Нахуст бигуед, ки то ба ин вазифа таъйин шуданатон дар кадом кору вазифаҳо фаъолият доштед?
Дар оилаи зиёӣ зода ва ба дунё омада, соли 1985 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Ҷиргатолро бо баҳои аъло хатм кардам. Ҳамон сол ба Донишгоҳи омузгории пойтахт дохил шуда, соли 1990 бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ба мактаби зодгоҳам ба кор омадам. Баъдан, дар бахши омӯзгории Донишгоҳи байналхалқии «Дӯстии халқҳо»- шаҳри Маскав таҳсил намудам. Барои фаъолияти назаррас дар соҳаи омӯзгорӣ ба унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр шудаам. Аз соли 2012 инҷониб мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҷиргатол мебошам.
- Ба фикри шумо, оё квотаҳои президентӣ воқеан ҳам насиби фаъолдухтарон мешаванд?
-Хушбахтона, ин масъала пештар ва имрӯз ҳам дар ноҳияи Ҷиргатол ҳалли мусбии худро ёфтааст. То кунун 250 нафар хонандагони лаёқатманд аз оилаҳои ниёзманди ноҳия тибқи квота ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд. Айни замон, 82 нафари онҳо таҳсил доранд. Аз шумори хатмнамудаҳо тибқи квота 94 нафар ҷавонон дар соҳоти хоҷагии халқи ноҳия машғули кору вазифа буда, 50 нафари дигар берун аз ноҳия фаъолият доранд. Имрӯз аз ҳисоби ҳамин гуна фаъолҷавонон се нафар дар магистратура, ду нафар дар аспирантура ва як нафар дар ординатура таҳсили худро давом дода истодаанд. Яке аз духтарони мо, Гулбаҳор Мирзоева, рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд. Бо онҳое, ки тибқи квота дар макотиби олӣ таҳсил доранд, хамасола раис ва фаъолони ноҳия вохӯрихо доир намуда, ба онҳо кумакхои гуногун мерасонанд. Ҳамин сол дар арафаи Наврӯзи хӯҷастапай барои донишҷӯён 4200 сомонӣ ҷудо шуд. Соли ҷорӣ 15 нафар духтарони мо ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ноҳияи Рашт дохил шуданд.
-Раванди соҳибкорӣ миёни бонувони Ҷиргатол дар кадом поя аст?
Фаъолияти соҳибкорӣ миёни занони ноҳия хуб ба чашм мерасад. Аксари духтарон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ шуғли тоҷирӣ дошта, дӯконҳои фурӯш ва мағозаҳои молҳои ниёзи аввалия доранд. Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ба маърифати соҳибкории бонувон диққати махсус дода, бо онҳо пайваста вохурӣ доир месозад. Дар форуми байналмилалии соҳибкорзанон аз ноҳияи Ҷиргатол ҳам вакилон иштирок дошта, чор нафар духтарон барои бозомӯзии фаъолияти соҳибкорӣ ба вилояти Суғд сафарбар шудаанд. Соли 2014 аз нохия се нафар занон дар озмуни занони соҳибкор иштирок намуда, ду нафарашон соҳиби гранти Президентӣ шуданд. Ҷиҳати баланд бардоштани савия ва маърифати роҳбарӣ ду нафар сарварзанони ноҳияи Ҷиргатол ба ҷумҳуриҳои Япония ва Хитой сафари корӣ доштанд.
-Ҳалли мушкилоти хонаводагӣ ва пешгирии ҳуқуқ- вайронкунӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Бале, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон мунтазам вохӯриҳо гузаронда, атрофи мавзуҳои мубрами рӯз суҳбатҳо доир мекунад. Аксари вақт занон бо кумаки якдигар мушкилоти ҳамсоя ё духтарони дар нимароҳ мондаро мусбат ҳал менамоянд. Вайроншавии оилаҳо низ дар ноҳия кам ба чашм мерасанд. Кӯшиш мекунем, бо оилаҳое, ки дар чунин вазъ қарор доранд, қаблан вохӯрда оқибатҳои нохуши ин мушкилотро фаҳмонем. Чун оилаҳои ҷавон аз маслиҳату машварати мо ва оилаҳои намунавӣ баҳраманд мешаванд, ҷудошавии оилаҳо коҳиш меёбанд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» барномаи ноҳиявӣ таҳия гардидааст, ки мувофиқи он корҳои таблиғотию ташвиқотӣ миёни занону духтарон мунтазам гузаронида мешавад.
-Лутфан оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз ҷониби сокинони ноҳия маълумот медодед.
-Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ноҳияи Ҷиргатол, хоса дар бахше, ки мо сарварии онро ба дӯш дорем, хуб ба роҳ монда шудааст. Оид ба амалишавии ин қонунҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат, Ҷиргатол, Сурхоб, Қашот, Муксу, Алға, Янгишаҳр, Сартало ва миёни донишҷӯёну волидайн , омӯзгорони Омӯзишгоҳи касбии ноҳия ҳар сари вақт суҳбату вохӯриҳо доир менамоем. Дар вохӯриҳо мардум ба масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷиргатол Колеҷи омӯзгорӣ, Литсейи касби-техникии рақами 78 ва омӯзишгоҳи тиббии ноҳия фаъолият доранд, ки дар омода намудани кадрҳо саҳми бузург мебозанд. Ҳамчунин, вазорату Кумитаҳои марказии кишвар дар самтҳои гуногун барои сокинони ноҳияи мо саҳмгузорӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо ибтикору дастгирии Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар ҷавондухтари ноҳия , ки ба бемории модарзодӣ мубтало буд, дар Беморхонаи Қарияи Боло ҷарроҳӣ шуда, солимиаш барқарор шуд.
-Тиллохон барои суҳбати пурмуҳтаво аз шумо сипосгузорем.
-Ба шумо низ ташаккур мегӯям. Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва сомонаи онро мо, бонувони ҷиргатолӣ, мутолиа менамоем ва он дар баланд бардоштани руҳияи меҳнатӣ, ҳисси ифтихори ватандӯстӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа нақши муҳим дорад.
Мусоҳиб Рустами Назир