Муаррифӣ:
Равшани Махсумзод дастпарвари факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) аст. Пас аз хатми донишгоҳи мазкур ба ҳайси мухбир дар рӯзномаи „Сухан“, котиби масъули ҳафтаномаи „Саховат“, мудири шуъбаи маҷаллаи „Тоҷикистон“, муҳаррири ҳафтаномаҳои „Зан ва мард“ ва „Чархи гардун“ кор кардааст. Алҳол вазифаи муҳаррири ҳафтаномаи „Вечерний Душанбе“-ро ба дӯш дорад.
Муаллифи маҷмуаи повесту ҳикояҳо таҳти унвони „Арзи дил“, „Қалами шинос“, „Духтари кӯҳистон“, „Сояи ишқ“, „Кафан киса надорад“ ва „Пули Сирот“.
–“Бонувони Тоҷикистон“ баёнгари розу ниёз, тарғибгари мақоми волои зан дар ҷомеа ва бурду бохти бонувон дар соҳаҳои гуногун мебошад. Бо шумо низ мехоҳем атрофи нақши зан дар адабиёт ва дар рӯзгори имрӯзи мо суҳбате анҷом бидиҳем. Нақши зан ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам муосир хеле муассиру ҷолиб аст. Аммо… имрӯз дар байни бонувони эҷодкор насрнависон ангуштшуморанд.
– Бале. Адабиёти ҷаҳонро бе нақши зан тасав-вур кардан имконнопазир аст. Ба андешаи камина дар баробари достонҳои паҳлавониситоӣ маҳз образи зан адабиётро маҳбуби ҳамагон гардонд. Зеро инсонҳо аз азал мутаваҷҷеҳи муносибати зану мард будаанд ва зиндагӣ аслан аз ҳамин чиз маншаъ гирифтаву ширин шудааст. Банда аминам, ки нахустин қаҳрамони адабиёт образи Момоҳавво ва қиссаи аз биҳишт ронда шудани ӯву Одам (а) буд. Агар адабиёти қаламиро бигирем, ҳанӯз дар асотири Юнони қадим зебосанам Афродитаю хирадмандзан Афина зеби достонҳо будаанд. „Шоҳнома“-и безаволро низ наметавон бе нақши Гурдофариди шуҷоъ, Таҳминаи порсо ва Рӯдобаю Манижа тасаввур кард.
Дар хусуси кам будани бонувони насрнавис. Шояд сабаб дар табиати занон бошад. Зеро онҳо зебопарастанд, бештар ҳарф аз ишқу муҳаббат, латофату назокат, меҳру муҳаббат мегӯянд. Яъне романтик ҳастанд. Романтика хоси шеър аст ва дар ҷомаи шеър шинам меояд. Аммо домани наср хеле фарох аст, дар он ба ғайр аз лирика разолату қабоҳат, ҷангу куштор ва дигар ҷанбаҳои зиндагии инсонҳо ба тасвир меояд. Ман ҳич тасаввур карда наметавонам, ки муаллифи „Шоҳнома“, „Ҷанг ва сулҳ“, „Ҷиноят ва ҷазо“, „Дон Кихот“ ва амсоли инҳо зан бошад. Дили аз барги гул нозуку хаёли чун рангинкамон зебои зан магар метавонад он ҳама воқиаҳои дар асарҳои фавқулзикр ба тасвиромадаро дар дилу андешаҳои хеш гудохта рӯйи коғаз биёрад? Бубинед, имрӯз чанд нафар бонувони дар наср муваффақи мо, Гулрухсор ва Зулфия Атоӣ, аввал чун шоир ном бароварданду сипас ба навиштани ҳикоя, повесту роман шуруъ намуданд. Ва ё ба насри шодравон Муаззама Аҳмадова, ки аз назари банда беҳтарин бонуи насрнавис аст, назар андозед. Аз ҳар ҳарфу ҳиҷои он бӯйи шеър меояд.
–Баъзеҳо бар он назаранд, ки симои занро аз нависанда (манзурам мардҳо) дида бонувони насрнавис беҳтар тасвир мекунанд.
