04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Зебуннисо Назарова: «ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БА САТҲИ МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА ВОБАСТА АСТ»

-Хуб мешуд, нахуст дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷомеъа андешаи худро иброз мекардед.

- Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷомае зарурат ба таҳияи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон доштем. Маҳз ҳамин санади тақдирсоз асос шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар арзишҳои миллию давлатӣ ҳифз  шуданд. Вазъи ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама, ба сатҳи маърифатнокии ҷомеа вобастагӣ дорад ва фикр мекунам, дар ин ҷода пешравиҳо дорем.

- Кадом  масъалаҳои ҳуқуқии чомеа Шуморо бештар ба ташвиш меорад?

-Пкш аз ҳама ба масъалаи зӯроварӣ дар оила эътибор додан зарур аст.  Оилаҳои анъанавӣ серфарзанд буда,  ду- се оила дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд. Дар чунин оилаҳо ба муносибати мутаносиби шахсҳо ва вобастагии мутақобила аҳмият медиҳанд ва манфиати оила аз манофеъи шахсӣ болотар меистад. Вақте дар оила нуқтаи назари мардон нақши ҳалкунанда мебозад, аллакай ҳуқуқҳои занон нақз мешаванд. Ин ҳам аз сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон вобаста аст ва зуроварӣ нисбат ба занро амри маъмулӣ ҳисобида мешавад .

Аз тарафи дигар, баъзан беаҳамиятии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, духтурону пешвоёни динӣ ва дигар фаъолони ҷомеа боиси он мешавад, ки дар оилаҳо зӯроварӣ пешгирӣ намешаванд. Инчунин, нокифоягии базаи ҳуқуқии занон боиси зӯроварии мард нисбати онҳо ва фарзандонашон мегардад. Яъне, вақте мард ба зан зӯроварӣ нишон медиҳад, дар ғайби мард зан нисбати фарзандон чунин рафтор мекунад. Ин ва дигар омилҳо сабаби асосии пошхӯрии оилаҳо ва дар муҳити носолим тарбия ёфтани фарзандони онҳо мегардад.

-Оё барномаҳои маърифатнокии занон кифоят намекунанд ё надоштани донишҳои ҳуқуқии занон сабабҳои дигар доранд?            

-Имрӯзҳо амалишавии амру фармонҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаа, таъмини шароиту имкониятҳо барои ширкати занон дар корҳои ҷамъиятӣ мушоҳида мешаванд. Аммо, мутаассифона, қисми зиёди бонувони русто аз бесаводию надоштани касбу ҳунар дучори мушкилиҳои гуногун ҳастанд.

-Коҳиш ёфтани маърифати ҳуқуқии занонро дар чӣ мебинед.

- Бояд гуфт, ки занон мисли мардҳо, чӣ дар оила ва чӣ дар ҷомеа, ҳама талаботҳои иҷтимоии худро қонеъ карда наметавонанд. Мутоила накардани матбуот ва аз дигар воситаҳои иттлооттӣ ва аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор мондани занон, сабаби сатҳи пасти донишу вазъи зиндагии онҳо мебошад.  

-Маълумотнокии ҷомеа, ба хусус баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ асосии пешрафт ва беҳдошти зиндагии мардум арзёбӣ мегардад. Пас,чӣ бояд кард, то осебпазиртарин қишри ҷомеа, занону кӯдакон аз ҳуқуқҳои хеш бархурдор бошанд?         

- Бозомӯзию баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии занон бо роҳи бештар намудани чорабиниҳо фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад. Ин чорабиниҳо дар сатҳи маҳаллаҳо ва рустоҳои аз марказҳои шаҳру навоҳӣ дуртар воқеъбуда бештар доир гарданд. Сокинонро бо адабиётҳои ҳуқуқӣ ва дигар воситаҳои иттилоотнокӣ таъмин карда зарур аст.

-Ба фикри Шумо дар раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини баробарӣ байни занону мардон то куҷо муваффақ шудаем?

-Баробарии марду зан  дар моддаи 17-и  Конститутсия (Сарқонуни)-Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуда, тӯли 23 соли соҳибистиқлолии кишвар қонуну қарорҳои зиёде татбиқ шудаанд, инчунин барномаҳои гуногуни давлатӣ мавриди амал қарор гирифтаанд.

Аммо барои таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа бояд ҳар шаҳрванди кишвар саҳим бошад. Мавриди зикр аст, ки имрӯз фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дида мешавад. Ба хусус, кору фаъолияти занон дар мақомоти прокуратура, суду Вазорати корҳои дохила ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ назаррас аст.

-Барои суҳбат сипосгузорем.

:.  Мусоҳиба 29.12.2014 04:28 2800

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz