзамон чанд муддатест, ки ба сайёҳии тиббӣ машғулам ва барои он ашхосе, ки ба Деҳлӣ аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла аз Тоҷикистон меоянд, ёрӣ мерасонам. Ҳарчанд дар шаҳри Деҳлӣ ба сар мебарам, бо пайвандон, дӯстон ва ҳампешагони худ дар Тоҷикистон ҳамеша дар иртибот ҳастам. Хоҳарам Наталя то кунун дар шаҳри Душанбе ба ҳайси мудири кӯдакистони „Офтобак“ кор мекунад. Ҳамсабақони даврони донишҷӯиям ҳама пизишкони варзида мебошанд. Онҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар паҳнои собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо заҳмат мекашанд. Мо бо ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар муоширатем. Доштани чунин ҳамсабақҳо бароям мояи ифтихор аст. Ман дар шаҳри Деҳлӣ якҷо бо хонаводаи худ зиндагӣ мекунам. Ҳамсари ман Радҷив Сени пизишки эҳёгар буда, ӯ низ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аст. Мо ду нафар фарзандони қашангу нозанин дорем. Духтарам Парибо шонздаҳсола буда, алҳол барои супурдани имтиҳоноти шомилшавӣ ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Деҳлӣ омодагӣ мебинад. Писарамон Ориён сездаҳ сол дораду талабаи синфи ҳафт аст. Вай иштиёқи зиёде ба мусиқӣ зоҳир мекунад. Мо бо волидайни шавҳарам дар як манзил, чун як хонаводаи тифоқу озода зиндагӣ мекунем. Бо мардум бо забонҳои ҳиндиву англисӣ суҳбат карда метавонам. Вале забони тоҷикӣ бароям малҳам асту мумиё. Ба Деҳлӣ аз Тоҷикистон меҳмонони зиёде меоянд. Кӯшиш мекунам, бо онҳо бо тоҷикӣ суҳбат ороям ва ёриву некии худро барояшон дареғ надорам. Бисёр ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон дар Тоҷикистон намояндагиҳо кушоданд. Онҳо барои машварат гоҳо ба ман муроҷиат мекунанд. Ман дар бораи Ватанам ба онҳо маълумоти комил пешниҳод менамоям.
–Яъне Шумо ҳамешаву пайваста бо ёди Ватан ҳастед. Ватане ҳастед, ки бо Шумо барин фарзандони раҳдуру дурафтодааш ифтихор мекунад…
–Ман рӯҳан ҳаргиз наметавонам аз Душанбе ҷудо бошам. Рӯҳу хиёли ман ҳамеша бо ин шаҳр банду гирифтор аст. Шаҳри зебое, ки айёми зебои кӯдакиям он ҷо бигзаштааст. Ҳар вақт, ки фурсат даст дод, ба Душанбе меоям. Бори охир сафари ман дар моҳи феврали соли 2015 иттифоқ уфтода буд. Бармало дарк кардам, ки алъон дар кишвари мо - Тоҷикистон ҳама роҳу заминаҳо барои рушд мавҷуданд. Вале кишварамон боз ҳам ниёз ба кадрҳои варзидаю ихтисосманд дорад. Аз ин рӯ, паёми ман ба духтарони тоҷик он аст, ки биомӯзед! Забонҳои хориҷиро фаро гиред, фанновариҳои ҷадидро аз худ кунед. Шояд бипурсед, ки оё мехоҳам ба Душанбе баргардам? Хонаю манзили зан баъди издивоҷ ин хонаи шавҳар аст. Барои ҳамешагӣ. Аз ин рӯ, наметавонам барои ҳамешагӣ ба Ватанам баргардам. Вале мехоҳам ҳарчӣ бештар барои диданаш биёям. Ҳамчун фарзандаш, ҳамчун меҳмонаш. Зеро ман онро ҳамеша сахт пазмон мешавам. Дар Ҳиндустон шиноснома гирифтаам. Вале шаҳрванди ин кишвар нестам. Мақоми маро мегӯянд: „Person of Indian Orijin“. Ман аз ҳамаи ҳуқуқҳое, ки шаҳрвандони Ҳиндустон доранд, бархӯрдорам. Вале ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро дар интихобот надорам. Ман то кунун шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро ҳифз кардаам. Лиҳозо, дар маъракаҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла дар интихоботу раъйпурсӣ ширкат меварзам. Барои овоздиҳӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ меравам.
–Миёни суннату анъанаҳои миллии тоҷикону ҳиндуҳо чӣ умумиятеро мебинед?
– Дар расму оинҳои тоҷикону ҳиндувон арзишҳои мушобеҳ хеле зиёданд. Ба вижа, дар расму суннатҳои хонаводагӣ ва ҳурмату иззати солмандон. Ҳиндустон як кишвари бисёрмазҳабӣ аст. Дар ин ҷо ба ҳама дину мазҳабҳо муносибати шоиставу шарафмандона қоил ҳастанд. Пайравони кеши ҳиндӣ, мусалмонҳо, насрониён, буддоиҳо ҳама сарҷамъу дӯстона зиндагӣ доранд ва ба якдигар эҳтиром мегузоранд. Ҳамчун зан мекӯшам ба умқи ҳикмату маънии зиндагӣ фурӯ равам. Шояд меҳру муҳаббати бекаронаи ман ба Меҳанам -Тоҷикистон низ аз ҳамин ҷо сарчашма бигирад. Оё метавон чунин Ватанро дӯст надошт ва лаҳзае бе ёди он ба сар бурд? Ҳаргиз!