– Ба ин фикр розӣ шуда наметавонам. Барои беҳтар тасвир кардани ҳар чиз ба он ошиқ будан даркор аст. Занҳо табиатан наметавонанд ба якдигар ошиқ шаванд. Беҳуда нагуфтаанд: Лайлиро ба чашми Маҷнун бин. Магар ягон зан аз чеҳраи қиргуни Лайлӣ он нуру латофату зебоӣ ва дунёи рангини ботини ӯро метавонист бубинад?
– Зан дар эҷодиёти шумо чӣ мақом дорад?
– Посухи ин саволро ба мунаққидону хонандагони закифаҳм ҳавола кунем беҳтар аст. Ҳамин қадар афзуданиям, ки ҳамеша нақши занонро бо меҳру муҳаббати беандоза меофарам. Зеро аминам, ки занону модарон ба ҳар гуна асар меарзанд. Ривоят мекунанд, фариштае ба мақсади огоҳ шудан аз рӯзгори одамон сӯйи замин парвоз карда, шоҳиди заҳмати тоқатфарсои деҳқон мегардад, ки соле ҳосили хуб мегираду соли дигар хирманаш холӣ мемонад. Дар ҷойе мебинад, ки рассоме шабу рӯз сари мусавварае заҳмат мекашаду зиндагии фақиронае дорад. Сарватмандеро мебинад, ки моли бисёр ғун карда буду оқибат муфлис шуд. „Бисёр одамон ба сабот заҳмат мекашанд, –ҳикоя мекунад фаришта баъди бозгашт ба осмон, – аммо он на ҳама вақт қадр карда мешавад“. „Дар замин коре ҳаст, ки шоиста қадрдонӣ мешавад, – мегӯяд дар ҷавоб фариштаи калонӣ. – Ин заҳмати зан-модар аст“. „Модарон шабу рӯз кор мекунанд, аммо ман ягон бор надидам, ки ҳаққулзаҳмати онҳоро пардохта бошанд!“ – хитоб менамояд фариштаи хурдӣ. „Меҳнати модарон баландмузд аст, зеро он ба меҳру муҳаббат пардохта мешавад“, –мегӯяд фариштаи калонӣ.
Оре, ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки мегӯяд: „Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид“. Танҳо ба меҳру муҳаббати бепоён мо метавонем он ҳама дарду ранҷ ва заҳмати зан-модарро бипардозем.
Барои камина дар адабиёт қариб, ки образи манфии зан вуҷуд надорад, зеро ӯ олиҳаи зебоист ва наметавон онро бад нишон дод. Ҳар образи ба қавле манфии занро пеши назар оред, он аз рашк сар мезанад, аз ишқ маншаъ мегирад. Рашк бештар хоси ҷинси латиф аст. Дуюм, ишқро, ин муқаддастарин ҳиссиёти инсониро наметавон бад гуфт. Магар Зулайхоро, ки боиси озору ранҷу азоби паёмбар Юсуф гардид, метавон бад гуфт? Охир Зулайхои бечора ошиқ буд. Ва ё ба ёд оред Аксиняро аз „Дони ором“-и Михаил Шолохов. Аксиняро дар шонздаҳсолагиаш падар таҷовуз мекунаду баъд ба Степан ба шавҳар мебарояд, ки ҳамеша он „гуноҳаш“-ро ба рӯяш мекашид. Дар гирдоби ана ҳамин гуна таънаю маломат ва лату кӯбҳои шавҳар Аксиня ба Григорий Мелехов вохӯрда ба ӯ дил медиҳад ва ба хотири расидан ба висоли вай на аз оиладор будани ӯву худ ва на аз таънаю маломати мардум парвое намекунад…
Хонанда агарчи нисбат ба чунин қаҳрамонҳо дар кунҷи дилаш заррае нафрат дошта бошад ҳам, ба ҳамон андоза меҳру шафқат низ мепарварад.
