Ҳар кадом лаҳзае меоянду мераванд. Ҳар кадоме роҳеро нишон медиҳанд, ки ба назарашон дуруст аст. Яке мегӯяд, бояд биравӣ соҳили дарё, дигаре мегӯяд, на, роҳи ту онҷост ва он дигари мегӯяд, бирав, зери он дарахт. Шояд ҳич кадомашон ба соҳилу роҳеву дарахте нарасидааст. Дар ин миён ин ту ҳастӣ, ки бояд роҳатро интихоб кунӣ. Ин ту ҳастӣ, ки бояд ҳама роҳҳоро бишиносӣ, ки кадомӣ рӯ сӯйи умеди ту дорад. Барои интихоби роҳ бояд чашмонатро хуб боз кунӣ. Масирҳоро мурур кунӣ ва ҳама ҷонибро бубинӣ. Умеде, ки ба қуллаи зебоият бирасӣ. Барои дарёфти ин гуна қуллаи умед мафҳуме мечархад бо номи „озодӣ“, ки бидуни ин расидан ба қуллаи умед, роҳест дури дур. Ин роҳи озодӣ саволҳоеро дар домони худ дорад, аз қабили:
Модар, ҳоло бигзоред, ман ба тамошои филми нав равам, ваъда додам тез бармегардам. Охир, чаро намегузоред биравам? Магар, вақте ки ҳамсинни ман будед, намерафтед ҷашни таваллуди дӯстатон?
Падар, намегузоред ҳамроҳи дугонаам ба берун равам?
Модар, ин либос ба ман писанд нест. Агар ин гуна мехоҳед, танҳо худатон равед.
Озодӣ вожае, ки дар зеҳни ҳар кадоми мо ҷо ва мавқеияти хоси худашро дорад. Ростӣ, шумо озодиро дар чӣ мебинед? Меравам дунболи ин савол.
Марям Холиқова, донишҷӯйи ДДХ, мегӯяд: „ Озодӣ бояд як чаҳорчӯби хос дошта бошад. Алъон ин чаҳорчӯб бастагӣ ба хонавода дорад. Баъзе аз ин хонаводаҳо ин озодиро беш аз ҳад маҳдуд мекунанд. Озодӣ бояд дар назорати хонавода бошад. Ба назари ман, муҳимтарин озодӣ барои навҷавонон озодии афкор ва ақида аст“.
Маҳбуба Усмонова, хабарнигори ҳафтаномаи „Боҷу хироҷ“, гуфт: „Озодии воқеӣ замоне аст, ки одам дар ҳар мавқеияте ҳарфашро бизанад ва барои худаш тасмим бигирад. Албатта, озодӣ бояд бо таваҷҷуҳ ба зарфияти худи фард бошад. Яъне аввал ҷанбае, ки фард дорад, баррасӣ шавад ва баъд зарфиятҳои ӯ баррасӣ шаванд“.
Сурайё Тағоева, корманди телевизиони шабакаи аввал, иброз дошт: „ Озодӣ на бояд он қадар бошад, ки аз ҳадди маъмул хориҷ бошад ва на он қадар маҳдуд бошад, ки натавон ҳич кореро анҷом дод. Ба назари ман, агар падару модарҳо маҳдудияте мегузоранд, ба хотири худи бачаҳост. Ҳарчанд ки гоҳе ин маҳдудиятҳо нороҳатамон мекунанд, вале ҳар чӣ бошад, ба қавли маъруф чанд пироҳани бештар аз мо пора кардаанд“.
Дилафрӯз Бобоева, аспиранти ДМТ, тазаккур дод: „Мо озодиро дар ин мебинем, ки тавонем барои зиндагиамон худамон тасмим бигирем. Ба назари ман, мураббиён бояд роҳҳои мухталифро ба мо нишон диҳанд ва бигзоранд, то худи мо роҳи ояндаро интихоб намоем. Ин интихоб бояд бо таваҷҷуҳ ба дид ва иттилооте бошад, ки ба мо дода шуда, агар роҳи дуруст буд, ба дигарон низ бифаҳмонем ва агар на, роҳи дурусттарро биёбем“.
Мадина ҳафизхонова омӯзгор, мегӯяд: „Ба назари ман чизҳое, ки мо ба унвони маҳдудият мебинем, маҳдудият нестанд. Масалан, ҳамин тарзи либоспӯширо, ки мо маҳдудият медонем, маҳдудият нест, балки навъи озодӣ аст. Чаро ки инсон роҳаттар метавонад бо афроди мухталиф бархурд кунад. Вале мо чун фалсафаи пӯшишро намедонем, онро маҳдудият медонем. Дар ҳоле ки аслан ин тавр нест „.
Нисо Муҳаббатшоева гуфт: „ Дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳо, ки иддаои озодӣ мекунанд, дар ҷумҳурии мо озодии хубе барои ҷавонҳо вуҷуд дорад. Мизони озодии навҷавонон бармегардад ба иртиботе, ки падару модар дар хонавода бо фарзанд доранд“.
Ҳарфҳои дӯстонеро, ки бо шумо дар иртиботанд хондед. Шумо озодиро чӣ гуна мебинед?
Абдуҷалили Амон