Фаришта Ҳазратӣ, фаъолзани афғон ва узви Анҷумани байналмилалии форсизабонони „Пайванд“ чанде муқаддам меҳмони Душанбе буд. Маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“ аз ин фурсат истифода бурда, дар мавриди зиндагии занони афғон, бардошти ӯ аз Тоҷикистон ва равобити ояндаи бонувони тоҷику афғон мусоҳиба орост.
Фаришта Ҳазратӣ, дар айни ҳол роҳбарии созмони байналмилалии „Занони Афғонистон“-ро бар уҳда дорад. Вай 8 сол пеш радиои бурунмарзии „Занони Афғонистон“-ро роҳандозӣ кардааст. Ҳамзамон, дар матбуоти Афғонистон дар бахши таъриху фарҳанг матолиби таҳқиқотӣ ба нашр мерасонад.
Нахуст аз ӯ пурсидем, ки дар бораи занҳои афғон нақл кунад.
Мутаассифона, зан дар Афғонистон ҳамеша ба ҳайси абзор истифода шудааст. Аз озодиву ҳуқуқ маҳрум аст. Албатта, ин марбут ба огоҳии хонумҳо ҳам мешавад. Дар Афғонистон, мутаассифона, 90 дарсади занҳо бесаводанд. Дар Афғонистон ҳатто мардҳо ҳаққу ҳуқуқи худро дарк накардаанд, чӣ расад ба занҳо. Он марҳилае, ки Толибон ба қудрат расиданд, фикр ва зеҳнияти онҳо ҳатто дар хонаводаҳои Афғонистон таъсир гузошту роҳ ёфт. Ҷомеа мутлақ мардсолор аст, мутаассифона, хушунат бедод мекунад. Гарчӣ миллиардҳо доллар дар Афғонистон ба хотири ҳаққи зану шаҳрванд ба масраф расид, вале ин мушкил ҳал нагардид. Масъалаи зан дар Афғонистон ҳамеша рамзӣ буда, сиёсатмадорон бештар аз ин истифода бурдаанд.
Бо ин ҳол бонувони намуна ва пешгом дар Афғонистон боқӣ мондаанд, ки аз ҳаққи худ ва дигарон дифоъ кунанд?
Бале, занҳое дорем, ки дар парлумони Афғонистон фаъоланд, шоиру нависанда ҳастанд, муҷрии барномаҳо мебошанд. Хушбахтона, дар даҳ соли охир ягона дастоварде, ки давлати Афғонистон дошт, ҳамин матбуоти озодаш аст. Навиштаҳое аз бонувонро мехонам, саргузашту зиндагии худро менависанд. Яъне корҳои фарҳангӣ то ҳадде рушд кардааст. Ва ҳамчунон телевизионҳо зиёд шудаанд. Ҳузури хонумҳо дар ТВ-ҳо афзудааст. Умед аст ба оянда. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки соли 2014 наздик аст ва мутаассифона, неруҳои байналмилалӣ Афғонистонро тарк мекунанд, ин рухдод танҳо ба нафъи Толибон хоҳад буд. Ва ман бештар нигарони сарнавишти зани бечораи Афғонистон ҳастам, ки чӣ шароитеро аз сар хоҳад гузаронд. Дар 35 соли ҷанг дар Афғонистон бештарини қурбоншудаҳо занҳо будаанд. Шавҳар ва кӯдакҳои худро аз даст доданд ва занҳои зиёд бева монданд
Чаро Толибон бо занҳо бархурди хашин доранд?
Мутаассифона, бардошти Толибон аз дин ғалат аст. Исломеро, ки ман медонам, ин чунин нест. Дар садри ислом занҳои бисёр бузург мисли биби Оишаву биби Фотимаи Заҳро буданд, ки раҳнамоии занҳои дигарро мекарданд. Вале барои инҳо аслан, зан мисли ҳайвон қадр дорад. Духтарон дар давраи Толибон аз рафтан ба мадраса манъ шуданд. Агар баъди соли 2014 қарор шавад, ки Толибон ба ҳокимият биёянд, муборизаву пайкору заҳамоте, ки як теъдод занҳо ба хотири расидан ба ҳуқуқашон карданд, шояд баробар ба сифр шавад. Умедворам, ки чунин чизе нашавад.
Зани афғон барои ба даст овардани ҳаққу ҳуқуқи худ бояд чӣ талошеро ба харҷ бидиҳад?
Занҳои Аврупо ба худогоҳӣ расиданд. Занҳои Афғонистон ҳам бояд чунин бошанд. Аввалтар аз ҳама таҳсилу саводу савия аст, ки инҳо ба худогоҳӣ бирасанд. Мутаассифона, вобастагиҳои иқтисодӣ боис мешавад, ки хонумҳо бештар маҳрум бимонанд аз таҳсил ва ҳаққу ҳуқуқи худро надонанд. Барои он ки мард ноновари хона аст, занҳо ба як шакле вобаста ҳастанд ба марди хонавода.
Занҳои Афғонистон чӣ гуна ҷомеаро мехоҳанд: исломӣ ё демократӣ?
Таври маълум як силсила чизҳое ҳаст, ки дар Ғарбу дар Шарқ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Шарқ субҳ то шаб кор мекунад, масъулияти хона, кори берун, ғизо пухтан ба бачаҳо ва ғайра. Аммо дар ҷомеаҳои исломӣ занҳо кори бисёр камтар мекунанд нисбат ба занҳои Ғарб. Баъзе вақтҳо бо худ мегӯям, ки зани шарқӣ ҳар қадр ба худогоҳиву савод мерасаду дунёро мебинад, зиндагиро барои худ хубтар месозад. Баъзе ҷонибҳои мусбатро одам дар фарҳанги Шарқ мебинад, баъзе вақтҳо дар фарҳанги Ғарб.