– Дар чанд ҳикояи шумо, аз қабили „Сояи ишқ“, „Духтари кӯҳистон“, „Тақдири зани танҳо“ ҳаёти қаҳрамони асосӣ – занҳо ба фоҷиа меанҷомад…
– Занҳо табиатан хеле ҳассосанд, амалашон бештар мутеи эҳсос аст на идрок. Бинобар ин, онҳо дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ нисбат ба мардон зуд инони сабр аз даст медиҳанд ва дар ҳолати вазнинии равонию эҳсос наметавонанд амали хешро идора кунанд. Воқеан, баъд аз чопи ҳикояи „Духтари кӯҳистон“, ки қаҳрамони асосӣ - Гуландом аз паси ҳавою ҳаваси сароянда шудан шаби тӯйи арӯсӣ аз хона фирор мекунаду ҳини дунболагирии падараш дар роҳ аз шах парида ҳалок мешавад, хонандагон (асосан мардҳо) аз чунин ранг гирифтани ҳодиса нороҳатӣ карданд. Мегуфтанд Гуландом бояд ба шаҳр мерасид ва он олими фолклоршиносро, ки ҳини сафари хидматиаш ба деҳа дар дили духтар ҳаваси сароянда шуданро бедор намуда буд, пайдо карда ба орзуяш мерасид. Аммо чӣ илоҷ, зиндагӣ ба сад ранг аст ва на ҳамеша ба муроди инсонҳост.
– Дар адабиёт бештар кадом образи зан ба шумо писанд аст?
– Бисёранд онҳо. Барои ба хонандагон фаҳмо шудан аз нависандагони машҳур чанд мисол меорам: Гурдофариду Таҳмина аз „Шоҳнома“. Дилором-канизу Муҳаррами Ғарч аз „Духтари оташ“-и Ҷалол Икромӣ, Анна Каренина (“Анна Каренина“), Екатерина Маслова (“Таҷаддуд“)-и Лев Толстой, Ҷамила аз повести ҳамноми Чингиз Айтматов ва дигарон.
– Аз кадом ҷиҳат ин образҳо ба Шумо ҷолибанд?
–Онҳо намунаи олии зани муборизу отифа, тимсоли садоқату вафодорӣ, муҳаббати поки зану мард ва худфидоӣ баҳри ишқи пок ва посдори муқаддасоти оиладорианд. Онҳо аз қабили ҳамон занҳоеанд, ки шоири рус Николай Некрасов дар достони „Мороз красный нос“ чунин сифат карда буд: „Аспро ҳангоми дав бозмедоранд ва ҳам худро ба кӯраи оташ меандозанд“.
– Шумо чанд сол ба ҳайси муҳаррири ҳафтаномаи „Зан ва мард“ фаъолият доштед. Номи рӯзнома интихоби кӣ буд?
– Қаблан дар ҳафтаномаи „Чархи гардун“ ба ҳамин ном гӯшае амал мекард, ки мутасаддии он шоир Раънои Мубориз буд. Чун гӯша ҳаводорони зиёд дошт, муассиси „Чархи гардун“ тасмим гирифт то ба ҳамин унвон ҳафтаномаи алоҳидае таъсис диҳад. Пас аз чопи нахустин шуморааш байни хонандагон атрофи номи ҳафтавор баҳси зиёд шуд. Асосан мардҳо даъво мекарданд, ки чун дар мо падарсолорист бояд дар шиноснома аввал вожаи мард, яъне „Мард ва зан“ мешуд. Баъзеҳо пешниҳод карданд, ки як ҳафта „Зан ва мард“ ва ҳафтаи дигар баръакс чоп шавад. Ҳатто аҳли уламои кишвар ба баҳс кашида шуданд ва оқибат аз мақоли „Аввал зану охир зан ва баъд марду зан“ кор гирифта ҳамин номро гузоштем. Ҳафтаномаи мазкур ба мақсади тарғиби фарҳанги оиладорӣ, тарбияи фарзанд, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, муносибати зану мард дар рӯзгор таъсис дода шуд ва то андозае ба ҳадаф низ расид.
– Имрӯз мақоми занро дар ҷомеа чӣ гуна мебинед?
