–Мехоҳам аз айёми ривоҷу равнақ ва давраи тиллои синамои тоҷик, ки ба солҳои 1960–1975 рост меояд, нақл кунам, – гуфт дар оғози суҳбат Марям Исоева. – Мутаассифона, дигар ба мо муяссар намешавад, ки дар сатҳи он солҳо филмҳои оламгир бардорем. Он давра дар баробари маблағгузории кифоя ба касбият низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳатто барои иҷрои як нақши одӣ ҳунармандро аз хориҷ даъват мекарданд. Ҳоло интихоби мавзуъ ва ҳунарпешаҳо аз як нафаре, ки барои таҳияи филм маблағ меёбад, вобастагӣ дорад. Ӯ ихтиёр дорад, ки дар иҷрои нақши асосӣ ҳунарманди касбиро даъват намояд ё нафари табъи дилашро. Солҳои охир филмҳои умедбахш низ таҳия мешаванд. Аммо давлат бояд маб-лағгузории соҳаи синаморо хубтар ба роҳ монад, то истеъдодҳои ҷавон ба дигар кишварҳо ҳиҷрат накунанд.
– Чӣ гуна коргардонро меписандед?
– Ман ҳунарвари созандаро (креатив) меписандам, ки ҷавҳари эҷодро рӯи саҳна оварад. Театр саҳнаи тарбия аст ва саҳнаофар бояд барои дар дили тамошобин бедор намудани эҳсоси хайру накӯкорӣ идроку истеъдоди фитрӣ дошта бошад. Бузургони мо – Б. Раҳимзода, М. Турсунзодаву С. Улуғзода аз таъсири театр ба маърифати воло расидаанд. Устод Турсунзода мегуфт; „Андешаҳои бузург баъди тамошои саҳнаҳои театрӣ пайдо мешаванд“. Аз коргардон вобастагӣ дорад, ки асари саҳнавӣ мояи тарбия ва рушди зеҳнии ҷомеа, бахусус зиёиён бошад.
–Вақте ба Шумо иҷрои нақшҳои бесухан ё кӯтоҳмуддатро месупоранд, худро чӣ гуна эҳсос мекунед?
–Ҳолатҳое мешуданд, ки барои иҷрои як нақш то се ҳунарманд омодагӣ медид ва агар нақшро нафари дигар ҳам мебозид, ман то анҷоми наворбардорӣ он ҷо иштирок доштам. Ҳамаи нақшу образҳои бесухан ва кӯтоҳмуддат бозидаам низ бароям азизанд. Масалан, дар нақши ҳамсари сеюми бой дар филми „Дохунда“ ҳарфе баён накардаам, аммо баъдан синамогарони Русия ба нақшофариам дар образи бесухан баҳои баланд доданд. Ҷавҳари ҳунар дар иҷрои нақшҳои бесухан сайқал меёбад.
–Лаҳзаҳое буданд, ки аз касби интихобкардаатон пушаймон шуда бошед?
–Айёми наврасӣ орзу доштам, ҳуқуқшинос шавам, то алайҳи зулму беадолатӣ мубориза барам. Аммо маҷрои зиндагӣ сӯйи дигар бурд. Ҳатто баъди хатми мактаби олии ҳунарҳои зебо мехостам ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шавам. Вале падар ояндаи маро дар саҳна медид. Мехостам фарзандонамро аз интихоби касби худ манъ кунам, зеро бо вуҷуди кори сангину мушкилзои театру синамо, саҳна инсонро душмандор мекунад. Чун дарк кардам, ки ин ҳунару истеъдод дар хуни онҳо ҷой дорад, ихтиёрро ба худашон вогузоштам.
– Дар як суҳбат иброз намудаед, ки фоҷиаҳои ба саратон омада такрори ҳодисаҳои дар саҳна бозидаатон аст. Манзури Шумо кадом ҳаводиси рӯзгор ва образҳои офаридаатон аст?
–Аз саргузаштҳои талху фоҷиаҳои ба сарам омада, бисёриҳо огоҳанд. То оғози муноқишаҳои шаҳрвандӣ ман аз хушбахттарин занони тоҷик будам. Намехоҳам дигар он ҳама мусибатҳои замони ҷанги хонумонсӯз аз сар гузаронидаро ба хотир биёрам. Зеро мо, модарони тоҷик, он ҳама мусибатҳои зиндагиро паси сар кардем. Баъдан, қадрдониҳои ҷомеа ба ман неруи тоза мебахшид. Ҳаёти инсон паллаи тарозуро мемонад, ки пасту баландиҳо дорад. Ман фоҷиаҳои бузургтар аз ҳаёти воқеиамро дар саҳна бозидаам ва ҳодисаҳои ба сарам омадаро, такрори достонҳои таърихӣ дар рӯзгори хеш меҳисобидам. Ду тазоди зиндагӣ. Вақте нақши модари Ҷулетаро аз „Ромео ва Ҷулета“ мебозидам, ба сарам фоҷиаи бузург омад. Аниқтараш мусибати модари Ҷулета дар рӯзгори ман такрор шуд. Иҷрои нақши Латофат дар „Иродаи зан“ ҳам… Хулоса, саҳна ин ҷойгоҳи муқаддас мояи хушбахтию марҳами андуҳу дарду ғуссаҳоям буду ҳаст. Ва ягона баҳонаи зистанам ҳамин саҳна аст.
–Кадом масоили зиндагӣ шуморо ба ташвиш меорад?
