04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧОР ЗАН –ЧОР АНДЕША

 

Латофат Кенҷаева,шоира

23-феврал,ки ид кардани он, аз собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мондааст,рӯзест,ки дар тафаккури мо чун рамзи ҷасорат,амну қудрат,ҳимояи хоку Ватан нақш бастааст. Ва бешак ,он ба номи Марди дунё,шуҷоату бебокӣ ва нигаҳбонии ӯ марбут аст.

Дар  ин рӯз ман ҳатман мардони оила, дусту ҳамсабақ, кормандони худро  табрик мекунам. Албатта,  бо суханони беҳтарин ва туҳфаҳо. Ба хурдсолон бо фаҳмонидани моҳияти ин рӯз китоб туҳфа мекунам.

 

Марям Мирзоева, раиси созмони ҷамъиятии «Файзбахш»

Мардҳо, воқеан, ҳимоятгари моянд. Дар қатори дигар ҷашну санаҳои таърихӣ, ки дар Тоҷикистон ид карда мешаванд,рӯзи Артиши миллӣ низ барои оилаи мо ,хусусан, бонувони хона мавқеи худро дорад. Ману келин ва духтарҳо кӯшиш мекунем, он рӯз ҷасорату шуҷоат, ҳимоятгар будани мардҳоро бо суханҳои хуш ,дастурхони идона орододашуда  исбот ва бовар кунонем.  Ин хости ҳар зан аст,ки мардҳо бояд намиранд ва мудом бари мо бошанд.  Ба андешаи шоир Ҷамолиддин Каримзода,  «Мардҳо чашму чароғи рӯзгоранд», сад дар сад розиам, зеро мо занҳо бе мардҳо ҳеҷ хастем. Ва ман дидаам ва бовар ҳам дорам , ки зани тоҷик бо дили меҳрофарину дастони гулофарин дар рӯзи  23-феврал дили мардони моро дар кору зиндагӣ ва муҳаббати оилавӣ боз ҳам гармтар хоҳанд кард.

 

Наргис Нарзуллоева, подполковники қӯшунҳои дохила

Ман  ҳам марду ҳам зани хонам. Нахуст як таърихчаи дигарро ҳам нақл кунам шояд ба навиштан арзиш дошта бошад. Модарам маро дар рӯзҳои ҷашни Артиши миллӣ,ки замони бақои давлати Шуравӣ хуб ид карда  мешуд, ба падарам  ду рӯз пеш туҳфа кардааст. Таваллуди ман санаи  21-феврал аст. Шояд яке аз сабабҳо ҳамин  бошад,ки хати тақдир маро ба сафи  нафарони  низомӣ овард. Шукри Худованд чор фарзанд дорам, ду духтару ду писар. Чун ман низомиям,онҳо хамасола  аз  ин ду рӯз якеро  интихоб намуда, то аз кор омаданам дастурхони идона кӯшода, хоксорона аз ҳар нозу неъмат  онро оро медиҳанд. Туҳфаҳои овардаашонро мудом бо худ нигоҳ медорам, писарчаи хурдиам ширин-ширин назди мо шеъру сурудхонӣ мекунад. Гоҳо аз он муассисаҳое,ки фарзандонам дар он ҷо таҳсил мекунанд, номаҳои табрикӣ мегирам,ки ин  бароям ҳамчун зани  тоҷик мояи ифтихор аст.

 

Муҳайё Нозимова, рӯзноманигор

Чун ӯ ними ман аст ,дар ин рӯз сидқан табрикаш мекунам ва медонам ,ки ӯ ба чӣ туҳфа ниёз дорад,хамонро барояш омода месозам. Масалан, соли гузашта аз Амрико барояш телефони мобилии Айфон фармуда будам,хурсанд шуд.  Аммо гумон  мекунам,ки ман дар зиндагӣ барои ӯ беҳтарин туҳфаро тақдим кардам, як шоҳписару ду духтарча,дигар чӣ мехоҳад. Бовар дорам  барои вай як хандаи ширини ман басанда аст. Ба ҳар ҳол, дар рӯзи идашон намегузорам,ки даст ба ягон кори хона зананд.

 

Рустами Н.

:.  Мусоҳиба 21.02.2014 11:11 2697

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz