Сухан аз забони Наргис
Боиси ифтихорам аст, ки ҳаёти ҳамқисматонамро ба қалам медиҳам. Хушбахтам, ки миёни мардум хонандаи худро дорам. Аслан қаҳрамонҳои қиссаҳоям занони деҳотанд. Кӯшиш намудам рӯҳи муборизи зани деҳотро таҷассум кунам. Зеро бо ҳама печу тобҳо, шикасту рехтҳо рӯҳи ӯ қавист. Бубинед, 80 дар сади мардони деҳот дар муҳоҷиратанд ва зани деҳот ҳам зан асту ҳам мард. Чӣ гуна ӯ мубориз набошад?
Ба пошхӯрии оила кӣ гунаҳкор?
Дар пошхӯрии хонаводаҳо бештар мардонро гунаҳкор мекунем. Занҳо ҳам гунаҳкоранд. Пас аз он, ки Сарвари давлат аз занон пуштибонӣ карданд, баъзеашон то андозае аз худ рафтанд, гӯем хато намешавад. Ду моҳ зиндагӣ мекунанд, ҳомила, ки шуданд, табли ҷудоӣ мезананд. Мисле, ки ба мақсадашон расиданд. Хуб мешуд, ки оид ба ин падидаи номатлуб низ андеша кунем ва пеши роҳи ин мушкилотро бо ҳамдастӣ бигирем. Зиндагӣ мураккаб аст ва дар баробари шодиҳо ғаму ғурбатҳо низ дорад. Ба он тобовар мебояд буд, бо андак шамол набояд зиндагиро барҳам зад.
Вазифаи зан чист?
Мо мехоҳем ҳамқадами замон бошем. Мардон он қадар худхоҳ шудаанд, ки баъзан ин ҳаққамонро аз мо мегиранд. Бо пайдо шудани бонувон дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба онҳо ҳуҷум меоранд, ки «шавҳар мекобӣ? Вазифаи зан дар хона нишастан аст», ҳатто Фирдавсиро мисол меоранд, ки:
Занонро бас бувад, ҳамин як ҳунар,
Ки шинанду зоянд шерони нар.
Албатта, манзури Фирдавсӣ ин буд, ки зан ҳеҷ коре накунад ҳам, бузург аст, тифл ба дунё оварданаш кофист. Аммо дар хона нишастани кулли занон имконнопазир аст, зеро зану мард ҳуқуқи баробар доранд ва метавонад барои пешрафти ҷомеа нақши пуррангу муассир гузорад. Агар бонувон кор накунанд, мардон рӯфтани роҳу хиёбонҳоро ба ӯҳда мегирифта бошанд?!
Дарди миллат
Бештар наср менависам. Ба шеърҳоям эрод мегиранд, ки мазмун доранд, аммо вазн хароб аст. Ман шеърро барои худам менависам ва барои онҳое, ки онро дар ҳамин қолаб қабул доранд. Масалан, ин шеъре, ки гуфтам, танҳо дарди ман нест, дарди миллатам аст.
"Аз куҷоӣ?", "Ту куҷоӣ?"- дарди миллат,
Аз куҷо дигар биёбем фарди миллат?
"Аз куҷоӣ?", "Ту куҷоӣ?"- мекушад,
Номуси кас, мардии ҳар марди миллат.
Пора кардан бас Ватан бо қитъаҳо,
Халқи тоҷик -ТОҶИК аз як қитъа аст!
Зан хона надорад…
Баъзан сари андеша меравам, ки чаро зан «хонаи ман» гуфта наметавонад. Вақте дар хонаи падар аст, хонаи падар мегӯяд. Шавҳар, ки кард, хонаи шавҳар мегӯяд. Бо ин ки тамоми умр дар ин хона заҳмат мекашад, барои обод шудани он мекӯшад, фарзандон ба дунё меорад, ба воя мерасонад, умри азизашро сарфи шавҳару фарзандон мекунад, ин хона аз ӯ нест. Ҳолатҳо зиёданд, ки шавҳар ҳар вақт хоҳад, ӯро аз хона бадар мекунад. Ин фақат мушкили ман, мушкили бисёр ҳамҷинсонам аст.
Аз вижагиҳои зани рустоӣ
Занони деҳотӣ хоксоранд, меҳмондору меҳмоннавозанд. Тасаввур кунед, агар дар як ҷамоат ё деҳа 200 хоҷагӣ зиндагӣ кунад, онҳо якдигарро мешиносанд. То кӯдаки гаҳвораи ҳамдигарро медонанд, рафтуомад доранд, дар шодиву ғам шарики ҳаманд. Ба иззати занони шаҳрӣ расидан намехоҳам, вале онҳо дар як бино зиндагӣ карда, баъзан ҳамдигарро намешиносанд, намедонанд кистанд, аз куҷоянд, аз кадом ҳаво нафас мекашанд. Хоксорӣ, меҳру муҳаббате, ки зани русто дорад, дар зани шаҳрӣ дида намешавад. Хоксории зани деҳотиро умре дар худ нигаҳ медорам.
Шаҳрӣ будан, рисолати худро дорад
Ҳоло, ки талабот бештар ба забон аст, зани пешрафтаи шаҳрӣ бояд забонҳои англисиву русӣ, одоби шаҳрдорӣ ва рисолати аслии хешро донад, ба мардуми шаҳр намуна бошад. Бо дидани рафтори ношоиста бетарафӣ зоҳир накунад, шаҳрӣ буданашро дар либосҳои нимурён ва ба дискоклубҳо рафтан набинад. Шаҳр фарҳангу зиндагии вижа дорад ва вақте аз русто ба шаҳр кӯч бастем, муҳиту ҳаёти шаҳрро бояд омӯхту риоя кард.