– Доллар пайдо шуду ҳаваси ҷамъ кардани ин қоғази найрангбор арзишҳои инсониро зери по кард. Русҳо, ки равандҳои носолимро пештар дарк мекунанд, дар шабакаҳои телевизионӣ зиндагии одии инсонҳо инъикос мешавад. Истеъмоли ғизои бесифат ва расонаҳои даҳшатофар, ки бадтарин чизҳоро пешкашамон мекунанд, сабаби афзоиши бемориҳо ва ҳама гуна падидаҳои номатлуб аст.
–Роҳи баромадан аз ин варта вуҷуд дорад?
–Албатта, наҷот аз нестӣ фарҳанг аст. Фарҳанг амсоли Истиқлолият, Ватан ва Миллат аз вожаҳои муқаддасест, ки дар худ садҳо маънии нуҳуфта дорад. Бояд ба тарбияи маънавии ҷомеа аҳамият дод, зеро мардуми мо барои қабули ин ҳама пешрафту созандагиҳо омода нестанд ва бефарҳангӣ ободиҳоро хароб мекунад. Мардуми Ҳиндустонро, ки замоне дар гирдоби печидаи маънавӣ қарор доштанд, маҳз идеяҳои озодӣ, муҳаббати пок, тантанаи адолат бар зулму истибдод ба як ҷомеаи озода табдил дод. Филмҳои ҳиндӣ, ки ба инсон умеду боварӣ ба ояндаи нек мебахшанд, на танҳо фарҳанги ин кишварро баланд бардоштанд, балки мардуми онро маъруфи оламиён сохтанд.
–Душанбеи имрӯз аз дирӯз чӣ фарқ дорад?
–Мутаассифона, вақти сайругашт дар кӯчаҳои Душанбе худро дар як кӯчаи бенизом эҳсос мекунам. Одитарин қоидаҳои шаҳрнишинӣ - одоби ҳаракат ва гуфтугӯ дар кӯча аз ҷониби сокинони пойтахт риоя намешавад. Ин бенизомӣ дар баъзе шаҳрҳои дигар низ мушоҳида мешавад. Айни ҳол дар Маскаву Бишкек, Санкт-Петербургу Боку ва дигар шаҳрҳо дар самти одоби шаҳрдорӣ, худшиносию худсозиҳои миллӣ барномаҳои махсус рӯйи кор омадаанд. Баъдан, қонун бояд дар ҳама сатҳ иҷро шавад. Дар пойтахти мо одитарин воситаи хидмат-расонии нақлиётӣ як низоми муайян надорад ва поймолкунии ҳуқуқи мусофирон аз ҷониби ронандаҳо як амали маъмулӣ шудааст. Қаблан идораи хонаҳо вуҷуд дошт, ки пули хидматрасонии коммуналиро ҷамъ мекард. Акнун дар ҳар бинои истиқоматӣ нафаре ба ҷамъоварии маблағ барои таъмир ва дигар хидматрасониҳо машғул аст. Ростӣ, ман ба ин тарзи зиндагӣ омода нестам.
–Ба ҷуз нақшаҳои эҷодӣ боз чӣ ҳадафу орзуҳо доред?
–Рисолати ҳунарманд аз тариқи саҳнаи театру синамо тарбия намудани ҷомеа мебошад. Имрӯз, ки театру синамо хуб рушд накардааст, ҷомеа хоҳишҳо ё ғизои маънавии худро аз дигар манбаъҳо бароварда мекунад. Замоне бо мақсади ҷалби насли наврас ба олами фарҳанг театри кӯдаконаи „Гули умед“-ро таъсис додам. Аммо „Гули умед“-и маро, ки рисолаташ ташаккули зеҳнии кӯдакон буд, барбод доданд.
"Лоиқу Қаноатро харидорӣ карданд, маро не"
Даврае такрор ба такрор як хобро медидам, ки бо сару либоси сафед аз як хаскапаи болои кӯҳ берун шуда, водии сарсабзеро тамошо мекунам. Баъде, ки орзуям амалӣ шуду ба Каъба рафтам, руҳу қалбам ором гирифт. Зиёрати хонаи Худо моро ба ҳамон андешаи бузург мерасонад, ки оқибат гадову заҳматкаш, вазиру кабир ҳама дар як сатҳ қарор мегиранд… Акнун орзу дорам, ки драматургҳои кишварро сарҷамъ намуда, мавзуи рушду эҳёи драматургияи миллиро матраҳ намоем. Зеро маҳз драматургия омили ба саҳна овардани асарҳои бузург мешавад. Як орзуи беш аз 20 сола дорам, ки дар зиндагӣ ё лоақл баъди маргам, ягон нафар аз хайрхоҳон нимпайкараи маро аз Одесса ба Ватан биёрад. Соли 1990-ум, вақте меъмор Кравченко нимпайкараҳои ману Лоиқу Қаноатро омода намуд, Иттиҳоди нависандагон нимпайкараҳои шоиронро харида ба Тоҷикистон овард. Харидории нимпайкараи Марям Исоева бошад, бар дӯши вазорати фарҳанг буд. Он нимпайкара дар бойгонии меъмории Одесса монд… Орзуи дигарам ин аст, ки студияи худамро кушоям. Хушбахтона, имрӯз бо 14 нафар ҳунармандони ҷавон ҳамкорӣ дорам, ки бо як руҳу илҳоми болида ва эътимоди комил пайроҳаи театрро интихоб намуданд. Ҳунарманд бояд то лаҳзаи охири умр дар саҳна бошад ва орзуи вопасини ман ҳам ин аст, ки маргро дар саҳнаи ҳунар истиқбол гирам, на дар бистари беморӣ…
Мусоҳиб Ҷамолиддини Сайфиддин