– Мо одатан вақте дар хусуси мақоми зан дар ҷомеа ҳарф мезанем, пеш аз ҳама дар вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод шудани бонувонро ба назар мегирем. Дуруст, бояд ҷинси латиф низ баробари мардон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва идораи давлат ҳисса дошта бошад. Аммо вақте банда дар кӯчаю хиёбону саҳроҳо як гурӯҳ занонро дар даст белу досу ҷорӯб мебинаму як нафар мардро сари онҳо сарвар хеле нороҳат мешавам. Аз азал ҷойгаҳи зан дар тарбияи фарзанд аввалиндараҷа буд. Бонувони азиз маро маъзур доранд, аммо онҳо ин рисолати азалии хешро имрӯз на ҳама вақт ба таври дилхоҳ ба ҷой меоранд. Дар Ҷопон, яке аз кишварҳои пешқадами дунё, мояи сабқати модарон атрофи маълумотнокии фарзанд будааст. Зани ҷопонӣ дар нишасту маъракаҳо ба ифтихор аз дастовардҳои фарзандаш дар соҳаи илму варзишу ихтироъкорӣ даҳони суҳбат мекушодааст. Аммо имрӯз мавзуи суҳбати зани тоҷик чист? Шумораи дегу навъи ғизо дар тӯю маъракаҳо, сифати қанду қандалот, мағзу мавиз, сервизи таомхӯрӣ, чойнику пиёла ва ғайраю ҳоказо. Рӯзи дароз ба ҷойи ба тарбияи фарзанд машғул шудан ва ё кореро анҷом додан, дар назди даромадгоҳҳо аз ин чизҳои дупула баҳс кардани зан-модар барои ҷомеа оқибати хатарнок дорад. Фарзандони мо сари худ, бе китобу дафтар, дур аз мактаб, машғули корҳои беҳуда ба воя мерасанд, тарбияи онҳоро ба кӯча вогузоштаем. Боре як нафар корманди масъули раёсати таълиму тарбия ҳикоя кард, ки чанд нафар модарон ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки боғчаҳои бачагона рӯзҳои истироҳат низ кор кунанд. Ба саволи „чаро“ ин бонувон посух додаанд: фарзандон тӯли ин ду рӯз дар хона ҳамаро безор мекунанд. Ин занҳо аз қабили ҳамонҳоеанд, ки агар дағал шавад ҳам, рӯзи дароз дар даромадгоҳҳои хонаҳо мелаққанд, аммо барои тарбияи фарзанд вақт, аниқтараш ҳавсалаю маърифат надоранд. Ҷойи пӯшидан нест, имрӯз бисёр модарони мо худ ба тарбия муҳтоҷанд.
–Солҳои охир оила ҳамчун тарбиятгари фарзандон ва аввалин ячейкаи мустаҳками ҷамъият аз байн рафтан дорад…
–Бале. Ғарбиён, алалхусус амрикоиҳо ба ҳар роҳу воситаю усул ин рукни фарҳанги хеш, яъне заиф кардани нақши оиларо, ки инсонҳоро ногузир ба вартаи ҳалокат мебарад, ба сари мардуми мо бор карданианд ва то ҷойе ба мақсад низ расидаанд. Шумо як ба омори ҷудошавии ҳамсарон назар андозед, ҳуш аз саратон мепарад. Имрӯз зани тоҷик намехоҳад кадбонугии оиларо ба дӯш гирад, либоси шавҳар ва ҳатто фарзандонро бишӯяд. Худо аз он рӯз нигаҳ дорад, ки мисли ғарбиён фарзандон надонанд, ки аз камари кӣ рӯидаанд. Ғарбиён медонанд, ки аз байн бурдани фарҳанги суннатии оиладории мо беҳтарин воситаест ҷиҳати заволи миллат, теша задан ба пояи давлат ва васеъ доман густурдани фисқу фуҷур, беимониву бераҳмӣ дар ҷомеа. Ва дар ин роҳ филмҳои коргардонҳои аҷнабӣ нақши муҳим мебозанд. Бинобар ин моро лозим аст, ки фарзандонро дар руҳияи хештаншиносию арҷгузорӣ ба фарҳанги волои ҳазорсолаамон тарбия намуда, ба наврасон фарҳанги китобхонӣ биомӯзем. Барои амалӣ шудани ин кори хайр ҳам давлат, ҳам ҷомеа ва худи волидайн бояд намунаи ибрат ва ҳиссагузор бошанд.
– Барои суҳбат ташаккур. Мо аз фурсат истифода бурда, шуморо ба муносибати панҷоҳсолагии рӯзи мавлудатон табрик намуда, бароятон комёбиҳои эҷодӣ таманно дорем.
Мусоҳиб Эмомалии Сайидамирзод