Дар Афғонистон хонумҳо фақат ғизо мепазанду шавҳарону атфоли худро нигоҳ мекунанд, болотар аз ин масъулият надоранд. Вале масъулияти як зани ғарбӣ болотар аз масъулияти як бону аст. Мешавад гуфт, ки зани Ғарб масъулияти мардро ҳам иҷро мекунад. Баъзе вақтҳо зани Ғарб фаромӯш мекунад, ки як бону аст. Инро ман дар пӯсти худ эҳсос кардаам, чун таҷрибаи истиқомат дар Ғарбро дорам. Ба ҳар сурат рӯйи ин падидаҳо таҳқиқот анҷом шавад, фикр мекунам, ҳар ду гузина хубиҳо ва бадиҳои худро дорад.
Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Афғонистон мудовим хабари куштору инфиҷору қатл мерасад. Оё ҳич хабари мусбат дар Афғонистон ҳаст?
Мо анҷуманҳои гуногуни бонувон дорем. Занҳои Афғонистон дар қисмати шеъру фарҳангу нависандагӣ ва ҳатто мусиқӣ имрӯз дар сатҳи бисёр баланде қарор доранд. Аз ин корҳо мешавад ном гирифт ва дар оянда корҳои муштарак бо Тоҷикистон.
Чанд мавриди дигар дар расонаҳо занҳои гӯшу бинибуридаи афғон мунъакис мешуданд. Хушунат нисбати зан наметавонад то ин ҳад бошад. Ин аз куҷо сарчашма мегирад?
Шумо бовар кунед, шояд аз инҳо бадтар ҳам ҳаст. Хубӣ дар ин аст, ки ҳоло дар Афғонистон матбуот ва расонаҳои дигар бисёр қавӣ ва фаъол шудаанд. Феълан 27 шабакаи телевизионӣ дорем. Солҳост, ки хушунат бедод мекунад, вале танҳо як қисмати ин хушунат рӯйи матбуот меояду расонаӣ мешавад. Дар воқеъ ваҳшатноктар аз он ҳам ҳаст, ки мову шумо ҳоло надидаем. Мавриде буд, ки ин ҳодисаҳо танҳо дар навоҳии дурдаст иттифоқ меафтод, мутаассифона, ҳоло мешунавам дар дохили Кобул ҳам иттифоқ меуфтанд. Чанд сол пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки дар як вилоят занеро дар бадали ҳайвон фурӯхтаанд. Бисёр дардовар аст. Мехоҳем корҳоеро барои зани афғон анҷом бидиҳем, вале сода нест, чун ҷомеи афғон як ҷомеаи суннатӣ аст. Зане, ки дар Афғонистон бихоҳад кор кунад, ҳатто як нависандаи одӣ бошад, ӯ ҳамеша осебпазир аст. Ба наҳве мехоҳанд бадномаш созанд, мехоҳанд аз нигоҳи ахлоқӣ ба вай зарба бизананд. Ман яке аз нафароне ҳастам, ки дар матбуот бисёр фаъолам ва яке аз қурбониёнеам, ки инро дар пӯсту гӯшти худ эҳсос мекунам. Баъд аз ҳар мақолае, ки менависам, интиқоду ҳақорат садо медиҳад. Ман ҳам дигар одат кардам, рӯзе, ки дар навиштаҳои ман интиқоду ҳақорат нашавад, ба худ мегӯям, шояд ман имрӯз ҳич коре накардам.
Чӣ робитаҳоеро мешавад миёни занҳои тоҷику афғон барқарор кард?
Шояд ман ин робитаҳоро оғоз бахшам. Чун дар Анҷумани „Пайванд“ бо хонумҳои тоҷик ошноӣ пайдо кардам. Шояд битавонем дар оянда корҳоеро сомон бахшем. Баъзе конфронсҳо барпо кунем. Вале бо эҳтиром бар боварҳову эътиқоди мардум, ки 99 фисад дар Афғонистон мардуми мо мусалмон ҳастанд. Масалан, имрӯз ниҳодҳое ҳастанд, ки аз хориҷа меоянд дар вилоёти Афғонистон фаъолият доранд, вале онҳо муттаҳам бар ин ҳастанд, ки мардумро аз мусалмонӣ ба исавият мебаранд. Корҳоеро бояд анҷом бидиҳем, ки моро ҳам дар беэътиқод кардани зани афғон муттаҳам накунанд.
Занҳои тоҷикро чӣ гуна дарёфтед?
Фикр мекунам, занҳои тоҷик он хушунатеро, ки занҳои афғон мутаҳаммил мешаванд, надидаанд. Аз ин ҷиҳат дар қиёс бо занҳои афғон хушбахттар ҳастанд.
Ба мардуми Тоҷикистон чӣ гуфтание доред?
Гулро ба хотири бӯяш дӯст медоранд, вале инсонро ба хотири андешаҳояш. Одамҳое, ки андеша тавлид мекунанд, дӯсташон медорам. Умедворам, ки ҳар зани Тоҷикистон ва ҳар мардаш барои насли ояндаи худ андешаҳои зеборо тавлид кунанд. Ман нафаре ҳастам, ки тақрибан ҳар рӯз менависам, мехонам ва сари кор дорам бо китобу навиштан. Аз ин ҷост, ки андешаҳои тозаро дӯст медорам. Дар бораи баъзе аз китобҳо дар Тоҷикистон мефаҳмам, вале чун бо хати сирилик иншо шудаанд, мутаассифона, аз хонданашон маҳрумам. Умедворам як замон ба Тоҷикистон биёям, ки китобҳои бо хати форсӣ нашршударо пайдо кунам.
Мусоҳиб Ё. Ҳалимов