Қаҳрамони беунвон
Зани тоҷик қаҳрамони беунвон аст, зеро дар ҷанги шаҳрвандӣ аз кӯраи обу оташ гузашт ва гоҳе ҳанӯз ҳам ба худ наомадааст. Ҳарчанд мардони мо бештар талафот диданд. Ин ҷанг рӯҳи модари тоҷикро хаста кард, дилашро захмӣ. Ҳарчанд карахш бастааст, аммо сӯзишаш то ба охир мемонад. Зане, модаре намонд, ки азизи дилаш, шавҳар, фарзанд, падар, бародарашро аз даст надода бошад. Назди зани тоҷик сари таъзим мебояд фуруд овард.
Дардҳои бедавоям…
Вақте дард фузун шуд, онро бояд берун рехт. Фарзанди нозанинам болои дастам бе ягон беморӣ ҷон дод ва аз ин зарбаи камаршикани тақдир ба худ наомада будам, ки аз шавҳар бе ягон сабаб бо баҳонаи фавти ҷигарбандам хатти талоқ гирифтам, гӯё дар марги фарзандам гунаҳкор будам...
Дард, алам, сӯз болои ҳам ҷамъ шуданду рӯи авроқи испед рехтанд. Хушбахтона ё бадбахтона, ҳамдардони ман зиёданд , ки хонандаи худро ёфтам. Аксари сужаи асарҳоямро аз зиндагии худам мегирам. Қаҳрамонҳоям онҳоеанд, ки мешиносамашон, бевосита аз зиндагиашон огоҳам, одамони воқеианд, аксарашон худам ҳастам. Дурӯғ наменависам. Албатта, бе образи бадеӣ наср намешавад, аммо дар навиштаҳоям воқеият бештар аст.
Моли камёфт
Дар як таронаам гуфтам: «Аҷаб замоне. Ҳама чиз ёфт мешавад, ҳатто шири мурғ, аммо муҳаббати инсонӣ тадриҷан моли камёфт мегардад...»
Ба зани тоҷик имрӯз меҳру муҳаббат ва самимият намерасад. Муҳтоҷи муҳаббат аст, аз ҳама ҷиҳат, ҳам моддӣ ҳам маънавӣ. Аз меҳру муҳаббат дур мондааст, бозорнишин аст, шавҳараш дар хориҷ аст, бори вазнини рӯзгор бар шонаҳои нозукаш афтода. Рисолаташ аз байн рафтан дорад. Мо хоҳ нохоҳ заифем, тоби бардошти бори гарони рӯзгорро ба танҳоӣ надорем. Ба қавле «Чораи бечорагии зан бувад, мардонагӣ».
Дуроҳаи тақдир
Дар як ҳикояи «Зан ва қисмат» духтараки деҳотии аз муҳити деҳот беруннарафтаро тасвир намудам, ки чӣ тавр худро сохт, тақдирашро тадбир кард. Аз дасти модарандар фирор намуд ва ба шаҳр рафта илм омӯхт. Аввал қаҳрамонамро бо фоҳиша бархурд кунондам, аз байни фоҳишаҳо нафареро пайдо намудам, ки ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят намуд. Гуфт роҳи мо хатост, ту ба ин роҳ нарав, намехоҳам ҳамтақдири ман шавӣ. Рӯзгори фоҳишаҳоро тасвир намудам, ки чаро ба ин роҳ рафтанд. Сипас ба чандин гуруҳи одамон вохӯрду билохир сарпаноҳе пайдо намуд. Яъне дунё ба охир нарасидаасту аз одамони нек орӣ нест...
Тақдирро тадбир мебояд…
Аз хурдӣ мехостам қисматамро дигарон ҳал накунанд ва ба ҷои ман тасмим нагиранд. Дар умри начандон тӯлонӣ ҳам шодӣ дидаму ҳам ғам, ҳам бурдаму ҳам бохтам. Вале бо ин ҳама шукргузорам, зеро шикаст у рехт ва бурду бохт низ бахше аз зиндагист. Ғам аст, ки қадри шодиро пеши мо баланд сохта. Шукронаи ҳар як лаҳзаи зиндагӣ.
Фарҷом
Воқеан, зиндагии зани тоҷик пур аз шодиву нишот ва дарду андуҳи бекарон аст. Агар дар хонаводае чароғи муҳаббат фурӯзон бошад, оилаи дигаре аз ин давлат бебаҳра аст. Дар ҷомеа зиндагӣ яксон нест.
Дарди бонуи эҷодкор Наргиси Муродалӣ фақат дарди ӯ нест, андуҳи ҳазорон бонувони дигар аст. Ӯ дар китобҳои «Оҳи бадард», «Шаҳду заҳри зиндагӣ»«Хаёли рангин» (маҷмӯаи шеърҳо) низ бо дақиқнигоҳӣ рӯзгори ошуфта ва орзуву омолашонро мунъакис намудааст, яъне Наргис бонуест, ки дунёи ҳамқисматонаш ӯро ҳаргиз бетараф нагузоштааст.
Зани тоҷик дар шароити нави зиндагӣ новобаста аз пешрафт ҳанӯз мушкилоти зиёд дорад. Шояд баррасии пайвастаи рӯзгори душвори эшон то ҷое ба ҳалли мушкилашон боис гардад.
Зеро агар набзи рӯзгори бонувон якмаром бошад, амни ҳаёти ҷомеа таъмин аст. Бе дурахши рӯи зебои бонувон рӯзгор маъниашро гум мекунад:
Агар зан нест, ишқ андар ҷаҳон нест,
Ҷаҳон бе зан агар бошад, ҷаҳон нест.