04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РӮЗНОМАНИГОРӢ ОРЗУИ МАН

-Чаро маҳз касби рӯзноманигориро интихоб намудед?

 -Банда мисли дигар занони тоҷик азм дорам, бо кору андешаҳои созанда дар пешрафти ҷомеа саҳм дошта бошам. Шавқу рағбат ба пешаи рӯзноманигорӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ дар дилам шӯъла афрӯхта буду дар рӯзномаи вақти ноҳия «Меҳнати комунистӣ», баъдтар дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» мақолаҳо менавиштам. Дӯст медорам, аз ҳаёту фаъолияти мардуми деҳот матлабҳо омода намоям.

- Дар роҳи расидан ба мақсад чӣ рӯзҳое паси сар шуданд?

-Албатта, дар пайроҳаи зиндагӣ монеаҳои зиёде вомехӯранд, ки онҳоро бояд паси сар намуд. Ҳанӯз баробари хатми мактаби миёна, бинобар бемории модарам, натавонистам ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шавам. Аммо, баъдан маро ба шавҳар доданду орзуҳои ҷавонӣ ба ормон табдил ёфт. Лек давоми ҳаёти оилавӣ  ҳашт фарзандро тарбия ва ба воя расонидам ва ҳамзамон меҳру муҳаббат ба ҷодаи рӯзноманигорӣ дар дилам бештар мешуд. Ҳамин тавр, баъди 23 соли хатми мактаби миёна бо ризояти ҳамсарам ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, донишҷӯй шудам.

- Оё барои модари серфарзанд таҳсил дар донишгоҳ мушкил пеш намеовард?

-Бисёр мушкил буд. Ба хусус, дар синну сол ва ҳолати оилавии ман. Хушбахтона, таҳсил дар донишгоҳ, ки ширинтарин орзуи зиндагиам буд, дар баробари мушкилу монеаҳои зиндагӣ истодагарӣ мекардам. Ҳамин тавр, соли 2011 соҳиби дипломи   маълумоти олӣ  бо ихтисоси «журналист» шудам.

- Соҷидабону, мебинам, ки машғули таълиму тарбияи насли наврас ҳам  ҳастед?

Шароити зист дар деҳот хеле мушкил аст бо сабаби набудани корхонаю  муассисаҳо мардум бештар ба мактабу маориф руй меоварданд. Чун дар деҳот зиндагӣ дошта, мушкили соҳаи омӯзгориро эҳсос мекунам, лозим донистам дар таълиму тарбияи фарзандони деҳот низ саҳми худро гузорам. Ин аст, ки дар баробари мухбири ҷамоавӣ ва дигар корҳои эҷодӣ дар мактаби деҳа низ кору фаъолият дорам.

-Чаро пурра ба кори рӯзноманигорӣ нагузаштед?

Бо сабаби дур будани марказ аз деҳоти мо ва набудани ҷои кори наздиктар ба тарбияи насли наврас машғул шудан ва дониш омӯхтанро ба фарзандони диёри худ аз бекор нишастан авлодтар медонам. Ба ин хотир, фарсахҳо роҳи обу лойолудро тай намуда ба мактаб мераваму ба шогирдон дар ду баст дарс мегӯям. Шабона, вақте барқ меояд, мақолаҳои худро омода мекунам.

- Оё аз рӯи матлабҳои навиштаатон, боре «танбех» шунидаед?

- Рӯзноманигорӣ бе чунин бархурдҳо имкон надорад. Ба хусус, вақте журналист мушкилиҳои иҷтимоии аҳолиро инъикос менамояд, он ба нафаре писанд нахоҳад омад. Аммо чуноне, ки мегӯянд:

Ҳар ҷо, ки ҳабибест,

Ба паҳлуяш рақибест.

Мешаванд ҳолатҳое, ки баъзе нотавонбинон, ки маро хуб намешиносанд, мегӯяндам, ки  « ихтисос надорӣ, чӣ ҳуқуқ дорӣ мақола менависӣ?» Аммо мушкили ман ин  аст, ки фаъолияти рӯзноманигорӣ дар ноҳияи Файзобод  маҳдуд аст. Ҳамасола ҷавонони ноҳия факултети рӯзноманигориро хатм менамоянд, аммо ба куҷо мераванд, намедонам.

- Хуб мешуд дар бораи аҳли оилаатон каме нақл мекардед.

Соҳиби маълумоти олӣ будани ману ҳамсарам имкон фароҳам меорад, ки ҳамаи фарзандонамонро хононда соҳиби маълумоти олӣ намоем. Ҳатто солҳои донишҷӯйиам чаҳор фарзандам низ дар мактабҳои олӣ таҳсил мекарданд. Фарзанди калониам Назирабону хатмкардаи Донишкадаи забонҳо буда, ду фарзандам Рухсорабону ва Аслиддин ДМТ-ро хатм кардаанд. Ҳоло дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон  ба шогирдон дарс мегӯяд.  Гулнорахон бошад, баъди хатми колеҷи тиббӣ ҳамшираи шафқат шуда кор мекунад. Дигар фарзандони хурдсолам дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ноҳияи Файзобод таҳсил карда истодаанд.

- Лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти Шумо кадом рӯз буд?

-Лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёт зиёданд… Ба дунё омадани набераи дустрӯякам Ёсаминҷон ва ҷашни 80 солагии нашрияи ноҳиявӣ «Набзи Файзобод», ки дар он ҳамчун мухбири фаъол бо «Ифтихорнома» сарфароз гардидам.

- Таманнои Шумо ?

Ҳамчун модар гуфтаниям, ки бигзор Тоҷикистони  гул-гулшукуфону биҳиштосои мо ҳамеша чун имрӯз сарсабзу гулгулшукуфон бошад. Ва фарзандони мо ҳамеша ба сӯйи ваҳдату ягонагии кишвару  меҳани азизи худ ҷаҳду талош намоянд. Зеро бузургтарин неъмати зиндагӣ барои инсоният пеш аз ҳама сулҳу оромӣ ва суботи кишвар аст.

 

                           Мусоҳиб  Зебо Давлатова 

:.  Мусоҳиба 19.03.2014 11:31 5364

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz