04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЗ СОЛИ АСП ЧИРО ИНТИЗОРЕД?

 

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов:

Таманно дорам, ки қалбҳои инсонҳо аз муҳаббату самимияту одамият тиҳӣ набошад. Мехоҳам,  ки дар  дунё  хандаи тифлон ва суруду соз танинандоз гарданд. Соли ғалабаи меҳру хиради одамӣ бар  ҷангу истибдод, соли ҳамкориву равобити дӯстона бошад.

 

Абдулло Давлатов, пизишк:

Мехоҳам, ки Соли асп соли амалкард бошад. Яъне ҳамватанони азизамро аз роҳи таърифи беҳудаву вассофии таъриху фарҳанги гузаштагонамон ба сӯйи дастовардҳои воқеӣ барад. Созандаи тақдири худ бошанду офарандаашон оламро тасхир намоянд. Орзумандам, Соли нав оғози ободии Тоҷикистон гардад ва дигар нагӯем, ки "муҳоҷират амри воқеист". Давлате  шавем, ки тоҷикон корфармои муҳоҷирони хориҷӣ бошанд.

 

Абдулмуъмин Шарифӣ, ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов:

Умед мекунам, ки  2014 соли ободиву оромӣ ва амалӣ гаштани орзуҳои нек бошад:  инсофу виҷдон дар зинаи аввал бошад,  сари кор кордонҳо бошанд,  фарҳангу забони миллатро ҳар фарди ҷомеа дарк карда тавонад,  барои театри мо муваффақияти соли 2012 такрор шавад, яъне  4 сафари  ҳунарӣ бо 3 намоиш дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ.

 

Марямбонуи Фарғонӣ, нависанда:

Пеш аз ҳама барои тамоми мардуми олам саломативу сулҳу осоиш таманно дорам. Асп рамзи тавоноиву хирад ва садоқат аст. Мехоҳам, ки аз каландбадаст то қаламбадаст, аз омӣ то олим ба ақлу хирад такя кунанд, то тухми риёкориву туҳмат хушк гардад. Тамоми неруи хешро барои ободиву созандагӣ сарф кунем, эҷодкору эъҷозгар бошем.

 

Зафар Мирзоён, ховаршинос:

Солшумории мелодиро, ки солшумории расмии давлати мост, ба таври шоиста ҷашн мегирем ва аз соли 2014 интизориҳои зиёд дорам. Нахуст, модарону бонувони мо солиму шодком бошанду нодориро набинанд. Дар сарзамине, ки бонувон хушбахту комгор бошанд, кишвар осудаву озод аст. Дувум, соли 2014 соли рӯ ба китоб овардани ҷавонон бошад. Сеюм, нотавонбинон аз бухлу рашк нороҳат шаванд.

 

Саъдӣ Маҳдӣ, устоди ДМТ:

Мехоҳам, имсол оилаҳои тоҷик аз ҳам напошанд. Оила- ячейкаи ибтидоии давлат устувор бошад ва аз рӯйи менталитети шарқиёна пеш равад ва муҳоҷирон оилавайроншавии бегонаро аз хориҷ ба ин ҷо интиқол надиҳанд. Орзу дорам, дар Соли асп масъалаи ёзонидани пойтахт ба шаҳри Ваҳдат тарҳрезӣ шавад. Он гоҳ проблемаи манзил ҳал хоҳад шуд, нархи хона, ки дар Душанбе баробари Маскав аст, поён меравад.

 
Фаридун Сафаров, донишҷӯйи Донишкадаи молия ва иқтисод :

Орзуям то ҷойе ба иқтисод рабт дорад. Яъне мехоҳам, ки дар Соли асп корхонаҳо ба кор дароянд ва дар 2-3 баст кор кунанд. Ҳамчунин нақлиёт шабона низ фаъол  бошад, то зиндагии мардум рӯ ба беҳбуд оварад.

Таманнои дигарам ин аст, ки дар Соли нав мушкили барқ ҳал шавад.

 

Зафар Ҳакимов, сохтмончӣ:

Ҳар кас дар ҷойи худаш бошад. Мехоҳам, дар Соли асп муҳоҷирон ба Ватан баргарданд, дигар ғарибу бекас набошад, тоҷикон дар муҳоҷират кушта нашаванд.

 

Абдуҷалили Амон, журналист:

 Мехоҳам, ба ҳама тоҷиконе, ки дар сар то сари ҷаҳон  ба сар мебаранд, орзуеро тақдим созам. Ба вижа мехоҳам, бо як муҳаббати пероста аз лутф, адабиёту мусиқӣ, саноату тиҷорат ва варзишро боз ҳам беҳтар ба ҷаҳониё н муаррифӣ кунем. Бигзор дар батни ин сол навиде барои як рӯзи беҳтар, умеди амалишавии орзуҳо,  пешрафти ҷомеа, робитаи боз ҳам наздиктар миёни миллатҳо сабт шаванд.

                                                                                     

 

  Таҳияи Раҳимаи Аъзам

:.  Мусоҳиба 19.02.2014 10:04 4366

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz